Чеҳраҳои равшани пушти «НИҚОБ»
Романи нависандаи шинохта Матлуба Ёрмирзоева “Ниқоб” (2021) ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Романи мазкур ба насри андеша мутааллиқ буда, проблемаи ҷомеаи муосир дар он таҳлилу баррасӣ ёфтааст.
Сужаи роман дар асоси саргузашти пурпечухами аъзои як оила – Шукрия ва фарзанди ӯгайи вай, ки тақдир онҳоро ба ҳам овардааст, сохта шудааст. Нависанда ҷараёни зиндагӣ, хушбахтию бадбахтии эшон, ташвишу гирифториҳояшонро дар робита бо равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеа ба риштаи тасвир мекашад, таъсири дигаргуниҳои ҳаётро ба фикру андеша ва хӯву хислати онҳо ба таври ҳаққонӣ тасвир мекунад. Ахлоқи иҷтимоӣ, ки дар насри андеша мавриди таҳлилҳои муфассали бадеӣ қарор гирифт, дар роман низ мавқеи муҳим ба даст овард. Муаллифи асар ба ҷустуҷӯю пажӯҳиши ҳақиқату адолати иҷтимоӣ ва мабдаъҳои хайру шар пардохтааст. Нависанда дар асар ҳаёти мардуми тоҷикро ба чанд давраи таърихӣ тақсимбандӣ намуда, қаҳрамонҳои романро, ки дар меҳвари “Ниқоб” ҷойгоҳи махсус доранд, ба давраҳои гуногуни зиндагиашон вобаста менамояд.
Вақоеи асар аз забони қаҳрамони марказӣ Шукрия бозгӯ шудааст: “Шукрия нигоҳ ба роғи дар медӯхту интизор буд, ки фарзандонаш ба аёдати ӯ меоянд. Аз интизориҳои зиёд нигоҳаш хаста мешуд, аммо онҳо ёди модар намекарданд. Вай бо дили пурандӯҳу чашмони ашкбор ба ҷойхобаш дароз кашиду чашмони беҳолу беҳиссашро пӯшид”.
Роман моломоли низоъ ва садамаҳои сиёсию иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ мебошад. Зиддият ва садамаи байни образҳо, ихтилофи ашхос, ҳатто муқобилати модару фарзанд. Аз оғоз то анҷоми роман муаммои зиндагии ҷомеа дар симои як нафар зане нишон дода шудааст, ки маъюб асту чашминтизори фарзандонест, ки дар муҳоҷирати меҳнатианд ва аз шунидани ҳам овозу ҳам дидори модар мутанаффиранд. Андешаи зани дардманд андешаи ҳазорҳо модаронест, ки аз дидори фарзанд носеранд.
Муаллиф дар романи “Ниқоб” бо маҳорати хос замони имрӯзу дирӯзро тавъам намуда, бо эҷоди пайванди маъноӣ, хотироти ширину талхи ҳаёти инсон, саодату хушбахтӣ ва бори гарони зиндагӣ, умри хушбахтона бо ёри бовафо ва рӯзгори пуртаҳлукаи ҷанги дуюми ҷаҳониро ба воситаи образҳои хотирмон ба силки таҳқиқи бадеӣ кашида, хонандаро ба саҳнаҳои гуногуни зиндагӣ раҳсипор кардааст: “Барои сари вақт шудгор кардан занҳо маҷбур мешуданд, ки худашон юғи барзаговро ба гардан гиранд. Манзараи бениҳоят вазнин буд дар гардани занҳо дидани юғи барзаговҳо. Давраи ғуломдориро ба хотир меовард он. Замоне ки инсон ҳуқуқ надошт ба озодӣ, аммо имрӯз занҳо озодии худро барои ғалаба (ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назар аст – З.Ӯ.) қурбон мекарданд. Умеди ғалаба, умеди дидор барои онҳо муҳимтар буд”.
Ғояи романи «Ниқоб» муборизаи хайру шар ва пирӯзии некӣ бар бадӣ аст. Зеро ҳаёти ҳар халқу миллат дар дарозои таърих ба ғайр аз созандагию бунёдкорӣ ва ободонию эҷодкорӣ аз муборизаи бардавому пайвастаи хайру шар иборат будааст.
Образи Нафиса дар роман ҳамчун омӯзгори ҷавон, ки касби худро дӯст медорад ва муҳаббати беандоза ба фарзандони мардум дорад, ба таври бояду шояд нишон дода шудааст. Шогирдон низ ӯро хеле дӯст медоштанд ва эҳтиром мекарданд. Муносибати байни ҳамдигар аз муҳаббати тарафайн дарак медиҳад. Нависанда таъкид мекунад, ки барои омӯзгори ҷавон синфхона мисоли маъбаде буд, ки ҳама ниёиши дили ӯро оҳанги зиндагӣ мебахшид. Миёни хонандаҳо вай худро мешинохт. Хонандаҳо ӯро ба зиндагӣ пайванд мекарданд. Онҳо бо ҳастии поку беолоиши худ ба зиндагии ӯ маънӣ мебахшиданд. Муаллиме, ки дониши хубу дили нарм дорад, кӯдаконро аз бисёр ҳолатҳои ногувор низ наҷот дода метавонад. Ба кӯдакон роҳи дурустро нишон медиҳад. Омӯзгор дар зиндагии кӯдакон нақши бисёр муҳим дорад. Агар инсон дар зиндагӣ хулосаи дуруст бароварда тавонад, вай хушбахт мешавад. Ҳар бор модарандар ба Худо ниёиш мекард, ки бахти духтари ӯгаяшро диҳад. Бо мурури замон муҳаббати модарандар нисбати духтари ӯгай хеле самимиву ошкоро гашта буд. Нафиса ҳам сурати зебо дошту ҳам сирати зебо. Ҳарчанд модарандар хоҳиш мекард, ки ӯро парасторӣ накарда, аз пайи зиндагии хеш шавад, вале духтарандар замони фориғ аз мактаб ба нигоҳубини ӯ машғул буд.
Матлуба Ёрмирзоева симои қаҳрамони дигарро, ки Кабир ном дораду аз Амрико ба зодгоҳ бармегардад, ҳамчун шахси эҳсонкор нишон дода, саховатмандии вайро бо кору амалаш дар рафти воқеа нишон медиҳад. Нависанда чунин ашхоси саховатмандро, ки барои пешрафти ҷомеа хидмат карда, барои барои беҳбуди вазъи мардум талош менамоянд, ба риштаи тасвир мекашад. Дар ин маврид ҳақиқати воқеӣ бо ҳақиқати бадеӣ омезиш ёфтааст. Кабир аз тоифаи он нафароне буд, ки ба ниёзмандон дасти мадад дароз мекард, эҳсону хайру саховатро барои ҳамдеҳагонаш арзонӣ медошт. Бо амри тақдир бахти духтари меҳрубону поктинат Нафиса дар дасти Кабир будааст, ки барои гирифта рафтани ҷиянаш ба мактаб меояду ӯро дида дӯст медорад. Кабир низ мисли Нафиса дар кӯдакӣ “сағираи беавлод” буд ва бо сахтиҳои зиёду таҳқирҳои хешу ақрабо калон шудаву соҳиби давлати зиёд гашта буд.
Нависанда тазоҳуроти паҳлуҳои гуногуни хайру шарро дар риштаи ахлоқи инсонӣ ба тасвир меорад. Ахлоқ оинаест, ки симову сирати инсонро нишон медиҳад. Ҳолати кӯдакиву наврасии Кабир, ки хеле вазнин гузашта буд, аз хотираҳои қаҳрамон тасвир шуда, дарду алами ҷудоӣ (падару модар аз ҳамдигар ҷудо шуда буданд – З.Ӯ.) аз пайвандон азобу шиканҷа додани зани тағои Кабир ҷароҳатеро дар дили бача гузошта буд: “Куҷо буд падар, вақте кӯдак дар зимистони қаҳратун бе кафшу бе пайпоқ ба мактаб мерафт? Куҷо буд модар, вақте кӯдак аз гуруснагӣ дар мактаб беҳуш мешуд? Вақте ӯ барои фарзандони ӯгаю шавҳар хӯрок мепухт, ба ёдаш намеомад, ки фарзанди худаш гуруснаву ташна мунтазири модар аст. Куҷо буданд бобоҳову бибиҳо, вақте ҳама ӯро “сағираи беавлод” гӯён таҳқир мекарданд. Он вақт касе набуд”.
Муаллифи асар фарозу нишеби зиндагии басо вазнину дардноки кӯдаконро аз хотираҳои эшон ба риштаи тасвир мегирад. Ҳар як тасвир дар роман доираҳои муайяни мавзӯъю масъалаҳои ҳаётан муҳимро фарогир аст. Масъалаҳои ахлоқ, савияи фарҳангӣ ва оиладорӣ, муҳаббат, бевафоӣ ва хиёнату ҷиноят, тарбияи ҷавонон ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо, парвозҳои эҷодӣ ва таназзули маънавии Шукрия, мағрурию худписандӣ ва нақши он дар ҳастию нестии инсон, дӯстии ҳақиқӣ ва қалбакӣ, бухлу ҳасад, нотавонбинӣ ва ғаразҳои шахсӣ, кӯтоҳандешӣ, суиистифода аз мансаб ва асари онҳо ба тақдири одамӣ, меҳри волидайну фарзанд, номеҳрубонии падару модар, маҳдудияти фикру андеша ва таъсири онҳо ба тақдири фарзанд ва муносибатҳои хешовандӣ, хорию зории инсон… дар асар тасвир шудаанд. Ин масъалаҳо байни худ дар доираи сужаи муайян ҳалқаҳои пайванд доранд ва дар робита бо ҳамдигар аз рӯи қонуни мантиқии сабаб ва натиҷа ҳаллу фасл гардидаанд.
Муаллифи асар ҳисси баланди ватандӯстии Нафисаро хуб нишон дода, олами ботини ӯро, ки моломоли муҳаббати зодгоҳу Ватани худ аст, тасвир менамояд. Дӯст доштани Ватан, хидмат ба Ватан, шукргузорӣ аз обу хоки Ватан вазифаи муқаддаси Нафиса ба ҳисоб меравад. Вай бо тамоми вуҷуду ҳастияш хоку диёр, марзу буми Ватан – Тоҷикистони азизашро дӯст медорад ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз он ҷо рафтанӣ нест:
– Ҳатто модарат ҳам мехоҳад, ки ту ҳамроҳи ман равӣ. Агар бе ӯ натавонӣ, биё, ӯро ҳам ҳамроҳ мегирем.
– Охир, ин ҷо ҷойи ман аст (Тоҷикистон дар назар аст – З.Ӯ.). Ҳамин замин, ҳамин осмон, ҳамин дарахту ҳамин ҳаво аз ман аст. Бегонагӣ барои ман душвор. Чунин ҳолатро таҳаммул карда наметавонам.
– Оҳиста-оҳиста одат мекунӣ.
– Ман ҳайвон нестам, ки одат бикунам.
– Шавҳар куҷо бошад, зан ҳамон ҷо мегӯянд.
…Ман ба ту ҳам дураму ҳам наздик.
– Ба ин суханат фақат як ҷумла гуфта метавонам: – Кабир, ман туро дӯст медорам”.
Нависанда Ватанро бо фарзандони худ тавъам тасвир кардааст. Нафиса зодгоҳи азизашро дӯст медорад. Суханони Кабир аз баргаштани фарзанде, ки солҳои сол дар мусофират буд, далолат мекунад. Ватан фарзандони хешро дӯст медорад ва онҳоро дар канораш мепарварад, то ободиву оромӣ, пешравиву саодати онро фарзандони вафодораш таъмин намоянд. Меҳри Ватан дар дилу дидаи фарзандон маъво гирифта, самимияту муҳаббату садоқати фарзандонаш барояш рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.
Мусаллам аст, ки нависандаи муосир бояд ба сифати намояндаи насли нав аз тағйиру таҳаввули адабӣ огоҳ ва дар кӯраи дигаргуниҳову кӯшишҳои навгӯӣ пухта бошад. Имрӯз нависандагони муваффақи мо талош доранд, ки аз иҷтимоъгароии сирф дар канор бошанд ва баробари воқеъанигорӣ (реализм) намодгароӣ ва шеваҳои назарраси символизмро низ корбаст намоянд. Дар ин росто намояндагони насри муосири тоҷик кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки аз шарофату рисолат ва ҷурму камбуди инсон ва иҷтимоъ низ сухане чанд гӯянд. Нависандаи тоҷик Матлубаи Ёрмирзоева низ ба даврони Истиқлол бо диду назари тоза ва ба воқеъоти иҷтимоиву маънавии муосир назар дӯхта, муҳимтарин муаммоҳои ҳаёти муосирро бо ҳама ихтилофҳояшон мавриди тасвири бадеӣ қарор дода, ба муваффақиятҳои калон ноил гардидааст.
Замирахон ӮЛМАСОВА,
доктори илми филологи



