Чашмаи сарсабзи деҳа

Барои дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ

 (Н. Ёдгорӣ. «Офтоби беғуруб», Душанбе: Балоғат, 2024)

Нависанда Нозир Ёдгорӣ хатмкунан­даи шуъбаи журналистикаи ДМТ буда, мутахассиси баркамоли касби рӯзноманигорӣ мебошад ва дӯстиву ҳамнафасӣ ба қалам ӯро водор кардааст, ки ба эҷоди осори насри бадеӣ низ машғул шавад ва, чунонки аз маҷмуаҳои «Лаҳзаи тулуъ», «Рӯ ба рушноӣ», «Садди оташ», «Зинда­гӣ дар пояи ду кӯҳи намак», «Бӯсаи мор», «Бори вазнин, роҳи дароз», «Ҳамкори офтоб», «Ваҳдат моро шаҳодатнома дод» бармеояд, маҳорати нигорандагии адиб беш аз пеш сайқал ёфта, бо гуза­шти солҳо мукаммал гардидааст. Соли 2024 муассисаи нашриявии «Балоғат» маҷмуаи нави адибро бо номи «Офтоби беғуруб» ба хонанда пешниҳод намуд, ки он аз ду қисса, 15 ҳикоя, як эссе ва як ёддошт иборат аст.

Пеш аз ҳама таваҷҷуҳи хонандаро сарлавҳаи асар – «Офтоби беғуруб» ҷалб мекунад ва баъди мутолиаи қис­саи ҳамноми маҷмуа маълум мешавад, ки ин ном рамзӣ буда, ифодакунандаи ҳаёти осудаҳолона, аҳлона ва пурҷӯшу хурӯши сокинони як деҳаи кӯҳистони тоҷик – Кадучии минтақаи Кӯлоби вило­яти Хатлон мебошад. Аксари воқеаҳои ҳикояҳои асар дар деҳаи Кадучӣ, маконе, ки беҳтарин айёми зиндагии нависанда – кӯдакӣ ва наврасӣ он ҷо сипарӣ шуда­аст, мегузарад ва муаллиф аз ин деҳаи овозадори мамлакатамон ва аҳолии аҳлу тифоқу ҳақталоши он, ки ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурии азиза­мон ҳиссаи муносиб ҳамроҳ кардаанд, ифтихор дорад: «Деҳаи Кадучӣ ҳафт узви Иттифоқи нависандагон ва даҳҳо аъзои Иттифоқи журналистон дорад. Нависандаи маҳбуби тоҷик устод Ҷалол Икромӣ Кадучиро «Шерози Тоҷикистон» номида буданд».

Дар қиссаи «Офтоби беғуруб» ноқил нависанда аст ва тамоми сужаи асар аз номи шахси якум – қаҳрамони асосӣ баён мегардад. Ӯ падарашро дар ёд надорад ва дар тарбияи модар ба воя расидааст, оиладор буда, баъди вафоти модар дар Душанбе зиндагӣ ихтиёр ме­кунад ва, инак, баъди шаш сол мехоҳад рухсатиашро дар зодгоҳаш гузаронад. Адиб бандубаст ва сужети қиссаро чунон моҳирона мураттаб сохтааст, ки дар як муддати кӯтоҳ хонанда ба ҷараёни зиндагӣ, урфу одат ва табиати ҳазлкаши сокинони деҳа батамом ошно мешавад.

Дар қисса аз ҳама аввал симои нуро­нии модари деҳотӣ ба назар мерасад. Синну соли ӯ ба як ҷо расидааст, вале ҳанӯз серҳаракату сертараддуд аст. Мо­дар Нисо ном келини бо даступо дорад, вале мехоҳад ҳама кори рӯзгори хонаро худаш ба анҷом расонад: «Як худаш гову молро саришта мекард, ғузапояро ҷамъ меовард, алаф медаравид… Борҳо шунидам, ки дар ҳаққаш мегуфтанд: «Аз мардҳо зӯртар аст ин зан!»

Вақте ки бемор мешаваду аз дасташ дигар кор намеояд, ӯ ба рафти аз та­рафи фарзандаш анҷом додани рӯзгори хонадон наззора мекунад ва ба келинаш кори хона меомӯзад. Пешниҳоди фарза­ндашро оид ба фурӯхтани як гов даст­гирӣ карда, ба ӯ чунин таъкид мекунад: «Ба ягон одами дидаву шинохт, баччаву каччадоре, ки ҳақиқатан ба ширу дӯғ ниёз дорад, фурӯш. Ба қассоб нафурӯш! Зинҳор ин корро накун. Шунавам, сахт хафа мешавам. Модаговҳои ман зотӣ. Барои куштан не, барои шир, зеби хона». Ва як лаҳзаи дигари қисса низ дар ша­роити кунунӣ басо омӯзанда аст. Модар дар рӯйи дастони келинаш, ҳангоме ки писараш дар хона набуд, ҷон медиҳад ва ӯ пеш аз ба кори худ шудан келинашро дуо дода, чунин васият мекунад: «Ман аз ту миннатдор. Дар аввал фикр мекардам, ки духтар, ки шаҳрӣ бошад, бодак, ҳавоӣ мешавад. Одами хуб будаӣ. Писарамро ба ту ва туро ба Худо месупорам».

Умуман, нависанда симои барҷастаи зани деҳотии тоҷикро офаридааст, ки як худи далели дар танҳоӣ хеле хуб      тар­бия намудани фарзанд гувоҳи ҳол аст. Фарзанде, ки дар назди модар тамоми вазифаи худро ба ҷо овардааст ва боз худро пеши ин симои муқаддас гунаҳгор мешуморад. Ӯ ба деҳа расидан замон аввал ба зиёрати қабри модар меравад ва баъд дар фикри таъмири хонаи лоини раҳматӣ мешавад. Ин корро ҳам бо ёрии ҳамсояҳо ҳангоми рухсатиаш ба анҷом мерасонад.

Қисса ба бобу фаслҳо ҷудо намеша­вад ва тағйирёбии рафти сужет бо сито­рачаҳо ишора шудааст. Ҷолиб аст, ки ҳар лаҳзаи баёни сужет бозгӯи урфу одати неки мардуми деҳот буда, ҷанбаи қавии эстетикӣ ва таълимию тарбиявӣ дорад. Ин ҳолат махсусан дар замони мо, ки як андоза коҳиш ёфтани арзишҳои миллию анъанаҳои волои ниёгон мушоҳида ме­шавад, дорои аҳамияти вижа мебошад. Муаллим (ноқил) дар хонаи холааш, ки дар ҳамсоягӣ сезистанд, мефурояд ва шаби аввал язнааш ҳамсояҳоро даъват карда, чун одати қишлоқдорӣ, хешашро меҳмондорӣ мекунад. Вақте ки муаллим ба таъмири хонаи модар оғоз мекунад, се мӯйсафед – Рамазон Тоҳир, бобои Саид ва бобои Давлат масолеҳи андова ва оҳакро тайёр карда, ба ӯ ройгон ёрӣ мерасонанд ва вақте ки таъмири хонаи модар анҷом мепазирад, муаллим, бо риояи навбатгирии аҳолӣ, аҳли деҳро бо қурутоб зиёфат мекунад. Тасвир дар қисса махсусан ҳангоми суҳбат ва чақ-чақи ҳамсояҳо руҳи зарофат гирифта, хонандаро мафтун месозад.

Дар 15 ҳикояи маҷмуа низ аксари воқеаҳо дар деҳаи Кадучӣ мегузаранд ва табиист, ки як қатор иштирокчиёни ҳикояҳо ҳанӯз аз мундариҷаи қиссаи мав­риди назар ба хонанда шинос мебошанд. Воқеаҳои як қатор ҳикояҳо, чун «Ком­мунист», «Нина», «Рӯ ба рӯшноӣ», дар даврони Шуравӣ мегузаранд. Дар замони Ҳукумати Шуравӣ ва дар солҳои аввали пасошуравӣ низ касе, ки ҳақталошӣ карда, берӯю риё боиси фош гардидани камбудӣ ва норасоии шахсони алоҳида мегардид, дар байни мардум лақаби «коммунист»-ро мегирифт. Нависанда ҳамин одати ҳазлкашии аҳолии Кадучиро дар мисоли колхозчӣ Давлати Шайдо ба тасвир гирифтааст. Давлати Шайдо – «Коммунист» дар маҷлисе, ки дар май­дони пахтазор ба сабаби қафомонии нақ­шаи пахтасупорӣ баргузор шуда буд, ба сухан баромада, сабаби асосии ба иҷро нарасидани нақшаро дар хешутаборбо­зӣ, риёкорӣ ва ҳақношиносии табелчӣ, бригадир ва раис медонад ва раис, то дар ин давраи ҳассос чанд муддат аз мазаммати «Коммунист» халос шавад, ӯро путёвка дода, ба Қрим ба истироҳат фиристоданӣ мешавад. Нависанда та­вассути ҷузъиёти моҷарои путёвка ва дудилагии «Коммунист» хислату табиати шӯхӣ ва ҳазлкашии аҳолии кӯҳистони тоҷикро басо зарифона ба қалам до­даст. Мардуми маслиҳатдеҳи деҳа ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд ва ҳар кадом бо «далелҳои муътамад» бо путёвка ба Қрим рафтан ё нарафтани «Коммунист»-ро асоснок мекунанд. Нависанда дар фароварди ҳикоя тавассути маслиҳати посбони колхоз – Давлати зард ин ҳиллаи шаръии раисро чунин фош ме­кунад: «– Се сол боз планҳои колхоз иҷро намешаванд. Дуруст? Дуруст, ки бошад, инашро ҳам фаҳм, решаи раис суст шудагӣ. Аз ҳозир дар пӯстинаш кайк даромадааст. Метарсад, ки дар маҷлиси солона танқид бисёр шавад, аз мансаб мепарад. Фаҳмидӣ акнун… Шунидани давоми гап дигар барои Давлати Шайдо зиёдатӣ буд. Ба курорт намеравад, вас­салом! Дар пеш – маҷлис».

Ҳар як ҳикояи нависанда бо хусусияти иҷтимоии худ ғояи муайянеро талқин мекунад. Дар ҳикояи «Мулло афтол» реша паҳн кардани хурофот ва таассуби динӣ дар деҳот мавриди накуҳиш қарор гирифтааст. Бобои Абдул, ин муйсафеди воқеъбину накугуфтор, ба собиқ ҳамсин­фи худ мулло Хайриддин ҳамеша муно­зира карда, риёкорӣ ва мардумфиребии ӯро (чун ба воситаи шланг дам кардани мардуми корафтода) фош месозад.

Баъди ҳаҷ мулло Хайриддин дар масҷид эълон мекунад, ки кадом касе калимаҳои русиро ба забон гирад, кофир мешавад ва «аз ин дида барои фарзанди мусалмон гуноҳи сахттаре нест». Ҳоҷӣ ба соволи бобои Абдул: «ба ҳаҷ пиёда рафтӣ, ё харсавор?» бо ғурур «савора, бо самолёт, бо ТУ-154 рафтам» гуфта, нохудогоҳ калимаҳои русиро (самолёт, ТУ-154) истифода мекунад ва бо маза­ммати бобои Абдул гирифтор мешавад: «Нав фатво додӣ, ки дар масҷид калимаи урсӣ нагӯем, худат гуфтӣ-ку».

Аз мазмуну муҳтавои ҳикояҳои «Гул­баҳор», «Хонаи иҷора», «Эҳёи осиёби куҳна», «Бобо ва набера» низ ҳунари қаламкашии Н. Ёдгорӣ бармало намоён мешавад. Дар ҳикояи «Бобо ва набера» масъалаи басо ҷиддии иҷтимоӣ – масъ­улияти калонсолон дар таълиму тарбияи фарзандону пйвандон баррасӣ шуда­аст. Рӯзе бобо бо набераи 5-6-солааш – Диловар сайр дошт, ки бо як рафиқи қадрдонаш дучор меояд ва рафиқаш ба Диловар яхмос харида, ӯро пеши яхмос­фурӯш мегузраду «мо як дору кунем» гӯён калонсолон ба магазини хӯрокворӣ медароянд. Бобо баъди хайрухуш бо рафиқаш ба бозпурсии набера гирифтор мешавад:

– Куҷота дору кардӣ, бобо?

– Бинима.

– Бинита ё даҳонта?

– Ҳардуша…

– Бобо, момам фаҳмад, ки ман яхмос хӯрдам, ҷанг мекунад. Дарди гулӯ шуда будам-ку? Ту ҳам нагӯ, ки ман яхмос хӯрдам, ман ҳам намегӯям, ки ту дору хӯрдаӣ. Бобо ҳис мекунад, ки дар тарби­яи фарзандони имрӯза басо ҷиддӣ будан даркор аст ва минбаъд усули тарбияи набераро тағйир медиҳад.

Тавре ки аз мазмуну муҳтавои эссеи «Корнамоӣ дар марзи номус» ва ёддо­шти «Бародари ман – Шоҳмузаффар Ёдгорӣ» низ бармеояд, адиби ҳунарман­ду дақиқназар таҷрибаи зиёди зиндагӣ андӯхта, онро дар шакли ҷолиби бадеӣ ва публитсистӣ ба хонанда пешкаш кардааст. «Корнамоӣ дар марзи номус» ба таърихи пурҳаводис ва пешомаду нокомиҳои бузургтарин иншооти давр – сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун бахшида шудааст. Мундариҷаи пур­муҳтаво, фақту далелҳои муътамад ва забони равону фасеҳи эссе хонандаро водор мекунад, ки дар замони Тоҷи­кистони соҳибистиқлол часпу талоши хастанопазири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраъии сокинони мамлакатро ба сарвари муаз­зами худ басо равшан эҳсос намояд. Ҷаноби Олӣ ҳамеша талқин мекунанд, ки Ватанамонро бояд худамон обод кунем. Ва муаллифи эссе ҳамин андешаро дар мисоли гуфтугӯи телефонии раиси вақти ширкати «Барқи тоҷик» Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов бо муовини раиси Шу­рои директорони «РусАЛ», ки худ шоҳид будааст, басо муассир ба хонанда мера­сонад: «Раиси Ширкати «Барқи тоҷик» Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов изҳор намуд, ки агар садди обанбор то 270 метр паст кар­да шавад, аз ин халқи мо ягон манфиат намебинад, ҳамаи барқи истеҳсолшуда ба корхонаҳое, ки Шумо бунёд кардани­ед, меравад. Ӯ корхонаҳои алюминиеро, ки бояд Ширкати «РусАЛ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон месохт, дар назар дошт. Аз он тараф овоз баромад, ки мо ба халқи шумо чӣ кор дорем?»

Ёддошти адиб бошад, аз саҳми муно­сиби як шахсияти барҷастаи ҷумҳурӣ – Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ба адабиёту фарҳанги давраи нави тоҷик басо ҷолибу гӯшнавоз қисса мекунад. Аз ҷумла, ба шахсияти устод Боқӣ Раҳимзода монанд кардани хислату табиати Ш. Ёдгорӣ ба ёддошт ҳусн афзудааст: «Ӯ (Шоҳмуза­ффар Ёдгорӣ – К. А.) дили васеъ дошт, аз ҳама асосиаш, дар тиннаташ як зарра бахиливу мағрурӣ ва кинаву ҳасад набуд. Дар як суҳбат устод Муъмин Қаноат гуфта буданд, ки хислати Шоҳ ба Боқӣ Раҳимзода монандӣ дорад». Мунда­риҷаи ёддошт ин ақидаро батамом собит намудааст. Шоҳмузафар Ёдгорӣ ҳам ҳангоми дар рӯзномаҳои «Роҳи ленинӣ» ва «Ҷумҳурият» чун роҳбар фаъолият кардан бо ҳамкорону корафтодагон муомилаи хуб доштааст ва дар тарби­яи рӯзноманигорони зиёде, чун Сафар Айюбзодаи Маҳзун, Ҷонибек Асрориён, Диловари Мирзо, Ҳуриннисо Ализода, Сайёфи Мизроб, саҳми муносиб гириф­тааст. Муаллиф ёддоштҳои худро бо ҷунин суханҳои самимӣ ва ибратбахш ҳусни анҷом мебахшад: «Ҳамеша орому зебову суҳбаторо буд. Ва ҳамин хел дар ёдҳо боқӣ мондааст. Ҳамаро, ки дӯст медошт, ҳама дӯсташ медоштанд ва то имрӯз дӯсташ медоранд. Ёдаш ба хайр!»

Нозир Ёдгорӣ дорои сабки фардии худ мебошад, ки он аз забон ва дигар воситаҳои тасвири қиссаву ҳикояҳо ва осори публитсистии адиб маълум шуда меистад. Муаллиф дар нутқи персонажҳо аз калима ва таркибҳои шевагӣ қариб ки истифода намекунад, вале ба забо­ни зиндаи халқ таваҷҷуҳи зиёд дорад. Мақолу зарбулмасал, ибораҳои рехта ва афоризмҳои халқӣ ба мундариҷаи қисса ва ҳикояҳо қувваи калони ифоданкӣ ато намудаанд: «Хока нағз мебинад!, – хандид Давлати Шайдо. – Корда ёбад, мана намеёбаду мана ёбад, корда…»; «Аз ҳозир дар пӯстинаш кайк дарома­дааст»; «Давлат хеле гап зад, чанд каси мансабдорро шусту ба торбанд овехт»; «Чанд рӯз пеш онҳо дар сари қаҳр хеле даҳан ба даҳан шуда буданд»; «Ҳамин хеле ки дар даҳонаш ба санг зада бошӣ» ва ғайра. Чунин ифодаҳо ҳамроҳ бо санъ­атҳои бадеӣ дар ифодаи хислату харак­тер ва табиати фардии персонажҳо ёрӣ мерасонанд. Батакрор истифода шудани таркиби «Хоҳ бовар кунед, хоҳ не» ва ифодаҳои муболиғаомез боиси ифодаи равшани чеҳраи ҳазлкаши Аҳмад Нуралӣ мегардад: « – Себам, хоҳ бовар кунед, хоҳ не, имсол барг надорад. Ба ҷои барг – мева. Ҳар себ ҳандалача барин…».

Умуман, маҷмуаи «Офтоби беғуруб», ба андешаи мо, аз лиҳози мундариҷа, муҳтаво ва сабки нигориш дар насри имрӯзаи тоҷик падидаи хурсандибахш мебошад ва муаллифи асар месазад, ки ба Ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ шарафёб гардад.

Аламхон КӮЧАРЗОДА,
узви вобастаи АМИТ

Дигар хабарҳо