Чаро филмҳои таърихӣ кам дорем?

 Чаро филмҳои таърихӣ кам дорем?

Соҳибистиқлолии Тоҷикистон имконоти мусоид фароҳам овард, ки дар ҳар соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил шавем. Махсусан, дар пардаи синамои кишвар филмҳои ҷолибе пайдо шуданд ва дар фестивалҳои кинои сатҳи кишвар ва ҷаҳон соҳиби ҷоизаҳо гардиданд. Аммо мушоҳида мешавад, ки дар муқоиса ба жанрҳои дигари филмофарӣ филмҳои таърихӣ камтар таҳия ва пешниҳод мегарданд. Ҳар сол ниҳоди филмофарии Тоҷикистон – “Тоҷикфилм” зимни баргузории нишастҳои хабарӣ ваъда медиҳад, ки дар баробари таҳияи филмҳо дар жанрҳои дигар, филмҳои таърихӣ низ ба навор мегирад. Масалан, соли 2017 қарор ин буд, ки дар бораи қаҳрамониҳои Темурмалик филме бо номи “Атри кафан” таҳия мешавад. Вале то ҳол аз ин филм хабаре нест. Ҳамзамон, чанд сол аст, ки “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯзгори Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ машғули филмсозист. Вале мушаххас нест, ки ин филм кай таҳия мешавад ва бо чӣ шева рӯнамо мегардад. Кам будани филмҳои таърихӣ дар фазои синамои миллӣ моро водор кард, ки перомуни нақши филмҳои таърихӣ дар рушди маънавиёту худшиносии мардуми Тоҷикистон ва омилҳои камтар таҳия шудани чунин филмҳо назарпурсӣ анҷом диҳем.

Носир САИД, коргардони синамо, директори телевизиони “Сафина”:
– Дар рушди фарҳангу тамаддун ва маънавиёти миллӣ, хоса дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, филмҳои таърихӣ аҳаммияти бағоят муҳим доранд, зеро ин гуна филмҳо василаи беҳтарин дар самти шоиста муаррифӣ кардани гузаштаи миллати куҳанбунёди мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошанд.

Ба ёд биёрем филмҳои миллии “Қисмати шоир”, “Достони Рустам”, “Рустам ва Суҳроб”, “Достони Сиёвуш” ва чанд филми дигарро бо коргардонии Борис Кимёгаров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1960), дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР (1952), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1972). Новобаста ба маҳдудиятҳои фикриву маънавӣ ва фарҳангӣ, дар вақти худ ин филмҳо тавонистанд миллати бостонӣ ва соҳиби фарҳангу маънавиёти бузург будани тоҷиконро натанҳо дар паҳнои Шуравӣ, балки дар саросари ҷаҳон собит созанд. Масалан, бо синамоӣ кардани достонҳои “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва осори устодони адабиёти тоҷик Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода коргардони хушноми тоҷик Борис Кимёгаров гузаштаи бузургу пурифтихори тоҷикон, мероси бузурги маънавӣ ва тамаддуни муосири онро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ кард.

Аз ҷониби дигар, эҷоду истеҳсоли ин гуна филмҳо дар Тоҷикистон асосҳои саноати филмсозиро, ки “ҳунари муъҷизаофари ҳафтуми инсоният” маҳсуб мешавад, ба вуҷуд овард ва кинематографияи миллии тоҷикро маъруф гардонид. Бори дигар такрор мекунам, ки ин филмҳо, новобаста ба маҳдудиятҳои идеологии он замона, ки ба муҳтавояшон таъсири муайяне гузоштаанд, ҳанӯз ҳам дар тарбияи маънавии наслҳои имрӯзаву оянда муассир хоҳанд буд. Ҳарчанд ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби синамоофарони тоҷик филмҳои хубу дидании бадеӣ ва ҳуҷҷатии зиёд таҳия гардидаанд, мутаассифона, бояд иқрор кард, ки то ҳол мо филмҳои таърихии нав надорем.

Таваҷҷуҳ ба таърих, шахсиятҳои маъруф, осори адабию фарҳангии гузаштагон ва ба воситаи синамо инъикос кардани онҳо яке аз роҳҳои асосии рушди кинематографияи миллии тоҷик ва такомули худшиносии миллат ва ҷомеаи муосири Тоҷикистони азиз буда метавонад.

Барои амалӣ гаштани ин ҳадафҳо таҳияи барномаи вежаи рушди кинематографияи миллӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ, тарбияи мутахассисони ҳирфаии тамоми бахшҳои кинематография, фароҳам овардани заминаи модӣ ва фаннии муосири филмистеҳсолкунӣ ва пахши он дар саросари мамлакат, ворид гаштан ба бозори ҷаҳонии синамо бо филмҳои босифату боарзиш бо мавзуъҳо ва муҳтавои таърихи миллӣ ва ҳаёти муосир ва сармоягузории кофӣ зарур аст.

Файзуллоҳи ФАЙЗ, коргардони синамо:
– Ҳоло дар асре зиндагӣ мекунем, ки ба масал онро асри филмофарӣ меноманд. Мардуми ҳар кишвар ба василаи филмҳои таърихӣ шахсиятҳои сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангии миллати худро мешиносад. Имрӯз абарқудратҳо аз ин имконият фаровон ва мақсаднос истифода мебаранд, ба ҳадде, ки аз воқеаҳои рухнадода ва шахсиятҳои ба он онҳо умуман рабтнадошта филм меофаранд ва ба ин васила таърих месозанд. Аммо барои миллати тоҷик зарур нест, ки сохтакорӣ кунад. Тамоми имконият ва маводи таърихӣ муҳайёст. Фақат бояд барои сохтани филмҳои таърихии шоиста камари ҳиммат бандем, то мардуми мо дар ин асри пуртазод худро бештар бишносанд. Пайрави қаҳрамонҳо ва шахсиятҳои таърихии миллат дар роҳи ватансозӣ шаванд.

Дар тасаввури ман, ҳамчун филмсоз, филми таърихӣ филмеро меноманд, ки дар он воқеияти таърихӣ ё достони шахсиятҳои алоҳидаи миллате ба намоиш гузошта мешавад, ки таҳия ва нашри он кори сахт ва пурхарҷ аст. Шояд ҳамин сахтиҳо ва харҷи зиёд талаб кардани филмҳои таърихӣ-миллӣ сабаб гаштааст, ки заминаҳои таҳияи он дар Тоҷикистон ба таври бояд муҳайё нагардидааст.

Албатта, дар таҳияи филмҳои таърихӣ ба замони гузашта ё начандон гузашта рӯ меорем ва барои бозтоби даврони мавриди назар муаррихон, фарҳангшиносон, аҳли адаб, тарроҳон ва расомони зиёде бояд ҷалб шаванд. Ин аз лиҳози молӣ кори саҳл нест. Намешавад, ки филми таърихиро бидуни сохтани макон, мавҷудияти ашёҳо ва нишонаҳои даврони мавриди назар таҳия кард. Барои он ки бинанда бовар кунад, бозсозии маконҳои таърихии ба муҳтавои филм лозим бояд сохта шаванд.

Мушкилоти дигар макони сохтани филми таърихист. Тасаввур кунед, ки филми мо аз замони гузашта қисса мекунад. Вале он макон бо ҳама нишонаҳояш кайҳост, ки аз байн рафтааст. Масалан, барои сохтани бозори асри XIV бояд харҷи зиёд кард. Маҳсулот, либоси савдогарону харидорон ва саду ҳазор нишонаи дигарро бояд бозсозӣ намуд.

Сохтани шахсиятҳои филм мушкили алоҳида аст. Дар бораи шахсияти таърихие филм месозем, ки дигар миёни мо нест.Наметавонем худи ӯро барои нақшофарӣ ҷалб созем. Барои ин бояд касеро пайдо кард, ки аз лиҳози ботинӣ ва зоҳирӣ ба қаҳрамони мавриди назари мо то андозае шабеҳ бошад.

Агарчи замони Шуравӣ чанд филми таърихӣ сохтем, вале ҳоло ҳам таҷрибаи сохтани филмҳои таърихиро камтар дорем. Пурхарҷтарин филм филми таърихист. Ҳазорон навъ либоси амиру ҳоким, афсару аскар ва шоиру нависанда бояд таҳия шаванд, то тавонем филмҳои таърихии ҷолиб бисозем. Ба ҷуз харҷи бисёр бузург, филми таърихӣ шеваи махсуси қиссапардозии худро дорад. Ба шевае бояд таҳия шавад, ки филм тамошобин ёбад. Бахши аз ҳама муҳими қиссаро ба ҳам овардан кори бисёр сахт аст, ки онро нависанда ва филмноманавис анҷом медиҳад.

Аъзами РОЗИҚ, ҳунарпешаи театру синамо:
– Пурсиши умда, сад посух мехоҳад. Аммо аз ҳама муҳимаш ҳамин аст, ки дар ин аср яке аз василаҳои асосӣ ва муассири рушди маънавиёту худшиносии миллии мардум филмҳои таърихӣ мебошанд. Пас агар чунин аст, таҳия ва нашри филмҳои ҷолиби таърихие, ки инъикосгари воқеияти таърихии миллат ва чеҳракушои корнамоиҳои қаҳрамонон, аҳли сиёсат, адаб ва фарҳанги тоҷик бошанд, бештар аз пештар дида амри зарурӣ маҳсуб мешавад. Худи таърих чист? Таърих гузашта аст, ҳастии мост. Масалан, таърихи мо воқеиятест, ки муаррифӣ кардани он тавассути филмҳои таърихиву миллӣ ба манфиати кор аст.

Агар ман ба унвони ҳунарманд меҳмони як барномаи телевизиони хориҷӣ шавам, шояд баъди посух додан ба чанд суоли муҷрии барнома шахсияту корам барои тамошобин мушаххас шавад. Барои ҳамин чунин хулоса кардан мумкин аст, ки то таърихи миллати моро ҷаҳониён надонанд, моро намешиносанд. Шояд аҳён-аҳён хориҷиҳо забону хатти моро балад бошанду ба ин васила аз таърихи мо огоҳ шаванд. Дигар аксарияташон ҳеҷ китоби моро намехонанд. Аммо филм мебинанд ва ин филмҳои таърихӣ барои муаррифии миллат хеле мусоидат мекунанд.

Дар хонаҳои пайвандон, рафиқон ва ҳар сокини кишвар, ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро дидам, кунҷковона пурсидам: “Чанд саҳифаи китобро хондед?”Аз ин миён 99 дарсад хондан чӣ, ҳатто китобро боз накардаанд. Ҳадяи Пешвои муаззами миллатро бо эҳтиром хос пазируфтанд ва имрӯз ин китоб зебу зиннати ҳар хонадони тоҷик аст. Ин иқдом воқеан сутуданист. Аммо чӣ гуна омор мегирем, ки кӣ хонду кӣ нахонд? Вале пешниҳодам ин аст, ки дар баробари амалӣ кардани ин иқдоми бузург маблағ ҷудо гардад, то филми ҷолибе дар бораи Бобоҷон Ғаффуров сохта шавад. Аз рӯи ин асари бузург метавон садҳо филми ҷолиби таърихӣ таҳия кард.

Аҳмади ИБРОҲИМ, адиб ва рӯзноманигор:
– Ба анешаи банда, дар замони тараққиёти воситаҳои электронӣ таъсири сухан ба инсон хеле заиф шудааст. Насиҳат ҳар қадар ҷаззобу ихчам бошад ҳам, мутмаинам, ба гӯши кам касон мерасад. Ин ҷо воситаи электронии на камтар аҷиб аз филмҳои Ҳолливуд бояд бошад, то хусусан ба насли наврас таъсир расонад. Ягона роҳ, ба андешаи банда, таҳияи филмҳои таърихӣ аст. Ҳоло агар ҳунари ҳунармандони синамои мо ҷавобгӯ ба талаботи тамошобини муосир набошад ҳам, маблағ сарф карда, бояд аз худи Ҳолливуд бошад ҳам, ҳунармандонро даъват намуда, ақаллан як филми миллӣ ба навор гирем. Сипас ҳунармандонамон таҷриба мегиранд ва метавонем солҳои баъд бо неруи худӣ чунин филмҳоро ба навор гирифта, ба бозори ҷаҳонӣ пешкаш намоем. Ҳоло ба навор гирифтани филмҳо дар бораи корнамоиҳои Курӯши Кабир, Дорои I, Спитаман, Катан, адмиралзани ҷасур Артемисия, Деваштич, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Муҳимтар аз ҳама, фаромӯш набояд кард, ки барои рӯйи кор овардани як филми миллии таърихӣ пеш аз ҳама ҷасорат лозим. Ҷасорат аз ҷониби масъулон ва соҳибкорони ватандӯст. Ҷасур бошанду ақаллан ду-се миллион доллар сарф кунанд, дар муддати кӯтоҳ метавонанд ҳамин миқдор фоида ба даст оранд. Чунин филмро, ба ақидаи ман, коргардони маъруфи тоҷик Мирзоватан Миров метавонад омода созад.

Мушкил бошад ҳам, бояд бо ин роҳ рафт, чунки ҳоло яке аз роҳҳои асосии тарбияи ватандӯстӣ таҳияи филмҳои хуби таърихию миллӣ мебошад.

Таҳияи Бахтиёр Рахмониён

Дигар хабарҳо