Суханронии Пешвои миллат ба муносибати 30-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чароғи робита равшан бод
Баъд аз истиқрори сулҳ ва фароҳам омадани фазои мусоиди фаъолиятҳои илмию адабӣ ва эҷодию ҳунарӣ, бо таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шохаҳои пажмурдаи нахли фарҳанг, адабиёт ва ҳунари миллӣ дубора ба сабзидану шукуфтан оғоз карданд. Дар ин миён яке аз бахшҳои муҳимми фаъолиятҳои фарҳангию адабӣ – тарҷумаи бадеӣ, ки тамоми ҷомеаҳои маданӣ ба он ниёз доранд ва вуҷуди он аз нишонаҳои асосии такомули муҳити адабию ҳунарӣ шинохта мешавад, низ аз нав нафаси тоза кашид. Омилҳои зиёде заминаи эҳёву тарвиҷ ва тавсеаи соҳаи тарҷумаи миллиро фароҳам овардаанд, ки дар сутури зер ба бархе аз онҳо ишора мекунем.
Бунёдитарин заминаи фароҳам омадани фазои фарҳангӣ барои тарҷумаи осори гуногун ба забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол талошҳои аҳли адаб ва махсусан Сарвари давлат маҳсуб мешавад.
Пас аз соҳибистиқлолии давлат муҳит ва вазъи сиёсӣ як навъ озодандешӣ ва шароити мусоидро барои татбиқи ҳадафҳои гуногун фароҳам овард. Дар кишвар муассисаҳои таълимии нав, ки шеваи гуногуни омӯзиш дошта, забони таълими онҳо русию англисӣ буд, ба фаъолият оғоз намуданд: «Зарур аст, ки барномаҳои чунин муассисаҳои таълимӣ бояд ба фарҳангу тамаддун, таърих ва забону адабиёти мо мутобиқ гардонида шаванд, то ин ки фардо дастпарварони онҳо фарҳангу адабиёти моро бо забонҳои гуногуни дунё муаррифӣ намуда, дастовардҳои олами башарро ба забони давлатиамон баргардон карда тавонанд» (аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф. Душанбе, 27.09.2022).
Дар замони ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои хориҷӣ барои муносибот бо ҷомеаи башарӣ амрест зарурӣ. Ҳамин тамоюлро Президенти кишвар нек дарк намуда, ба ин самт таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир карданд: «…раванди рушду густариши муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ бо давлатҳои ҷаҳон, робитаҳои иқтисодӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаи башарӣ, тарҷумаи осори арзишманди фарҳанги инсонӣ ва таъсиси корхонаву ширкатҳои муштарак дар мамлакат ба ҳазорҳо нафар ҷавонони забондон ниёз дорад».
Соли 2014 бо дастури Президенти кишвар дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Маркази тарҷума таъсис ёфт: «Чанд сол пеш аз ин масъалаи ташкил кардани як маркази тарҷума чандин бор гузошта шуда буд. Ва ниҳоят бо ташаббус ва амри махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маркази тарҷума таъсис шуд» (А.Абдуманнон. Пасту баланди тарҷума. // Адабиёт ва санъат. 16.02.2023, №7).
Аз соли 2019 солномаи марказ бо номи «Литературный Таджикистан. Ежегодный альманах» («Тоҷикистони адабӣ. Солнома») таъсис дода шуд, ки дар он аслан осори тарҷумавӣ ва таҳқиқӣ перомуни тарҷумаи бадеӣ ва адабиётшиносии тоҷик ба забони русӣ ҷой дода мешавад. Фаъолияти марказ асосан ба тарҷумаи осори бадеии адабиёти навини тоҷик ба дигар забонҳо марбут аст, ки воқеан кори шоёни тақдир аст. Муовини сармуҳаррири Маркази тарҷума Абдураҳмони Абдуманнон фаъолияти марказро дар чанд соли охир чунин баҳо додааст: «Аз муҳимтарин корҳое, ки дар солҳои охир аз ҷониби Маркази тарҷума сурат гирифт, иштироки мо дар таҳия, тарҷума ва нашри тазкираи адабиёти халқҳои ИДМ буд, хушбахтона, ба заҳматҳоямон дар Маскав баҳои баланд доданд. Тарҷумаи ду асари устод Айнӣ ба забони англисӣ низ аз корҳои назарраси кормандони мо аст».
Аммо ин марказ дар доираи тарҷумаи бадеӣ, бавежа тарҷумаи осори бадеии тоҷикӣ ба забонҳои дигар иктифо мекунад ва ба андешаи мо, маҳз ҳамин далел боис шуд, ки соли 2022 Президенти кишвар чунин тасмим гирифтанд: «Ҳамчунин, бо мақсади фароҳам овардани дастрасии мардум ба адабиёти ҷаҳон, бахусус, адабиёти илмӣ, инчунин, бо забонҳои хориҷӣ тавассути асарҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бадеии олимону эҷодкорони кишвар муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик зарурати таъсиси маркази алоҳидаи тарҷума ва баргардони асари илмиву бадеӣ ба миён омадааст» (Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф. Душанбе, 27.09.2022).
Яъне, як маркази мустақил ва алоҳидае, ки дар баробари тарҷумаи осори гуногунжанро сомон додан, ҳамчунин битавонад фаъолияти кулли соҳаҳои тарҷумаро зери назорат бигирад, таъсис дода шавад. Воқеан, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷумаи тоҷик давраи навро аз сар мегузаронид ва таъсиси чунин марказҳо метавонад барои аз нав рушд кардани соҳаи тарҷумаи миллӣ нақши бориз дошта бошад. Дар ин мулоқот Сарвари давлат дастур доданд: «Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки масъалаи таъсиси Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ карда, дар муҳлати се моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро таҳия ва тасдиқ намояд».
Ин дастур дар муддати кӯтоҳ иҷро шуд ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2024 Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин ду марказ, ки аслан фаъолияташон дар назди ду ниҳоди бонуфуз: Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, дар тарвиҷ ва таҳаввули тарҷумаи бадеӣ нақши муҳим хоҳанд бозид.
Лозим ба тазаккур аст, ки дар қарни ХХ осори гуногун ағлаб аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ таҳия мешуд. Аз ин гуфта метавон чунин хулоса баровард, ки қарни ХХ-ро асри тадвин ва наҳзати тарҷумаи тоҷик аз забони русӣ ва қарни ХХI-ро бо назардошти ибтикороти Президенти кишвар асри тарвиҷу бурузи тарҷума ба забонҳои дигар унвон кард. Зеро таъсиси марказҳои тарҷума бо ҳадафи тарҷумаи осори гуногуни илму адаби тоҷик ба дигар забонҳо талоше баҳри муаррифии илму адаб ва фарҳанги тоҷикон аст.
Сарвари давлат яке аз омилҳоеро, ки дар вусъати равобит бо мамолики дигар нақши зиёд дорад, тарҷумаи бадеӣ дониста, кӯшиши посух гуфтан ба ниёзҳои фикрӣ, ҳунарии замону ҷомеаи ду кишварро маҳз дар тарҷумаи бадеӣ мебинанд: «Дар айни замон тарҷумаи бадеӣ омили муҳимми таҳкими робитаҳои адабист. Бояд беҳтарин осори адабиёти ҷаҳон ба тоҷикӣ тарҷума шавад ва асарҳои беҳтарин адабиёти мо ба забонҳои дигар баргардонда шавад».
Ҳамин нуктаро соли 2009 низ зимни суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат дар мавзуи «Ҷомеа ва рисолати зиёӣ» таъкид дошта буданд: «Ба хотири шиносоии бештари насли ҷавони кишвар ва ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба тамаддуни умумибашарӣ олимону адибон ва устодони муассисаҳои таълимӣ бояд ба масъалаҳои омӯзиши забонҳои дигар миллатҳо ва тарҷумаву пешкаши умум гардонидани осори илмиву адабӣ ва фарҳангии халқҳои ҷаҳон таваҷҷуҳи бештар дошта бошанд».
Саҳми Президенти кишвар дар соҳаи тарҷумаро метавон аз таваҷҷуҳи мавсуф ба ин самт, дар арҷ гузоштан ба ходимони ин соҳа низ мушоҳида кард. Соли 2009 зимни мулоқот бо зиёиён хидматҳои шоёни Сотим Улуғзода ва Ҷалол Икромиро дар самти адабу тарҷума зикр карданд. Барои истиқбол аз садсолагӣ ва поси хотири ин адибон дастур дода, гуфтанд: «Ба назари мо, ба Донишгоҳи забонҳо гузоштани номи Сотим Улуғзода, ки ҳамчун тарҷумони бузург низ шуҳрат дорад ва ба номи Ҷалол Икромӣ гузоштани яке аз хиёбонҳои пойтахт мувофиқи мақсад мебошад».
Дигар ибтикори Пешвои миллат барои рушди тарҷумаи бадеии тоҷик қадрдонӣ намудани афроде мебошад, ки баҳри робитаҳои адабӣ ва тарҷума талош мекунанд. Дар яке аз суханрониҳои худ ин ташаббусро чунин тавзеҳ додаанд: «Аз ҳамин хотир мо дар номгӯи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ як мукофотро барои тарҷума ва густариши робитаҳои адабӣ пешбинӣ кардаем».
Барои рушд ва таҳаввули тарҷума баргузории Рӯзҳои фарҳангии кишварҳо нақши муассир мебозад. Барои мисол соли 2018 бо эҳтимоми президентони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон марҳалаи наве дар устувор шудани робитаҳои сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ миёни ин ду халқ буд, тадбирҳо андешида шуд. Дар арафаи баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва баръакс осори адибони ин ду миллат тарҷума карда шуд. Соли 2024 ҳамин гуна чорабинӣ дар Ҷумҳурии Қатар баргузор гардид ва бо эҳтимоми бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба забони арабӣ тарҷума ва муаррифӣ гардид.
Дар доман густурдани тарҷума аз забонҳои гуногун ба забони тоҷикӣ ва баръакс нақши Президенти кишвар хеле бузург аст. Намунаи беҳтарини бурузи тарҷума, майл ба эҳё, густариши соҳаи тарҷума ва ҳамоно ба кори тарҷума шавқманд кардани мутарҷимон баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад. Яке аз бахшҳои ин озмун номинатсияи адабиёти ҷаҳон мебошад. Дар ҳошияи ин озмун бознашри тарҷумаҳои осори адабӣ ва тарҷумаи адабиёти нав аз забонҳои дигар дар чанд соли охир, яъне дақиқан солҳои 2020-2024 мушоҳида мешавад. Намунаи чанд аз тарҷумаҳое, ки дар даврони шуравӣ анҷом ёфта буданду аз нав бознашр шуданд, ин ҷо мисол меорем: романҳои «Робинзон Крузо»-и Даниел Дефо, «Шоҳзода ва гадо»-и Марк Твен, «Саёҳати Гулливер»-и Ҷонатан Свифт аз нав таҳия шудаанд. Аз ҷониби Салими Хатлонӣ романҳои «Шодравон Маттиа Паскал»-и Луиҷи Пиранделло, «Гэтсбии муаззам»-и Фрэнсис Скотт Фитсҷералд ва «Гурги даштӣ»-и Ҳермен Ҳессе тарҷума шуданд.
Таҳлилу баррасии маводи фавқ моро ба чунин натиҷагирӣ мерасонад, ки фароянди тарҷумаи бадеии тоҷик дар даврони муосир бо ибтикороту ташаббусҳо ва таъкиду суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ дошта, марҳилаи нави таърихии худро сипарӣ намуда истодааст. Истиқлоли давлатӣ, таваҷҷуҳу дастгириҳои Сарвари давлат ва фароҳам омадани фазои озоди фикрию завқӣ барои мутарҷимон заминаҳои наву тоза ва дар айни замон бисёр густардаро эҷод кардааст. Ин ҳама боиси дар кӯтоҳтарин фурсат рафъ гардидани мушкилоти тарҷумаи бадеӣ гашта, заминаи хуби тарбия ва ба камол расидани мутарҷимони касбӣ мешавад.
Алишер АМИНӢ,
Зебуннисо БОБОАЛИЕВА,
номзадҳои илми филология