Хӯшаҳо аз гӯшаи хотироти падар
(Пора аз достони мустанад)
— Дар Дилварзии солҳои 1955-60 ҷони ҳама мавҷудоти зинда дар оташи азоби пахтакорӣ месӯхт, аммо ду тоифаи инсонҳо пирони пояшон ба лаби гӯр расида ва тифлони ширхораву ҷавонони акнун пушти лабашон сабзшуда беш аз ҳама ҳоли табоҳе доштанд. Ман панҷоҳсола будам, на фарбеҳ, на хароб, қадам аз якуним метр баландтар, вале банди поям мустаҳкаму тану ҷонам устувор, — нақл мекарданд падарам, — озод ҳаштод кило борро бемалол пуштора карда, аз маконе ба маконе мерасондам, ба шарте, ки марову ҳамон борро ду-се кас аз замин бардорад.
— Ба камол расидаҳо, чи марду чи зан, ҳама гуна машғулиятҳои пахтакорӣ, сафолакшиканӣ, каланд задани бехи ниҳолакҳои пахта, ягонаю чиканка ва билохира, чун ҳосил пухт, бо қади дуто пешдоман баста, бо панҷаҳои сафеду гиро шарт-шарт пахта чидан (то 100-150 кило)-ро дар як фурсати кӯтоҳ ёд гирифтанд. Пирони кор ба онҳо мегуфтанд: қуши паррон (қуш-ҳумо), яъне тавоно, хеле чолоку чаққон. Биргадиру табелчияш, — қисса мекард падар, — барои ман барин калонсолони дасту пояшон ногиро дар пахтакорӣ низ шуғле пайдо карданд. Бо ҳамсолонам Хол Нуруллоеву Раҳими Файзулло моро ба шипангаке бурданд ва амр карданд: ана, ин дангалу дасткӯбҳо, шумоҳо ҳамин кулӯла-кулӯла доруҳои селитрро ос-ос мекунед. Ба лингчаҳо меандозеду пуштора карда, ба саргаҳи замини пахта мебаред, ба дӯли трактор мерезед. Ниҳолҳои пахта қувват мегиранду боло-боло қад мекашанд. Мо дуо мекунем дар ҳақатон. Маошатон — як сӯму панҷоҳ тин дар як рӯз. Хӯроки нисфирӯзӣ ҳар рӯз тайёр, дар шипанг аз дасти мубораки тағомон — Мирзолатиф мегиреду нӯши ҷон мекунед. Ҷойи хоби шабонаатон ҳамин шипанг, паҳлуи доруҳо. Кӯрпаю болишт доред.
Ман, Холмаҳмад ва Мирзораҳиму чанд тани дигар ҳанӯз хонаводаҳоро аз кӯҳистон ба Дилварзӣ наоварда будем. Моро давлат ҳамчун марди кор истифода мебурд.
— Охирҳои ҳамон сол (с. 1956) ҳосили аввалро, ки ҷамъу ҷӯр карда, ба давлат супурдем, шумоҳо ҳам меравед ба Масчоҳ ва хонумонатонро мебардореду меоед. Ҳа, ба қатори кӯп , «халоиқ – ҳар чӣ лоиқ» — мудом бо ягон матал суханро кӯтоҳ мекард раис.
Мани ҳассос ва хеле кунҷков мехостам тобноктарин лаҳзаҳои рӯзгорони аввали ҳиҷратро аз падар бишнавам. Баъзе аз он достонҳоро ӯ бо хоҳиши банда такроран ба ёд меовард. Масалан, ёдоварии ҳуҷуми хомӯшакҳо ба тану ҷони ӯ ва шариконаш ҳам гиряовар асту ҳам хандахез:
— Як шаби ҳавлноки тобистони соли 1957 дар хирмани шипанг ману Раҳиму Хол ва Авазбоқӣ, ки навакак аз Тошканд омада, ба кори колхоз пайваста буд, зери осмони ғарқи ситора дароз кашида, тарҳи хоб андохтем. Ситораҳо милт-милт сӯйи мо чашмак мезаданд. Гӯё тамасхур мекарданд морову мегуфтанд: «Ҳа, ношукракҳо, арвоҳҳои кӯҳистон ана, ҳамин хел мезанад шуморо! Шавву шувви Зарафшон куҷою ғинг-ғинги кӯрпашшаҳо куҷо! Шаббодаи сари Меҳробро ба хотир биёру пашша парону бӯйи мачавину фосфорро дам каш». Ин дарду ҳасратро аз дил гузарондаму ҳамон лаҳза гӯё ҷинну аҷинаҳо ҳозир шуданду пашшаҳои лаънатиро барои ҳуҷум ба сару рӯямон равона карданд. Аввал ғунгоси борики дарозе сар дод «камандирашон», баъд ба рухсораҳо, пешонӣ, лабу даҳону ҳатто нӯги бинӣ неш задан сар шуд. Мисли нӯги сӯзан.
— Маҳмадшукур! — садо кард Холмаҳмад, ки дар фосилае на чандон дур, дар канори ман дароз кашида буд, — ҳо, мегӯм, хобед ё бедор?
-Бедорам, ако, — ҷавоб додам ба ӯ, — магар хоби маргамон барад дар ин аҳвол.
— Додар, ин қуртиҳо имшаб чаро аз ҳад зиёданд? Ҷунсарак шудам, валло, нешаш неши газангӣ боринай-е!
Ин дам пашшае визасзанон аз гӯши рост парида, ба пешониям нишасту дарҳол ба хунмакӣ сар кард. Башаст як шапалоқ ба гӯши пашшанишастаам фуровардам. Зарба хато рафт. Ғинг гуфту хесту ба гарданам савор шуд. Аз нӯги панҷаҳо, то пайванди дастҳоро ба макидан сар карданд «қуртиҳо». Алағда мешудам. Хоби шаб ҳаром шуд.
— Ако, — суоломез муроҷиат кардам ба Холмаҳмад, — кӯрпаро ба сар кашем, чӣ хел мешад?
— Ҳиҷ хел, — дарҳол ҷавоб дод ӯ, — дар таги кӯрпа дамамон дар ин гармӣ мегардаду ҷо ба ҷо мемурем ва дарҳол аз пашшаю ғангуғингаш, аз «дӯсту» салитиру Дилварзияш халос мешем. Лекин ба назарам, ҳазрати Азроил ҳам фаромӯшамон кардаанд. Кишше…
Холмаҳмад, ки чанд дақиқа пештар «қулҳуллоҳу алҳамд»-и пеш аз хобро қироат мекард, як дашноми ғурруғафс ба «қуртиҳои ҳамлавар» ҳадя карда, аз ин паҳлу ба он паҳлу гашт. Гапи ҳақро гуфт ӯ:
— Дар ин гармои ҷаҳаннамии моҳи саратони Дилварзӣ магар мешавад, дар таги кӯрпа панаҳ барӣ?! Пашша «киш» гӯю чашмакзании муғамбиронаи ситораҳоро тамошо кун, аз гуноҳу хатоҳои кардаат тавба гӯй. Тамом, вассалом. Гиряаам омад, аммо худамро доштам.
Қиблагоҳӣ то ба ин ҷо кашонд бори хотироташрову андаке сулфид, гулӯ рӯшан кард ва сипас ба идомаи суҳбат пардохт. Гуфт, ки онсӯтар аз ҷойгоҳи ӯ, дар паҳлуи Холмаҳмад Авазбоқии тоза омада аз Тошканд мехобид. Хаёл кардам, ки ғанабаш бурдааст. Не, бедор буд Авазбоқии фарзанди Бобои Мирзо, ки тану тӯши рустамона дошту ба синну сол хеле ҷавонтар аз мо буд. Ҳудудан сисола. Вай ба Холмаҳмад шӯхӣ ба шӯхӣ саволи аҷибе дод:
— Ако, дуою муноҷот, калиму каломи пеш аз хобатона тамом накарда, пашшаҳои бегуноҳа ҳақорат карданатон гуноҳ нест-мӣ? Фардо рӯзи қиёмат дар пеши Худо чӣ ҷавоб медиҳед?
Холмаҳмад ба пурсанда не, ба ман муроҷиат кард:
— Додар, Маҳмадшукур, ин муфтӣ аз куҷо пайдо шуд? Дар ин нимишабӣ ҷафои ин «қуртиҳо» кам аст, ки Авази офтобрӯй ҳам неш мезанад ба мо? Ҳа, қаҳрат кард? Писархолат мешад кӯрпашша?!
Қиблагоҳӣ таъкид мекунанд, ки Аваз рост гуфт. Ҳеҷ махлуқи Худовандро дашном надиҳад. Ҳама гуна лисони ғализ ба куфр меанҷомад. Ҳатто, агар потуна газад ҳам, ҳақорат накунед, мегуфтанд Эшони Муфтии Муллоаҳмади хатмкардаи мадрасаи Бухоро.
— Ҳа, Холмаҳмад, бассатунай ё ягон ҳадиси дигар биёрем? — Ғолибона шодӣ кард Авазбоқӣ.
Холмаҳмад ба сару рӯй ва пешонию гарданаш башаст шаппотӣ зада, кӯбокӯбро бо хомӯшакҳо давом дод. Ман ҳамчунин. Якбора ин ғурсумбаи Авазбоқӣ аз ҷогаҳ хест. Аввал ба осмону моҳу ситораҳояш нигоҳ кард. Баъд ба вақ-вақи қурбоқаҳои гирду атроф аҳаммият надода, ба самти номаълуме равон шуд. Худ ба худ мунга мекард ӯ.
— Ҳа, паҳлавон, ба ту чӣ шуд?
Авазбоқӣ ҳир-ҳир хандиду ғайб зад ва лаҳзае нагузашта, ба сари ҷогаҳ омаду гуфт:
— Акои Маҳмадшукур, акнун чашм кушоеду мана бинед, дар як дам Авази сиёҳи ҳабаш чӣ тавр сап-сафед шуд? Ин ҳам қудрати Худо-дия.
Дар рӯшании маҳтоб нигоҳ карда бинам, ба ғайр аз ду чашми алобалои Авазбоқӣ дигар ҳама ҷояш, аз нӯги по то фарқи сар сап-сафед, ранги шир аст. Бӯи ғализи доруи заҳрдори «Дӯст» ба димоғамон расиду аз нағмаҳои тозаи Авазбоқӣ воқиф шудем. Холмаҳмад дубора ғур-ғур кард:
— Ҷудо ҳам нағз, лекин ҷогаҳата аз бари ман онсӯтар бар. Ту медонию дӯсту пӯстат. Заҳри ҳамин пашша аз заҳру заҳқуми «дӯст» беҳ!
Авазбоқӣ як хандаи рустамона сар дод ва кӯрпаю болишташро аз паҳлуи Холмаҳмад онсӯтар ғеҷонда, гуфт:
— Ку, бинем, акнун ягон пашша-машша ба Авазпаҳлавон ҷуръати наздик шудан мекунад ё не!
Воқеан, барои он ки аз неши пашшаҳо раҳоӣ ёбад, ҳоло тадбири муносибе ёфт паҳлавон. Дароз кашиду куттумут хобид. Курпашшаҳо аз ӯ ҳазар карда, гурехтанд. Ҳатто ба хурраккашӣ сар кард Авазбоқӣ: Холмаҳмад, пашшаҳоро шапалоқшап мекард. Гуфт, ки пашша ба ҷойи худ, акнун аз ин хирсу бӯю тафаш билло, мору каждум ҳам мегурезанд. Як дардамон сад дард шуд, додар.
— То саҳар зинда мемонад ин Аваз? — ба ман бо тааҷҷуб муроҷиат кард шарикам, — охир ин «дӯст», ба қавли аграноми колхозамон Арслонов, аз заҳри мор хатарноктар аст.
— Авазбоқӣ ҷонсахт аст, ако, — гуфтам ман, — ҳеҷ балош намезанад. Вой бар ҳоли ману шумо, ки бо навои хур-хури Аваз пашшаҳоро «киш» мегӯему то саҳар ситора мешумурем.
Он айём, ки мо даҳ-дувоздаҳсола будем, ба ҷуз он чӣ ки аз падар ё амаку тағову ҳамсолони онҳо мешунидем, бисёр лаҳзаҳои гирумони пахтакорони муҳоҷирро бо чашми сар медидем ё бо дигар ҳамсолонамон дар иҷрои корҳо ширкати иҷборӣ доштем. Масалан, солҳои шастум деҳқон ҳосили пахтаро чида, ба қопу қанорҳо андохта, дар мошин ё присеп бор карда, ба макони қабули пахта мекашонд. Деҳқонон мисли падари ман ё амаки Холмаҳмаду Мирзораҳим дар қабулгоҳ аввал ҳосилро баркашида, ҳуҷҷаташро ба дасти ронанда супурда, сипас қанорҳоро ба тахтапушташон бор кардаву бурда, пахтаро рӯйи ҳам мерехтанду сум мезаданд ва «кӯҳчае» месохтанд. Ин «кӯҳ», вақте ки хеле қад ёзонда, баланд мешуд, ҳаммолҳо зери пояшон нардбонҳои ҳузарб, ки ба онҳо «трап» мегуфтанд, гузошта, қопу қанори пурборро ё ба пушт ё ба сари китф бардошта, боло мебурданд (Гоҳ вақт ҳаммоли нагунбахт бо ҳамон борубун аз болои нардбон сарнагун гашта, даступошикаста мешуд). Чунин раванди вахими иҷрои кор тахминан панҷ-шаш сол кашол ёфт.
Сипас иҷрои он ҳама машғалаҳо тавассути таҳҷизоти замонавии механикӣ ба роҳ монда шуд, ки ин ҳам он вақт пешрафти боварнакарданӣ буд.
Боре аз падар хоҳиш кардам, ки ба ҷуз ҳаводиси «ҷанг» бо хомӯшакҳо боз ҳам ягон гуфтании аҷибе аз солҳои аввали ҳиҷрат ба Дилварзӣ бароямон бигӯяд.
— Баъди «ҷанг»-и якҳафтагӣ бо лашкари пашшаҳои бадҷинс, — фавран шуруъ ба суҳбат кард қиблагоҳӣ, — ногаҳон лашкари шабушку ришк шабехун зад ба ҷони мо. Нифаи либос, гиребону сару тан, ҳатто ришу фашро ба ҷунбиш овард ришку шабушк. Ба қавли қадимиҳо, се чиз аст душмани бенаво: сагу шабукшу нимчамулло. Рости гап, аз ин ҳодисаи шум ҳангам канд! Чунки наҳсонияти ришку шабушкро мо, галасағираҳо, солҳои ҷанги Олмон аз сар гузаронида будем. Ва медонистем, ки ин касофатзот, манбаи дигар бадбахтиҳо низ ҳаст. Чӣ бояд кард? Ё роҳи гурезро пеш мегирему рӯ меорем ба кӯҳистони Масчоҳ ё меравем Тошканд, назди писартағои меҳрубонамон Ибодулло. Ё…
Аз дилам чанд таҳлукаи дигар гузашт. Ба андуҳи сахт тани танҳо такя ба девори похсагии шипанг гузоштам. Дар ҳамин вақт яке бо даҳони пурханда Авазбоқии паҳлавон пайдо шуд. Ҳоли маро диду баландтар хандиду гуфт:
— Ако, ин қадар таҷангед-о? Тинҷӣ-мӣ?
Воқеаи хуруҷи лашкари ришку шабушро нарезондаю начаконда гуфтамаш. Дубора қаҳ-қаҳ зад ун бедард ва гуфт:
— О, ҳамин ҳам кирои ғамхӯрӣ мекунад? Ҳамин шаб тухмаша пок мекунем. Магар чени кӯрпашша ҷон дорад шабуш?
Авазбоқӣ дастур дод, ки имшаб либосҳои тагу болоятон, ҳамаро нағзакак ғилмондаву олудаи «дӯст» мекунеду мехобед. Саҳар мехезед, ки якта намонда, ҳама титрез шудаанд. Мушт-мушт мемурад шабушк аз таъсири дӯсти азизи ман – «дӯст!». Холмаҳмаду Раҳиму дигар ҳамаи шабушкинҳоро ҳам «табобат» мекунам ман. Ин ҳилларо урусу қазоқҳо, ҳатто бобокалонҳои худамон дар солҳои ҷанги Олмон ба кор бурдаанд. Акнун навбати мо ва он ҳам дар рӯзҳои ҷанг бо офтобу замини Дилварзӣ.
Воқеан, «пеши табиб чӣ меравӣ, пеши корафтода рав» гуфтагӣ барин, тадбири Авазбоқиро ба ҷо оварда, аз ковишу хориши шабушк халос шудем. Аз ҳамон «муъҷиза» баъдан як муштак барои якта-нимта шабушкинҳои кӯҳистон ҳам бурдам. Инро дар забони мо «давои қурут оби ҷӯш» мегӯянд. Ба қавли Авазбоқӣ, титрез шуданд ришку шабушк аз таъсири «дӯст».
Ба кӯчокӯч аз кӯҳистон ба водӣ, ки дар таърихи беш аз будубоши масчоҳиён бори нахуст пеш омад, на фақат мардуми одӣ, балки теъдоде аз амалдорон низ ризоманд набуданд. Фақат ба иҷбор бо димоғи сӯхта по пеш мегузоштанд. Носи обрӯмандтарин солори кӯҳистон Бобо Ҳамдамов, ки ҳама аз таҳти дил дӯсташ медоштанд, дар саросари ҷумҳурӣ вирди забонҳо буду ҳаст.
Соли 1955 дар рӯзҳои ҳиҷрат Бобо Ҳамдамов пеш аз дигарон боми хонаашро канд. Мардуми шарифи деҳааш Ярм ҳам бо сари хам чоку бел гирифта, хона канданд. Якбора дар сар то сари деҳаҳои саргаҳи Зарафшон барқосо овоза паҳн шуд, ки ярмиҳо бо сарварии Бобохон Ҳамдамов кӯч мебанданд, мераванд ба Ғулакандоз. Сокинони Ланглифу Устошон, Худгуф, Туро, Сабағу ва ғайра пасу пеш аз паси Ҳамдамов равонанд. Касе гарданак намезанад. «Ҳамин ҳазрат, ҳар куҷо, ки раванд, мо ҳамроҳашонем» — гуфтанд сокинони сарбаланди болооб.
Маҳз бо нури хирад ва дидаи ақлманди Бобохон Ҳамдамов сокинони деҳаҳои дар боло зикршуда, гӯиё аз кӯҳистон ба кӯҳистон омаданд. Дар Пролетар (ҳоло ноҳияи Ҷаббор Расулов) мавзеъҳои нисбатан обод, (беҳу боло аз Дилварзӣ), хушобуҳво, нисбатан кӯҳистони обаш сарду гуворо насибашон гардид. Ҳамчун пахтакорони номӣ, ғаллакор ва боғу токпарвари гулдаст зуд ном бароварданд. Бо шаҳрҳои бостониву мутараққие чун Хуҷанду Истаравшану Бекобод, бо қавмҳое чун бародарони ӯзбеку русу қирғизҳо ҳамсоягии некбинона ихтиёр карданд. Онҳо пешрафти ҳама риштаҳои зиндагӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангиро аз шарофати хиради волои Бобо Ҳамдамов медонанд, ки ҳақ асту рост.
Муаллифи ин сатрҳо бо мусоидати домодаш доктор Шералӣ Фозилов тобистони соли 1972 бо он хирадсолори иззатманд саодати ошноӣ доштам ва дар пурнуфузтарин рӯзномаи ҷумҳурӣ «Тоҷикистони Советӣ» рисолае дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти ибратомӯзаш ба чоп расонда будам. Олими зуфунуне чун академик Аҳрор Мухторов, нависандаи забардаст Ҷалол Икромӣ ва чандин шоиру нависандаи дигар низ зиндагии олишони Бобо Ҳамдамовро мавриди таҳқиқу таҳлил қарор додаанд. Ӯ вазифаҳои муовини раиси Комитети иҷроияи ваилояти Кӯлоб (1929), Комитети иҷроияи Марказии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Кангурт ва Қизилмазор (1930), раиси Суди Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929-1932), раиси комиҷроияи шаҳри Сталинобод (1932-1933) ва ғайраро дар ҳамон солҳои пурошӯб ба дӯш доштааст.
Бобо Ҳамдамовро дар солҳои 1937-1939 дар зиндони НКВД-и шаҳри Сталинобод ҳабс мекунанд, ки баъдан бегуноҳияш исбот мешавад. Ниҳоят, дар ҳамон ноҳияе, ки аввалин хишти ободияшро гузошта буд, яъне Ҷ. Расулов солҳои 1962- 1963 мудири хоҷагии чорводорӣ ва сохтмони колхози «Сиезди 22-и партия» таъйин гашта, баъдан бознишаста мешавад.
Он чи ки дар бораи рӯзгори ин машъалдори адлу инсоф падид омадааст, қатрае аз баҳр мебошад. Шояд минбаъд соҳибназароне рӯи кор оянд, ки барои иншои румон ё достонҳои пурмуҳтаво дар бораи роҳи дурахшони Бобо Ҳамдамов дасту остин барзананд ва чеҳраи воқеии ӯро қаламдод намоянд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов макони ободу шукуфоне ба номи ин солори рӯзгор гузошта шудааст. Хиёбони пурвусъате дар ҳамин диёр номи ӯро дорад ва дар саргаҳи ҳамин хиёбон осорхонаи таърихии ниҳоят ғанӣ ва пурбори Бобо Ҳамдамов зиёратгоҳи хоссу ом аст. Инчунин яке аз гӯшаҳои зебои маҳаллаи 82-и шаҳри Душанбе низ номи нахустин раиси ҳамин шаҳр Бобо Ҳамдамовро дорад. Ба фармуди Лоиқ, «бузургонро бурзургон зинда медоранд». Дар абадӣ гардонидани номи Бобохон Ҳамдамов, бешак, саҳми Мақомоти пойтахти азизамон шаҳри Душанбе низ бузург аст. Равони Бобо Ҳамдамов то абад шод бод!
Мирзо Шукурзода