ФИРӮЗ БАҲРОМ

 ФИРӮЗ БАҲРОМ

БАҲРОМ ФИРӮЗ (Бобоев Баҳром) 1 ноябри соли 1939 дар ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм карда, чанд сол дар ҳамон ҷой омӯзгор будааст. Баъдан ба Душанбе омада, муддате корманди радиои тоҷик, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», моҳномаи «Садои Шарқ», нашриёти «Маориф», рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон», нашриёти «Адиб» будааст. Солҳои охир дар Хуҷанд сардабирии моҳномаи «Сайҳун»-ро бар ӯҳда доштааст.

Аз ибтидои солҳои 60-ум даставвал ҳамчун шоир, баъдан чун насрнавис ном баровардааст. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Розҳои маҳтобшаб» (1967), «Силсила» (1973), «Тафти дил» (1984) мебошад. Гулчини қиссаву ҳикояҳояш дар кутуби «Пайи ситора» (1975), «Рухсора» (1978), «Ганҷ дар вайрона» (1977), «Ту танҳо нестӣ» (1980), «Тору пуд» (1985), «Агар вай мард мебуд….» (1988) ва ғ. ба табъ расидаанд.

Соли 1981 нашриёти «Детская литература», (Маскав) китоби қиссаву ҳикояҳояш «Ты не одинок»-ро ба табъ расондааст.

Мақолаҳои публитсистиаш дар маҷмӯаи «Саҳнаи гардон» (1993) интишор ёфтаанд.

Асарҳои ҷудогонааш дар Эрон, Булғория, Чехославакия, Ҷопон чоп шудаанд.

Намунаҳое аз осори М. Лермонтов, А. Блок, Д. Кугултинов, Ҳ. Олимҷон, Ф. Алиева, И. Грин ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Соли 1991 сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст.

Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

25 сентябри соли 1994 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо