Фархундагияш ба ёдҳо монд
Шоири хушсухану хушқалам Ҳайитгул Саъдуллоева, ки дар доираҳои адабӣ ва миёни ҳаводорони ашъораш бо тахаллуси Фархунда маълум аст, агар умр вафо мекард, имрӯз ба баҳори ҳафтодумини зиндагӣ қадам мемонд. Мутаассифона, 18 апрели соли 2024 риштаи умраш дар авҷи камолоти эҷодӣ гусаста шуд.
Бо нахустин навиштаҳои ӯ замоне ки сарварии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон»-ро бар уҳда доштам, ошно шудам. Нимаи дуюми соли 1977, дар яке аз рӯзҳои моҳи хазонрез ба дафтари кориям ҷавондухтаре хушандому шармгин одоби саломро ба ҷо овард. Аз ҷой бархоста, «марҳамат, дароед» гӯён муроот намудам. Духтарак баадабона ба курсӣ биншаст.
Дар аввал гумон кардам, ки ӯ шояд мушкил ва арзе дорад. «Шуморо гӯш мекунам» гуфтам. Вай аз ҷувздонаш чанд сафҳаро берун оварда гуфт: «Кам-кам машқи шеър мекунам. Агар вақтатон бошад, хонда фикратонро мегуфтед».
«Бисёр хуб. Нағз кардед, ки навиштаҳоятонро ба рӯзномаи ҷавонӣ овардед. Ку, бубинем, барои мо чӣ дастовез доред?» гуфта, варақи аввалро боз намудам. Мисраъҳои аввал ҷолиб ва хонданӣ буданд. Ҳайитгул бо навиштаҳои хеш дар назари ман навқалами нисбат ба худ серталаб ва ҷиддӣ намуд.
Чизе нагуфта, аз котиба хоҳиш намудам Амонбек Шоҳзода – шоири боистеъдод, мудири шуъбаи маънавиёти рӯзномаро даъват намояд. Ба Ҳайитгул рӯ оварда гуфтам: «Навиштаҳоятон ба ман маъқул. Акнун мехоҳам ба ин шеърҳо шоири касбӣ баҳо диҳад. Фикру андешаҳои вай барои мо муҳим аст».
Вақте Амонбек ба дафтари кориам ворид шуд, Ҳайитгулро ба ӯ муаррифӣ намуда, гуфтам, ки филолог набошад ҳам, ба адабиёт муҳаббату самимияти хоса дорад. Ду шеърашро хондам, писандам омад. Ин шеърҳоро бигир, бихон, ба муаллиф ҳусну қубҳашро нишон деҳ. Беҳуда нагуфтаанд: гунҷишкро кӣ кушад – қассоб. Агар ягон чизи хуб пайдо кардӣ, ба чоп тавсия бикун».
Ана, ҳамин тавр шиносоии аввали ману «Комсомоли Тоҷикистон» бо Ҳайитгул Сайдуллоева ба вуқуъ пайваст. Ба ҳамин тариқ чанд шеъри тару тозаи ӯ дар таҳрири шоири шинохта, дӯсти қадрдони мо, шодравон Амонбек Шоҳзода дар саҳифаи адабии «Чашмасор»-и ҳамин рӯзнома ба табъ расид. Хонандагон навиштаҳои Ҳайитгулро хуб пазируфтанд. Дере нагузашта, ӯ яке аз муаллифони доимии «Комсомоли Тоҷикистон» гардид.
Соли 1991 маҷмуаи аввалини ашъораш бо номи «Пероя» чоп шуд, ки аксари он навиштаҳо аввал дар рӯзномаи мо ба табъ расида буданд. Баъди китоби аввал чанд лаҳзаи танаффус фаро расид, вале ӯ килкро ба замин нагузошт. Соли 1998 китоби дигараш – «Оинаи ҳамроз» ва баъд китобҳояш «Ашки моҳ», «Ду хоҳарак», «Марҷона», «Ману абр», «Садафпора», «Гулғунча», «Гаҳворабандон», «Гулбонги розҳо» ба табъ расиданд.
Соли 1998 дар рӯзҳои панҷоҳсолагии умр ба дастам номаи Фархунда расид. Онро кушодаму чашмам ба сатрҳои зайл афтод: «Устоди азиз, зодрӯзатон муборак. Бахшиш, ки ба Шумо ягон туҳфаи арзанда пешкаш кардан наметавонам. Ин мисраъҳоро ба ҳайси туҳфа ва меҳрномаи ман қабул фармоед». Дар саҳифаи дигар меҳрномаи Ҳайитгул бо хатти зебо пешкаш шуда буд:
Барои устод Ато Ҳамдам дар 50-солагии зодрӯзашон:
Эй азизу сарбаландам, хуш аз ин роҳ омадӣ,
Омадӣ пурғайрату тобанда чун моҳ омадӣ.
Амри хайрат файзборон дар бари шоҳ омадӣ,
Ними садро пурра карда, сӯйи панҷоҳ омадӣ.
Зодрӯзи ту муборак, ҷашни ту фархунда бод,
Рӯзгорат пойдору хонаат поянда бод.
Офтоби бахт доим бар сарат тобанда бод.
Дар даҳонат лафзи ширу шаккарат зебанда бод.
Орзу дорам, ки ҳар як соли умрат сад шавад,
Донаҳои киштаат хирман шавад, беҳад шавад.
Нозанине сарвқомат дар барат ҳамқад шавад,
Дӯстат фархунда бошад, ҳоли душман бад шавад.
Июни соли 1998
Баъди гузашти солҳо ба руҳи поки Фархунда муроҷиат карда, мегӯям, ки туҳфаи беҳтаринро дар зодрӯзам ту тақдим карда будӣ. Сипосгузорам!
Ба пайвандон, ба фарзандони ту сабри ҷамил мехоҳам. Онҳо бояд ифтихор кунанд, ки чун ту модаре доштанд.
Ёдат бахайр.
Ато ҲАМДАМ,
Нависандаи халқии Тоҷикистон