ТОБИШИ ХОССАИ ШЕЪРУ СУХАН

 ТОБИШИ ХОССАИ ШЕЪРУ СУХАН

Дар толори  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маҷмӯаи осор»-и  7-ҷилдаи Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким  рӯнамоӣ гардид.

Дар  ин ҷамъомад олимон, шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон ва ҳаводорони адабиёт  иштирок  доштанд.

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ   зимни муаррифии мунтахаботи мазкур нақши осори шоирро дар рушди адабиёти тоҷик сазовор арзёбӣ намуд.

 Зикр гардид, ки эҷодиёти  Аскар Ҳаким дар маҷмӯаҳои «Шеър ва замон» (1978), «Дар қаламрави сухан» (1982), «Раҳнавард» (1983), «Тарозуи Офтоб» (1987), «Путник» (Маскав, 1989), «Рӯзи умед» (1990), «Рубоиёт» (1992), «Баргпайванд» (бо алифбои ниёкон; Ню-Йорк, 1993)  ва ғайра  ба табъ расида,  миёни хонандагони тоҷик маъруфияти хосса  пайдо намуд. Осори  шоир ҳамчунин  ба  забони русӣ ва  забонҳои дигари хориҷӣ  интишор ёфтааст.

Адибону донишмандон Абдунабӣ Сатторзода, Носирҷон Салимӣ, Ато Мирхоҷа, Ҳақназар Ғоиб, Кароматулло Олимзода ва дигарон доир ба паҳлуҳои мухталифи «Маҷмӯаи осор»-и Аскар Ҳаким, аз ҷумла,  аҳаммият ва нақши тарбиявии он барои хонандаи тоҷик   ибрози андеша намуданд.

Дигар хабарҳо