Таҳқиқи ҷашнҳои бостонӣ дар «Шоҳнома»

 Таҳқиқи ҷашнҳои бостонӣ дар «Шоҳнома»

(Раҳмонӣ Р. Фирдавсӣ дар бораи Наврӯз, Меҳргон ва Сада андар «Шоҳнома»
[Матн]. – Душанбе:  МДМТ, 2023. – 112 саҳ.)

Профессор Равшан Раҳмонӣ солҳост, ки дар баробари корҳои зиёди фолклорӣ, шарқшиносӣ, адабиётшиносӣ ва мардумшиносии худ бо таҳқиқи фолклоризм дар “Шоҳнома” ва ҳам густариши достонҳои ин ҳамосаи миллӣ дар байни тоҷикон машғул аст. Тавре мо медонем, устод аз соли 1991 то имрӯз дар факултети филологияи ДМТ дарси махсусе роҷеъ ба “Фирдавсӣ ва фолклор” дорад. Инак, китоби нави эшон «Фирдавсӣ дар бораи Наврӯз, Меҳргон ва Сада андар «Шоҳнома» (2023, 112 саҳифа), зери назари академики АМИТ Абдуҷаббор Раҳмонзода, бо веростории Боймурод Шарифзода чоп шудааст. Рисолаи мазкур бо «Гуфтори пешин» ва бо ин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад: «Шоири роздон ва баландфикр Ҳаким Фирдавсӣ парешонӣ ва заволи давлати Сомониёнро ҳис кард, ба ҷамъоварӣ ва ҳифзи ҳикоёт, достонҳо ва расму оини гузаштагон пардохт ва бузургтарин достони ҳамосии ҷаҳон «Шоҳнома»-ро офарид»

Сипас устод Р. Раҳмонӣ дар ин бахш ба таври муфассал роҷеъ ба макони баргузории ҷашнҳои бостонӣ – Наврӯз, Меҳргон, Сада, ки дар ҷашнгоҳҳои назди оташкадаҳо баргузор мешуданд, ишора менамояд. Дар бораи моҳияти оташу оташкада дар асоси сарчашмаҳои илмӣ сухан ронда, муҳим будани онҳоро дар он замон ёдовар мешавад, ки Фирдавсӣ такрор ба такрор ба ин арзишҳои маънавии мардум ишорат намудааст. Дар айни замон, муаллифи рисола аз оташкадаҳои зиёде, ки дар “Шоҳнома” номбар шудаанд, ёд менамояд. Дар ин хусус ишора намудааст, ки: “Тоҷикони Осиёи Миёна оинҳо ва боварҳои зиёди вобаста ба оташ доранд. То имрӯз эҳтиром ба вожаҳои оташгоҳ, оташдон, алавхона, алавгардонӣ, машъалдон, чароғдон, рӯшанӣ ва ғайра маъмул аст. Ҳоло ҳам ба назар мерасад, ки баъзе занон бо гузоштани шамъ, афрӯхтани оташ дар мазоре бозмондаи суннатҳои пешинро анҷом медиҳанд”.

Баъдан Р. Раҳмонӣ аз аввал то охири “Шоҳнома” ба кадом муносибат ва чанд бор мавриди истифода қарор гирифтани ҷашнҳои бостонии мо Наврӯз, Меҳргон ва Садаро бо мисолҳо нишон додааст. Аз мутолиаи бахши «Гуфтори нахустин: Наврӯз андар «Шоҳнома» маълум мешавад, ки “дар «Шоҳнома» Наврӯз 23-маротиба омада, гоҳе муродифи он «рӯзи нав» низ дида мешавад. Ин рақам дар нусхаҳои гуногуни «Шоҳнома» шояд яке зиёд ё яке кам бошад. Аммо тасвири манзараҳои баҳор ва оинҳои вобаста ба он, ки пайваста ба Наврӯз аст, дар мавридҳои муносиб ба назар мерасад». Дар идомаи гуфтаҳои худ муаллиф ҳар воқеа, ҳодиса ва лаҳзаҳоеро, ки ба ин ё он муносибат дар «Шоҳнома» аз Наврӯз ёд шудааст, бо мисолҳо шарҳ медиҳад. Мувофиқи таҳқиқи устод, дар «Шоҳнома» омадааст, ки шоҳ ба ҳар ҷое лашкар кашида, он ҷойро ба тобеияти хеш медаровард ва мардуми он ҷо дину расму оину ҷашнҳои ӯро мепазируфтанд.

Муаллиф навиштааст: «Яке аз ҷаззобтарин лаҳзаҳо «Достони Борбади Ромишгар» аст. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба гуфти Фирдавсӣ шоҳ чанд муддат дар ҷашнгоҳ меомад, яъне барои «Ду ҳафта бибудӣ бад-он ҷашнгоҳ». Табиӣ аст, ки дар ин ҷашнгоҳ базми хоса баргузор мешуд. Дар он наздикони шоҳ ширкат меварзиданд. Воқеӣ аст, ки дар чунин мавридҳо даъватшудагон низ интихобӣ мебошанд. Дар чунин базми бошукӯҳи ҷашнӣ дар канори бузургони дигар сарояндаи номдори замон Борбад низ хоҳиш дошт, ки ширкат намояд. Вале сарвари сарояндагон – Саркаши бахилу ҳасуд ӯро ба ҷашнгоҳ даъват намекунад. Борбад бо ёрии боғбон, ки Мардӯй ном дошт, вориди боғ мегардад ва дар дохили дарахти бузурги сабзе пинҳон мешавад. Дар натиҷа, аз байни он дарахт бо сароидани суруди гуворои хеш вориди базми наврӯзӣ мегардад, ки Фирдавсӣ ин ривояти машҳурро хеле зебо тасвир кардааст».

Сипас Р. Раҳмонӣ дар бахши баъдии рисола, ки «Гуфтори дувумин: Меҳргон андар «Шоҳнома» ном дорад, дар бораи ин ҷашн сухан гуфтааст: “Дар «Шоҳнома» вожаи Меҳргон 7 бор омадааст, як бор «меҳргонӣ» ва гоҳе бо тақозои вазн дар шакли «меҳр» ҳам омадааст. Дар баъзе нусхаҳо яке зиёд аст”. Дар ин бахш низ Р. Раҳмонӣ дар кадом мавридҳо таҷлил намудани Меҳргонро меорад, ки Фирдавсӣ тасвир намудааст. Маълум мешавад, ки ин ҷашн ҳам дар ҷашнгоҳҳои назди оташкада бо шукӯҳ таҷлил мешудааст. Бахши сеюми рисола “Гуфтори севумин: Сада андар «Шоҳнома»” унвон дорад. Дар оғози ин боб низ муаллиф ёдовар шудааст, ки: “Аз аввал то охири «Шоҳнома» вожаи Сада 17 бор мавриди истифода қарор гирифтааст”.

Муаллиф дар “Гуфтори пасин (Сари сол, фарвардин)” роҷеъ ба саршавии соли ниёгон сухан гуфта, пайвастагии онро бо ҷашни Наврӯз ва расму оинҳои ниёгон нишон додааст. Дар асоси мисолҳои Р. Раҳмонӣ маълум мешавад, ки Фиравсӣ дар мавридҳои зиёде Наврӯз, Сада ва гоҳе ҳар серо якҷо ба қалам медиҳад. Рисола дорои бахшҳои “Китобнома” ва “Номнома” низ ҳаст.

Дар охири китоб профессор Р. Раҳмонӣ фикри худро ҷамъбаст намуда, мегӯяд: “Ҳамин тавр, Фирдавсии бузургвор ҷашнҳои бостонии Наврӯз, Меҳргон ва Садаро хеле баҷо ва заргарона, дар ҳамон лаҳзаҳое тасвир намудааст, ки лозиманд. Шоири нобиға хонандаро огоҳ кардан мехоҳад, ки ин ҷашнҳо дар даврони бостон то рӯзгори худаш бо шаъну шукӯҳ баргузор мешуданд. Шоҳони «Шоҳнома» ҳамеша дар ҳар давру замон ба ин ҷашнҳо таваҷҷуҳи вежае доштанд”.

Ба гуфтаи Р. Раҳмонӣ: “Чи нек аст, ки пас аз Истиқлоли Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашнҳои ниёгонро бо диди нави замонавӣ эҳё намуда, шароит муҳайё сохтанд. Имрӯзҳо дар саросари кишварамон ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада ба иловаи Тиргон хеле мутантан барпо мегардад”.

Саъдӣ Қосимӣ,
профессор

Дигар хабарҳо