Ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ

16-уми ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва кӯшишу талошҳои ҳамарӯза ва ҷонфидоиҳои бемисли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо – Тоҷикистони маҳбуб дар баробари дигар мамлакатҳои соҳибихтиёри ҷаҳон соҳиби раъйи баробар ва узви комили ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.
Кишвари мо бо вуҷуди он ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ омада буд, дар баробари рафъи онҳо нақши худро дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари ташаббускор марҳала ба марҳала мустаҳкам намуд. Талошҳои пайгиронаи роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тақвият бахшидани соҳаҳои гуногуни иқтисод ва рӯ ба рушд ниҳодани давлати тозаистиқлол натиҷа бахшид ва Тоҷикистон рӯ ба тараққиёт ниҳод. Дар ин самт тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, хоса ташкилоту созмонҳои минтақаию байналмилалӣ низ неруи тоза гирифт. Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ аввалин пешниҳодҳои худро манзур кард ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сабаби муҳим, саривақтӣ ва дархури замон будани онҳо ташаббусҳои ҷониби кишвари моро дастгирӣ намуда, барои амалӣ гаштани онҳо мусоидат кард.
Ҳамин буд, ки аввалин ташаббуси сатҳи ҷаҳонии кишвари мо бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Муҷтамаи умумии Созмони милали муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза пазируфта шуд ва дар асоси ин ташаббус 20-уми сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Муҷтамаи умумии Созмони милали муттаҳид соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. Дар асоси ҳамин қарор аз 29-уми август то 1-уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии оби тоза бо шукӯҳ баргузор гардид, ки ин форум бори нахуст дар таърихи давлатдории навини мо Тоҷикистонро ҳамчун кишвари тасмимгиранда дар пиёда намудани ташаббусҳои муҳимми байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
Пас аз ин ташаббуси нахустини сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим ва мушкилоти дигари ҳалталаби байналмилалӣ тавассути манзур намудани пешниҳодҳои муфид ба ҳайси кишвари ташаббускор амал карда, ташаббусҳои ҷаҳонии худро ба монанди Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015), «Дипломатияи об ё риштаи ҳамкорӣ дар масоили об» (соли 2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028»-ро мавриди амал қарор дод, ки дар айни ҳол ҳам ин иқдомҳои наҷиби кишвари мо ба манфиати аҳолии сайёра амалӣ шуда истодаанд.
Зикри як нукта муҳим аст, ки солҳои охир мушкилоти экологӣ, аз қабили тағйири иқлим, норасоии оби ошомиданию маводи ғизоӣ, хушксолӣ, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, афзоиши шумораи офатҳои табиӣ, нобудшавии гуногунии биологӣ, ҷамъшавии партовҳо ва ғайра дар ҷаҳон нигаронии ҷиддиро ба бор оварда, дар баъзе мавридҳо боиси низоъҳо ва нооромиҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон гардида истодаанд. Пешвои миллат тавонистанд, ки бо ин ташаббусҳо миллату халқиятҳои гуногунро баҳри ҳалли мушкилоти об муттаҳид созанд ва аз тарафи дигар, арзишҳои фарҳанги экологии халқи тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ тарғиб намоянд.
Аҳаммияти ташаббусҳо, пешниҳодҳо, иқдомҳои кишвари мо ва натиҷаи онҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ ба назар гирифта, 14-уми декабр Муҷтамаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро, яъне бо пуштибонии 153 кишвари узв қабул кард, ки ин ташаббуси панҷуми мо дар сатҳи байналмилалӣ доир ба масоили об мебошад. Тибқи ин қатънома, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд, ки минбаъд ҳар сол аз оғози соли 2025 рӯзи 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Инчунин, мутобиқи ин қатънома, Созмони Милали Муттаҳид тасмим гирифт, ки Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис диҳад ва роҳҳои ҳифзи пиряхҳоро дар ҳамоҳангӣ ба мамлакатҳои дунё пайдо намуда, ташаббуси панҷуми мо доир ба масоили обро амалӣ карда, сайёраи моро аз гармшавии иқлим наҷот диҳад. Манфиат ва ҷолибияти ин ташаббуси кишвари мо дар он аст, ки мардуми ҷаҳон аз соли 2025 рӯзи 21-уми мартро дар радифи Иди байналмилалии Наврӯз ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мекунанд ва дар доираи таҷлили он ҳатман аз Наврӯз ва кишвари мо ёдовар мешаванд. Яъне, натиҷаи ташаббускории кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ дар баробари боло будани нуфуз ва обрӯву мартабаи давлати мо, инчунин ба тарғиб намудани фарҳанги миллӣ сабаб мегардад.
Ҳамчунин, мувофиқи ин қатънома, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад ва бори дигар пойтахти кишвари мо – Душанбеи нозанин маркази амалӣ намудани иқдомҳое мешавад, ки дар онҳо масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист, бавижа баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолии ҷаҳон матраҳ мегарданд. Боварии комил дорем, ки дар доираи ин Конфронс стратегия ва дигар санадҳои лозимаи байналмилалӣ оид ба татбиқи чораҳои зарурии муштарак дар ҳалли масъалаҳои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки онҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ таҳия ва тасдиқ гашта, бори дигар собит менамоянд, ки Пешвои миллат натанҳо дар фикри беҳбуд бахшидан ба ҳаёти мардуми мо, балки ба ҳаёти мардуми кулли ҷаҳон низ мебошанд.
Дар ҷаҳони имрӯз яке аз масъалаҳои муфид ва диққатталаб ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро муҳити зисти солим заминаи асосии таъминкунандаи ҳаёти созгор барои наслҳои ояндаи инсоният мебошад. Миёни мушкилот ва муаммоҳои экологии замони муосир, тавре ки дар боло зикр намудем, масъалаи обшавии пиряхҳо, ки ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза ба шумор мераванд, ба мушкилоти рақами якуми ҷомеаи башарӣ табдил шудааст. Аз ин рӯ, мушкилоти тағйири иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният дар меҳвари ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтаанд.
Вобаста ба ин Пешвои миллат чунин иброз менамоянд: “Тағйири глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ман оид ба ин масъала аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ борҳо таъкид карда будам. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳарчи зудтар чораҳои зурурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд”.
Тағйироти глобалии иқлим, сол то сол гармтар шудани ҳаво аз мушкилоти умдаи экологиест, ки тайи чанд даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш ва мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст. Оқибати ин тағйирот ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ таъсиррасон буда, аз худ дарак дода истодааст.
Об дар ҷаҳон, махсусан Осиёи Марказӣ, неъмати бебаҳо, муҳимтарин унсури миллӣ ва амниятии минтақаист. Он дар баробари неъмати истеъмолии зарурии ҳаётӣ будан, асосан дар иқтисод бо мақсади обёрии замин ва тавлиди энергия истифода карда мешавад. Ҳоло муайян карда шудааст, ки зиёда аз 90 дарсади оби ҳавзаи Баҳри Арал дар обёрии кишоварзӣ сарф мегардад. Бо афзоиши аҳолӣ ва беш аз пеш расидани кишварҳои минтақа ба шукуфоии иқтисодӣ талабот ба об торафт зиёд мешавад. Дар шаст соли охир шумораи аҳолӣ дар минтақа аз 20 миллион ба 65 миллион нафар ва талабот ба истеъмоли солонаи об аз 60 км3 ба 110 км3 расида, мувофиқи пешгӯиҳои илмӣ, ин талабот то соли 2030 боз то 20 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Тағйири иқлим ва ба таври бесобиқа гарм шудани ҳавою обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо масъалаи таъминоти минтақа бо обро дар солҳои наздик боз ҳам печидатар хоҳад кард.
Тоҷикистон дорои захираи фаровони обист ва 60 дарсади оби дарёҳои Осиёи Марказӣ, аниқтараш 64 миллиард метри мукааб об ҳар сол дар қаламрави кишвар тавлид меёбад. Манбаи ин оби фаровон дар навбати аввал, агар бориши зиёди барфу борон дар минтақаҳои баландкӯҳ бошад, аз сӯйи дигар, пиряхҳоест, ки дар натиҷаи пайиҳам боридани барф ва аз сардии ҳаво ба зудӣ об нашудани онҳо дар ин минтақаҳо қомат афрохтаанд. Барфҳои доимӣ дар фарозҳои бузург зери таъсири вазни худ ғафс шуда, тадриҷан ба яхи фирновии (куҳнаи) донакдор ва пас аз гузашти муддате боз ҳам ғафстар гардида, ба яхи шаффофи пурҷило табдил мешаванд.
Қариб нисфи ҳамаи қитъаҳои пиряхии Осиёи Миёна дар ҳудуди Тоҷикистон дар баландии 3500-5300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд.
Тоҷикистонро ба сифати кишвари ташаббускор эътироф намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ асосҳои худро дошта, дар ин замина то ба имрӯз дар аксари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои экологӣ ва ҳалли мушкилоти соҳа дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон зикри худро ёфтаанд.
Алалхусус дар меҳвари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан масъалаҳои тағйири иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини аманияти экологии инсоният қарор гирифта, Пешвои миллат ба табиат муносибати ғамхорона доштанро ҳамеша талқин менамоянд.
Дар ҳақиқат, ба табиат муносибати ғамхорона доштан барои саломатӣ манфиатовар мебошад ва ҳар як нафарро зарур аст муҳитро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорад, дар ҳифзи саломатии худу дигарон саҳм гузорад. Ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист, арҷ гузоштан ба ёдгориҳои таърихӣ ва ҳифзи табиат қарзи шаҳрвандӣ ва рисолати асосии ватандорӣ ба шумор меравад.
Муҳриддин НИЗОМӢ,
профессор