Сӯгворӣ
Имрӯз, 17 марти соли 2026 дар синни 69 рӯзноманигор ва нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Гулчеҳра Муҳаммадиева аз дунё даргузашт.
Гулчеҳра Муҳаммадиева 27 марти соли 1957 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар мактаби зодгоҳаш омӯзгор буд. Баъд ба ҳайси котиби Кумитаи комсомол, инструктори Кумитаи ҳизбии ноҳия, муовини Раиси ноҳияи Фархор, мудири шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Ин адиби шинохта ҳам ба сурат, ҳам ба сират нозанин буд. Инсоне буд бо дили софу ойинавор ва адибе заҳматкашу пуркор. Барои бачаҳо ҳикояву афсонаву масалҳо менавишт ва навиштаҳояш пайваста дар нашрияҳои адабӣ интишор меёфтанд.
Китобҳои «Дунёи бачаҳо», «Сафинаи муҳаббат», «Чордодарон», «Бӯӯи модар» , «Як шаб…», «Қасоси зан», «Мунтахаби осор», «Ишораабрӯ», «Навҳаи асп» , «Ору ва шоҳпарак» «Афсонаи товус» (2017), «Яке буд, яке набуд…» (2018,) «Гули лола», «Ғалабаи Ситора» ва ғайра маҳсули хомаи ӯ мебошад.
Ному ёдаш ҳамеша гиромӣ бод!
Аз номи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба пайвандонаш таслият ва ҳамдардӣ изҳор мекунем



