СОРБОН
СОРБОН (Пури Хамроҳ) 27 январи соли 1940 дар деҳаи Амондараи ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент, соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар кафедраи забони тоҷикӣ ба кор мондааст. Баъдан муҳаррири барномаҳои адабии радиои Тоҷикистон, муҳаррири калони нашриёти «Ирфон», мухбири калони рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» будааст. Чанд сол дар нашриёти «Маориф» ва Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ фаъолият доштааст.
Аз соли 1965 ба навиштани ҳикоя шурӯъ намуда, нахустин гулчини ҳикоёташ «Гап дар дил» соли 1969 интишор ёфтааст. Муаллифи қиссаву романҳои маъруфи «Занги аввал», «Санги сипар», «Ҷӯгӣ», «Сабо», «Қумрӣ», «Пиндор», «Марди танҳо», «Чархи эҳтиётӣ», «Санам», «Спитамон», «Шинел», «Дашти Морон», «Кабӯтари сафед», «Буд, набуд», «Зарафшон», «Актёр», «Достони писари Худо», «Туғрал», «Росу», «Кадевар», «Барзгар» ва чандин маҷмӯаи гуногунмуҳтаво мебошад.
То имрӯз 12 ҷилди Куллиёти осораш ба дасти чоп расидааст.
Сорбон нависандаи нозукбаён буда, дар симои қаҳрамонони асарҳояш тавонистааст азамату ҳашамати мардум ва бурду бохти зиндагиро соддаю оммафаҳмона ба қалам оварад ва яке аз маҳбубтарин нависандагони кишварамон шинохта шавад.
ҳикояҳои Л.Толстой (1970), Ф.Достоевский (1971), «Пӯлод чӣ тавр обутоб меёбад»-и Н.Островский (1973), романи Н.Думбадзе «Ман офтобро мебинам», қиссаи Ч.Айтматов «Киштии сафед» ва ғ. ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Асарҳои Сорбон ба аксари кулли забонҳои халқҳои собиқи шӯравӣ, бештарин ба русӣ, тарҷума ва чоп шудаанд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон, Барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ.
Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.