Ситоишгари дӯстӣ ва садоқат

 Ситоишгари дӯстӣ ва садоқат

Ба муносибати 100-солагии Расул  Ғамзатов

Расул Ғамзатов аз бузургтарин шоирони асри XX буда, бо шеърҳо ва достонҳои ватандӯстонааш Ватани худ – Доғистони кӯҳистонро машҳури ҷаҳон гардонидааст. Вай бо ин гуна шеърҳо ва достонҳои худ натанҳо ганҷинаи фарҳанги Доғистони кӯҳистони гуногунмиллатро, балки инчунин адабиёт ва фарҳанги миллатҳои Иттиҳоди Шуравиро ҳам ғано бахшидааст.

Расул Ғамзатов 8 сентябри соли 1923 дар деҳаи Садаи ноҳияи Хунзахи кишвари Доғистон, дар оилаи Шоири халқии Доғистон Ғамзат Садаса таваллуд шудааст. Ӯ соли 1940 баъди хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Буйнақ фаъолияти меҳнатии худро бо касби муаллимӣ шуруъ кардааст. Баъдтар – соли 1945 таҳсилро дар Донишгоҳи адабиёти ба номи А. М. Горкийи шаҳри Маскав давом дода, онро соли 1950 ба итмом расонидааст.

Вай ба эҷод ва табъу нашри шеър дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз бахшидааст. Дере нагузашта, ҳамчун шоир ном бароварда, соли 1951 раиси Иттифоқи нависандагони Доғистон интихоб мешавад ва ин вазифаро то охири умраш иҷро менамояд. Асарҳои ӯро дар Махачқалъа, Маскав, ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ, инчунин мамлакатҳои хориҷӣ ба табъ мерасонанд. Бисёр шоирони тарҷумон дар кишварҳои гуногун шеъру достонҳои ӯро бо камоли қаноатмандӣ тарҷума мекунанд, ки Иля Селвинский, Сергей Городетский, Семён Липкин, Юлия Нейман аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Бо Расул Ғамзатов дар тарҷумаи шеърҳо ва достонҳои ӯ дӯстонаш – шоирони маъруф Наум Гребнев, Яков Козловский, Яков Хелемский, Владимир Солоухин, Елена Ни­колская, Роберт Рождественский, Андрей Вознесенский ва дигарон ҳамкорӣ кардаанд.

Расул Ғамзатов барои муваффақиятҳои барҷастааш бо унвонҳо ва ҷоизаҳои бисёри Доғистон, Русия, Иттиҳоди Шуравӣ ва як қатор мамлакатҳои ҷаҳон сарфароз гардонида шудааст. Вай Шоири халқии Доғистон ва Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974) буда, бо Ҷоизаи байналхалқии “Беҳтарин шоири асри XX” (Рим, 1983), Ҷоизаи нависандагони Осиё ва Африқо (“Нилуфар”), Ҷоизаи Ҷавоҳирлаъл Неру, Фирдавсї, Христо Ботев, инчунин ҷоизаҳои ба номи М. Шолохов, Ю. Лермонтов, А. Фадеев, Сулаймон Сталский, Ғамзат Садаса ва ғайра шарафёб гардидааст.

Адиб депутати Шурои Олии Доғистон, депутат ва узви Президиуми Шурои Олии Иттиҳоди Шуравї низ интихоб шудааст. Расул Ғамзатов соҳиби орденҳои Ленин, Инқилоби Октябр, “Дӯстии халқҳо”, се ордени “Байрақи сурхи меҳнат” ва чанд ордену медали давлатҳои хориҷӣ ҳам буд. Инчунин ӯ бо мукофоти олии ҷамъиятии Русия – ордени Пётри Кабир сарфароз гаштааст.

Расул Ғамзатов ба 52 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла, чанде аз кишварҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико сафар карда, меҳмони бисёр ходимони машҳури давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла, подшоҳҳо ва президентҳо, шоирону нависандагони маъруфу машҳур гардида буд. Худаш ҳам дар хонаҳое, ки дар деҳаи Сада ва шаҳри Махачқалъа дошт, бисёр меҳмонҳои хориҷӣ – шоирон ва нависандагони ҷаҳонро пазироӣ мекард.

Адиб соли 2003 дар синни 80-солагӣ ин дунёро тарк кард.

Дӯстдорони Расул Ғамзатов ва шеъру достонҳои ӯ дар Тоҷикистони мо ҳам хеле бисёранд. Шеъру достонҳои ӯро беҳтарин шоирони тарҷумони тоҷик аз тарҷумаҳои русияш ба тоҷикӣ гардонидаанд, ки устодони шеъру тарҷумаи шеър Мастон Шералӣ, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Тарҷумаи китоби машҳури дар қолаби наср навишташудаи Р. Ғамзатов “Доғистони ман” ба қалами рӯзноманигор ва тарҷумон Абдулло Зокиров тааллуқ дорад, ки он ҳам аз китобҳои дӯстдоштаи хонандагони тоҷик ҳисоб меёбад.

Бояд гуфт, ки дӯстии устод Мирзо Турсунзода ва шоири бузурги Доғистон Расул Ғамзатов он замон назир надошт. Дар бораи дӯстии устод Мирзо Турсунзода ва Расул Ғамзатов аз ҷониби адибон суханони самимии бисёре гуфта шудаанд.

Дигар хабарҳо