Саҳлангорӣ раво нест

 Саҳлангорӣ раво нест

Шояд баробари дар Замин пайдо шудани Одам аввал адабиёти шифоҳӣ барои кӯдакон арзи вуҷуд кардааст. Ва шояд Момо Ҳавво – бибии насли башар, нахустин аллаву афсонаро дар гӯши фарзандони навзодаш гуфтааст. Ана ҳамон аллаву афсонаҳо намунаҳои нахустини адабиёти бачаҳоянд, ки чун сарчашмаи бузургу бобақои тарбияи маънавию ахлоқии фарзандони одамизод хидмат карданду мекунанд. Ба таври дигар гӯем, ин навъи адабиёт аз азал мададгори падару модарон дар тарбияи фарзанд буда, ҳамнафасу ғизобахши олами маънавии бачаҳо мебошанд.

Дар паҳнои адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо намунаҳои беҳтарин шеъру афсона, қиссаву ривоят, чистону тамсилро барои афзудани шавқу рағбати кӯдакон ба сухану маънӣ, рафтору кирдори аҷиби атрофиён, қаҳрамонҳои афсонавӣ, олами набототу ҳайвонот басо афзун метавон пайдо кард. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки гузаштагони хирадманди мо ҳамеша дар андешаи офаридани асарҳои сазовор ва қаҳрамонҳои ибратбахш барои инсони комил шудани кӯдакону наврасон будаанд, асар ва қаҳрамонҳое офаридаанд, ки накӯкорӣ, зиракиву доноӣ, ҷасорату мавридшиносии онҳо дар дили фарзандон тухми меҳру шафқат коранд, чашми онҳоро ба ҳифзи мавҷудоти олами зебо кушоянд, онҳоро ба эҳтироми падару модар, ҳимояи сарзамин, омӯхтани илму дониш, зираку ҳушёр шудан, ҷасуриву ҷавонмардӣ, сабру тамкин ва корҳои хайр ҳидоят намоянду чун инсони комилу дурандеш ба камол расонанд. Ҳадафи асосии ашъори пурҳикмати устод Рӯдакӣ, рӯҳи бешикасти қаҳрамонҳои ватандӯсти «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, андарзҳои Носири Хусрав, достонҳои гаронбаҳои Низомии Ганҷавӣ, пандҳои ҷовидонаи Саъдии Шерозӣ дар шоҳасарҳояш –«Бӯстон» ва «Гулистон», ҳикояҳои дилангези Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ», Шайх Аттор дар «Мантиқ-ут-тайр», тамсилҳои ибратомӯзи Убайди Зоконӣ дар «Муш ва гурба», Сайидои Насафӣ дар «Баҳориёт», асарҳои ривоятии «Чор дарвеш», «Калила ва Димна», «Самаки айёр» ва садҳо осори ахлоқиву таърихии дигарро метавон мисол овард, ки дар тарбияи инсон ва ғанӣ гардондани маънавияти наслҳо дар ҳар давру замон нақши босазо гузоштанд. Боиси сарфарозист, ки аз ин шоҳкору сарчашмаҳои шифоҳии арзишманди адабиётамон асрҳост, ки кӯдакону наврасони халқҳои ҷаҳон низ барои ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии худ баҳраманд мешаванд. Вале қарзу масъулияти кӯдакону наврасони тоҷик барои мутолиаву омӯзиши адабиёти классикӣ ва шифоҳиамон бештар аст. Зеро ворису соҳиби воқеии ин хазинаи пургавҳар наслҳои ояндаи моанд. Бешак ҳар як падару модар, мактабу омӯзгор вазифадор аст, ки барои баланд кардани сатҳи савод, хонишу дониши кӯдакону наврасон, ҳисси ифтихори ватану миллатдӯстии онҳо аз ин сарчашмаҳо пайваста истифода барад.

Зиндагӣ ҳаргиз дар як чорчӯба якранг намеистад. Дар дарозои таърих борҳо ҳаёт дигар шудааст ва рафтору кирдори одамон низ. Вобаста ба дигаргуниҳои ҷиддии ҷамъият ва рӯҳу равони инсонҳо намунаҳои нав ба нави адабиёти хаттӣ ва шифоҳӣ барои хурдсолону наврасон эҷод шудаанд. Чаро? Чунки ҷараёни зин­дагӣ ин талаботро ба миён гузоштааст. Адибону муаллифони китобҳои дарси­ро водор кардааст: барои хурдсолон, ки бори аввал ба хондан рӯ меоранд, асарҳои пурмазмуни шавқовару фаҳмо эҷод кунанд ва ба ин восита меҳри онҳо­ро ба китобу хондан афзоянд. Хушбах­тона, дар адабиёти классикиамон барои кӯдакону наврасон шеъру достонҳои саршори ҳикмату ибратбахш зиёданд, осори шифоҳӣ низ шоҳкорҳои беназир доранд, аммо онҳо заминаи ҳаётӣ надо­ранд, хонандаро ба хаёлоти афсонавӣ мебаранд. Ин ҳам фазилате дорад, аммо хонандаи кунҷков, зираку ҳушёр аз ҳар асари хондааш рӯҳи замон, кору амали ҳамсолону атрофиёнашро пайдо кардан мехоҳад.

Бар асари рӯйдоду дигаргуниҳои зиёди таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ва маишӣ охири асри XIX ва оғози асри бист чашмандоз, ҷаҳонбинӣ ва андешаи бадеии адибони тоҷик зимни ошноӣ бо намунаҳои хуби адабиёти навини ҷаҳон хеле дигар шуд. Ин ҳолат бештар дар наср зуҳур кард. Саромадони ин навъи адабиёт, нависандагони равшанфикр – Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абдурауфи Фитрат, Пайрав Сулаймонӣ дар навиштаҳояшон аҷоиботи олами набототу ҳайвонот ва рафтору кирдори қаҳрамонҳои воқеӣ, аз ҷумла бачагонро дар паҳнои зиндагӣ ба риштаи тасвир кашиданд. Ба тарзи дигар бигӯем, қаҳра­монони ҳикояву қиссаҳои нав якбора аз бофтаю хаёлҳои осмонӣ ба замин фу­ромада, дар гирудори ҳаёт ҳамқадаму ҳамнафаси хонанда шуданд.

Донишмандон ин падидаро «ада­биёти маорифпарварӣ» ном ниҳоданд. Дар китобҳои дарсӣ ва асарҳои хурду бузурги ин адибони замони нав қаҳра­монҳои хотирмони заминӣ бо кору пай­кори ибратбахш ба рӯҳу равони бачаҳо созгор, тасвири манзараҳои дилнишини табиати диёр, хӯву хислати олами ҳай­вонот, парваришу ҳифзи наботот ҷойи намоёнро гирифт. Ин навъи осори бадеӣ, ки аз ҳикоя, қисса, шеъру достонҳо ва очерку сафарномаҳо иборат буданд, хо­нандаро ба заҳматписандӣ, накӯкориву созандагӣ, эҳтироми расму таомули мил­лӣ ва дӯст доштани арзишҳои фарҳангӣ бештар раҳнамун сохтанд. Пешоҳанги ба вуҷуд омадани ин навъи адабиёт ва ривоҷ ёфтани он устод Садриддин Айнӣ ва ҳамсафону шогирдонаш Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҷалол Икро­мӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Фотеҳ Ниёзӣ ва дигарон буданд. Осори ин адибон барои кӯдакону наврасон дар солҳои сиюм ва чилуми асри гузашта ба пайдо шудан ва инкишоф ёфтани адабиёти нави тоҷик барои кӯдакону наврасон заминаи хуб гузошт. Сипас адабиёти кӯдакону наврасон аз баракати заҳмати тарҷумонҳои моҳир Раҳим Ҳошим, Ҳабиб Аҳрорӣ, Ҳасан Ирфон, Сотим Улуғзода, Ҳамид Бақозода, Шамсӣ Собир, Шариф Шараф, Ҷумъабой Азизқулов ва дигарон, ки намунаҳои беҳтарини асарҳои адибони ҷаҳонро ба тоҷикӣ баргардондаанд, рангинтар шуд. Бачаҳои тоҷик бо забони модарӣ ба шоҳкорҳо: «Саёҳати Гулли­вер», «Ҷазираи ҷавоҳирот», «Саргузашти Ҷим», қиссаву ҳикояҳои адибони тавонои рус, Аврупову Ғарб ва Шарқ ошноӣ пайдо карданд. Ин падидаи нав ҳам барои баланд бардоштани дониш, завқу ҷаҳонбинии хонанда ва ҳам офаридани асарҳои ҷолиби адабиёти кӯдакону наврасонамон созгор шуд. Файзбардории адибон ба­рои интихоби мавзуъ, кашфи бадеии қаҳрамонҳои замонавӣ. Акнун адабиёти бачаҳо бо талошу пайкори қаҳрамонҳои фаъолаш аз чаҳорчӯбаи якранги хаёливу бофта раҳоӣ ёфт. Дар нимаи дуюми асри бист насри адабиёти кӯдаку наврасони тоҷик ба марҳалаи сифатан нав қада­мҳои устувор гузошт.

«Субҳи ҷавонии мо»-и Сотим Улуғзода пас аз навиштаҳои тарҷумаиҳолии устод Садриддин Айнӣ дар ин ҷода гардиши чашмрасест. Вале насли нави нависандагоне, ки намунаҳои беҳтарини адабиёти ҷаҳон барои кӯдакону наврасонро хубтар омӯхтанд, ба эҷоди асарҳои аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва сабку услуб рангину тозаи миллӣ камар бастанд ва офаридани қаҳрамонҳои гуногунхислат, забони пуробуранги модарӣ, ҷузъиёти дилангез, мавзуъ ва ҳадафҳои замонавӣ роҳу равиш ва фазои ин шохаи адабиётро дилангезтар карданд. Дар ин роҳ нависандаи маъруф Пӯлод Толис пешсаф шуд. Китобҳои «Бачагони қишлоқи мо» ва «Ҳикояҳо барои бачагон»-и ӯ пайи ҳам ба дасти хонанда расида, ҳаводорони бешумор ёфтанд. Сипас Пӯлод Толис дар майдони наср барои бачаҳо, ки он замон то андозае холӣ буд, ҳадафмандона заҳмат кашида, бо иншои ҳикояву қиссаҳои марғуб ба муваффақияти бузург ноил шуд. Ҳикояҳои ӯ: «Бузичаи ман», «Лолачинӣ», «Мӯрчаяк»-ро муҳити адабӣ ва хонандагон хеле хуш пазируфтанд. Аммо қиссаи дилангези Толис – «Тобистон», аз ҷиҳати банду баст, тозагии назар, ҷустуҷӯю кашфи ҳолатҳои равонии қаҳрамонҳои мусбату манфӣ ва истифодаи унсурҳои бадеиву ғанои забони модарӣ, натанҳо дар насри реалистии адабиёти бачаҳо, балки дар насри муосирамон чун падидаи нав эътироф шуд. Саргузашти печидаи қаҳрамони марказии ин қисса – Ҳасани наврас, зиракиву одамшиносии ӯ ибратбахш мебошад.

Зуҳури бобарори ҷустуҷӯҳои эҷодии Пӯлод Толис дар офаридани қиссаву ҳикояҳои нав ба нав барои кӯдакону наврасон, ҷусторҳои ҷиддиро барои дар мавзуъҳои обнарасида офаридани асарҳо ва қаҳрамонҳои нав, ки андешаву кору пайкор, ҷасорату ҳисси баланди ватанпарастӣ, хислати инсондӯстӣ ҳус­ни онҳо бошад, байни нависандагони ҷавон ба вуҷуд овард. Мустафо Шарқӣ, Болта Ортиқ, Акобир Шарифӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Ғаффор Мирзо, Шодон Ҳаниф, Додоҷон Раҷабӣ ва дигарон бо асарҳои хурду бузурги тозаэҷодашон шохаи насри бачаҳоро ҳусну таровати бештар бахшиданд. Дар ин самт дастовардҳои эҷодии нависан­дагон – Болта Ортиқзода бо қиссаҳои «Таътил» ва «Полвон», Акобир Шарифӣ бо маҷмуаҳои «Орифҷон ва мусичаҳо», «Амаки милиса», Аминҷон Шукӯҳӣ бо қиссаи «Об аз куҷо меояд?», Абдумалик Баҳорӣ бо силсилақиссаҳои тахайюлии «Занбӯри айнакдор», «Аҷоиботи Нодар», «Бозгашт» ва «Сунбула» хеле ҷолибу омӯзандаанд. Бачаҳои тоҷик зимни муто­лиаи асарҳои пурмазмуни ин нависанда­гон ба олами зебои маънавӣ, хислатҳои наҷибу ибратбахши ҳамзамони худ дар ҳолатҳои мухталиф рӯбарӯ шуданд ва аз ташаккули шахсияти онҳо, ҳушёри­ву мавридшиносӣ, хулқу атвори неку, зебоипарастӣ, масъулияти ватандӯстӣ, эҳтироми падару модар, ҷасорату ахлоқи волои онҳо баҳраманд гардиданд. Ин хидмати зебои асари адабиёт аст.

Дигаргуниҳои пурвусъати зиндагӣ, пешрафту дастовардҳои муъҷизавӣ дар илму техника, кашфиёти нав ба нави ҳайратангез дар соҳаҳои гуногун ва ба кайҳон паридани Инсон ба адабиёт, хоса ба рушди насри кӯдакону наврасон таъсири файзбахше расонд. Нависандаи борикбин Абдумалик Баҳорӣ бо эҷод ва нашри қиссаҳои дилангези худ –«Ҷасора­ти доктор Мансур», «Нақли Ашани пир» ва «Мурофиа» ба насри тахайюлии тоҷик оғози зебо бахшид. Қаҳрамонҳои зирак ва ҷӯяндаву кошифи асарҳои Абдумалик Баҳорӣ бо донишу амалҳои ғайриодӣ, ҳам дар Замин, ҳам дар сайёраҳои дигар ба хонанда вомехӯранд ва бо рафтору кирдорҳои аҷибу диловарии афсонавиашон олам – олам таъсир ме­бахшанд. Ин падидаи навро аҳли илму адаб ва хонандагон басо гарму самимӣ пазируфтанд. Академик Раҷаб Амонов аз ин тозаофаринии адибон шод шуда, башорат дод: «Насри адабиёти бачаҳои тоҷик давраи инкишофу такомулро аз сар мегузаронад». Сипас равияи иншои насри тахайюлиро барои наврасон нави­сандагони дигари хушзавқ – Адаш Истад ва Қулмуҳаммад Абдулҳусейнов идома дода, бо мавзуъ ва хаёлҳои рангини хеш ба комёбиҳо ноил шуданд. Сад дареғ, ки имрӯз майдони насри тахайюлӣ, ки аз нависандаи тозаҷӯю бомаҳоратамон Адаш Истад умедҳои зиёд дорад, холист. Ин майдон интизори насли нави ҷавон­носирони бағайрату заҳматписанд аст.

Солҳои баъдӣ низ нависандагони зиёде эҷоди асарҳоро барои хурдсолону наврасон ҷиддӣ идома доданд. Қиссаву ҳикояҳои Ибод Файзулло, Баҳром Фирӯз, Кароматуллоҳи Мирзо, Насим Раҷаб, Сафияи Носир, Юсуфҷон Аҳмадзода, Равшани Ёрмуҳаммад, Латофат, Маҳбу­ба Неъматзода, Муҳаммад Субҳон… мавзуъ ва қаҳрамони насри адабиёти бачаҳоро ғанитар карданд. Хушбахтона, баробари расидан ба озодӣ ё Истиқлоли давлатиамон, бо вуҷуди шебу фарозҳои зиндагӣ, рушди адабиёти бачаҳо, аз ҷумла соҳаи насри он, фазои мусоидтар фароҳам омад. Адибони гуногунсол дар ин марҳала бештар ба таҳқиқи бадеии қаҳрамонҳои аз ҷиҳати хулқу атвор, иро­да, дарду армон соф миллӣ, шахсиятҳои таърихӣ, тасвири ҳусни диёр, ҳифзи на­бототу ҳайвоноти кишвар ва бо ин васила дар дили хонанда бедор кардани эҳсоси миллатдӯстиву ватанпарварӣ ва худши­носиву ҳақталошӣ эътибор доданд. Ба ин фаъолияти ҳадафманди адибон сиёсати фарҳангпарвари Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан даъватҳои Президенти мамла­кат, Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон, беш аз пеш мусоидат кард. Офаридаҳои насли нави носирон – Ҳазрат Сабоҳӣ, Маҷид Салим, Азизи Азиз, Наҷмиддин Салоҳиддинзода, Тоҷинисо Султонӣ, Марямбонуи Фарғонӣ, Баҳманёр Муродӣ, Гулчеҳра Муҳаммадиева то Сайидо Шарафӣ дар мавзуъҳои тоза бо қаҳра­монҳои дигар олами наверо барои ба­чаҳо кушоданд.

Дар ин росто, ба назари камина, дастовардҳои эҷодии нависандаи тозаҷӯву хушбаёнамон Азизи Азиз шоистаи зикр аст. Эҷодиёти ӯ бо офаридани силсилаи ҳикояву афсона ва қиссаҳои гуногунмавзуъ зина ба зина такомул ёфта, олами пурасрору рангини дили ҳассоси хурдсолону наврасонро басо хотирмон ба таври бадеӣ кашф карда, ба насри хурдсолон ҷӯшу хурӯши хушоянд ворид намуду хонандаи зиёд пайдо кард ва маҷмуаи қиссаҳои марғуби Азизи Азиз «Як каф гандум» дар соли 2022 сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёти бачаҳо шуд.

Бо вуҷуди ин, насри адабиёти ба­чаҳо дар ин замон боз ба фатҳи қуллаи баландтари инкишоф эҳтиёҷ дорад. Боиси нигаронист, ки навқаламон ба эҷоди ҳикояву қисса, ривояту афсонаҳои тахайюлӣ барои ҳамсолон ва додарону хоҳаронашон дар мавзуъҳои обшуста даст мезананд. Афсӯс. Лекин хонанда имрӯз аз нависандагони баркамолу ҷавон асарҳои нави шоистаро, ки ҷаҳон­бинӣ, донишу фаҳмиши онҳоро ҳамради­фи дигаргуниҳои илму кашфиёти замон густариш диҳад, интизор аст. Асарҳоеро интизор аст, ки ба рӯҳи замон, пешрафти илму созандагӣ, кашфиёту завқ ва ор­монҳояшон мусоидат бикунад.

Ба баланд бардоштани сифати ада­биёти бачаҳо ва ороишу нашри зебои китобҳои он дар мамлакатҳои пешрафта­ву бузурги дунё басо эътибор медиҳанд, чунки ин навъи адабиёт бори гарони тарбияи ахлоқиву маънавии насли ояндасозро ба дӯш гирифта, дар дили ҳассоси хурдсолону наврасон меҳри гарми ватандӯстиву зебоипарастӣ, иф­тихор аз таъриху фарҳанги миллиро мепарварад. Онҳоро ба шоҳроҳи бузурги инсони комил, соҳиби илму маърифат, фарзанди асили Ватану миллат ва башардӯст шудан ҳидоят мекунад. Ва боз маҳз ҳамин навъи адабиёт хонан­даи хушфаҳму закии осори адабиёти бузурги беш аз ҳазорсолаву ояндаи мо намунаҳои шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳонро омода хоҳад кард.

Зимнан, зикр кардан мехоҳам, ки адиб, олими соҳибунвону овозадор шудан дигар асту ба синну сол ва доираи фаҳмиши кӯдакону наврасон асару китобҳои дарсӣ навиштан дигар. Бешак, чун муаллифи китоби дарсӣ дар тарбияи фарзандони миллати худ саҳм гузоштан шарафу ифтихор аст, аммо бо забони ғализу дурушту нофаҳмо барои хурдсолон навиштани китоби дарсии, масалан таърихи бостон ё ҳар фанни дигар шоиста набуда, кӯдакро дилтангу китоббезор мекунад. Дар ин маврид ёфтани ҳаммуаллиф ё муҳаррире, ки мувофиқи синну соли хонанда ба забо­ни сода, равону фаҳмо ҷумла навишта тавонад, судманд хоҳад буд. Ин тарзи муносибати солим ҳам эҳтиром ба за­бон ва ҳам риояи Қонун оид ба забони давлатист. Агар дар асари адиб – дар ҳар жанре, ки бошад, аз ҷиҳати таҳқиқи бадеӣ офаридани қаҳрамони дилписанд забон ва тарзи баёни ба хонанда фаҳмо, шавқовару дилкаш (китобҳои дарсӣ низ) пешниҳод шавад, меҳрашро ба китобу китобхонӣ меафзояд, донишу фаҳмиш ва ҷаҳони маънавиашро ғанӣ мегардо­над. Яъне, саҳлангорӣ дар иншои китоб барои бачаҳо ба касе раво нест. Хонанда бояд матнро фаҳмаду ҳазм бикунад. Ва боз фаромӯш набояд бикунем, ки ҳамин адабиёти марғубу шавқовари кӯдакону наврасон пойдевори асосии меҳри хо­нандаи имрӯзу фардоро ба дунёи хонишу дониш мегузорад, ки аз байни онҳо дар оянда донишманду адиб, сиёсатмадору сарбоз ва бунёдкору кишоварзони бо­фарҳанг – ҳомиёни тавонои Тоҷикистони азиз ба камол мерасанд. Яъне, рушди адабиёти кӯдак дар замони соҳибистиқ­лолӣ аз ҳар ҷиҳат ғамхорӣ ва эътибори ҷиддиро мехоҳад. Дигар ин ки ҳар як адиб қарздор аст, ки барои наберагону аберагон ва фарзандони ояндаи миллат асарҳои пурмазмуну шавқовар офарад. Ин хидматро А. Л. Толстойи бузург ва нависандаи шаҳирамон, зиндаёд Сотим Улуғзода бо эҷоди «Достонҳои «Шоҳ­нома» басо нарму зебо адо кардаанд. Намунаи ибрат ва пайравӣ.

 Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо