Сарнавишти шоир

Ахиран «Девони сарнавишт»-и Шоири халқии Тоҷикистон устод Раҳмат Назрӣ бо соядаст ба дастам расид ва шавқу шӯри тозаеро дар вуҷудам эҷод кард. Навҷӯӣ ва тозакориҳои устод Раҳмат Назрӣ аз чашми муҳаққиқони шеър пинҳон набудааст. Хурсандии ман низ аз ҳамин ноҳия буд, ки акнун девони тартибдодаи шоирро дар даст дорам. «Девони сарнавишт»-ро нашриёти “Ирфон” дар соли ҷорӣ ба табъ расонидааст.
Номи интихобкардаи шоир барои девони ашъораш ҳам тозагӣ дорад: «Девони сарнавишт». Дар ҳақиқат шеъри ҳар шоир ривоятгари сарнавишти ӯст. Шоир бо иншои саргузашти хеш ҳамзамон сарнавишти ҳамзамонони хешро дар як давраи таърихӣ ба намоиш гузошта, дар саҳифаҳои таърих барои ҳамеша сабт менамояд. Мо тавассути ашъори боқимондаи Рӯдакӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, ғазалиёти Ҳофизу Саъдӣ, рубоиёти Хайём, маснавиҳои ҳаким Низомӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ натанҳо лаззати маънавӣ ва зебошинохтӣ мебарем, балки ҳамзамон бо авзои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии замони зиндагии онҳо низ ошно мешавем. Яъне, ҳар асари адабӣ дар баробари эҷоди лаззати маънавӣ ҳамчунон аҳамияти таърихӣ низ дар худ дорад ва моро ба ҳувияти хеш наздиктар менамояд.
Аз гузаштаи дур то кунун на ба ҳар шоир муяссар шудааст, ки дар замони ҳаёташ девони мукаммали осори худро тартиб дода, аз назар бигзаронад. Ин гуна шоирон дар таърихи адабиёт ангуштшумор будаанд. Инак, ин бахти баланд барои шоири ҳамзамони мо Раҳмат Назрӣ ҳамдостон шуда, ки ӯ девони ашъор ё худ девони сарнавишти хешро ҷамъоварӣ намуда, пешкаши хонандагон кунад. Дар таъйиди фикри банда сухани шоири баландовоза кофист, ки мегӯяд:
Як-ду дам сарбаланд дам задаам,
Бонги ҳастӣ ба зеру бам задаам.
Аз хаёли пареши буду набуд
Осмону замин ба ҳам задаам.
Аз ҷабини кушодаам ба ғазал
Сарнавишти азал қалам задаам!
Вақте “Девони сарнавишт”-и устод Раҳмат Назриро ба даст гирифтам, билофосила девонҳои сегонаи Абдураҳмони Ҷомӣ, аз ҷумла “Фотиҳат-уш-шубоб” (даврони ҷавонӣ), “Воситат-ул-иқд” (даврони миёнсолӣ) ва “Хотимат-ул-ҳаёт” (даврони пиронсолӣ) ба ёдам омад. “Девони сарнавишт”-и Раҳмат Назрӣ низ бо боби “Овои овони ҷавонӣ” оғоз гардида, сипас бобҳои “Замзамаи марди роҳ”, “Як сипеҳр меҳр”, “Занҷираи андеша”, “Ҳафтранг”, “Чилчароғи чорсӯ”, “Ширинкома” ва ғайраро такмил додааст. Номи ҳар бобу фасл дар ин девон содаву маъмулӣ набуда, рамзу розҳои шоири нозукхаёлро ифода мекунанд. Яъне, дар ҳангоми мураттаб сохтани девони ашъораш низ шоир завқу салиқаи хоси хешро ба намоиш гузоштааст.
“Девони сарнавишт” аз 10 боб ва 11 зербоб иборат буда, шоир ашъори дар тӯли фаъолияти 50-сола эҷодкардаи хешро аз назари мавзуӣ гулчин намуда, дар девон мураттаб сохтааст.
Аҳаммияти дигари “Девони сарнавишт” дар он аст, ки шеърҳо дар ҳар боб ба таври хронологӣ мураттаб гардидаанд, ки ин равиш кори муҳаққиқони осори шоирро дар оянда осон хоҳад кард. Зимнан, як нуктаро ёдовар шавам, ки “Девони сарнавишт” Куллиёти осори шоир Раҳмат Назрӣ нест, зеро дар он на ҳамаи осори таълифкардаи шоир гирдоварӣ шудааст, аммо нашри девони мазкур заминаро барои таҳияи Куллиёт фароҳам овардааст. Нуктаи муҳимтар ин аст, ки раванди тартибу таҳияи «Девони сарнавишт»-ро худи шоир анҷом дода, диққати лозим дар интихоби ашъор ва муаррифии гузинаи комили онҳо ба харҷ дода шудааст.
Аммо “Девони сарнавишт” як норасоӣ дорад, ки аз чашми ҳамагон пинҳон аст ва он камбуд ин аст, ки бо теъдоди бисёр кам (ҳамагӣ 100 нусха) чоп шудааст. Сабабаш дар он аст, ки дар нашри он ҳеч ниҳод ва фарде шоирро дастгирӣ накардааст, бинобар ин муаллиф маҷбур шудааст, ки “худаш аз худаш қарз гирифта” девонашро бо теъдоди андак чоп карда, аз газанди нобудӣ ҳифз намояд. Аммо “Девони сарнавишт” бо мавзуъ ва муҳтавое, ки бо худ дорад, арзиши калони адабӣ ва миллӣ дорад, зеро шоир дар тӯли беш аз 50 соли фаъолияти эҷодӣ дона-дона гавҳар ҷамъ оварда, як хирмани маънавӣ барои хонандаи хеш гирдоварӣ кардааст.
Мақоми шоирии устод Раҳмат Назрӣ аз сӯи бузургони шеъру адаби муосир ва муҳаққиқони адабиёт борҳо эътироф гардида, баҳои сазовор ба эҷодиёташ дода шудааст. Ӯ дар миёни шоирони муосири тоҷик ба навҷӯиву навгӯӣ, тозакорию борикбинӣ ва завқу салиқаи хоси худ мумтоз гардида, ганҷинаи шеъру адаб ва забони моро ғано бахшидааст. Ҳанӯз дар овони фаъолияти эҷодияш устод Боқӣ Раҳимзода, ки масъули бахши ҷавонони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд, истеъдоди Раҳмат Назриро кашф намуда, дар борааш чунин изҳори назар карда буд: “Хушбахтона, Раҳмат Назрӣ аз он ҳавасмандони шеър нест, ки фақат ба хотири он, ки шеъре гуфта бошад, шеър нависад. Ӯ шоири самимист, шоирест, ки ҳар шеъраш моро ба даруни воқеа мебарад ё ба воқеае ишораи шоирона мекунад”. Яъне, аз ибтидои фаъолияти эҷодӣ Раҳмат Назрӣ роҳи хосаи худро дар адабиёт интихоб карда, дар шеъри “Озодӣ” (1974) ҳадафи хешро равшан намудааст:
Ман озодии худро худ
Ба исён кардаам аз бандагӣ озод.
Ман озодии худро дар ниҳоди худ
Ба армон кардаам чун зиндагӣ бунёд.
Ба сони сарнавишти хештан аз
саргузашти хеш
Ман озодии худро мекунам худ ҷовидон эҷод!
Яъне, Раҳмат Назрӣ шоирест, ки ба майдони адабиёт на бо ҳавас, балки бо ҳадаф қадам гузоштааст ва то кунун ба ҳамин марому ҳадафи хеш содиқ монда, ашъори дилангезе ба хонанда тақдим мекунад.
Хусусияти дигари шеъри Раҳмат Назрӣ риояи таносуби лафзу маънӣ ва тарзи баёни нав дар ҳар як шеъри ӯст. Ӯ дар интихоб ва тарзи корбурди калимаву ибораҳо дар шеър бисёр дақиқкор ва амиқназар аст. Раҳмат Назрӣ дар ҳар шеър дар баробари мазмун дунбол шоиронагии он аст.
Ҳар нафас мекоҳаму кам
мешавам дар хештан лахте,
Чакраи хуне, нигоҳе, орзуе, хандае, оҳе…
Охир аз ҳастии ман як тиккаи
андеша хоҳад монд
Дар ҳавои офтобӣ ҳамчу аз кӯҳе пари коҳе.
Шеъри Раҳмат Назрӣ баёни тоза ва андешаи фалсафиро бо худ якҷо кардааст. Ин сифати шеъраш аз диди шоири хирадгаро Муъмин Қаноат пинҳон намонда ва ӯ ба вузуҳ ба ин ҷанбаи шеъри шоир ишора намудааст: “Тозапардозиҳо ва тозаандешиҳои Раҳмат Назрӣ дар вуҷуди шеъри замон ошкор аст ва ҷанбаҳои гуногуни шеърро дар бар мегирад. Миллияти шеъри ӯ ва бозтоби ойинҳои неки мардумӣ дар ойинаи дили покаш аз мушаххастарин хусусиёт аст, ки дар навиштаҳояш пазироӣ ёфта”.
Гаҳе тифлӣ ба лабҳояш ду ангуштак
Маро аз ёди дурам мекашад ҳуштак.
Маро хонад ба сӯе бо ҳаёҳӯе,
Маро ронад ба кӯе бо такопӯе.
Раҳораҳ гирад ӯ бо ҷӯраҳо гуштӣ,
Раҳораҳ мезанад ё мехӯрад муште.
Намедонад, ман акнун дар ҳама ҷое
Ба пои зиндагӣ печондаам пое.
Камарбанди ману он дар гиреҳмуште,
Намедонам, кӣ меафтад дар ин гуштӣ?!
Сифати дигар ва барҷастаи Раҳмат Назрӣ муъҷазбаёнӣ дар шеър аст. Ӯ қодир аст мазмуни васеъро бо маҳорат дар қолаби андак ҷо дода, аз ин тариқ завқи баланди эстетикӣ ба хонанда интиқол диҳад. Ҳар қадар шеър муъҷаз бошад, ҳамон қадар маҳорати шоирӣ дар эҷоди он сарф шуда, ба ҳамон андоза лаззати маънавию зебошинохтӣ дар зеҳни хонанда эҷод мекунад. Шоир дар шеъри “Камон” ҳамин эъҷозро дар ду банд эҷод кардааст:
Аз зеҳи чочикамон садсолаҳо тире
Дар ҳаво парвоз дорад сӯи нахчире.
Аз камони ҳафтранги осмон хуршед
Менамояд дар суроби озарин шере.
Бо камони шохааш карбос мебофад
Пеши бод аз ғози мизон беди дилгире.
Аз ғамони дил фиғон дар ғижжаки гардун
Бо камони қомати худ мекашад пире.
Хусусияти барозандаи дигар дар шеъри Раҳмат Назрӣ ҳамбастагии тасвир бо рангҳо ва табиат буда, ба қавли Аскар Ҳаким “аксари шеърҳояш дар заминаи сурати шайъӣ эҷод мешаванд”. Аз шеърҳои ӯ бӯи ашъораи шоирони сабки хуросонӣ Манучеҳрию Фаррухии Сиистонӣ меояд. Дар адабиёти муосир ҳеч шоире монанди Бозор Собир ва Раҳмат Назрӣ дар мазоҳири ноаёни табиат ин қадар кандуков накарда ва гавҳари зебоӣ кашф нанамудааст. Ӯ ровии манзараҳои зебову нотакрори диёри хеш аст. Аз чашми борикбини ӯ чизе пинҳон намемонад.
Эй арча, бар сарат моҳи ҳилоли зар,
Чун дар сари арӯс тоҷе баҳои сар.
Дар шохаҳои ту гавҳар кашидаанд,
Аз сар ба пои ту зевар кашидаанд.
Аз сӯи дигар, бо ин ҳама диққат шеъри Раҳмат Назрӣ шеъри гунг ва таваҳҳумзо набуда, ба зоҳир содаву равон ва ботинаш оҳангин аст. Мусиқӣ дар шеъри ӯ мавҷ мезанад ва аз батни сурудаҳояш оҳангҳои равону мутантан садо медиҳад. Дар шеъри ӯ натанҳо вожаҳо ва таркиботи шоирона, балки ҳуруф низ нақши барҷаста ба худ мегиранд. Ҳарфҳо дар шеър натанҳо хусусияти иҳомофаринӣ доранд, балки дар такмили маъно, балоғат ва салосати шеър нақши барҷаста ифо менамоянд. Раҳмат Назрӣ аз ин хусусияти ҳарфҳо ва савтҳо дар шеъраш ба хубӣ баҳрабардорӣ менамояд, чунончи “Замон иғвову ғавғову мағал дошт”. Устод Гулназар ба ин сифати шеъри Раҳмат Назрӣ таваҷҷуҳ намуда, мефармояд: “Сурудаҳои ӯ мисли садафанд, ки чун ба даст гириву ба гӯш наздикаш барӣ, ҳатман оҳанге танин меандозад”.
Имрӯз ҳам омад ба сар,
то боздид, эй офтоб!
Ҳастем ё не то саҳар,
то боздид, эй офтоб!
Аз домани чархи барин дорӣ нигоҳи охирин
Бар домани кӯҳу камар,
то боздид, эй офтоб!
Қобили зикр аст, ки “Девони сарнавишт” мавзуи фаровоне барои адабиётшиносону забоншиносон дорад. Дар боло перомуни аҳаммияти адабии ашъори Раҳмат Назрӣ ишораҳои кӯтоҳе шуд, аммо вежагиҳои забонӣ дар девони шоир аз ин ҳам фаровонтар аст ва метавон аз ин ганҷина рисолаҳои илмӣ тадвин ва дар таҳияи фарҳангномаҳо аз ин хирман хӯшаҳо барчид. Шоир бисёр калимаҳои азёдрафта ё маҳдудшуда дар маҳалу минтақаҳоро бо маҳорати хос вориди шеъраш намуда, бо сохтани таркибу ибораҳои нав ба ин гуна калимаҳо ҳаёти тоза бахшидааст. Дар шеъри Раҳмат Назрӣ бо калимаҳое монанди лойидан, сагсор, ғанав, алохун, ҳуштак, зарбед, алавдон, ревоҷ, кавар, ҷувоз, подачар, серпахол, сангоб, шавзод, явшон, чиллабарф, гушнапушт, дайду, латта, лаҳм, хаскулоҳ, ҳандалак, тафбод ва ғ…дучор мешавем, ки шоир бо кумаки онҳо фазои деҳот ва кӯҳистони моро ба таври воқеӣ ба тасвир кашидааст. Ин калимаҳо дар дохили таркибу ибораҳои шоиронаи шоир манзараи дилкаши табиати ватани дилангези моро боз зеботар ба ҷилва овардаанд.
Бартар аз ин сифатҳо вежагии дигари шеъри Раҳмат Назрӣ нигоҳи шоиронаи ӯ ба одаму олам ва табиати атрофи ӯст. Ӯ дар тӯли 50 соли фаъолияти эҷодӣ тавонистааст, ки дунёи худро бо вожаҳо, тасвирҳо ва манзараҳои нотакрор, бо хишти тахайюлоти хеш бунёд созад. Раҳмат Назрӣ тавонистааст, ки ҳиссиёти ботинии хешро дар қолаби шеъри содаву равон ба ҳамзамононаш муаррифӣ кунад. Ҳар касе вориди ин боргоҳ мешавад, дар он таҷаллии афкори рангини як шоири нозукхаёлро эҳсос мекунад ва аз даричаи нигоҳи ӯ ба олами нотакрори зебоӣ назар меандозад ва аз муҳити хеш лаззат мебарад. Раҳмат Назрӣ дар эҷоди фазои маънавӣ ва зебошинохтӣ барои хонандаи хеш шоири муваффақу тавоно зоҳир гаштааст, ки расидан ба ин мақом ҳадафи эҷоду офариниш аст.
Ба дунё як қалам андеша дорам,
Ба шодиву алам андеша дорам.
Ту бо чашмони худ андеша дорӣ,
Вале ман бо дилам андеша дорам!
Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО