«Санъати китоб»
Чанде пеш дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ХХI ҳакамони Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки дар он китобҳои тозанашр низ ба намоиш гузошта шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки озмун аз 10 номинатсия иборат буда, ноширон маҳсули корашонро вобаста ба он пешниҳод намудаанд.
Дар ҷаласа намояндагони ҷумҳуриҳои Беларус ва Қирғизистон ба таври маҷозӣ (онлайнӣ) иштирок карданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» аз соли 2004 инҷониб бо ибтикори Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашр, савдою тавзеҳи китоб ва умури ноширии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дастгирии Фонди байналмилалии ҳамкории гуманитарӣ бо иштироки ноширон ва намояндагони кишварҳои аъзо баргузор мегардад. Мақсади асосии озмун дарёфти лоиҳа ва дастовардҳои беҳтарин дар соҳаи табъу нашр ва тарғиби он дар доираи мамлакатҳои ИДМ мебошад.
Соли 2018 Озмуни ХV байналмилалии «Санъати китоб»-и давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва дар он китоби «Донишномаи фарҳанги мардумии тоҷик», иборат аз 2 ҷилд дар радифи китобҳои Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Россия сазовори «Шоҳҷоиза» гардида буд.