САНГИНОВ АБДУЛВОСЕЪ

 САНГИНОВ АБДУЛВОСЕЪ

АБДУЛВОСЕЪ САНГИНОВ 10 январи соли 1951 дар деҳаи Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Соли 1967 мактаби таҳсилоти ҳамагонии №9 ба номи Зебуннисои ноҳияи Ваҳдатро хатм карда, солҳои 1967-1968 дар рӯзномаи ноҳиявии «Коммуна» мухбир будааст. Солҳои 1968-1969 дар муассисаҳои сохтмону алоқа кор кардааст. Соли 1969 вориди шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1974 хатмаш кардааст. Сипас дар Телевизиони Тоҷикистон ва рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» мухбир будааст. Солҳои 1975-1993 дар нашриёти «Ирфон» фаъолият бурдааст.

Солҳои 1982-1985 дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон хизмат кардааст.

Бо орденҳои «Ситораи сурх», «Ифтихор» (Афғонистон), «Барои хизмат ба Ватан», нишону медалҳои «Ба ифтихори 70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР», «Аз халқи сипосгузори афғон ба ҷанговари интернатсионалист», Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии СССР мукофотонида шудааст.

Солҳои 1993–1998 корманди масъули Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ҳамзамон, солҳои 1996–1997, дар Пажӯҳишгоҳи мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ корманди илмӣ будааст.

Аз соли 1998 мушовири Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ҳикояву очерку мақолаҳояш аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳо чоп мешаванд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Зайнаб-апа» (1980), «Ибтидои роҳ» (1981), «Фарзанди оҳангар» (1980), «Навсафар» (1984), «Вохӯрӣ» (1987), «Роҳи олим» (1988) ва ғ. мебошад. Чандин ҳикояи адибони Итиҳоди Шӯравӣ, ҳамчунин, китобҳои публитсистиро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Аз соли 1982 узви Иттиҳодияи журналистон, аз соли 1992 узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо