САЛО­ҲИДДИНЗОДА НАҶМИДДИН

 САЛО­ҲИДДИНЗОДА НАҶМИДДИН

НАҶМИДДИН САЛО­ҲИДДИНЗОДА (Зайниддинов Наҷмиддин Салоҳиддинович) 27 июли соли 1964 дар деҳаи Қалъачаи Калони ноҳияи Истаравшан ба ҷаҳон омадааст. Соли 1981 мактаби миёна, баъдан техникуми бинокории Зафаробод, баъдтар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро ба итмом расондааст. Солҳои 1986-1997 сармуҳосиби Колоннаи сайёри механиконида, 1997-2002 директори нашриёти «Сурӯшан», 2003-2011 директори нашриёти «Маориф ва фарҳанг» будааст. Аз соли 2011 директори нашриёти «Адабиёти бачагон», аз соли 2014 директори нашриёти «Маориф ва фарҳанг» аст.

Муаллифи 3 китоб барои кӯдакону наврасон: «Муқаддасоти ватан» (2004), «Ганҷина» (2009), «Тамошои Душанбе» (2010), 2 китоби бадеӣ: «Паррандаи ангораҳо» (2008), «Фотеҳаи падар» (2009) ва китоби ҳаҷвии «Илтимос, нахандед!» (2010), мураттиби китобҳои «Меҳрномаи Душанбе» (2004), «Одам ба одам зинда аст» (2005), «Мунтахаби осори Носири Бухороӣ» (2009) ва «Чакомаи Наврӯз» (2012) аст. Китоби «Фотеҳаи падар»-аш ба забонҳои русию ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудааст.

Барои фаъолияти босамар ва хизматҳои шоиста дар соҳаи табъу нашри ватанӣ соли 2001 бо унвони фахрии «Аълочии фарҳангу матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2011 бо медали «Хизмати шоиста» ва чандин ифтихорнома қадршиносӣ шудааст.

Аз соли 2009 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Дигар хабарҳо