Садбаргҳои даруни қуттӣ

 Садбаргҳои даруни қуттӣ

Ба муносибати 110-солагии  Носирҷон Маъсумӣ

Моҳи майи соли 1944 буд. Айёми барои мамлакати мо ниҳоят душвор, айёми ҷанг. Вале баҳор! Баҳори умед!… Нурҳои гарми офтоб ба кас ҳаловат мебахшид. Он вақтҳо ман дар вазифаи инструктори кумитаи ҳизбии ноҳияи Душанбе кор мекардам. Рӯзе ба идораи мо шахсе омад, ки бо як дидан диқкати касро ба худ ҷалб мекард: қаддаш аз миёна баландтар, лоғар, сияҳҷурда, ха­ста ва шояд бемор ҳам бошад, – аз дил гузаронда будам ман.

Ниҳоят хушмуомила буд. Мӯи сиёҳи ҷингилааш чунин менамуд, ки гӯё махсус ҳалқа задаву хобонда бошад, дар тан пероҳани сафед ва шими сиёҳ дошт, чашмонаш меҳрбор буданду медурах­шиданд.

Аввалин дидори Носирҷон Маъсумӣ дар лавҳи дилу хотири ман чунин нақш бастааст. Котиби кумитаи ноҳиявии ҳизб X. Комарова ӯро бо хушнудӣ истиқбол карду ба ман шиносонд:

– Вера, ин кас муаллими ман Носирҷон Маъсумиянд. Муҳлати шиносномаашон андак гузаштааст. Ҳамроҳашон ба идо­раи милиса раведу…

Он солҳо шахсони тахлияшуда бисёр буданд. Дар идораҳо одамон навбат мепоиданд. Ман ҳамроҳи Маъсумӣ ба идораи милиса рафтаму мушкилашро осон намудам. Баъди берун баромадан шиносномаашро ба дасташ супурдам. Баъди ду рӯз Маъсумӣ боз ба кумитаи ноҳиявӣ омад, самимона ҳолпурсӣ кард. Дар даст қуттичае дошт, ки ба коғази сафед печонда шуда буд. Ман аз қабули туҳфа қатъан эътироз намудам. Маъ­сумӣ дар ҳоле, ки мехост қуттичаро рӯи миз гузорад, эҳтиёткорона бозгирифт, узр хост, кӯтоҳакак хайру маъзур намуд ва фавран бадар рафт…

Дар кӯчаи Путовский (ҳоло кӯчаи Исмоили Сомонӣ) дӯсти ниҳоят қарини худ Боқӣ Раҳимзодаро вохӯрд. Маъсумӣ аз дидори ӯ шод шуд, вале натавонист ҳолати пурҳаяҷони худро аз чашми ӯ пинҳон кунад. Боқӣ аз ӯ меҳрубонона ҳол пурсид ва чун дид, ки Носир димоғсӯхта аст, пурсид, ки аз куҷо меояд. Носир ба ҷои ҷавоб қуттичаро, гӯё амонати касе бошад, эҳтиёткорона ба ӯ дароз кард ва хоҳиш намуд, ки онро кушояду дорои­яшро бубинад.

Ёд дорам, ки Боқӣ Раҳимзода шахси фарбеҳ, вале ниҳоят ситорагарм буд. Қоматбаланд, оромтабиат, ботамкин, шӯх, зарофатгӯ, одамшинос ва аҳли дил буд. Кулчарӯ буд, чашмони калони симо­биранг ва мижгонҳои дароз дошт, мӯяш тунук буду сараш ба тосӣ майл мекард. Боқӣ қуттичаро аз дасти Носир гирифту рӯи кафи дасти худ гузошт. Табассум мекард, чунон бо карашма абрувонашро мепаронд, ки танҳо ӯ метавонист ва гӯё мехост Носирро мазоҳ кунаду ғашашро биёварад, бо ниҳояти оҳистагӣ ба боз кардани коғази рӯи қуттӣ шуруъ намуд. Сипас бо ҳамон оҳистагии истеҳзоомез қуттиро кушода, ба дарунаш нигарист ва бо ҳайрат пурсид:

– Носирҷон, чаро ту ин садбаргҳои зеборо даруни қуттӣ пинҳон кардаӣ? Носир парешонҳолона ба ӯ нигаристу канда-канда ҷавоб дод:

– Дӯсти азиз, охир ба ту гуфта будам-ку, ба Вера дил бохтаам. Ана ба худ тасаввур кардам, ки ӯ ҳамин тавр аввал коғаз, баъд қуттичаро мекушояд, гулҳо­ро мебинад ва ҳамаашро мефаҳмад. Вале вай ранҷид! Шояд кори бад карда бошам… Акнун дигар ҷои умед ҳам на­монд… Раҳимзода бо тараҳҳум ба ӯ ме­нигаристу бо оҳистагӣ гулҳои садбаргро аз даруни қуттӣ берун мекашид. Сипас ду гули садбаргро яктоӣ ба бехи гӯшҳояш халонду бо оҳанги катъӣ гуфт:

– Носирҷони азиз, ин корро ба ман вогузор!

То ҳол бахт ба рӯи ман ҳеҷ гоҳ нахан­дида буд, мехоҳам ба ту як маслиҳат диҳам: гулро даруни қуттича пинҳон кардан лозим нест, онро ошкоро бояд тақдим кард. Онҳо ба ҳамдигар табассум намуданд ва бо табъи хуш худоҳофизӣ карданд. Аз дӯши Носир гӯё бори гаро­неро бардошта буданд.

Рӯзи дигар ман ба ҷои кор омадаму дар рӯи мизам дастагули садбаргеро дидам. Чанд рӯз ин ҳолат такрор мешуд. Ман намедонистам, бароям ин гулҳои зебо­ро кӣ меоварда бошад? Аз фаррошзан мепурсидам, вай табассум мекарду чизе намегуфт. Тасмим гирифтам, ки ба ҷои кор барвақттар биёям, то оварандаи гулҳоро бубинам.

Рӯзи дигар ҳамин тавр низ кардам. Дар рӯи миз гул набуд. Вуҷудамро ҳаяҷон фаро гирифт. Яъне имрӯз гул нахоҳад буд. Ногаҳ аз роҳрав садои пой ба гӯшам расид. Дари утоқи корам боз шуд. Дар рӯбарӯям Маъсумӣ бо дастагули калони садбаргҳои сурху сафед меистод! Вай худро ноҳинҷор ҳис кард. Ман чашмони ӯро дидам! Аз он чашмон дурахши нур, шодӣ, меҳр ва умед ҳувайдо буд. Ғайри ихтиёр аз курсӣ хестам, наздаш рафтам ва бо мамнуният аз дастонаш дастагули садбаргро гирифтам. Хоҳиш кардам, ки биншинад ва гуфтам, ки баҳор фасли дӯстдоштатарини ман аст ва гул ин фаслро зеботару оростатар мегардонад. Маъсумӣ ба тақвияти ин суханони ман аз баҳор, аз гулу булбул ва фасли ишқу зебоӣ чанд сухани канда-канда гуфт ва гӯё аз асари гуфтаҳояш ба ман қонеъ нашуд, ки илова намуд:

– Медонед, классикони шеъри мо он қадар баҳор ва гулу булбулро тавсиф кардаанд, ки ҳар чи дар ин мавзуъ бигӯӣ, гӯё гуфтаҳои ононро такрор мекунӣ. Ва воқеан ҳам онҳо барои ҳамаи ҳолатҳои зиндагӣ чунон шеърҳои зебову дилнишин гуфтаанд, ки гумон мекунӣ, ҷои сухан ҳам намондааст. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ҳазор сол қабл аз ин гуфта буд, ки «Сухан гуфта шуд, гуфтанӣ ҳам намонд». Вале шоирони бузург дар ин ҳазор сол чунон суханони гуфтание ёфтаанд, ки аксар ҳолгӯи мову шумост. Масалан, Ҳофиз дар ғазале мегӯяд:

Саҳар булбул ҳикоят бо сабо кард,
Ки ишқи рӯи гул бо мо чиҳо кард.
Аз он ранги рухам хун дар дил андохт
В-аз ин гулшан ба хорам мубтало кард.
Ғуломи ҳиммати он нозанинам,
Ки кори хайр бе рӯву риё кард.
Ман аз бегонагон дигар нанолам,
Ки бо ман ҳар чи кард, он ошно кард,
Гар аз султон тамаъ кардам, хато буд
В-ар аз дилбар вафо ҷустам, ҷафо кард.
Хушаш бод он насими субҳгоҳӣ,
Ки дарди шабнишинонро даво кард…

Ман бори аввал шеъри зебову дилнишини Ҳофизро аз забони ӯ шунидам ва ҳамин ғазале, ки Носир қироат кард, ба рӯи дили ман даричаеро ба боғи зебову муаттари шеъри классикии тоҷик боз намуд. Ман забони тоҷикиро намедонистам, ӯ мазмуни шеърро бароям тарҷума мекард. Шеърро зебо мехонд, овозаш дилангез ва лаҳнаш гӯшнавоз буд.

Зарбҳо, зеру бам, таъкиду истҳо дар хониши ӯ чунон гӯё буданд, ки кас саропо гӯшу ҳуш мешуд. Ба ман чунин менамуд, ки навои дилрабое мерезад. Оҳангу лаҳни забони тоҷикӣ тавассути сухани Маъсумӣ қалби маро тасхир кард.

Субҳи рӯзи дигар Носир боз гул овард. Баъди андак нишастан ӯ аз ҷой хесту гуфт, ки пас аз ним соат дар Донишгоҳи омӯзгорӣ дарс дорад ва, мутаассифона, бояд биравад. Зимни хайру маъзур маро ба кино даъват кард. Шоми ҳамон рӯз мо дар назди кинотеатри «Ситораи сурх» вохӯрдем. Он шом филми «Ду ҷанговар»-ро нишон медоданд. Баъд аз тамошои филм маро то хонаам гусел кард.

Ҳавои шом форам ва фазоро бӯи гули дарахти ақоқиё фаро гирифта буд. Дил аз шодӣ меболид. Мо аз ҳар хусус суҳбат мекардем: аз обу ҳаво, аз китоб ва, ал­батта, аз хусуси воқеаҳои ҷанг, ки тамоми халқи шӯравиро ба изтироб андохта буд.

Ба дари ҳавлии мо расидем ва Носир пас аз андаке истодану суҳбат кардан ногоҳ ба ман изҳори муҳаббат намуд ва хоҳиш кард, ки барои ҳамсари ӯ шудан ризоят диҳам. Ин изҳороту пешниҳод ниҳоят ғайричашмдошт буд. Аҷабо, ҳа­мин ҳозир ризоят бидиҳам, ки ҳамсари ӯ мешавам?! Вуҷуди маро ҳаяҷон фаро гирифт, ҷавобе надодам, узр хостаму ба ҳавлӣ даромадам. Субҳи рӯзи дигар ӯ ба кумитаи ҳизби ноҳия омад. Салому алейк кард, гулро рӯи миз гузошт ва ба назди котиб даромад, сипас боз назди ман омаду хоҳиш кард, ки шом вохӯрем. Вохӯрдем. Аввал хомӯш будем. Баъд ман гуфтам: «Носир, шумо мегӯед, ки ниятатон ҷиддӣ аст? Охир, мо дар бораи ҳамдигар чизе намедонем-ку?

Ҷавоби ин суолро аз ӯ мунтазир на­шуда, беихтиёр аз саргузашти худам ба қисса кардан даромадам. Шавҳар карда будам, духтарчае дорам. Ману шавҳарам абадан аз ҳам ҷудо шудем… Ҳаёти ои­лавии мо ҷӯр нашуд. Дар хонаи падару модарам зиндагӣ мекунам, аз дувумбора ба шавҳар баромадан метарсам.

Баъди андаке таваққуф гуфтам:

– Агар мумкин бошад, дар бораи шумо ҳам мехостам чизе бидонам.

Мо оҳиста роҳ мерафтем. Маълум буд, ки Носир ҳолати асабонӣ дошт, зуд-зуд тамоку мекашид. Хеле фикр кард, сипас ба гап даромад:

– Ман дар бораи шумо хеле маълумот дорам, акнун дар бораи худам чанд сухан гӯям. Ман институти омӯзгории Сталино­бодро хатм кардаам, ҳоло дар ҳамон ҷо муаллимам. Ман ҳам зан доштам. Воқе­ан, ӯ ҳоло ҳаст, вале ману вай тақрибан ҳамеша ҷудо аз ҳам зиндагӣ дорем. Мо як писарча ҳам дорем, аммо ҳаёти оила­виамон ҳеҷ ҷӯр намешавад… Имрӯз не, фардо билохира рӯзе мерасад, ки мо аз ҳам ҷудо мешавем. Ман на ҳоло ҳозир ба ин қарор омадам. Ҳар кадоме аз мо, ҷои худашро ҳам дар ҷамъият ва ҳам дар оила бояд дарёбад…

Maн ба Носир зеҳн мондам. Вай як ҳолати тараҳҳумангез дошт, лоғар буд ва ҳамеша асабонӣ мешуд. Муаммое, ки ҳоло пеши ҳардуи мо бархост, мураккабу ҷиддӣ буд ва ба якборагӣ наметавонист ҳал шавад. Ман аз вай хоҳиш кардам, ки дигар аз ин хусус даҳон накушояд. Ва мо хайру маъзур кардем.

Маро ба кумитаи ҳизбии шаҳри Душан­бе ба кор гузарониданд. Инструктори ин кумита будам. Маъсумӣ баъди чанд рӯз шомгоҳон назди идораи мо пайдо шуд ва маро ба хона гусел кард. Шомҳои дигар низ мураттаб меомаду мегуселонид. Мо аз ҳар хусус суҳбатҳои тӯлонӣ мекардем, андешаҳоямонро ба ҳамдигар мегуфтем, вале зиндагиамон тағйир намепазируфт.

Дар солҳои ҷанг Маъсумӣ дар Мактаби ҷумҳуриявии ҳизбӣ низ дарс мегуфт. Бисёр кормандони ҳизб дар назди вай дарс хонда буданд ва ӯро хуб меши­нохтанд, ҳамчун муаллиму мураббии олиҷаноб ва инсони мушфиқ тавсифаш мекарданд. Дӯстонам мегуфтанд, ки ҳақ ба ҷониби ман нест ва ташвиқам мекар­данд, ки нисбат ба ӯ меҳрубонтар бошам.

Рӯзҳо мегузаштанд. Маъсумӣ ҳар рӯз баъди кор маро истиқбол мекард ва мо якҷоя Духтарам Лараҷонро аз боғча мегирифтем. Духтарчаам моро одатан назди тавораи чӯбини ҳавлии боғча мунтазир мешуд. Боре баробари дидани мо ба истиқболамон давид. Медавиду ким-чиҳо мегуфт ва ҳангоме ки ба назди мо расид, худро ба оғӯши Носир андохт. Вай дасту по гум карда, қариб буд духтарчаро ғалтонад. Сипас ӯро аз замин бардошту рӯи дастонаш шинонд. Лариса дастони хурдакакашро ба гардани Маъсумӣ ҳалқа зад, сарашро ба китфони ӯ гузошту ором шуд. Ин лаҳза барои ҳардуи мо ҳам ногаҳонӣ буд. Ӯ роҳ мерафту метарсид, ки мабодо осоиши духтарчаро халалдор намояд. Маълум буд, ки на камтар аз ман ҳаяҷонзада аст ва баъди чанде гуфт:

– Дидӣ, вай хурдакак бошад ҳам, фаҳ­мид, ки ман падараш ҳастам! Ҳозир ба хонаатон мераваму эълон мекунам, ки мо зану шӯ мешавем!

Ман ба ҳар ҳол хоҳиш кардам, ки ҳоло аз ниятҳояш ягон гап назанад, бо вуҷуди ин, Носирро бо падару модарам шиносонидам.

Дар хона падару модарам танҳо буданд. Ману модарам дар ошхона ҷунбуҷӯл мекардем, Носир дар утоқи дигар бо падарам суҳбат дошт. То дер нишастанд, сипас ман ӯро гуселонидам. Оҳиста мерафтем ва ӯ зери лаб шеър мехонд:

Ман ошиқам ба рӯят, эй моҳи оламоро,
Афтодаам ба кӯят, меҳри ту дар дилам ҷо,
То кай зи ман рамидан, ҳоли маро надидан,
Тори вафо буридан бо теғи ишва, ҷоно?!

Он вақт ман забони тоҷикиро дуруст нафаҳмам ҳам, лаҳни хондани Носир шеърро ба мусиқие табдил медод, ки барои фаҳмиданаш шунида тавонистани садои дил кофӣ буд.

Баъди чанд рӯз Маъсумӣ ба хонаи мо ҳамроҳи хоҳараш Мусаллам омад. Моро ба ҳам шиносониданд. Дар хона мода­рам, падарам ва ҳарду хоҳарам – Нина ва Люба ҳузур доштанд. Мо зуд дастар­хон оростем. Баъди андаке нишастан Носир эълон кард, ки мо қарор додем тақдирамонро ба ҳам бипайвандем. Ба Нина ӯ маъқул нашуд, Люба ба ман гуфт, ки: «Ин кори туст». Ба муқобили Носир ӯ чизе нагуфт.

Ба падарам вай бисёр хуш омад. Па­дарам суханони ӯро бо диққати тамом гӯш карду гуфт:

– Носир, бояд бидонед, ки на шумо, на Вера дигар ба хато кардан ҳақ надоред. Ва ӯ филҳол моро аз таҳти дил табрик кард.

Носир дилбохтаи шеъри классикӣ буд, Саъдиро бисёр дӯст медошт ва иқтибос мекард. Байтеро аз Саъдӣ дар ҳолатҳои гуворову ҳаловатбахш борҳо хондааст, ки ба хотирам мондааст. Ва бори аввал ин байтро аз ӯ ҳамон шом шунидам, ки бо рӯҳи болида хонда буд:

Маҷлиси мо дигар имрӯз ба бустон монад,
Айши хилват ба тамошои гулистон монад.

Моҳи феврали соли 1945 мо хати никоҳ гирифтем. Зиёфате оростем, ки дар он хешони ман, хоҳари ӯ Мусаллам ва бародараш Ҳайдар ҳузур доштанд. Ҳайдарро як муддат дар ҷанг ҳалокшу­да меҳисобиданд. Носир ҳатто хабари марги ӯро гирифта буд ва бисёр азият мекашид. Маълум шуд, ки Ҳайдар сахт маҷрӯҳ шуда, муддати зиёд дар бемор­хона хобида будааст. Баъди табобат духтурон ӯpo ногирон ҳисобидаанд ва ӯ ба хона баргашт.

Пас аз чанд рӯз ману Лариса ба хонаи Маъсумӣ кӯчидем. Носир дар хобгоҳи Институти педагогӣ – дар бинои чӯбини дуошёна зиндагӣ мекард. Ҷиҳози утоқи мо аз кати аскарӣ, мизи хурдакак, ҷевон­ча, ҷевони либос ва чанд курсӣ иборат буд. Дар кунҷи утоқ инчунин ҷевони ка­лони китоб меистод, ки дарунаш пур аз ҷилдҳои китоб буд. Китоб сарвати асосии ин манзил буд. Аз он тарафи роҳрав як утоқи аз ин ҳам хурдтар воқеъ буд, ки дар он Ҳайдар мезист. Манзиламон орӣ аз ҳама гуна шоистагӣ буд.

Саломатии Ҳайдар беҳ намешуд. Дасти рости маҷрӯҳаш ӯро азоб медод, дуруст ҳаракат намекард, ангуштонаш базӯр меҷунбиданд, як ангушташ сармозада буд. Ҳайдар бо дасти чап навиштанро машқ мекард ва ҳамзамон пайваста дасти росташро машқ медод. Дар натиҷа бо ҳарду даст як хел менавиштагӣ шуд, ба факултаи физикаву математикаи Институти педагогӣ дохил гардид, аъло мехонд, сабукпулии сталинӣ мегирифт.

Мо дӯстона зиндагӣ мекардем. Ҳар кас ба кори худ машғул буд. Ларисаро ба боғ­чаи дигар гузаронидем, ки ба хонаамон наздиктар буд.

Соли 1948 ба Носир дӯстонаш хабар доданд, ки Фарҳоди ӯ дар хонаи бобояш аст ва мӯйсафед хоҳиш кардааст ба Маъ­сумӣ бирасонанд, ки писарашро гирифта барад, зеро аз сабаби пириву дармонда­гӣ наметавонад ба тарбияи бача машғул шавад. Модари Фарҳод писаракро дар хонаи падараш Юнус Қобилҷонов монда буд ва Фарҳод дар давоми ду сол бе модар ба камол мерасид.

Бо чунин хабарҳо дар бораи писараш Носир ба хона омад ва пурсид, ки чӣ бояд кард? Ман гуфтам:

– Дар ҷое, ки ду кӯдак тарбият меё­банд, сеюмаш ҳам ба камол мерасад. Он вақт аллакай писари ману Носир Фаррух ба дунё омада буд.

Маслиҳат шуд, ки агар писаракро овардан зарур бошад, бояд зуд барои овардани ӯ рафт. Мо ба ҳар ҳол ташвиш доштем, ки оё кӯдакро модарҷудо карда­ву ба мо медода бошанд. Oxиp, модараш метавонист ӯро ба хонаи худ бубараду ба мо надиҳад. Тамоми қонунҳо ба ҷо­ниби вай буд. Вале ҳамаи хавотириҳои мо беҳуда будааст. Ҳеҷ мамониате пеш наомад. Ҳуҷҷатҳоро дуруст кардем ва падар писарашро бо худ гирифта овард.

ВЕРА ОСМАКОВА МАЪСУМӢ

 

Дигар хабарҳо