Рӯнамоии китобномаи адиб Маҷид Салим
11 июли соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” боз як осорномаи нав – “Маҷид Салим: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” рўнамоӣ шуд. Маҳфилро директори Китобхонаи миллӣ Ҷумъахон Файзализода оғоз бахшид. Номбурда дар бораи махсусиятҳои осори нависандаи шинохта Маҷид Салим, аз ҷумла дар бораи самти муҳимтарини эҷодиёти ӯ – тасвири олами вуҳуш сухан ронд ва дар ин масир нависандаро пештозу муваффақ донист.
Суханронҳои дигари маҳфил – ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аламхон Кӯчарзода, муҳаққиқон Мурод Муродӣ, Шариф Комилзода, Ҳафиз Раҳмон, Ҷалолиддин Нурзода ва собиқадори маориф Сайдамир Вализода дар бораи махсусиятҳои гуногуни эҷодиёти Маҷид Салим ва китобномаи тозанашр ибрози назар карданд.
Китобномаи мазкур аз бобҳои «Маҷид Салим аз назари олимон ва адибон», «Асарҳои Маҷид Салим», «Адабиёт дар бораи Маҷид Салим» ва «Кумакфеҳристҳо» иборат буда, дар маҷмуъ ҳама номгўи осор, санаҳои муҳимми рӯзгор ва навиштаҳои дигаронро дар бораи нависанда фаро гирифтааст.
Дар боби аввал мақолаҳои пажўҳишгарон Мисбоҳиддин Нарзиқул, Мурод Муродӣ, Бахтиёри Қутбиддин, Ҳафиз Раҳмон, Муҳаммаднабӣ Баёнӣ дар бораи асарҳои нависанда манзур гардидаанд, ки ба паҳлуҳои гуногуни эҷодиёташ равшанӣ андохтаанд.
Китобномаи шарҳиҳолии Маҷид Салим дастури муфидест барои таҳқиқгарон ва алоқамандони осори адиб.