РУСТАМ ҚОДИР

 РУСТАМ ҚОДИР

ҚОДИРИ РУСТАМ 13 октябри соли 1958 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1976-1981) таҳсил кардааст. Фаъолияти кории ӯ соли 1982, дар нашриёти «Ирфон», шурӯъ шуда, то соли 1992 ба ҳайси муҳаррир ва муҳаррири калон ифои вазифа кардааст. Соли 1992 мудирии шуъбаи адабиёту ҳунари ҳафтаномаи «Чароғи рӯз»-ро бар уҳда доштааст. Аз апрели соли 1994 то октябри 2007 хабарнигори Дафтари хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Қазоқистон будааст. Аз соли 2010 муҳаррири нашриёти «Ирфон» аст.

Фаъолияти адабӣ ва муҳаққиқиро аз нимаи аввали солҳои ҳаштоди қарни гузашта шурӯъ карда, ҳикояву тақризҳояш аз ҳамон айём дар нашрияҳои ватанӣ чоп шудаанд.

Маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ «Бурси дуреша» соли 1977 чоп шудааст. Ҳикояҳои маҷмӯа, ки қисме бо сабки реалистӣ ва қисме бо сабки романтизми устуравӣ иншо шудаанд, авзои зиндагӣ ва афкори ҳамзамононамонро ба тасвир овардаанд. Маҷмӯаи қисса, ҳикоя ва эссеҳои нависанда «Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар» соли 2003 дар Алмаато мунташир гардидааст.

Дар қиссаи фантастикии танзии «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ: зиндагӣ ва марги дигар» нависанда мавзӯи ихтилофи нобиға ва авом, таносуб ва рақобати асосҳои моддию маънавӣ дар зиндагии инсонҳо ва хиёнату садоқатро мавриди баҳсу тасвир қарор додааст.

Маҷмӯаи «Чойхонаи «Роҳат» ё қиссаву ҳикоёт барои хониши пеш аз хоб», ки соли 2010 мунташир гардидааст, аз ҳикоя, латифа ва андешаҳои ӯ фароҳам омада, нигоранда бо забони танзу киноя камбуду нақси рӯзгор ва ҷаҳони ботинии имрӯзиёнро ба қалам овардааст.

Адабиёти классикии тоҷик, бавижа масоили рӯзгору осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва таъриху забону фарҳанги миллат, аз мавзӯоти асосии таҳқиқоти ӯстанд. Дар мақолаҳои «Як байти мансуб ба Рӯдакӣ ва номи бостонии «Мовароуннаҳр», «Шеъри саҳеҳи Рӯдакӣ», «Ашъори Рӯдакӣ дар «Луғатнома»-и Деҳхудо», «Абёти тозаи Устод Рӯдакӣ ва бозхонии байтҳои машҳури ӯ» нусхабадалҳои абёти бозмондаи шоир аз назари сиҳҳати матн, аз ҷумла, мутобиқати онҳо бо таносуби калом ва сабки хуросонӣ, мавриди баҳс қарор гирифта, бархе аз байтҳои Устод аз нигоҳи тозатаре тафсир ёфтаанд.

Соли 2007 «Девон»-и Рӯдакӣ дар Алмаато дар таҳияву тасҳеҳ ва ҳавошию сурсухани Қодири Рустам чоп шуд, ки дорои тавзеҳоти муфассале буда, муҳаққиқ дар он, аз ҷумла, ашъори мансуб ба дигарони Рӯдакиро бо зикри гӯяндагони аслӣ ва маъохизашон нишон додааст. «Девон», ҳамчунин, солҳои 1387 ва 1391 ҳ.ш. дар Теҳрон аз сӯйи Муассисаи фарҳангии ЭКО чоп шудааст.

Китоби мардумшиноси рус Александр Шишов «Таджики»-ро таҳия ва бо тавеҳоти муфассал (2006) дар Алмаато мунташир кардааст, ки асли он соли 1910 дар Тошканд чоп шуда, нахустин китоби муфассал дар мавзӯи таърих ва расму оини тоҷикон ҳисобида мешавад.

Баъзе аз ҳикояҳои А. Чехов, Акутагава, Лу Син, Хорхе Луис Борхес, Г. Матевосян ва бархе аз нависандагони булғориву амрикоиро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Тарҷумаи китоби эроншиноси қарни XIX рус Н.В. Хаников «Андешаҳо роҷеъ ба мардумшиносии Эрон» (1991) низ ба қалами номбурда тааллуқ дорад.

Аз соли 2009 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо