Романи садсола

 Романи садсола

Ба муносибати Рӯзи дӯстии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Дар остонаи садсолагии нашри нахустини романи «Рӯзҳои гузашта»-и адиби маъруфи ӯзбек Абдулло Қодирӣ  истодаем. Сад сол аст, ки ин асар молики дили ҳазорон ҳазор одамон гардида, ҳар бор, ки онро хонем, чашмамонро пуроб мегардонад, қалбамонро ҳисси аҷиб фаро мегирад. Сад сол аст, ки ин китоб миёни шефтагони каломи бадеъ даст ба даст мегардад.

Абдулло Қодирӣ бо ин асари худ на танҳо дар ташаккул ва рушди  насри таърихии ӯзбек, балки ба маҳорати эҷодии қаламкашони дигар халқҳои Осиёи Марказӣ таъсир расондааст.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ мегӯяд: «Ман аз Абдулло Қодирӣ бофтани сужет ва тавассути он кушодани образро омӯхтам. Ҳамин аст, ки пас аз нашри «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» аз хонандагони ӯзбек мактуб гирифтам. Онҳо менависанд, ки шумо Абдулло Қодириро дар хотири мо зинда кардед».

Романнависи барҷастаи адабиёти қазоқ Мухтор Авезов «дар давраи ибтидоии насри ӯзбек Айнӣ эҷод мекард, дар солҳои бистум Абдулло Қодирӣ ба воя расид. Ман аз соли 1928 сар карда, асарҳои ӯро ба забони ӯзбекӣ мехондам» гуфта,  Қодириро ҳамчун устоди  худ эътироф кардааст. Мухтор Авезов якумин шуда масъалаи  сафед шудани Абдулло Қодириро дар   сатҳи Иттифоқи Шуравӣ бардоштааст.

Нависандаи машҳури туркман Хидир Деряев низ чунин сатрҳоро  рӯи коғаз овардааст: «Романи «Рӯзҳои гузашта»-и Абдулло Қодирӣ барои ман фаромӯшнашаванда буда, таассуроти якумра  мондаасту илҳом бахшидааст. Баъд аз ин ба ман дар бораи гузаштаи халқи туркман ҳаваси роман навиштан пайдо шуд, боиси навиштани романи  «Қисмат» гардид. Адиби ҷаҳоншинохтаи қирғиз Чингиз Айтматов низ аҳаммияти худшиноси миллии «Рӯзҳои гузашта»-ро таъкид кардааст.

Аз реҳлати нависанда ҳаштоду ҳафт сол гузашт, яъне чоруми октябри соли 1938 ӯро ба қатл расониданд. Ҳамон вақт Абдулло Қодирӣ ҳамагӣ чилучорсола буд. Дар баробари нависанда ба ин асар низ ҳукми нобудӣ доданд, вале дар ҳеҷ як замон, ҳеҷ як ҳукмдор асари баёнгари ҳақиқатро маҳв карда натавонистааст. Аз ин рӯ романи «Рӯзҳои гузашта» чун номи муаллифаш аз нав зинда гашта, ҷовидон монд. Номи нависанда сафед гашт. Бист сол ба даст гирифтани «Рӯзҳои гузашта» қатъиян манъ буд.

Касе ки онро хонда буд, ҷазои сахт гирифт. «Рӯзҳои гузашта» романи аввалини адабиёти ӯзбек мебошад, ки дар мавзуи ишқу муҳаббат, вафодорӣ ва қаҳрамонӣ навишта шудааст. Ин асарро, умуман гирем, таҷрибаи ибтидои романнависӣ дар адабиёти ӯзбек арзёбӣ кардан мумкин аст. Ин асар ба мардуми мо, ки акнун аз сохти феодалӣ озод шуда, аврупоиҳо барин роману новеллаҳо нахондаанд, барои шинос намудани «Тоҳиру Зуҳро»-ҳо, «Фарҳоду Ширин» ва «Лайлию Маҷнун»-ҳои ҳамон давр, навишта шуда буд. Тақдиру қисмат ин кори бузургро, ки бағоят масъулиятноку заҳматталаб буд, ба як инсоне, ки истеъдоди ноёб ва қувваю ғайрати фавқулода дошт, бор кард. Ин инсон Абдулло Қодирӣ буд. «Рӯзҳои гузашта» танҳо як асари ишқӣ нест. Балки як асари сар то по иборат аз одобу панднома аст. Сабаби дар дилу дида ҷой гирифтани ин китоб, аз ҷавоҳироти ҳикматҳои саъдиёна сохта шудани он ва ҳамаи паҳлуҳои зиндагии инсонҳоро дар бар гирифтанаш аст. Дар китоб муносибатҳои зану шавҳар, мавқеи хусуру хушдоман дар оила, одоби келину домоддорӣ ва меҳмондорӣ мавқеи намоён дорад.

Абдулло Қодирӣ дар бораи одоби оила барпо кардан дар оғози китоб сухан мекушояд: «Ба фикри ман, хонадор шудан барин кори нозук дар ин дунё нест, – мегӯяд Раҳмат, ба Отабек рӯй оварда. – Баъд аз хонадор шудан занат ба табъат мувофиқ ояд, хуб, вагарна аз ин дида вазнинтар шояд дар дунё набошад». Отабек ин сухани Раҳматро бо самимият қабул карда: «Ба рост будани суханатон шубҳае нест, вале ҳаминро низ илова кардан лозим, ки дар баробари зани мегирифтаатон ба шумо мувофиқ будан, мард низ бояд ба зан мувофиқуттабъ шавад».

Ин романро дар асри гузашта, ки асарҳои бадеӣ бо нусхаҳои калон чоп мешуд, ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна, аз он ҷумла халқи тоҷик низ дӯст дошта, бо шавқи баланд хонда баромада буданд. Қаҳрамонҳои ситоишкардаи Абдулло Қодирӣ дар «Рӯзҳои гузашта» ба одамони реалӣ, ки имрӯз низ онҳоро дидан мумкин аст, монанд мебошад. Китоб ба тарзи насиҳати падар ба писару модар ба духтар эҷод шудааст. Меарзад, ки суҳбати онҳоро ҷавонони имрӯзаи мо ба дафтари дил навишта гиранд. Офтобойим духтари ягонаашро ба шавҳар дода, мегӯяд: «ба хусуру хушдоманат хидмат кун, некиро аз даст надеҳ». Дар ин таъкид як ҳикмати бузург ҳаст. Ҳикмате, ки он ба гардани духтару писарон арзиши ҳамчун тумор овехта шуданро дорад.

Абдулло Қодирӣ дар асар калима ва ибораҳои тоҷикиро фаровон истифода бурда, барои ғанӣ гардонидани забони роман, ширин ва гуворо баромадани он заҳмати фаровон кашидааст. Сухан ва ташбеҳҳои тоҷикӣ, панду ҳикматҳои саъдиёна китобро зебо ва шавқовар гардонидааст.

Масалан, Юсуфбек-ҳоҷӣ мегӯяд: «Ба ман нигоҳ кун, занак. Ӯзбекойим нигоҳ кард. «Бемаврид зӯр занӣ, ба миён зарар мерасад», «зӯри беҳуда миён мешиканад», – мегӯянд тоҷикон. Ба ҳамин монанд худат бемаврид зӯр зада, маро низ ба паҳлуи худ кашондан мехоҳӣ…».

Романи «Рӯзҳои гузашта» ба забони тоҷикӣ  дар солҳои сиюми асри гузашта, ки муаллифи он ҳоло ҳаёт буд, аз тарафи шоири маъруфи тоҷик Абдусалом Деҳотӣ мураттаб шуда, аз назари устод Садриддин Айнӣ гузашта омодаи чоп буд. Вале дар арафаи чопи китоб муаллифи ин асар Абдулло Қодирӣ ҳамчун «душмани халқ» ба ҳабс гирифта ва ба қатл расонда шуд.

Ба даст гирифтани романи «Рӯзҳои гузашта» низ қатъиян манъ гардид, аз нашриёту китобхонаҳо, муассисаю корхонаҳо, ҳатто аз дасти хонандаҳои одӣ чида, китобро сӯзонданд. Тарҷумаи устод Абдусалом Деҳотӣ, ки ба нашр омода буд, нобуд гардид. Чӣ тавр  гум шудани тарҷумаи «Рӯзҳои гузашта», ки аз тарафи устод Абдусалом Деҳотӣ анҷом ёфта буд, дар як ёддошти дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чопкардаи нависанда Болта Ортиқзода (“А.С” соли 1991), тасвир шудааст.

Баъд аз сафед шудани номи Абдулло Қодирӣ муносибат ба романи «Рӯзҳои гузашта» низ тағйир ёфт.

Китоб аз нав ба забони ӯзбекӣ нашр гардид. Адиби тоҷик Истад Қосимзода китоби мазкурро ба забони тоҷикӣ бо номи «Рӯзгори мозӣ» соли 2002 дар нашриёти «Ирфон» чоп намуд. Вале ман қадри ин  турҷумаро заррае кам накарда «ҳар гулеро як бӯе» гуфтаму ба амри дил гӯш дода, мувофиқи табъу дониши худ ин асарро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда бо номи “Рӯзҳои гузашта” чоп кардам, ки дар байни мардуми тоҷикзабонон низ бо ҳамин ном машҳур аст. Ба наздикӣ аз Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мактуб гирифтам, ки тарҷумаро   маъқул донистааст. Агар китоб чоп шавад, ин туҳфаи ман ба 100- солагии нахустин нашри “Рӯзҳои гузашта” хоҳад шуд.

Сулаймон ЭРМАТОВ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо