РАҶАБӢ ДОДОҶОН

 РАҶАБӢ ДОДОҶОН

ДОДОҶОН РАҶАБӢ 12 январи соли 1938 дар шаҳри Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст. Пас аз хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд (феълан Доншигоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров), аз моҳи июни соли 1961 то августи 1963 дар рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ленинобод» ва «Ленинабадская правда», аз августи 1963 то майи 1969 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор кардааст. Аз моҳи майи соли 1969 то апрели 1982 муҳаррир, муҳаррири калон ва сармуҳаррири Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радио будааст. Аз апрели соли 1982 то ноябри 1990 ба ҳайси котиби масъули ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», аз ноябри соли 1990 то майи 1992 дар мақоми сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», аз майи соли 1992 то майи 1998 дар вазифаи котиби Дафтари матбуоти раиси вилоят ва мудири шуъбаи Ҳукумати вилояти Суғд адои хидмат кардааст. Соле чанд сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» будааст. Аз апрели соли 2000 роҳбарии Дафтари матбуоти Идораи кишоварзии вилояти Суғдро бар уҳда доштааст.

Аз соли 1963 бештар аз даҳ китоби қиссаву ҳикоя ва осори драмавӣ навиштааст. Нахустин китоби ҳикояҳои барои бачагон офаридаи ӯ «Дилсӯзӣ» (1963) таҳти таҳрири Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил аз чоп баромадааст. Дар китобҳои дигари ӯ «Кулчаи зағора» (1974), «Шабе, ки барф меборид» (1978), «Модари нав» (1982), «Борон чағона мезад» (1985), «Сари Роҳи Каҳкашон» (1988), «Лӯъбат ва ҳофиз» (2003) ва ғ. масъалаҳои тарбияи ахлоқи ҳамида дар ниҳоди бачагону наврасон ва ҷавонони навхат, раванди ташаккули характери онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Қиссаи «Модари нав» дар нашриёти «Детская литература» (Маскав, 1990) ба табъ расидааст. Маҷмӯаи ҳикояҳои «Дилсӯзӣ» дар нашриёти «Мектеп»-и Ҷумҳурии Қирғизистон ба забони қирғизӣ мунташир гардидааст. Драмаи бисёрпардаи «Дастҳоро кушоед!» дар Театри давлатии мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ саҳнагузорӣ шудааст.

Асарҳои алоҳидаи П. Мериме, Р. Такур, А.П. Чехов, А. Ахматова, М. Зощенко, И. Шамякин, А. Алексин, М. Левин, Е. Симонайтите, К. Абдусаломов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Коркуни хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, дорандаи медалҳои «Собиқадори меҳнат» ва «Бунёди сулҳи шӯравӣ», Барандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ.

Аз соли 1964 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1982 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

17 ноябри соли 2012 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо