Поён надорад разми мо…

Суханронии Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тибқи қарори анҷумани хеш аз соли 1991 ғайриҳизбист, лекин дар ҷабҳаи тафаккуриву маънавӣ аъзояш ҳамеша дар паҳлуи Ҳизби Халқии Демократӣ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои бунёдкору созанда буданду ҳастанд.

Фаъолияти созмони эҷодии мо дар самтҳои гуногун сурат мегирад, лекин самтҳое ҳастанд, ки мубрамтару муҳимтаранд. Яке аз ин самтҳо баргузор намудани маҳфилҳои илмию адабӣ оид ба ҳаёту эҷодиёти адибон, асарҳои барҷастаи адабиёт ва рӯйдодҳои муҳимми ҷомеа аст ва дигаре – робита бо хонандагон дар сурати сафарҳои адибон ба гӯшаю канорҳои мамлакат. Ҳар сол тақрибан сад чунин маҳфил баргузор мешавад ва пайваста сафарҳо ва вохӯриҳо бо хонандагон сурат мегиранд.

Имрӯзҳо дар ҳардуи ин самт як мавзуъ – тарғиби арзишҳои миллӣ ва муборизаи беамони мафкуравӣ бо ҷаҳлу таассуб ва хурофоту ифротгароӣ афзалият дорад. Чунки аҳли адаб хавфу хатари ин падидаҳои махуф ва таҳдиди бевоситаи онҳоро бо тамоми ҳастӣ эҳсос мекунад.

Адабиёти тоҷик дар тули беш аз ҳазор сол тарғибгари собитқадами донишу маърифат, ақлу хирад, огоҳиву худшиносӣ, инсонпарварию ватандӯстӣ, муҳаббату садоқат ва дигар хислатҳову хосиятҳои шарифи инсонӣ буду ҳаст ва бо ҳамин амали нуронии худ, албатта, ба аҳли ҷаҳолату разолат писанд нест. Чунки тинати пучи онҳоро фошу ошкор карда, симои ҳақиқиашонро ба аҳли ҷомеа нишон медиҳад.

Азбаски ҷаҳлу таассуб дар тули асрҳо бевосита ба ин қувваи бузурги маънавӣ муқобилат карда наметавонисту наметавонад, адовату ноҷавонмардиашро нисбат ба он ҳамеша арзонӣ медошту арзонӣ медорад. Аҳли адаб ранҷу азобҳоеро, ки бузургони он аз дасти ҷаҳлу таассуб ва хурофоту ифротгароӣ кашидаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунад. Фаромӯш намекунад, ки маҳз онҳо устод Рӯдакиро, шоиреро, ки забони модариро эҳё кард, бо ҷазби ин забону баёни шоирона шоҳро ба сари тахту сари корҳои давлатдорӣ баргардонд, васфи арзишҳои бузурги миллии мо – Наврӯзу Меҳргон кард, қарматӣ хондаву дар айёми пирӣ бераҳмона озорҳо додаанд; Фирдавсӣ – офарандаи яке аз шоҳкорҳои фарҳанги маънавии ҷаҳон, суханвари беназиреро, ки сӣ сол ранҷ бурдаву бо забони модарии мо – порсӣ қаламрави аҷдоди мо – Аҷамро зинда кард, маҷусу зардуштӣ хондаву аз охирин ҳаққи инсонии дар гӯристони умумӣ ба хок рафтан маҳрум сохтанд; Дақиқиеро, ки «Шоҳнома»-ро оғоз бахшида буд, Дақиқиеро, ки «чор хислат дӯст дорад ба гетӣ аз ҳама хубию зиштӣ: лаби ёқутрангу нағмаи чанг, шароби лаълу дини зардуҳиштӣ», бо дасти зархариде ҷавонмарг карданд; Носири Хусрави ҷаҳондидаву ҷаҳонфаҳмидаро, ки бо виқору ғурури тоҷикӣ мегуфт: «Ман онам, ки дар пои хукон нарезам мар-ин қиматӣ дурри лафзи дариро», сарсону ғарибхок намуданд, Абуалӣ Синоро, ки ғайр аз банди аҷал банди ҳама мушкилотро кушода буд, кофир эълон доштанд; Адиб Собири Тирмизиро, ки дидори ёрро аз Замзаму Кавсарашон беҳ медонист, Абдулқодирхоҷаи Савдоро, ки ба «файзи ришу фаши дастор»-ашон ришханд мезад, Мирзо Саҳборо, ки аз қавли тазкиранависе «дар он аср н-омад ба изҳори ҳақ ҳамчу ӯ», дар дарёҳои ҷаҳли худ ғарқ карданд; қаҳрамони адабиёту ҳаёти мо – устод Айниро, ки дар миллатдӯстиву ватанпарварӣ бемисл буду дар ҳамон замони мушкил дили миллати худро мебардошт, ки «Ба зеҳни софу истеъдоди фитрӣ набошад дар ҷаҳон анбози тоҷик», бо фатвои бехудонаву бехудоёнаашон зери зарбаҳои хунрези амири хунхорашон бурданд; бо ҷаҳолату разолати навинашон боиси марги пуразобу бемаҳали нависандаи забардастамон Фазлиддин Муҳаммадиев шуданд, ки ҳақгӯиву фошкориҳои бемислаш дар ҳаққи руҳониёни ҷоҳилу ҳоҷиёни зоҳирбину худнамо сахт нороҳаташон мекард.

Ин гуна мисолҳо дар таърихи адабиёти беш аз ҳазорсолаамон фаровонанд. Бо вуҷуди ин, адибон пайваставу собитқадамона муқобилони сарсахти падидаҳои мазкур буданду ҳастанд. Таваҷҷуҳ кунед, ки 8-10 садсола пеш, дар замони ҷавлони бемисли ҷаҳолату таассуб, чиҳо гуфтаанд:

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд,
Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ
Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.

                                ***
Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир?
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад!

                                 ***
Воизон, к-ин ҷилва бар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис бозпурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?!

                                  ***
Нафареро дар кӯча зада-зада мебурданд. Миёни ду шоҳиди ҳол чунин муколама сурат гирифт: «Чаро мезанандаш?». «Мехоҳанд, ки мусулмон бишавад, қабул надорад!». «Худоё, ин қадар мусулмон кам аст, ки боз як бечораро мусулмон карданианд?!»

Ва ғайраву ҳоказо…
Имрӯз ҳам адибон натанҳо тавассути асарҳои бадеӣ, балки ҳамарӯза ба воситаи мақолаву суҳбатҳояшон дар воситаҳои ахбори умум бо ҷаҳлу таассуб ва тундравию ифротгароӣ дар набарданд. Зеро хуб дарк мекунанд, ки тафаккуру амалҳои ифротгароён ба ҳар яки мо ва дар маҷмуъ ба ҳастии миллату давлати мо хавфи бевосита дорад. Адабиёт офарандаву тарғибгари беҳтарин хислатҳои инсонӣ ва арзишҳои маънавист, лекин онҳо душманони ин хислатҳову арзишҳоянд ва ҳадафи ниҳоиашон тавассути бор кардани арзишҳои бегона нестии давлатҳои миллист.

Ҳамин буд, ки адибон аз рӯзи аввал дар паҳлуи сарвари замони нав Эмомалӣ Раҳмон – шахсияте буданд, ки ин миллат, ин сарзаминро бо ҳама арзишҳои волою бемислаш дӯст медораду барои ҳифзу бақояшон борҳо ҷони азизашро сипар кардааст. Ҳамин буд, ки якдилона Паёмашро ба Маҷлиси Олӣ, суҳбати амиқу дилсӯзонаашро бо намояндагони ҷомеаву ходимони дин ва таҳриру иловаҳояшро ба ду қонуни маъруфи миллӣ хуш пазируфтанду тавассути навиштаҳои зиёд дар рӯзномаҳо ва суҳбатҳо дар садову симо ҳамовозӣ кардаанд. Бо масъулияти тамом изҳор мекунам, ки аҳли адаб Пешвои миллатро, ки посдори воқеии симои миллат ва арзишҳои бузурги маънавии онанд, доимо самимона дастгирӣ кардаанд ва минбаъд ҳам аз таҳти дил дастгирӣ хоҳанд кард.

Бо истифода аз фурсат чанд пешниҳод манзур мешавад:
– асарҳои мунтахаби адабиётамон, ки тарғибгари аёни арзишҳои миллианд, бо теъдоди басанда чоп ва дастраси наврасону ҷавонон карда шаванд;
– пеши роҳи пахши сурудҳои бемоя дар толорҳо ва садову симо гирифта, сурудҳои зиёди баландмазмуни ватандӯстонае, ки шоиронамон дар сӣ соли охир дар бораи Ватан, Тоҷикистон, Истиқлол, Ваҳдат, Наврӯз, Дӯстӣ, Артиши миллӣ, Муҳаббату Садоқат навиштаанд, пахшу тарғиб карда шаванд;
– таҳияи китобчаҳои чопию садоӣ дар бораи забону адабиёт, санаҳои муҳимми таъриху фарҳангамон ва бузургони он барои боғчаҳову мактабҳо роҳандозӣ шавад;
– роману қиссаҳои зиёди таърихӣ, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ навишта шудаанду бинобар камии теъдоди нашрашон дастраси мардум нестанд, тавассути гуфторҳои адабӣ ва намоишномаҳо дар садову симо ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ манзур карда шаванд;
– қаҳрамонсозии намояндагони ҳаракату равияҳои иртиҷоии собиқ, аз ҷумла босмачигӣ ва сиёҳ кардани сохти шуравӣ, ки халқи моро аз ҷоҳилону мутаассибон озод ва Тоҷикистонро ба қадри имкон обод намуд, маҳкум карда шавад. Аз ёдҳо нарафтааст, ки зуҳури ҳизби ифротии исломӣ ва амалҳои хунини он дар солҳои 80-90 аз ҳамин қаҳрамонсозиву ҳамин сиёҳкуниҳо сар шуда буд;
– ҷиҳати аз байн бурдани номҳои зиёди бегонаи ашхос ва унвонхои аҷнабии иншооту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо оҷилан чораҳои муассир андешида, минбаъд ба ин кор қатъиян роҳ дода нашавад.

Воқеан, дар ҳамаи ин корҳо ҳизбамон бевосита саҳм гузошта метавонад. Бубинед, ки дар ин рӯзҳо ҳизби ҳокими Россия барои Ватану ҳамватанонаш чӣ корҳое мекунад. Аҳли адаби кишвар бовар доранд, ки хиради азалии халқи фарҳангию фарҳангофарамон бар ҷаҳолату разолат ва афсонабофиҳои содалавҳонаи дақёнусӣ пирӯз мешавад. Тоҷикистони озоду обод, дунявию мардумсолор, ҳуқуқбунёду ҳақшинос хонаи азизу муқаддаси мост. Кӣ мехоҳад, ки хонаи орзую ормонашро ҷавлонгаҳи тафаккуру амалҳои ғайриинсонӣ бубинад? Ҳеҷ кас! Аз ин рӯ, муборизаи азалию абадии ақлу ҷаҳл, разолату муҳаббат, инсону шайтон идома дорад. Хароб карданд, обод мекунем, шикастанд, мепайвандем, сӯхтанд, месозем. Ҳарфамон бо харобкорон бояд қатъӣ бошад:

Аз ҷону дил ин хонаро ман сохтам, ту сӯхтӣ,
Як кишвари афсонаро ман сохтам, ту сӯхтӣ.
Шуд меҳр раҳбар умрҳо, бо хишти бовар умрҳо
Кошӣ басо кошонаро ман сохтам, ту сӯхтӣ.
Дар суннати мардонагӣ бо ҷаҳду бо фарзонагӣ
Бозуву китфу шонаро ман сохтам, ту сӯхтӣ.
Аз суннати пурнури пеш, аз маънавӣ дунёи хеш
Сад суннати мардонаро ман сохтам, ту сӯхтӣ.
Аз расму оини қурун монеаву садди фузун
Расму раҳи бегонаро ман сохтам, ту сӯхтӣ.
Бо сабҳаи саддонаат куштӣ ҳазорон завқро,
Сад кишти милёндонаро ман сохтам, ту сӯхтӣ.
Парвонаро пар дода ман, бар ишқ бовар дода ман,
Афсонаи парвонаро ман сохтам, ту сӯхтӣ.
Куштӣ фурӯзон шамъро, кардӣ парешон ҷамъро,
Сад ҷамъи зулфу шонаро ман сохтам, ту сӯхтӣ.
Барбод кардӣ ҳар қадар, бунёд кардам бештар,
Дунёи ҷовидонаро ман сохтам, ту сӯхтӣ.
…То ҳаст дини сӯхтан рӯи замин, зери само,
Ҳам ҳаст дини сохтан, поён надорад разми мо!

 

Дигар хабарҳо