Подоши заҳмати мутарҷим. (Тарҷумаи ду очерки устод Садриддин Айнӣ ба забони англисӣ)
Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ
Яке аз рӯйдодҳои муҳимми солҳои охир, ки аз ҷониби масъулони Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст, ба забонҳои хориҷӣ тарҷума кардани асарҳои адибони тоҷик мебошад. Дар ин росто дар чанд соли охир иқдомҳои шоистае амалӣ гардидаанд, ки аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо тарҷумаи бевоситаи очеркҳои таърихию бадеии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддини Айнӣ “Исёни Муқаннаъ” ва “Қаҳрамони халқи Тоҷик Темурмалик” аз забони тоҷикӣ ба забони англисӣ аст. Ҳарду асарро доктори илмҳои филологӣ, профессори ДМТ, забоншинос, луғатнигор ва мутарҷими маъруф Абдусалом Маҳмадназаров тарҷума кардааст.
Тарҷумаи англисии ду очерки устод Айнӣ: “Исёни Муқаннаъ” ва “Қаҳрамони халқи Тоҷик Темурмалик” таҳти унвони “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи Тоҷик Темурмалик” дар нашриёти маъруфи “Роутлиҷ” (“Routledge”, London and New York), ки махсуси нашри асарҳои илмӣ-таърихӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосир аст, соли 2024 чоп шуд. Ин нашриёт махсуси Лондон ва Ню-йорк буда, муштариёнаш, пеш аз ҳама, хонандагони кашварҳои қитъаҳои Аврупову Амрико ва баъдан ҳамаи англисизабонону англисихонони ҷаҳонанд. Бартарии ин нашр аз он иборат аст, ки бо таҳқиқу тавзеҳ ҳамроҳ буда, ҳамчун монографияи илмӣ пешниҳод шудааст. Барои дар ин шакл чоп шудани очеркҳо саҳми муҳаррири асар, профессор Ҷонатан Зартман (ИМА) ҳам назаррас ва қобили ситоиш аст.
Мушоҳидаҳои Ҷ. Зартман аз муҳтавои очеркҳои мавриди назар, равиши кори устод Айнӣ дар таснифи очеркҳо, фарқи мавқеи мусаннифи очеркҳои мавриди назар бо Табарӣ ва дигар таърихнигорон, ки аз онҳо устод Айнӣ ҳамчун манбаъ суд ҷустаанд, дар баёни воқеаҳои таърихӣ, инчунин, усули бархурд ба масъалаҳо, тарзи баррасӣ ва андешаҳояш аз мавқеи фикрии як нафар муҳаққиқи хориҷӣ ҷиҳати назархоҳӣ ва усули омӯзишу пажӯҳиш барои муҳаққиқони огоҳ бисёр муҳим ҳастанд. Ба мушоҳидаи саҳеҳи Ҷ. Зартман, устод Айнӣ ба сарчашмаҳои мавриди истифода қарордодаи худ муносибати танқидӣ доштанд.
Агарчи ба сурати омода ва нашршуда “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон…” барои хонандагони англисизабони дунё пешбинӣ шудааст, аҳаммияти он аз назари сифати тарҷума, сохтор ва банду басти якҷояи очеркҳо ҳамчун асари монографӣ, фарогирии маводди зиёди вобаста ба муаллифи очеркҳо ва мавзуи онҳо дар бахшҳои гуногуни китоб, андешаҳои мундариҷ дар муқаддимаи мутарҷим, пешсухани муҳаррир Ҷ. Зартман, пешгуфтори М. Имомзода ва замимаҳои бар мабнои меъёрҳои ҷаҳонии илмӣ омодашуда ба арзиши фарҳангӣ, ҷомеашинохтӣ ва таълимии он меафзояд. Ба сифати тарҷумаи очеркҳо аз назари забон ва услуби баён мутахассисон баҳои баланд додаанд.
Бинобар ин, дар ин хусус сухан назди мо кӯтоҳ аст. Ба масъалаҳои дигари дар боло зикршуда ба таври ихтисор ишора хоҳем кард.
Китоб бо сарсухани тарҷумон сар мешавад. А. Маҳмадназаров дар ин сарсухан оид ба инъикоси чеҳраҳои Муқаннаъ ва Темурмалик дар адабиёти тоҷик, рус ва дигар миллатҳо дар ду садаи охир сухан ба миён овардааст. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки баъд аз устод Айнӣ дар эҷодиёти адибони дигари тоҷик, ба монанди С. Улуғзода, М. Бахтӣ, М. Хоҷазод, У. Кӯҳзод, Лоиқ, Ҳ. Ғоиб, Н. Қосим, Фарзона, А. Раҳматзод, Н. Ниёзӣ, М. Салим, Д. Эгамзод ва дигарон низ образи ин ду шахсияти таърихиро ҷустуҷӯ кардан мумкин аст. Дар ҳамин сурат таҳқиқи қиёсии образҳои ду қаҳрамони мавриди назар дар насру назми муосири тоҷикӣ мавзуи таҳқиқии ҷолибе хоҳад буд.
Дар пешгуфтори Ҷ. Зартман сараввал аҳаммияти асарҳои устод Айнӣ барои донишҷӯён ва хонандагони англисизабон дар омӯзиши воқеаҳои маълуми таърихӣ дар батни фанни таълимии “Таърихи Осиёи Марказӣ” дар ИМА ва кишварҳои Ғарб таъкид гардида, ба махсусиятҳои “истифодаи имлои истилоҳоти маъмул дар забони англисӣ” ишора мешавад. Сонӣ беш аз дувоздаҳ сарчашмаи таърихии мавриди истифода қарор додаи нависанда, аз ҷумла, манобеи таърихие, амсоли “Таърихи Табарӣ”, “Равзат-ус-сафо”, “Таърихи Наршахӣ” бо диди интиқодӣ таҳлил гардида, мизони истифода ва саҳеҳ будани иқтибосоту ирҷооти муаллифи очеркҳо аз ин манобеъ таҳлил мешавад.
Ниҳоят, Ҷ. Зартман, дар асоси талаботи коршиносони нашриёти “Роутлиҷ”, ҳамаи иқтибосҳои дар очеркҳои устод Айнӣ омадаро бо асарҳои таърихие, ки ба забони англисӣ ва дигар забонҳои ғарбӣ дар замони муосир тарҷума ва нашр шудаанд, муқоиса карда, дурустии онҳоро исбот намудааст. Ба назари мо, чунин муносибати Ҷ. Зартман ба сарчашмаҳои истифода кардаи муаллифи очеркҳо аз он ҷиҳат асоси илмӣ пайдо мекунад, ки очеркҳо моҳиятан таърихӣ-тадқиқотӣ (“Исёни Муқаннаъ”) ва таърихӣ-бадеӣ (“Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”) мебошанд.
Назари Ҷ. Зартман дар ин муқаддима фарох, бидуни маҳдудияту ғаразе, огоҳона ва олимона баён шудааст. Ба назари мо, як муҳаққиқи ростин бояд ба асари бадеӣ ба монанди ҳамин муҳаққиқ муносибат кунад. Мушоҳидаҳояш бисёр дақиқанд. Барои мисол, дар таҳқиқи масъалаи истифодаи устод Айнӣ аз “Таърихи Бухоро”-и Наршахӣ дар очерки “Исёни Муқаннаъ” ба чунин натиҷаи равшан расидааст: “Дар очерки “Исёни Муқаннаъ” С. Айнӣ аз “Таърихи Бухоро”-и Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари ал-Наршахӣ 38 маротиба бевосита ва се маротибаи дигар дар тавзеҳоти поварақ иқтибос овардааст”. Дар қиёс ба теъдоди зиёди иқтибосу истинод дар ин асар, таъкид мешавад, ки дар очерки дуюм нависанда “аз сарчашмаҳои худ хеле кам иқтибос меоварад”. Андешаҳои Ҷ. Зартман дар хусуси ҷанбаҳои дигари кори устод Айнӣ дар таснифи очеркҳо, ба мисли решаи шахсиятҳои қаҳрамонҳо, маънӣ ва таърифи номҳо ва истилоҳо- те, ки тавзеҳ дода шудаанд ва умуман, вожашиносӣ, дастовардҳои фикрӣ ва фарҳангии донишмандону бузургони дигар ва ғайра хеле ҷолиб ва сазовори диққат ҳастанд.
Дар пешгуфтори академик М. Имомзода бо унвони “Рисолати хидмат ба Ватан” сухан аз шароити таърихии навишта шудани ҳарду очерк (замони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945) оғоз гардида, таъкид мешавад, ки “услуби нигориши онҳо ба руҳи ҳассоси замони Ҷанги Ватанӣ пурра мувофиқат дорад”.
Албатта, руҳияи нависанда ҳам ба воқеияти ҳамон солҳо мувофиқ буд. Дар идома ба масъалаҳои муаррифи сохтору муҳтаво ва вижагиҳои очеркҳо, назари хосси устод Айнӣ дар тасвири чеҳраи Муқаннаъ (Ҳошим ибни Ҳаким) ва Темурмалики Хуҷандӣ таваҷҷуҳ шудааст. Назари таҳлилию ташреҳӣ дар ин пешгуфтор ва зикри бархе аз муҳимтарин мухтассоти мавзуию бадеии очеркҳо барои дарки моҳияти аслии асарҳо кумак мекунанд.
Масалан, барои хонандаи хушзеҳн огоҳӣ аз вижагиҳои услуби таҳқиқи илмӣ дар очерки “Исёни Муқаннаъ” ва бартарии услуби бадеӣ дар очерки “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” ҷиҳати ворид шудан ба ҷаҳони маърифати ҳунарии асарҳо равзанаи муҳиммест.
Бахши охири муқаддимотии асар “Тарҷумаи ҳоли Садриддин Саидмуродхоҷа Айнӣ (1878-1954)” ном дорад.
Зарурати мавҷудияти ин бахшро дар китоб А. Маҳмадназаров чунин тавзеҳ додааст: “Ҳангоми таҳияи ин монография муҳаррир Ҷ. Зартман ва мо ба унвони мутарҷим итминони комил доштем, ки бе зиндагиномаи муфассали устод Айнӣ, бе баррасии ҳаёт ва фаъолияти ӯ, бе таъкиди саҳми арзандаи С. Айнӣ дар адабиёти муосири тоҷик, бе шарҳу тавзеҳоти истилоҳоти ҷуғрофӣ, таърихӣ-фарҳангии миллӣ муаррифи ин асарҳо ба забони англисӣ ба хонандагони Ғарб ва Амрико нокомил хоҳад буд…”.
Ин бахш ҳосили кори муштараки тарҷумону муҳаррир ба унвони таҳиягарони монография ба ҳисоб меравад. Ва, чунонки аз охири иқтибос хонда мешавад, мухотаби ин бахши матлаб, мушаххасан, хонандагони Ғарб ва Амрико ва дар умум, алоқамандони англисизабони осори устод Айнӣ ҳастанд.
Китоби “Ҳамосаҳои миллии Тоҷикистон…” ғайр аз фарогирии тарҷумаи англисии асарҳои устод Айнӣ “Исёни Муқаннаъ” ва “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” ва муарифии онҳо ба хонандаи англисизабон, боз аз чанд ҷиҳати дигар ҳам дорои аҳаммият аст. Якум, шарҳи ҳоли аз назари илмӣ нисбатан пурратари устод Айнӣ тавассути ҳамин китоб ба хонандагони англисизабон пешниҳод шудааст. Ин кори муҳимро муҳаррири китоб ва мутарҷими очеркҳо, чунонки қаблан ёдовар шудаем, якҷоя анҷом додаанд. Онҳо дар навиштани шарҳи ҳоли муфассал ва муаррифии эҷодиёти устод Айнӣ аз бозёфтҳои солҳои охир, ки дар асарҳои олимони тоҷик ва хориҷӣ, ба мисли М. Шакурӣ, А. Афсаҳзод, М. Осимӣ, А. Сайфуллоев, А. Набавӣ, И. Бечка, П. Бергне, Е. Грасси, Ҷ. Перри ва дигарон дарҷ шудаанд, ба таври васеъ истифода кардаанд. Аз асарҳои муаллифи очеркҳои таърихӣ низ ҳамчун манбаи аслӣ истифода шудааст. Дуюм, дар заминаи шиносонидани корномаҳои бузурги ду фарзанди бузурги халқи тоҷик – Муқаннаъ ва Темурмалик, ба масъалаҳои марбут ба фарҳанг, адабиёт ва таърихи халқи тоҷик низ дахл мешавад, ки барои мухотабони асар нав ҳастанд.
Огоҳӣ аз муборизаи Муқаннаъ ва Темурмалик ба муқобили аҷнабиён ва омӯзиши корнамоиҳои онҳо барои доираи васеи хонандагон, сарфи назар аз мансубияти нажодию миллӣ, метавонад намунаи ибрат бошад. Дарвоқеъ, образҳои Муқаннаъ ва Темурмалик “аз доираи адабиёти миллии тоҷик берун баромада”, аҳаммият ва мақоми байналмилалӣ пайдо кардаанд. Беҳуда нест, ки дар мавзуи Темурмалик, қаҳрамониҳо ва пиромуни шахсияти ӯ дар адабиёти муосири тоҷик (беш аз бист) ва ҷаҳон асарҳои бадеӣ офарида шудааст. Ҳимояти сарзамини бумӣ аз таҷовузи бегонагон, таъкиди зарурати ваҳдат дар ҷомеа, бидуни шубҳа, дар ҳама адабиётҳо ва назди ҳама қавму милал аз ҷумлаи паёмҳои ҷовидонӣ ба ҳисоб мераванд. Сеюм, маводди иловагии дар замимаи китоб ҷой дода шуда, махсусан, муаррифиномаҳои ҳаштод чеҳраи таърихию адабии дар ду очерк тасвиршуда барои огоҳии доираи васеи хонандагон бисёр муфид ҳастанд. Дар зайли ҳар кадом номвожаҳои таърихию адабӣ манбаъҳои истифодашуда оварда шудаанд, ки ҷиҳати фарогирии иттилооти бештар заруранд. Чаҳорум, ҳамин гуна муносибат дар зикри рӯйдодҳои таърихӣ ҳам пайгирӣ мешавад, ки аз назари огоҳии таърихӣ дорои аҳаммиятанд. Дар ин замима ба дусад рӯйдоди таърихӣ ишора мешавад, ки дар бораи ҳар кадом маълумот ба даст овардан кори саҳл нест. Панҷум, замимаи дигар, ки дар он низ аз ду равиши ҳамгуни ёдшуда истифода шудааст, шарҳу тафсири амокини таърихии дар очеркҳои мавриди назар зикршуда мебошад. Сухан дар хусуси панҷоҳу шаш макони таърихӣ меравад.
Шашум, харитаҳои омода кардаи Ҷ. Зартман: а) харитаи самтҳои ҳаракати арабҳои истилогар ба Осиёи Миёна, б) харитаи роҳи ниҳоии Абумуслим, в) харитаи нокомиҳо ва фирори Султон Қутбиддин Муҳаммади Хоразмшоҳ ба огоҳиҳои хонанда афзуда, барои дарки рӯйдодҳои таърихӣ ёрӣ мерасонанд.
Қимати илмии китоби мавриди назар бояд махсус таъкид шавад. Маводди пеш аз матни тарҷумаи очеркҳо омодашуда: пешгуфтори академик М. Имомзода, муқаддимаи тарҷумон, пешгуфтори муҳаррир, зиндагинома ва эҷодиёти устод Айнӣ ва тавзеҳоти баъд аз матн: замимаҳое, ки ба сурати илмӣ омода шудаанд, аз назари илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ дорои аҳаммият буда, моҳияти таълимӣ низ доранд.
Чеҳраи профессор Абдусалом Маҳмадназаров дар ин китоб на танҳо ҳамчун мутарҷим, балки ба сифати муаллиф ва таҳиягар ҳам намудор мегардад.
Саҳми ӯ дар таълифи бахшҳои илмӣ ва таҳияи маводди фарогири китоб дар шакли монография низ қобили ситоиш аст.
Барои дарёфти иттилои муфассал аз китоби “Ҳамосаҳои миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи Тоҷик Темурмалик” (чопи Лондон ва Ню-Йорк) бояд ба нишонаи: https:// www.worldcat.org/title/1389616524 ворид шуд. Харидани китоб ба воситаи сайти https://www.routledge.com/Tajikistans-National-Epics-Muqannas-Rebellion- and-The-Tajik-Peoples/Zartman-Ayni/p/ book/9781032486086 имконпазир аст.
Китоби мавриди назар дар фурсати кӯтоҳи муаррифӣ ва ба фурӯш гузоштан ба хубӣ мавриди истиқболи доираи васеи олимону донишгоҳиён қарор гирифтааст.
Таваҷҷуҳи донишгоҳҳои маъруфи Аврупо ва Амрико ба ин асар бори дигар андешаи ҳамчун рисолаи пурарзиш ва ба сурати комил таҳия шудани онро таъйид менамояд.
Китоби “Ҳамосаҳои миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи Тоҷик Темурмалик” ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пешниҳод шудааст, ки шоистаи ҷонибдорист. Ин амр аз подоши шоистаи заҳмати мутарҷим дар сатҳи зарурӣ ва боиста дарак медиҳад.
М. Нарзиқул,
профессор



