Паёми ҳикматбор
Мардуми шарифи Тоҷикистон аз Паёми имсолаи Пешвои миллат самимона истиқбол намуда, нуктаҳои ҳикматборашро дастуре барои зиндагии фардои дурахшон мепазиранд.
Нуктаи муҳимме, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ садо дод, ҳал шудани баҳси марзӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон буд. Дар ин зимн, шартнома байни ҷамоҳири Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон бобати нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва «Эъломияи Хуҷанд» доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид.
Бузургмарди ҷаҳони сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар хатари обшавии босуръати пиряхҳо пайваста тадбир меҷӯянд. Баргузории Конфронси аввалини байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи қатъномаи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид аз ин ҷумла аст. Ҳамзамон, бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» (12.12.2025) ба тасвиб расид.
Тадбирандешиҳои Сарвари давлат ба зиндагии шоистаи мардум такони мусбат бахшида, туфайли роҳнамоии оқилона миллати тоҷик ҳампойи давлатҳои мутамаддин пеш меравад. Ин нукта дар Паём бо тақвияти рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ, сайёҳӣ ва беҳдошти фазои сармоягузорӣ таъкид гардидааст.
Дар Паём Роҳбари давлат ба рушди илму маориф таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуданд. Доноёни рӯзгор фармудаанд, ки “Чун илм азбар кардед, онро ба дигарон биомӯзонед. Вагарна илми андӯхтаи шумо илм нест”. Ин ҳикматро Ҷаноби Олӣ кайҳо омӯхтаву аз рӯйи он кор мегиранд. Тасмим гирифтанашон дар самти ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне, омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳамин зовия маншаъ мегирад.
Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки вазъи амалишавии «Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030»-ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт амалишаванда такмил диҳад. Аз соли 2014 ин ҷониб ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба низоми кредитӣ гузаронида шуда, Тоҷикистони соҳибистиқлол пурра ба саҳнаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардидааст.
Президенти кишвар ҳамеша таъкид бар он мекунанд, ки “ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад”.
Аз Паём бармеояд, ки дар асри рушди илму техника ва технология мутахассисони давлатҳои мутамаддину рушдёбандаи дунё аз офтоб барқ истеҳсол мекунанд. Олимони мо аз онҳо чӣ камӣ доранд? Месазад дар ин роҳ фарзандони босаводу соҳибҳунарро ба камол бирасонем. Дар сурати пойбанди ҷаҳлу нодонӣ мондани насли ҷавон ба сари ҷомеа пайомадҳои нохуш омаданаш аз эҳтимол дур нест.
Соли 2025 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд. Бо назардошти ин, Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.
Ба хотири маърифатнокӣ ва боло бурдани завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шудааст.
Президенти маҳбубамон мероси таърихиву фарҳангиро шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик номида, зикр карданд, ки бештар аз 70 дарсади ин меросро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз, масъулони соҳаро вазифадор карданд, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол намоянд.
Дар Паём бо қаноатмандӣ зикр ёфт, ки соли 2025 бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарист.
Шинохти миллат аз эътирофи шоҳкорҳои фарзандонаш дар арсаи байналмилалӣ маншаъ мегирад. Сиёсатмадори тавонманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош меварзанд, ки ахтарони тобноки миллати тоҷикро ба оламиён рӯшантар бинамоёнанд. Дар ин замина “… мероси оламшумули аҷдоди худро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем”, – изҳор доштанд Президент. Бо ин мақсад вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи нахустин мусиқишинос ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ Борбади Марвазӣ (асрҳои VI-VII-и милодӣ) тадобири зарурӣ андешанд. Ҳамчунин ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе Конуни тамаддуни ориёиро бунёд созанд.
Саҳми ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани азизамон дар нуктаҳои Паём пурра таҷассум ёфта, ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо таъкид гардидааст.
Президенти мамлакат дар сиёсати дохилии ҷумҳурӣ масъалаҳои марбут ба занонро мавзуи меҳварӣ қарор дода, тарбия ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин намудани бонувону духтарони лаёқатмандро маҳаки пешравӣ дониста, бар ин боваранд, ки модарон барои тарбияи фарзандон дар руҳияи илмомӯзӣ ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», риояи расму ойин ва суннату анъанаҳои тоҷикона худро масъул мешуморанд.
Дар пайи талошҳои Сарвари давлат ҷиҳати пешрафти илму маърифат, таълиму тарбия ва боло бурдани худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон моро зарур аст, ки якдилона ҳамраъй шуда, бо “шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯйи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем. Ин қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост!”
Сипеҳр Ҳасанзод,
адиб



