Паёми матбуоти тоҷик

 Паёми матбуоти тоҷик

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба пешвози 100-со­лагии таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» конфронси илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Гардонандаи маҳфил муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод дар оғози конфронс иброз дошт, ки ин рӯз­нома дар ҳаёти адабиву сиёсӣ ва илмии мо нақши муҳим дорад. Чанде аз адибонамон кори эҷоди­яшонро дар он оғоз бахшидаанд. Дар таъсисёбии рӯзнома Садрид­дин Айнӣ, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов ва дигарон тало­ши зиёд кардаанд. Ҳамин тавр, 25 августи соли 1924 рӯзномаи «Овози тоҷики камбағал» таъсис ёфт.

Аз устод Айнӣ сар карда, дигар адибону зиёиён дар он навиштаҳои худро нашр менаму­данд. Ҳам барои рушди маорифу фарҳанг ва ҳам барои ташкил ёфтани ҷумҳуриямон нақши ин рӯзнома зиёд аст. Устод Садрид­дин Айнӣ ҳамчун пешоҳанг ҳам худ дар он мақолаҳо менавишт ва ҳам дигаронро ба навиштан ташвиқ мекард. «Овози тоҷик» нахустин мактабест, ки дар он рӯзноманигорони мо тарбия ёфтаанд.

Мудири бахши насри ИНТ Сироҷиддин Икромӣ дар мавзуи «Овози тоҷик», таърихи таъ­сисёбӣ ва ғамхории устод Сад­риддин Айнӣ» маъруза пешниҳод намуд.

– Дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чанд мақола дар бораи камина ба нашр расидаасту чандин номаа­мро ҳам чоп кардаанд. Соли 1995 бо академик Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ ва Гулназар Келдӣ дар Тошканд меҳмони рӯзнома будем. Он замон сармуҳаррир Шавкат Ниёзӣ буд. Ба кори рӯз­нома ҷиддӣ муносибат доштанд, – гуфт Нависандаи халқии Тоҷи­кистон Абдулҳамид Самад.

Нависанда Мирзо Шукурзода аз он ёдовар шуд, ки дар замони шуравӣ дар рӯзномаи мазкур таҷрибаомӯз будааст.

Нависандаи ҳаҷвнигор Наҷ­миддин Шоҳинбод аз пажуҳишҳои суратёфта дар бораи «Овози тоҷик» ва ибтикороти минбаъда дар ин самт сухан карда, таъкид намуд:

– Дар ояндаи наздик баргузо­рии ҳамоиши байналмилалии Ит­тифоқҳои журналистони Тоҷикис­тону Ӯзбекистон дар назар аст. Ва китоби муштараки донишномаи «Овози тоҷик» ба нашр мерасад. Дар вилояти Суғд ҳам ҳамоише тарҳрезӣ хоҳад шуд.

Ҳамзамон пажуҳишгар ва рӯзноманигор Қурбон Аламшо дар мавзуи саҳми Шотемур дар тақвияти ин рӯзнома маводҳои нодир дарёфт кардааст, ки ба наздикӣ ба табъ мерасанд.

Профессор Мурод Муродӣ чунин изҳори назар кард:

– Дар бораи нашрияе, ки имрӯз суҳбат дорем, профессор Азимҷон Азимов рисолаи номза­дӣ навишт, профессор Иброҳим Усмонов ҳамчун пажуҳишгар корҳои зиёд ба анҷом расонд, мо ҳам як силсила мақола чоп намудем. Зеро ин нашрия барои даҳҳо рисолаи илмӣ мавод дода метавонад. Чунки инъикосгари ҳаёти мардум буда, аз таърихи тоҷикон дифоъ кардааст. Сад­риддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Абдуқаюм Қурбӣ, Ҳоҷӣ Муин, Тӯрақул Зеҳнӣ, Баҳриддин Азизӣ ва чандин нафари дигар неруи худро барои чопи рӯзнома сарф намудаанд. «Овози тоҷик» мода­ри матбуоти тоҷик аст.

Нависандаи халқии Тоҷикис­тон Ато Ҳамдам, рӯзноманигор Қироншо Шарифзода, корманди китобхонаи миллӣ, пажуҳишгар Муҳаммадиқбол Атоев, адиб Сулаймон Эрматов ва дигарон низ дар бораи рӯзномаи «Овози тоҷик» андешаҳо баён доштанд.

 

Дигар хабарҳо