Пайванди адиб ва замон
Чанде пеш дар Ҷумҳурии Белорус чорабиниҳои адабии вобаста ба Намоишгоҳи байналмилалии китоби Минск ва симпозиуми «Адиб ва замон» баргузор гадид. Дар ин чорабиниҳо аз Тоҷикистон Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам ва сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» Саид Сангин иштирок намуданд.
Гуфтанист, ки адибон дар баробари дар чорабиниҳои илмию адабие, ки ҷониби Беларус ташкил карда буд, инчунин конфронс ба муносибати 2550-солагии нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи ҷаҳон ё Устувонаи Куруши Кабир, ки аз сӯйи Сафорати Тоҷикистон дар Беларус доир гардид, ширкат варзиданд.
Саид Сангин пас аз суханронии сафири Тоҷикистон дар Беларус ва сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин мавзуъ маъруза кард.
Таваҷҷуҳи олимони беларус ба таърихи бостонии халқҳои ориёинажод ва бевосита ба арзиши баланди Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ҷолиб буд. Онҳо дидгоҳи худро нисбат ба таърихи пурғановати мо баён карданд.
Ин тадбирҳо дар таҳкими муносибатҳои бародарони Тоҷикистону Белорус такони дигаре хоҳанд гузошт.



