ПАДИДАҲОИ АДАБИИ СӢ СОЛ

Дар тўли 30 соли соҳибистиқлолӣ падидаву рўйдодҳои зиёди  адабие ба вуқўъ пайвастанд, ки ба рушди адабиёти имрўз ва умуман ба маънавиёти мардум таъсиргузор буданд. Аз ҳамон оғози давлатдории навин Ҳукумати мамлакат гиромидошти бузургони адаб ва таҷлили солҷашнҳоро дар маркази диққати сиёсати фарҳангии худ қарор дода буд ва ин ибтикорот сол ба сол бо устувортар шудани пояҳои давлати соҳибистиқлоламон бештару фаротар амалӣ мешуданд.

 ***

Ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣрост омадани бузургдошти Ҳаким Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»- и безаволи ў рамзӣ буда, гувоҳи таваҷҷуҳи хос доштани давлат ба миллатдўстиву миллатпарварӣ ва ҳувияти миллӣ дониста мешуд, зеро миллитарин осори адабиёти классикии мо — «Шоҳнома» ва миллитарин шоири классикиамон Фирдавсӣ мебошад.

***

Соли 2008 бо иштироки Пешвои муҳтарами миллат ва намояндагони зиёди кишварҳои хориҷӣ 1150-солагии поягузори адабиёти форсиву тоҷикӣ устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар зодгоҳаш дар сатҳи хеле баланд баргузор шуд. Ин ҷашн аслан аз ибтидо то охири ҳамон сол дар ҳама гўшаву канорҳои кишварамон имтидод ёфт ва «Бўи ҷўйи Мўлиён» дар ҳама ҷо паро- канда шуду димоғҳоро муаттар кард. Дар ҳама суханрониҳо устод Рўдакӣ чун симои тобноктарин ва ифтихорофарини фарҳангу адабамон ёд мешуд.

Метавон гуфт, ки ба шарофати ин ҷашни бузург рўдакишиносӣ ва рўдакипажўҳии мо ба марҳалаи нав ворид гардид. Ин ҳама, албатта, ба шарофат ва баракати Истиқлоли давлатамон буду нишони арҷгузорӣ ба бузургон.

***

Таҷлили 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ соли 2008 низ аз қабили муҳимтарин падидаҳои адабии ин даврон буд ва дар сатҳи шоиста баргузор гардид. Ба ифтихори ин ҷашни бузурги адабӣ роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни осори Мавлоно таҳқиқоту пажўҳишҳои зиёде анҷом дода шуданд ва шеърҳои ин шо- ири ориф ба сурати китобҳои алоҳида пешкаши мардум гардиданд. Таҷлили 800-солагии Мавлоно посухи қотеона ба иддаои онҳое буд, ки ин шоири бузургро ба тоҷикон бегона медонистанд.

***

Моҳи октябри соли2014 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 600-солагии шоир ва орифи бузурги тоҷик Симпозиуми байналмилалӣ бо номи «Ҷойгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърихи тамаддуни Шарқ» баргузор шуд. Дар ин нишаст донишмандон аз саросари дунё иштирок доштандва дар бораи вижагиҳои осори Ҷомӣ суханронӣ намуданд.

***

Соли 2015 150-солагии шоири номвари тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар сатҳи шоиста ҷашн гирифта шуд. Дар конфронси байнамилалӣ, ки ба осори Туғрал ихтисос дошт, меҳмонон аз Шарқу Ғарб, аз ҷумла, аз кишварҳои форсизабон иштирок доштанд. Кохи фарҳангии ноҳияи Айнӣ, муҷассамаи шоир дар зодгоҳаш- деҳаи Зосун ва куллиёти осори ў самараи ҳамон ҷашн мебошанд.

***

Соли 2015 ба муносибати 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Ҳамоиши байналмилалӣ барпо гардид. Дар ин ҳамоиши пуршукўҳ донишмандон аз кишварҳои Русия, Амрико, Фаронса, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон ва Ўзбекистон ширкат варзиданд.

Суханронии меҳмонон дар бораи шахсият ва осори орифи бузург баёнгари ҷойгоҳи волои ў дар адабу ирфони гузаштаамон буд.

***

Соли 2016 шаҳри Душанбе мизбонишоирони кишварҳои ҳавзаи Наврўз буд. Дар ин ҳамоиши таърихӣ шоирон аз кишварҳои Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Ўзбекистон, Туркманистон, Русия, Белорусия, Ҳоланд, Шведсия, Амрико, Қирғизистон, Қазоқистон ва ғайраҳо иштирок намуданд. Дар ҷаласаи асосии ин ҳамоиш, ки дар Кохи Борбад сурат гирифт, Пешвои миллат иштирок ва суханронӣ намуданд. Сухани машҳури «Ман шоиронро дўст медорам»-и Роҳбари давлат ҳамон вақт садо дода буд ва бо кафкўбиҳои пурмавҷ истиқбол шуд.

Меҳмонон дар шабу рўзҳои Наврўз дар толори Иттифоқи нависандагон ва дигар толорҳо шеърхонӣ карданд.

Китоби «Шеърборон» ҳосили ҳамон айём буда, намунаҳои ашъори шоирони кишварҳои ҳавзаи Наврўзро фаро гирифтааст.

***

Соли 2020

700 — солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Пешвои миллат таҷлил гардид. Сарвари давлат дар бораи мақоми баланди «булбули Хуҷанд» суханронии пурмуҳтаво доштанд.

Ба ифтихори ин ҷашн китобҳои зиёди пажўҳишӣ роҷеъ ба осори Камол таълиф шуданд ва кул- лиёти шоир бо сифати баланд ва бо пешсухани Пешвои миллат ба зевари табъ ороста шуд.

Мавриди зикр аст, ки қаблан бо супориши Президенти кишвар порае аз хоки турбати Камоли Хуҷандӣ аз шаҳри Табрез базодгоҳаш шаҳри Хуҷанд оварда шуд ва дар маркази шаҳр мақбараи зебову дидании шоир қомат афрохт. Ҳоло боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ ба зеботарин сайргоҳ ва мақбараи ў ба зиёратгоҳи хосу ом табдил ёфтааст.

***

Дар замони соҳибистиқлолӣ 5 маротиба Анҷумани Иттифоқи нависандагон баргузор шуд ва аъзои ИНТ аз саросари кишвар дар пойтахт ҷамъ омада, адибони маъруф — Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ ва Низом Қосимро дудафъаӣ раис интихоб карданд.

***

Дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамчунин солҷашнҳои адибони муосирамон дар сатҳи баланд баргузор гардиданд ва маҳфилҳои зиёди адабӣ вобаста ба бузургдошти онҳо дар ҳама кунҷу канори кишвар барпо шуданд. Ҳамасола 15 апрел баргузор шудани конфронсҳо вобаста ба устод Садриддин Айнӣ далели равшани арҷгузории давлату ҳукумат ба нахустқаҳрамони Тоҷикистон мебошад. Таҷлили шоистаи 100 ва 110- солагии устод Мирзо Турсунзода, 80 ва 85-солагии Муъмин Қаноат, 80-солагии Лоиқ Шералӣ ва дигар адибони маъруфи муосир аз рўйдодҳои охири даврони мавриди назар мебошанд.

Таҳияи Т. Халилӣ

Дигар хабарҳо