ОСОРХОНАИ БУЗУРГМАРД
— Салом, бузургмард, фарзанди тоҷик, аз насли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синою Берунӣ ва Хоҷа Камолу Асирӣ!
Ин нидо дар Исфисор, дар саҳни ҳавлии Осорхонаи ҷумҳуриявии аллома Бобоҷон Ғафуров беихтиёр аз вуҷудам берун шуд. Бо тааҷҷуб ба ҳамроҳонам нигаристам. Онҳо дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон, ки паҳлуи чапи онро шоҳасари ӯ – «Тоҷикон» зеб мебахшад, ба нишони эҳтиром сари таъзим фуруд меоварданд.
Бале, фарзонафарзандони миллатро на фақат дар зиндагиашон, балки баъди маргашон низ эҳтирому арчҷузорӣ бояд кард, руҳашонро шод намуд, дар пояи муҷассамаашон сари таъзим фуруд овард. Ба кавли академик, бостоншинос Борис Анатолевич Литвинский, Бобоҷон Ғафуров моро аз задухӯрдҳо, аз саҳифаҳои таърихи хешу бегона, аз сангнавиштаҳо ҷустуҷӯ карду ёфт. Акнун қарзи мост, то ӯро аз ёдҳо ҷамъ орем, суханони нонавиштаашро рақам занем.
Дар ҷое хонда будам, ки зимни сафарҳои хориҷӣ, мулоқоти расмӣ ва анҷуманҳои байналмилалии илмӣ Бобоҷон Ғафуров ҳамеша тоқии тоҷикӣ бар сар гузошта мегуфтааст: «Ман намояндаи давлати Иттиҳоди Шуравиям, лекин фарзанди тоҷикам, аз насли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синою Берунӣ ва Хоҷа Камолу Тошхӯҷаи Асириам».
Ба хаёлам, ҳар нафари ба ин ҷо омадаро Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик Бобоҷон Ғафуров рамзан худ истиқбол мегирад.
Хонандаи азиз, тасаввур кунед, ки шумо низ дар ин соат моро ҳамсафаред. Пас ҳамроҳ вориди бино мешавем. Роҳбалад бо чеҳраи кушодаю забони ширин моро ба дунёи ин марди хирад роҳнамоӣ мекунад:
– Ассалому алейкум, меҳмонони гиромиқадр! Шуморо ба ин даргоҳи илму фарҳанг – Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров хуш омадед мегӯем…
Аз суҳбати роҳбалад маълум шуд, ки Осорхона бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 17 апрели соли 1998, таҳти рақами 105, барои абадӣ гардонидани хотираи неки абармарди таърих, сиёсатмадори маъруфи халқи тоҷик, олим ва мутафаккири бузург Бобоҷон Ғафуров дар зодгоҳаш бунёд гардидааст. Бо ташаббус ва иқдоми неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, он пурра азнавсозӣ гардида, санаи 14 ноябри соли 2023 дари худро ба рӯйи тамошобинон боз кардааст.
Сайри илмии мо аз ошёнаи якум шуруъ мешавад. Дар ду тарафи девор суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ва дигар шахсиятҳои маъруфи дунё дар бораи Бобоҷон Ғафуров дар лавҳаҳо насб шудаанд. Ин даргоҳи илму маърифат аз ду ошёна ва се толори намоишӣ иборат буда, дар 18 гӯша нигораҳо аз рӯйи хусусияти хронологӣ ҷойгир шуда, кору зиндагӣ, фаъолияти пурсамар, дастовардҳои илмӣ, офаридаҳои гаронарзиш ва мукофоту туҳфаҳои академик Бобоҷон Ғафуровро фаро гирифтааст. Дар маҷмуъ, осорхона аз се бахш – «Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба ҷамъоварӣ ва мероси таълифнамудаи академик Бобоҷон Ғафуров», «Таблиғоти мероси академик» ва «Китобхонаи электронӣ» иборат мебошад.
Дар ошёнаи дуюм дар мусаввараи рассом Насиба Эшонова гӯшае аз Хуҷанди бостон тасвир шудааст, ки дар он ҷо авлоду аҷдодони аллома Бобоҷон Ғафуров умр ба сар бурдаанд.
Дар Осорхона чор барелеф, яъне деворнигора мавҷуд аст, ки бозгӯи саҳифаҳои ҳаёти Бобоҷон Ғафуров буда, муаллифи онҳо рассом Юсуфҷон Юсупов мебошад. Дар ин гӯша аксҳои Қалъаи Хуҷанд, яке аз маҳаллаҳо ва Масҷиди Исфисор, ҳаёти иҷтимоии деҳот, ҷамъоварии пахта, акси синфхонаҳои мактаби куҳна ва мактаби Маҳмудхӯҷа Беҳбудии шаҳри Хуҷанд, ба намоиш гузошта шудааст, ки онҳо дар бораи муҳити ба воя расидан ва ташаккули Бобоҷон Ғафуров маълумот медиҳанд. Ин деворнигора сабаби аз Хуҷанди бостонӣ ба Исфисор кӯч бастани волидони Бобоҷон Ғафуров ва ҳаёти иҷтимоии онҳоро инъикос мекунад.
Падари Бобоҷон Ғафуров соли 1861 дар гузари Хоҷа Камоли шаҳри Хуҷанд дар оилаи ҳунарманди карбосбоф ба дунё омадааст. Ӯ баробари деҳқонӣ ва боғбонӣ дар даргоҳи бойҳои маҳаллӣ мардикорӣ, баъдтар дар роҳи оҳани истгоҳи Хуҷанд кор кардааст. Соли 1935 Ғафур Сангинов бар асари беморӣ фавтида, бори гарони зиндагӣ ба дӯши писараш Бобоҷон меафтад. Модари Бобоҷон Ғафуров – Розия Бойматова духтари усто Боймат 17 январи соли 1893, дар гузари Чоршанбеи шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст.
Розия аз хурдӣ соҳиби зеҳни тез ва ақли расо буда, асарҳои классикони тоҷику форс, аз ҷумла Фирдавсӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Аттор, Бедилро меомӯхтааст. Модари босаводу шеърфаҳм ва зиндагишинос барои Бобоҷон Ғафуров ганҷи бепоёни маънавӣ буд. Ӯ фарзандонро дарси адаб дода, барои расидан ба мақсадҳои олӣ ҳидоят мекард.
Бобоҷон Ғафуров дар яке аз суҳбатҳояш гуфта буд, ки саводи аввалини ибтидоиро аз модараш гирифтааст.
Дар ин деворнигора рафти кори Ғафур Сангинов дар роҳи оҳан, акси Розия Озод бо фарзандонаш Тоҷинисо, Зебинисо, Олимҷон ва замини кишт инъикос гардидааст.
Розия Озод ҳафт нафар фарзанд – Бобоҷон, Муъминҷон, Ҳомидҷон (дар хурдсолӣ фавтида буд), Тоҷинисо, Зебинисо, Ҳомидҷон (номи бародари фавтида) ва Олимҷонро ба дунё овардааст.
Гӯшаи навбатӣ моро бо муҳити оилавии Бобоҷон Ғафуров ошно месозад. Аксҳои падару модари Бобоҷон Ғафуров, Розия Озод бо вакилони Анҷумани ҷумҳуриявии занон, Бобоҷон Ғафуров бо хоҳаронаш Тоҷинисою Зебинисо ва бародари хурдӣ Олимҷон. Дар акси дигар, ки соли 1957 гирифта шудааст, Бобоҷон Ғафуровро ҳамроҳи хоҳарон ва аҳли пайвандонаш дар маросими дафни модар мебинем, Дар аксҳои дигар лаҳзаҳо аз фаъолияти ҳизбию давлатӣ, ҷаласаҳои КМ ҲК Тоҷикистон, вохӯрӣ бо шахсони ҳизбию давлатӣ ва фаъолзанон, инчунин, нусхаи Қарори Бюрои КМ ҲК Тоҷикистон дар бораи ба вазифаи мудири Шуъбаи матбуот ва нашриёти КМ ҲК Тоҷикистон, тасдиқ шудани Бобоҷон Ғафуров, аз 2 ноябри соли1937, инъикос гардидааст.Дар ин гӯша аксҳо бозгӯи давраи ҶБВ мебошанд, ки дар он солҳо Бобоҷон Ғафуров ҳамчун Котиби дуюми КМ ҲК Тоҷикистон тарғиботчии пуртаҷриба барои бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, сафарбарии ҷавонон ба фронт ва барои баланд бардоштани руҳияи ҷанговарон саҳми босазо гузошта буд.
Толори навбатӣ ба шоҳасари безаволи Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» бахшида шудааст. Нусхаи деворнигораи «Духтари уднавоз», «Саҳнаи ҷанги ҳокими Суғд бо аҷнабиён» аз Панҷакенти қадима ёфт шудааст. Бозёфтҳои давраи санг, ба асрҳои V-VIII тааллуқ дошта, ин ҳар ду аз хазинаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Осорхона тақдим шудааст.
Бобоҷон Ғафуров муаллифи зиёда аз 500 мақола ва як силсила китоб мебошад. Дар зершиша аввалин рисола ва асарҳои бунёдии Бобоҷон Ғафуров доир ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик гузошта шудаанд. Соли 1943 рисолаи Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон ва талошҳои таърихии онҳо барои озодии Ватан» бо забони русӣ ва соли 1947 китоби дигари ӯ «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» аз чоп мебарояд, ки дар он аз аҳди бостон то давраи Инқилоби Октябр мавриди таълиму омӯзиш қарор гирифтааст.Шоҳасари безаволи «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров соли 1972 бори аввал бо забони русӣ дар шаҳри Москва чоп гардида, баъдан ба забонҳои тоҷикӣ, лаҳистонӣ, англисӣ, ҷопонӣ, хитоӣ, арабӣ ва фаронсавӣ тарҷума шуда, зиёда аз 160 ҳазор нусха рӯи чопро дидааст. Бояд зикр кард, ки барои навиштани китоби «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 2000 сарчашмаи дохилию хориҷӣ, монография, рисолаҳо ва мақолаҳои илмиро мутолиа намуда, барои он 30 соли умри хешро сарф кардааст.
Бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 бо мақсади ошноӣ пайдо кардан ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо теъдоди 1 миллиону 600 ҳазор нусха чоп гардида, ба ҳар як оилаи тоҷику тоҷикистониён туҳфа шудааст.
Дар деворнигораи дигар рассом Камол Нодиров марҳалаҳои гуногуни таъриху тамаддуни тоҷикон аз рӯи мазмуни китоби «Тоҷикон» – симои савдогарони саккоӣ, тарҳи модагург бо ду кӯдак, Тошхӯҷа Асирӣ ҳангоми сангтарошӣ, мақбараи шоҳ Исмоили Сомонӣ, симои Искандари Мақдунӣ, деворнигораи Панҷакенти қадим, симои духтари шоҳ Тархун – Моҳлиқоро моҳирона тасвир кардааст. Дар қисми поёнии деворнигора ҳафриёти рамзӣ нишон дода шудааст, ки маънии корҳои тадқиқотию омӯзиширо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода мекунад ва инчунин, китоби рамзии «Тоҷикон»-ро мебинем, ки аз санги мармар сохта шудааст.
Толори дуюм ба фаъолияти ҳизбию сиёсии Бобоҷон Ғафуров ҳамчун Котиби якуми Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне сарвари сиёсии Тоҷикистон бахшида шудааст. Аксҳои дар ин ҷо гузошташуда фаъолияти Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун сарвари сиёсии Тоҷикистон дар ҳуҷраи корӣ, вохӯрӣ бо ходимони ҳизбию сиёсӣ дар ҷаласаҳои ҳизбӣ нишон медиҳанд. Инчунин, лаҳзаи иштирок дар ҷаласаи Академияи илмии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров соли 1951 таъсис ёфтааст ва аввалин президенти он устод Садриддин Айнӣ интихоб шудааст, инъикос гардидааст.
Дар солҳои Котиби якум будани Бобоҷон Ғафуров, давраи баъдиҷангӣ хеле вазнин буд, лекин новобаста ба мушкилиҳо соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ, кирмакпарварӣ, мактабу маориф, илму санъат рушд ёфта, неругоҳҳои барқи обии «Варзоб», «Сарбанд», «Шаршар», «Қайроққум», канали «Фарғона», бинои асосии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), бинои Донишгоҳи хоҷагии қишлоқ (ҳоло Донишгоҳи аграрии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур), Қасри Арбоб ба тариқи ҳашар, ба роҳ монда шудани хатсайри ҳавоии Сталинобод – Москва, хатсайри троллейбусҳо, биноҳои нави истиқоматии бисёрошёна, комбинати коркарди саноати кӯҳии Тагоб бунёд мегарданд.
Дар зершишаҳо нусхаи ҳуҷҷатҳо: ҳолнома, шаҳодатномаҳои депутатӣ ва нишонҳои сарисинагии давлатию хориҷии Бобоҷон Ғафуров, шаш ордени «Ленин», орденҳои «Инқилоби Октябр», «Байрақи сурхи меҳнат», «Барои меҳнати шуҷоатнок дар ҶБВ», «Байрақи сурхи Ҷумҳурии Халқии Муғулистон», медали тиллоии ҷашнии Шурои умумиҷаҳонии «Сулҳ» ва ғайра гирд оварда шудаанд, ки нусхаи аслии онҳо дар Осорхонаи миллӣ маҳфуз ҳастанд.
Гӯшаи навбатӣ ба фаъолияти пурсамари академик Бобоҷон Ғафуров дар давраи директори Пажуҳишгоҳи ховаршиносӣ будан, солҳои 1956-1977, бахшида шудааст. Аксҳо аз якчанд бахш иборат буда, онҳо бозгӯи робита бо сарварони давлатҳо, донишмандон, олимони ховаршинос, вохӯриҳо бо арбобони сиёсию давлатӣ, иштироки академик Бобоҷон Ғафуров дар конференсияҳои илмӣ, конгрессҳои байналхалқиянд. Ҳамчунин, дар ин ҷо харитаи сафарҳои академик Бобоҷон Ғафуров ба кишварҳои хориҷӣ ҷой дода шудааст. Дар ин гӯша лаҳзаи видоъ ва ба роҳи охират гуселонидани академик Бобоҷон Ғафуровро мебинем, ки баъди бемории тулонӣ 12 июли соли 1977 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Ҷасади ӯро 14 июли соли 1977 дар боғи Садриддин Айнӣ ба хок супурдаанд. Ҳоло бошад, қабри ин сиёсатмадори бузург дар «Оромгоҳи Лучоб» ҷойгир аст.
Гӯшаи «Аллома Бобоҷон Ғафуров ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» дар бораи қадршиносии ин фарзанди фарзонаи миллат аз ҷониби Сарвари давлат ва дигар иқдому ташаббусҳои муҳимме, ки барои зиндаву ҷовид мондани номи академик анҷом дода шудааст, маълумот медиҳад. Дар он нусхаи «Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 26 апрели соли 1997 таҳти № 172 «Дар бораи ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гузоштани номи академик Бобоҷон Ғафуров», нусхаи «Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 17 апрели соли 1998, таҳти № 105, «Дар бораи таъсиси Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров», аксҳои ташриф ва ифтитоҳи Пешвои миллат ба Осорхона, аксҳо аз ҷараёни ба академик Бобоҷон Ғафуров додани унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон», аз 8 сентябри соли 1997, аксҳои ҷашни 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Ҳиндустон бо иштироки олимони тоҷик Аҳрор Мухторов ва Усмонҷон Ғаффоров, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба фарзанди бошарафи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров додани унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» ва инчунин, қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табдил додани номи ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод ба номи Бобоҷон Ғафуров ба намоиш гузошта шудааст.
Хонандаи азиз, дар ин матлаби кутоҳ наметавонем ба шумо дар бораи 1753 нигора ва дигар ёдгориҳои нодиру таърихии осорхонаи мазкур маълумот диҳем. Бовар дорем, шумо низ имкон ёфта, дар радифи ҳазорон нафаре, ки ба ин ҷо омадаанд, қарор мегиред ва бо чашми сар хоҳед дид, ки Бобоҷон Ғафуров бо ҷустуҷӯҳои доманадор, бо ғурури баланди худшиносӣ ва талошу орзуҳо тавонистааст миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.
Мегӯянд, ки зиёрати қадамҷойи бузургон амали неку савоб аст. Умедворем аз ин мукофот бенасиб нахоҳед монд.
Алӣ Ҷӯра
Душанбе-Хуҷанд-Б. Ғафуров-Душанбе



