Осори беҳрўзӣ бувад ойини Наврўзи Аҷам

Ниёкони мо ҳар ки будаст пеш,
Нигаҳ доштандӣ ҳам оину кеш.
Фирдавсӣ
Ҷашнгирии Наврўз дар Тоҷикистони мо маҳз дар асри гузашта хусусияти ҳамагонӣ пайдо намуд ва ҳамчун ҷашни миллӣ эҳё гардид. Ба ҳарфи дигар, халқи тоҷик маҳз дар асри гузашта, бо ташкили Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон (1929), натанҳо ҷашнҳои миллӣ, балки номи адибону олимони худро ҳам дигарбора зиндаю эҳё намуд. Маҳз дар рўзҳои дуюму сеюми Наврўз таҷлил гардидани «Рўзи Рўдакӣ» далели гуфтаҳои мо метавонанд буда бошанд. Мо ин маъниро дар оғози мақолаи «Рўзи Рўдакӣ», ки дар маҷаллаи «Дониш ва омўзгор» нашр шудааст, бармало мебинем: «Дар таъқиби як силсила дархостҳои заҳматкашони тоҷик, чи ба воситаи мақолот дар рўзномаҳо ва чи аз забони ҷиргаи (ҳайати мушовараи) Вазорати маорифи Тоҷикистон, рўзи 2 ва 3-юми иди Наврўз – Соли навро «Рўзи Рўдакӣ» таъйин кард». Гузашта аз ин, дар қарори вежаи КМ ПК Тоҷикистон, ки ба ҷашнгирии Наврўз ихтисос мегирад, чунин изҳори назар шудааст: «Барқарор намудани «Наврўз», ки иди меҳнат ва баҳор аст, намунаи муносибати эҳтиёткорона ба маросими башардўстонаи замони гузашта мебошад. Ин ид аз рўҳияи динӣ тамоман озод буда, дар назари мо чун намоиши ҳаяҷонбахши тантанаи фасли баҳор ҳувайдо гардид». Мо бояд ин ҷашни миллиро ба таври боиставу шоиста таҷлил бинамоем ва ба гузаштаи худ жарфтар сар фурў бибарем, таърихи онро хубтару беҳтар биёмўзем ва бад-ин васила дар тарбияи шаҳрвандони Тоҷикистони тозаистиқлоламон, хусусан ҷавонон, ки ояндаи кишвари мо дар дасти онҳост, саҳим бошем. Дар воқеъ, таҷлили бошукўҳи Наврўз барои дар рўҳияи хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию бостонӣ тарбия кардани шаҳрвандони кишвар, бавежа дар замони истиқлол ва мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврўз, аҳаммияти хос касб менамояд. Албатта, ин боиси ифтихори мо – тоҷикону форсҳою эронинажодон ва тамоми мардуми мутараққии олам мебошад. Ҳақ ба ҷониби Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфта: «Имрўз Наврўзи аҷдодии мо на танҳо дар кишварҳои ориёӣ, балки дар сарзаминҳое низ ҷашн гирифта мешавад, ки дар замони худ аз сарчашмаи пурбаракат ва ҷовидонаи фарҳанги мо баҳравар шудаанд. Мо ҳоло аз он хушбахтем, ки тамоми халқҳои Осиёи Миёна дар рўзи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро ба ибораи тоҷикии «Наврўз муборак» табрик мекунанд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст».
Оре, миллати мо фарҳангофарину тамаддунсоз ва дорои орову андешаи қавии миллиию байналмилалӣ мебошад. Ҳамин рўҳи қавии миллӣ ва байналмилалии тамаддуну фарҳанги мо буд, ки Наврўз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт ва муҷиби таҷлили он дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон гардид. Ҳамоиш ва чорабиниҳое, ки ҳамасола дар ин замина дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Тоҷикистон, баргузор мегарданд, шаҳодати густариш ва тавсеаи ин иди миллӣ ва ҷаҳонӣ мебошанд. Мо бовар дорем, ки ин ҳамоиш ва чорабиниҳо ба иди дўстии халқҳою кишварҳо, шеъру сухани воло, ваҳдату сулҳу сафою одамият табдил меёбад ва дар таҳкими худогоҳию худшиносии миллати мо нақши муҳим мебозад. Ба қавли шоир:
Ҳар сари мўи туро ҷилваи нози дигар аст,
Нигаҳе сўи худ андоз, ки дидан дорӣ!
Тавре ки гуфтем, қариб тамоми сарчашмаҳо ва нақлу ривоятҳо таҷлили расмии Наврўзро аз замони Ҷамшед медонанд ва ба номи ў рабт медиҳанд. Агарчи Наврўз то Ҷамшед низ ҷашн гирифта мешуд, аммо маҳз дар замони ў расмият пайдо мекунад. Аз ин рўст, ки ин ҷашнро ҷашни ҷамшедӣ низ мегўянд. Мисли он ки Рўдакиро падари шеъри форсӣ ва сабки хуросониро сабки Рўдакӣ низ ном мебаранд. Албатта, то Рўдакӣ низ шоирон шеър мегуфтанд, аммо Рўдакӣ аввалин касе буд, ки дар анвои мухталифи шеъри он замон шеърҳои пухта гуфт ва ба масобаи муассиси шеъри форсии тоҷикӣ қад баланд кард. Бинобар ин, бо як овоз ўро падари шеъри форсии тоҷикӣ, бунёдгузори шеъри форсии тоҷикӣ хондаанд ва гоҳе сабки эҷодии ўро ки хуросонист, сабки Рўдакӣ ҳам гуфтаанд. Таҷлили Наврўз низ ҳамин ранг аст, тавре ки гуфтем, агарчи пеш аз замони Ҷамшед онро ҷашн мегирифтанд, аммо дар замони Ҷамшед расмият пайдо мекунад. Аз ин хотир, ўро муассиси ҷашни Наврўз медонанд ва муаррифӣ менамоянд. Донишмандоне чун Берунӣ, Гардезӣ, Саолибӣ, Табарӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём ва ғайра таҷлили ин ҷашнро ба Ҷамшед нисбат додаанд. Мутаассифона, имрўз бархе аз донишмандон дар нигоришоти хеш бунёнгузори ҷашни Наврўз будани Ҷамшедро сарфи назар менамоянд ва бад-ин тартиб аз ҷанбаи миллӣ бархурдор будани ин иди бузурги ориёиёни эронитаборро зери суол мегузоранд ва онро як иди маъмулии табиат ба қалам медиҳанд, ки гўё аз ибтидо ҷашн гирифта мешуд ва ба подшоҳе, аз ҷумла Ҷамшед, иртибот намегирад. Аммо, тавре ки дар боло гуфтем, сарчашмаҳо нишон медиҳанд ва ривоят мекунанд, ки ҷашни Наврўз маҳз аз замони Ҷамшед ва бо ибтикори ў ба анъана даромад ва расмият пайдо кард. Аз ин хотир, ўро бунёдгузори ин ҷашн медонанд.
Сарфи назар кардани маълумоти сарчашмаҳои дараҷаи аввал доир ба Наврўз ва гурез аз ҳақиқати таърихӣ як амали носавобу зиддимиллию зиддиинсонӣ ва таҳрифи воқеият маҳсуб мешавад. Чунончи, амалкарди баъзе пажўҳишгарони хориҷӣ барои мо-ворисони ин иди миллии тоҷикону форсҳо хеле нигаронкунанда буда, сахт моро нороҳат месозад, ба рўҳ ва арзишҳои миллии мо зарба мезанад, зеро онҳо Наврўзро на як ҷашни миллӣ, ки расман аз Ҷамшед ва бо ибтикори вай шуруъ мешавад, балки як ҷашне, ки гўё «онро аз лобалои кўҳҳо ва синаи даштҳо ва канори наҳрҳо ёфтаанд», медонанд. Аз ин хотир, мо бояд ин гуна бархурди носаҳеҳи эшонро, ки аз сиёсат ва мавқеи зиддимиллии онҳо берун меояд, нодида нагирем, балки ҷилавгирӣ намоем ва бо далоилу бароҳини қотеъ исбот намоем, ки ин ҷашн аз ягон ҷо ба кишвари мо (Эрону Хуросону Мовароуннаҳр) наёмадааст, онро аз ягон ҷо, масалан, аз домани дашту кўҳ наёфтаем, зеро он тангаву тилло нест, бузу гўсфанду гов нест, ки гум карда бошем, балки он иди миллии мост, ки ҳазорон сол боз онро ҷашн мегирем. Аммо муассиси он Ҷамшед мебошад ва расман ҷашнгирии онро сарчашмаҳо ба Ҷамшед ва замони подшоҳии ў нисбат додаанд. Ба ҳарфи дигар, ба таври расмӣ ҷашн гирифтани Наврўз аз ҷониби Ҷамшед ва замони ў шуруъ шудааст ва ҷашни Наврўз як ҷашни миллӣ буда, муассиси он Ҷамшед мебошад. Мутаассифона, «муаллифи китоби «Наврўзгон» – Муртазии Ҳунарӣ бар хилофи нақлу ривоят ва маълумоти тамоми сарчашмаҳои дараҷаи аввал, ки ҷашнгирии Наврўзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд, муассиси ин ҷашни миллӣ ва байналмилалӣ будани ўро инкор менамояд ва онро на як ҷашни миллӣ, балки танҳо як ҷашни табиӣ, мардумӣ медонад, аммо кадом мардум, зикр наменамояд. Ў бад-ин тартиб теша бар решаи арзишҳои миллии ақвоми эронӣ, аз ҷумла тоҷикону форсҳо, ки Наврўз яке аз муҳимтарин идҳои миллии эшон мебошад, мезанад ва мегўяд: «Наврўзро мо – эрониҳо ҳазорон сол пеш дар лобалои кўҳҳо ва синаи даштҳо ва канори наҳрҳои ин сарзамин ёфтем. Ин моем, ки дар дарозои ҳазорон соли худу сарзамини худу фарҳанги худ як рўзи бошукўҳи бузург доштаем. Решаҳои барпоии Наврўз фаротар аз устураҳо ва қиссаҳост. Ҳеҷ кас, ҳеҷ вақт дар ин диёр Наврўзро ба хотири Ҷамшед ҷашн нагирифта ва намегирад, он ҳам Ҷамшеде, ки баъд аз подшоҳии дароз ва хидматҳои бисёр, оқибат ба шар шуд ва «аз осмон боло рафт». Аз Худо ва мардум рўй гардонд ва Заҳҳокро бар тахт хонд. Шояд шоҳон барои ба даст овардани дили мардум ё шодии худ Наврўзро ҷашн мегирифтанд… Наврўзро ҷашн мегирем на бад-он ҷиҳат, ки фалон шоҳ ва фалон ҳоким мехост доддеҳӣ кунад, балки аз он рўй, ки мо додхоҳӣ кардем… Бо ин ҳол касе Наврўзро барои «ба мазолим нишастани Ҷамшед дар ин рўз» ҷашн намегирад… Наврўз ҷашни шумо ва ман ва падарони мост, ки мехоҳем бо саломату оромиш ва шодӣ дар ин диёр ва дар ин фарҳанг зиндагӣ кунем. Пас ин корҳоро мардум барои саломатӣ ва шодмонии худашон мекунанд, на барои он ки Сулаймон ангуштарашро гум кард ва пайдо кард ё Ҷамшед савори сандалии девон шуд ва аз Мозандарон ба Бобул рафт».
Мо вақте ки Наврўз мегўем, пеш аз ҳама, номи Ҷамшед пеши назар меояд, чунки тибқи маълумоти тамоми сарчашмаҳои муътабар, маҳз дар замони Ҷамшед ва аз тарафи вай ин ҷашн расмият пайдо кард ва ба бузургтарин идҳои миллии мо табдил ёфт. Дигар, ҳамин рўҳи миллию инсонии Наврўз буд, ки дар аввали асри ХХI ҳамчун ҷашни байналмилалӣ аз тарафи ЮНЕСКО пазируфта шуд ва маънию мазмуни тоза касб кард ва ба яке аз ҷашнҳои муҳимми ҷаҳонӣ мубаддал гардид. Беҳуда шоир нагуфтааст:
Осори беҳрўзӣ бувад ойини Наврўзи Аҷам,
Ин рўзи фирўзӣ бувад аз давраи «Ҷамшеди Ҷам».
Албатта, ин ҳодисаи ягона нест. Дар ин замина метавон даҳҳо мисол овард, аммо бо овардани як мисоли дигар иктифо менамоем. Чунончи, маҷаллаи «Ал-Форобӣ», ки аз соли 2003 дар Қазоқистон нашр мешавад ва қазоқ будани Форобиро таблиғ мекунад, дар шумораи аввали соли 2004 мақолаи донишёри Донишгоҳи Истамбули Туркия – Абуъақаб Қараро нашр намуда, ҷашни Наврўзро ба устураи туркӣ марбут дониста ва иртибот надоштани онро ба Ҷамшед чунин гўшзад менамояд: «Ононе, ки поягузории Наврўзро ба подшоҳи эронӣ – Ҷамшед нисбат медиҳанд, далел надоранд ва дар асл Наврўз дар устураи туркӣ марбут ба туркон аст… Душманон тамоми хешовандони Элхонро мекушанд ва ў бо ҳамроҳии кўдаки хурдсолаш Каён ва хоҳарзодааш Туқиз ба ғори Узгинғон меравад ва дар он ҷо ба оҳан ва оташ дастрасӣ пайдо мекунад ва ба кумаки рўшании оташ аз ғор берун меояд ва он рўзро Наврўз мехонанд… Ба ҳеҷ ваҷҳ Наврўз моли ғайритуркон нест «ва агар дигарон низ Наврўзро ҷашн мегиранд, аз туркон иқтибос кардаанд». Ҳол он ки тамоми сарчашмаҳо, ки мо дар боло рўйхати андаки онҳоро овардем, ин гуфтори бемаъхаз ва ғайразнокро рад менамоянд. Ба заъми Шиблии Нуъмонӣ:
Ҳарифи ковиши мижгони хунрезаш наӣ, зоҳид,
Ба даст овар раги ҷоневу наштарро тамошо кун!
Ҷамолиддин САИДЗОДА