ОРИЁНМЕҲР
ОРИЁНМЕҲР (Анвар Мирзоҳакими Олим) соли 1956 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Баъд аз хатми мактаби миёна шомили Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод шуда, соли 1977 соҳиби дипломи маълумоти олӣ гардидааст. Солҳои 1986-1988 дар сафи Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон адои хидмат кардааст.
Аз соли 1980 дар соҳаи рӯзноманигорӣ заҳмат мекашад. Корманди масъули маҷаллаи «Паёми Суғд» мебошад.
Муаллифи маҷмӯаҳои «Қиссаҳо аз ислом ва панди Мавлонои Рум», «Вақти гули зардолу», «Балогардон», «Макрӯҳ», «Шаби 13-ум…» мебошад.
Асарҳои адиби литвонӣ Скрайрис «Чароғи сеҳрнок», нависандаи рус В.Гринков «Ашки ҷаллод», нависандаи қирғиз Ч. Айтматов «Алопаре, ки медавад лаб-лаби баҳр»-ро ба тоҷикӣ гардондааст.
Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ. Бо медалу ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.
Аз соли 1996 узви Иттифоқи рӯзноманигорон, аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
13 ноябри соли 2020 вафот кард.