ОИНАИ АДОЛАТ

 ОИНАИ АДОЛАТ

Ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Ҳанӯз дар ҷамъияти ибтидоӣ инсонҳо ҷиҳати дифоъ аз ҳар гуна махлуқоту дарандаҳо ва ҳодисаҳои табиӣ дар қабилаҳо ба ҳам омаданду баъдан дар натиҷаи ин ҳамзистӣ нафарони ҷисман бақуввату зеҳнашон нисбат аз дигарон тез тадриҷан лаҷоми корҳоро ба даст гирифтанд, ҳангоми тақсимоти ғаниматҳои аз шикору ғорат ба даст овардаашон ҳиссаи хешро батадриҷ афзуданд, ки дар натиҷа нобаробариву нобоварӣ, ихтилофу бадбинӣ ва истисмори одам аз ҷониби ҳамкешаш ба вуҷуд омад. Чун инсон аз азал озодиро мепарастаду мисли кулли махлуқот аз ҳар гуна банд раҳидан мехоҳад, аввал дар доираи қабила ва оҳиста-оҳиста дар байни ақвоми дигар ихтилофу муноқишаҳо сар заданд. Баъдан барои барҳам задани ин мухолифатҳо қонуну қоидаҳо ба вуҷуд омаданд, ки риояи онҳо барои ҳамагон ҳатмӣ дониста мешуд ва касе агар ба он итоат намекард, муҷозот мегардид. Ҳамин тариқ дар натиҷаи ин ҳамрайъӣ аввал қоидаҳои ҳамзистӣ ба вуҷуд омаданд ва баъдан одамон бештар ба ҳам омаданду давлат, мақомоте, ки бояд манфиатҳои умумии онҳоро ҳимоя намояд, ба вуҷуд омад ва таъмини ҳуқуқи онҳоро ба уҳда гирифт.

Таърихи пурифтихори халқамон гувоҳ аст, ки мардуми мо аз даврони қадим ба қонуну қонунгузорӣ натанҳо арҷ гузоштааст, балки аз шумори бунёдгузорони он маҳсуб мешавад. Анӯшервони Одил адолатпар ва шоҳи одил буд. Асосгузори давлати Ҳахоманишиҳо Куруши Кабир, ин ҷадди озодандешу адолатоини мо, нахустин эъломияи ҳуқуқи башарро интишор дода, ба бисёр халқҳои сокини қаламраваш, аз ҷумла яҳудиҳо, озодӣ бахшида, дар додварзиву додгустарӣ шуҳраи офоқ гаштааст. Дар он замони ваҳшонияту дорузан ва бедодгариву тохтутозҳои харобиовар анҷом додани ин амал воқиан ҳам падидаи нодирест, ки аз фарҳанг ва хиради волои мардуми мо шаҳодат медиҳад. Ағлаби шоҳону вазирони гузаштаи мардуми ориёӣ замони давлатдории худ кӯшидаанд, то ба қадри имкон адолатро барпо доранд, ба ҳуқуқу озодии инсонҳо арҷ гузоранд.

Ҳамин тариқ, баъди арзи вуҷуд кардани давлат маҷмуаи қонунҳои гуногун ба вуҷуд омаданд, ки метавон онҳоро сарчашмаи пайдоиш ва ё пояи конститутсияе донист, ки башарият имрӯз онро мешиносад ва қабул кардааст. Зеро мафҳуми Конститутсияи кулли давлатҳои дунё дар маҷмуъ ба таври сода чунин таъбир мешавад: ҳифзи ҳуқуқи инсон ба зиндагӣ, гирифтани пеши роҳи бардагиву шиканҷа, таъмини озодии виҷдон, сухан, эътиқод, ҳуқуқ ба меҳнати озод кардану таълим гирифтан ва ҳоказо. Аз ин рӯ, Конститутсияи ҳар давлат бевосита ба ҳаёти ҳар шаҳрванди он таъсиргузор аст. Ва аз ин ҷост, ки бисёр давлатҳо ҳангоми қабули қонуни асосии хеш раъйи кулли шаҳрвандонашонро мегиранд, то дар оянда ихтилофе бо ин ҳуҷчати раҳнамунсозу тақдирсоз ба вуҷуд наояд. Боз ҳастанд давлатҳое, ки ин корро ба дӯши намояндагони мардум дар мақомоти олии қонунгузори кишварашон вогузоштаанд. Бинобар андешаи коршиносон, беҳтар аст, ки қонуни асосии кишвар ба тарзи раъйдиҳии халқӣ қабул карда шавад.

Дар кишварҳои дунё вобаста ба тағйир ёфтани сохти давлатдорӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва вазифаву уҳдадориҳои шаҳрвандон дар назди давлат Конститутсияи нав қабул карда мешавад. Агар ин кор анҷом дода нашавад, ба пояҳои давлатдорӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ харҷу марҷу бетартибӣ ба вуҷуд меояд, ки он ногузир боиси ихтилофу шикастҳо мегардад. Мо худ чунин ҳолатро дар таърихи начандон дури хеш шоҳид будем. Вақте ки дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ аз тарафи баъзе намояндагони халқ дар Шурои олии он замон нодида гирифта мешуд ва кӯшиши ба коми хеш тағйир додани он боис гардид, ки сохти конститутсионӣ аз тарафи гуруҳҳои марказгурез, иртиҷоиву моҷароҷӯй заиф ва қонунгузории мавҷуда зери по карда шуд, кори мақомотҳои давлатӣ, суду додситонӣ аз боло то поин фалаҷ гардиду дар ҷомеа беқонуниву бесарусомонӣ, ихтилофу муқовимат авҷ гирифта, боиси ҷангу ҷидол ва таъқибу куштор гашт ва хатари аз байн рафтани давлат ба вуҷуд омад. Дар натиҷа ҳам давлат ва ҳам шаҳрвандон хисороти зиёд диданд ва барои боз барқарор кардани сохти конститутсионӣ қурбониҳои зиёд дод кишвари мо. Ва ин барои миллати мо бояд то абад дарс шавад.

Дар интиҳои садаи бист дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мо таҳаввулоти бузург ба вуҷуд омад. Мардуми мо ба орзуи ҳазорсолаи хеш расид. Яъне ба истиқлолу озодӣ даст ёфт ва ба эъмори давлати мустақилу миллӣ камар баст. Даставвал моро лозим буд, ки муқаддасоти худ, рамзҳои давлати соҳибистиқлоламонро қабул ва барои ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Аввал Парчаму нишон, Суруди миллӣ ва 6 ноябри соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи ҷумҳуриамон қабул гардид. Тавре ки дар оғоз ишора намудем, ин ҳуҷчати муҳими тақдирсоз вақте қабул шуд, ки ҳанӯз дар ҷумҳуриамон оташи муқовимати шаҳрвандӣ хомӯш нашуда буд, на дар ҳар гӯшаи кишварамон тартибу низом побарҷой буд. Аз ин ҷиҳат давлатмардони мо хуб дарк мекарданд, ки бояд ҳарчи зудтар қонуни асосии нав таҳия ва қабул карда шавад. Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таҳия ва қабули Конститутсия нав нақши бориз доранд, баъдҳо дар ин хусус чунин изҳор дошта буданд: «Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ давлати наву мустақили Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои ҳуқуқии замони гузашта ба фаъолият шуруъ кард ва дере нагузашта маълум гашт, ки қолаби куҳна ба ҷисми нав мувофиқ нест».

Воқиан ҳам, ин ҳуҷҷати муҳим аз конститутсияҳои қаблии мо ба куллӣ фарқ мекунад. Зеро баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, ки беш аз ҳафтод сол Тоҷикистони азизи мо як ҷузъи ин давлати абарқудрат маҳсуб мешуд, ба сохти тамоман дигари давлатдорӣ гузашт ва дар натиҷа муносибатҳои ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир ёфт ва он наметавонист бе қабули конститутсияи нав фаъолият намояд. Дар моддаи нахустини Конститутсияи мо қайд гардидааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Давлати ҳуқуқбунёду демократӣ чӣ маънӣ дорад ва ин давлат бо қабули Конститутсия, яъне Қонуни асосӣ аз шаҳрвандони худ чӣ мехоҳад ва ин шаҳрвандон чӣ вазифаю уҳдадориҳо доранд дар назди ин қонун? Дар давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ҳама бошандагони он ба маънои хубаш бояд ғуломи қонун бошанд. Дар акси ҳол бесарусомонӣ ба вуҷуд меояд. Онҳое ки дар зери мафҳуми демократия ва давлати ҳуқуқбунёд саҳлангориву бемасъулиятиро мефаҳманд, сахт хато мекунанд ва боиси сар задани қонунвайронкунӣ ва бадбахтиву харобкориҳо мегарданд. Баръакс демократия масъулияти ҳар нафар дар назди шахси дигар ва дар маҷмуъ ҷомеаву давлат мебошад. Барои ҳамин ҳам дар давлати демократию ҳуқуқбунёд бояд маърифати ҳуқуқии хурду бузург хеле баланд бошад. Дар моддаи 42-юми Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоламон омадааст: “Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Коститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад”.

Беҳуда нест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 28 декабри соли гузашта ироа гардид, ба шарафи сиюмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равонро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда, аз ҷумла таъкид доштанд: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”. Ин тасмим аз як ҷиҳат арҷ гузоштан ба нахустин Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон бошад, аз ҷониби дигар барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аст, то онҳо ба ҳама гуна қонунҳо арҷ гузоранд, ҳуқуқу озодии дигаронро поймол накунанд ва ҳамеша дар назди қонун масъулият дошта бошанд. Зеро бе ин арзи ҳастӣ кардани ҷомеаи ҳуқуқбунёд номумкин аст.

Коршиносон мегӯянд, ки Коститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини кишварҳои узви САҲА мақом дорад. Аз кадом ҷиҳат хуб аст Қонуни асосии мо, чӣ бартариятҳо дорад? Назар ба ақидаи эшон, бартарияти конститутсияи хуб дар таъмин карда тавонистани ҳуқуқу озодии инсон ва адолати иҷтимоии он зоҳир мегардад. Дар асоси ин санади олии ҳуқуқӣ бояд пеш аз ҳама ҳуқуқ ва озодии инсон дар мадди назар бошад. Дар моддаи панҷуми Коститутсияи мо омадааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”. Ҳамчунин дар моддаҳои дигари Қонуни асосӣ мушахассан дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз қабили дахлнопазирии шахс, ҳуқуқ ба ҳаёт, раво надидани шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ нисбат ба вай, дахлнопазирии манзили ҳар шахс, озодии сухан, ҳуқуқ ба моликият, таҳсил ва ҳоказо сухан меравад.

Дар моддаи якуми Конститутсия омадааст, ки “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Ин модда давлатро вазифадор мекунад, то аз ҳама имкониятҳо ва захираҳои давлатӣ истифода бурда, зиндагии шоистаи мардумро таъмин намояд ва ҳамеша барои баланд бардоштани некуаҳволии он чора андешад ва ҳамзамон барои одамон шароит ва имконияти меҳнат фароҳам орад, то онҳо барои беҳтар гардидани зиндагии хеш кор кунанд. Дар маҷмуъ ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иборат аст аз таъмини нафақа, ҳифзи меҳнат, сиҳатии аҳолӣ, кумакпулиҳои иҷтимоӣ, таъсиси низомҳои хадамоти иҷтимоии шуғл, кумакпулиҳо ба шахсони муваққатан бекор, ҳифзи маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд, онҳоро бо нафақа таъмин намудан ва ғайра.

Ба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол се маротиба (26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки он талаботи замон буд. Зеро ҳаёт пеш меравад, муносибатҳо дигаргун мешаванд ва давлат метавонад барои мутобиқ кардани қонунҳо ба рӯйдодҳои гуногун бо баргузор намудани раъйпурсии умумӣ чунин амалро анҷом диҳад, ки он ба нафъи ҷомеа аст.

Метавон аз муҳтавои конститутсияи ҳар кишвар ғамхории давлатро нисбат ба шаҳрвандонаш муайян кард. Зеро ба маънои дигар метавон гуфт, ки конститутсия аҳдномаест байни давлату шаҳрвандон, санади ҳуқуқиест, ки аз ҷумла муносибати давлату шаҳрвандонро муназзам мекунад. Дар қонуни асосӣ давлат аз як тараф вазифаи худро барои таъмини ҳуқуқу озодӣ, меҳнат, муолиҷаву истироҳати шаҳрвандон ва ҳоказо баён намуда, ҳамзамон вазифа ва уҳдадориҳои шаҳрвандонро муайян мекунад. Файласуфи Юнони қадим Афлотун, ки дар пайдоиши меъёрҳои ҳуқуқӣ саҳми бориз дорад, моҳияти ҳар қонуни асосиро ба манфиати умум фаъолият намудани давлат ва дар навбати худ ғами давлати хешро хӯрдани шаҳрвандон медонад. Яъне вақте ки давлат барои некуаҳволии шаҳрвандонаш чора меҷӯяд, одамон низ бояд ба манфиати давлат кор кунанд, то дар маҷмуъ кишвар рушд кунад, тавоно шавад ва аз меваҳои он шаҳрвандон низ баҳра бардоранд. Хулоса, ҳуқуқи худро дифоъ бикуну ҳамзамон ба ҳуқуқу озодии дигарон арҷ бигузор.

Конститутсияи Тоҷикистон инсонро арзиши волотарин эътироф мекунад ва адибон, ки муҳандиси руҳи инсонанд, ин санади волоро зиёд васф карда, онро бахтномаи мо, чароғи раҳнамо, кафили амну истиқлол, шиносномаи давлат, хатти тақдир, матни тадбир, номаи шарофат, оинаи адолат, шаҳкитобу ҳуҷҷати бахт, равшангари чашму қалбу виҷдон ва ҳоказо тавсиф кардаанд. Воқиан ҳам, Констутсияи мо, ки чун беҳтарин қонуни асосӣ аз тарафи кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ эътироф шудааст, ҷиҳати бунёди давлати миллӣ, расидан ба зиндагии шоиста ва таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва мақоми арзанда ёфтани кишвари соҳибистиқлоламон дар арсаи ҷаҳонӣ хидмати арзанда кардааст ва дар оянда низ хоҳад кард. Танҳо мо, шаҳрвандонро лозим аст, ки маърифати ҳуқуқии хешро баланд бардошта, ба ҳар ҳарфи қонун гӯш диҳем, меъёрҳои санади олии ҳуқуқӣ, яъне Конститутсияи хешро эҳтиром ва риоя намоем, то ба зиндагии хушу шоиста даст ёбем. Шоири маъруфамон Муҳаммад Ғоиб дар як шеъри худ мегӯяд:

Он ки бар қонун итоат мекунад,
Ёр бар ӯ бахти рӯзафзун шавад.
Одами дилбаста бар қонун мудом
Бар ҷамоли зиндагӣ мафтун шавад.

Сивумин солгарди Конститутсияи кишвари азизамон ба кулли ҳамқаламон ва мардуми шарифи Тоҷикистон муборак бошад!

Дигар хабарҳо