НУР ТАБАР — ДАР САТРҲОИ МУХТАСАР

МУҲТАРАМ НУР ТАБАР!

Шумо дар деҳаи Ғешии ноҳияи Кофарниҳон (алъон Ваҳдат) ба дунё омада, соли 1962 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, соли 1970 Мактаби олии ҳизбии шаҳри Маскавро бомуваффақият хатм намуда, солҳои тўлонӣ корманди матбуот, аз ҷумла ҷонишини сармуҳаррири рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», хабарнигори махсуси рўзномаи «Комсомольская правда», сармуҳаррири рўзномаҳои «Комсомолец Таджикистана», «Тоҷикистони советӣ» будед. Чанд сол вазифаҳои мудири шуъбаи тарғиботи Кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи фарҳанги Кумитаи марказии Ҳизби Тоҷикистон, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, ҷонишин ва раиси Иттиҳодияи «Тоҷиккино» ва ғайра будед.

Аз соли 1960 ба корҳои эҷодӣ машғул шуда, то ба имрўз осори мансуру драмавии зиёди Шумо дар маҷмўаҳои «Роҳҳои дуру наздик», «Ин баҳор чӣ меорад?», «Дар чорсў» ва ғайра ба нашр расидаанд. Драмаи «Дар чорсў» (соли 1985) дар Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ, Театри давлатии ба номи Мулло Непеси шаҳри Ашқобод, театрҳои Кўлобу Хуҷанд рўи саҳна омада, аз ҷониби тамошобинони сершумор хуш истиқбол гирифта шуданд. Пйесаҳои «Мусичаро напарон» (1987), драмаи таърихии «Қисмат» (1997), «Паёми Зардушт» (2001), «Тарс» (1998) натанҳо рўи саҳна омаданд, балки дар бисёр маҷаллаҳои бонуфуз ба табъ расиданд.

Ба қалами Шумо тарҷумаи бисёр асарҳои адибони маъруфи олам низ мансубанд. Асарҳои А. П. Чехов «Се хоҳарон», А. Чхеидзе «Вақте ки шаҳр хуфта буд», М. Шатров «Лавҳаҳои инқилобӣ», А. Абдулло «Вопасин падаршоҳ», Т. Зулфиқоров «Шабпарак хоб дид», С. Хонзодян «Манзили сўхта», шеърҳои мансури И. Тургенев, романи Г. Марков «Шарбати Замин» ва ғ. аз маҳсули зиёди тарҷумонии Шумо дарак медиҳанд.

Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастед. Соли 2011 ба Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мушарраф гардидед. Корманди шоистаи Тоҷикистон мебошед. Хизмати Шумо бо медали «Остона»-и Ҷумҳурии Қазоқистон қадрдонӣ шудааст.

Ҳамқалами гиромиқадр Нур Табар! Бори дигар Шуморо аз номи ҳамқаламон ба муносибати 80-солагии зодрўзатон муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандии бардавом, умри дароз ва дастовардҳои нави эҷодӣ таманно дорем.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

НУР ТАБАР — ДАР САТРҲОИ МУХТАСАР

Драмнавис Нур Табар ҳам ба зоҳир ва ҳам дар сиришти худ марди зиёӣ ва мартабаи ў мартабаи зиёист. Ба пиндори ориёиёни аҳди қадим, зиё аз нури биҳишт равшан аст.

Солҳои 70-уми асри гузашта ҳикояҳои хурди лирикӣ, соли 1977 нахустин маҷмўаи ҳикоёт «Роҳҳои дуру наздик»; соли 1983 маҷмўаи дуюмаш «Ин баҳор чӣ меорад?»-ро чоп намудааст.

Солҳои 80-ум ба драматургия рў овард ва беш аз 30 асари саҳнавӣ — «Кафшҳои Абулқосим» (бо ҳамкории Т. Аҳмадхонов), «Дар чорсў», «Шикори аҷинаҳо» (бо ҳамкории С. Юрев), «Тўй ё ишқи духтари ҳамсоя» (бо ҳамкории Ҳ. Абдураззоқов ва М. Миров), «Қисмат», «Тарс», «Хўса», «Амир Исмоил», «Шикасти ташнагӣ», (либретто, бо ҳамкории Низом Қосим), «Паёми Зардушт», «Му- сичаро напарон», «Суробҳо», «Чашмони бародари қиёматӣ», «Маздак ё шоми дарахтони сарнагун», «Девона», «Коба ва Николай», «Гирдоб» ва ғайраро эҷод намуд.

Аксари театрҳои Тоҷикистон, театрҳои ба номи Мулло Непеси шаҳри Ашқободи Туркманистон, ба номи С. Айнии ш. Бухорои Ўзбекистон, «Офтоб»-и Кобули Афғонистон осорашро таҳия кардаанд. Филмномаи «Субҳи рўшан, шоми торик» (Кобул, 2008) ва маҷмўаи драмаҳояш ба забонҳои русӣ, туркманӣ, қазоқӣ, ба ҳуруфи форсӣ нашр шудаанд.

Ҳадафи асосии асарҳои драмавии ў инъикоси симои қаҳрамонҳои миллӣ ва азми онҳо барои расидан ба озодӣ, истиқлоли ватан, баррасии масоили муҳими иҷтимоӣ, ахлоқӣ, хирад ва пешгирии ҷаҳолат мебошад.

Асарҳои зерини саҳнавии Нур Табар солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар театр таҳаввулоти муҳимро ба вуҷуд оварданд: драмаи «Дар чорсў», бо фош кардани дурўягии аъзои ҳизби ҳокими коммунистӣ; «Тарс» ва «Суро- бҳо», солҳои 90-ум, бо зикри мушкилоти замон, «Паёми Зардушт» ва «Чашмони бародари қиёматӣ», бо диди нав ба таърихи миллӣ.

АНДЕШАҲОИ ҲАМҚАЛАМОН ВА МУҲАҚҚИҚОН:

Меҳмон БАХТӢ, Нависандаи халқии Тоҷикистон, драмнавис: — Драмаҳои Нур Табар ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ахлоқӣ бахшида шудаанд. Дар мар- кази онҳо муборизаи хирад ва нодонӣ меистад. Хусусият ва симоҳои миллии қаҳрамонҳояш, нақши онҳо дар инкишофи роҳи беҳбудии инсоният, озодии он барҷаста буда, Ватан ва ҳимояи халқ дар мадди аввал қарор дорад.

Иброҳим УСМОНОВ, доктори илми таърих: — Дар 35 соли охир фаъолияти драматургии Нур Табаров бештар назаррас аст. Драмаҳои “Дар чорсў”, “Чархи гардон”, “Паёми Зардушт”, “Куруши Кабир”, “Малика Томирис”, ки дар саҳнаҳои театр ба намоиш гузошта шудаанд, бештар ғояҳои ватандўстиву таърихӣ доранд. Аммо драмаи “Гирдоб”, ки ба зиндагӣ ва фаъолияти Садриддин Айнӣ бахшида шудааст, ба андешаи адибон, бештар ҷанбаҳои сиёсӣ дорад. Драмаи дигари ў «Чархи гардон» моро ба асрҳои миёна мебарад ва бисёр масъалаҳояш имрўз ҳам ҳалталабанд. Дар асари дигари таърихиаш Куруши Кабирро меситояд, вале бузургии Малика Томирис ҳам нигоҳ дошта шуда, барои ҳимояи меҳан талош кардани ўро нишон медиҳад, ҳисси меҳанпарастии худи муаллиф равшан эҳсос мегардад.

Тамара АБДУШУКУРОВА, санъатшинос: — Як нафари сахтгир ва ташаббускор буд, маҳз дар давраи вазирии Табаров ҷашнвораи театрии “Парасту” ва “Наврўз” ба миён омад, ки бевосита устод дар он саҳм дорад. Баъдан ин ҷашнвора байналмилалӣ шуд ва кишварҳои ҳамсоя ҳам дар он ширкат мекунанд.

Муҳаммадулло ТАБАРОВ, номзади илми санъатшиносӣ: — Драмнависони тоҷик, аз ҷумла, Нур Табаров, мавзўи муосир, мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони солҳои 90-ро тасвир наму- да, асарҳои нави театрӣ-публитсистӣ офариданд, мисли «Вагони охирин» дар Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский (2003). Дар замони истиқло- лият театр дар мавзўи муосир натанҳо масъалаҳои муҳимро пайгирӣ намуд, инчунин эстетикаи нави театриро ба вуҷуд овард. Ба ин қатор асарҳои Н. Табаров низ дохил мешаванд, ки тавонист қолабҳои пешинаро дигар намояд ва услуби нави саҳнавии муосир ташаккул ёбад.

Мансур СУРУШ, публитсист ва драмнавис: — Агар инсон қобилият дошта бошад ба коре даст занад, муваффақ мегардад. Ин сифати хоси Нур Табаров мебошад. Ҳар кори анҷомдодаи ин нависанда, драматург, журналист ба ҳадаф расидааст. Дар пйесаи «Дар чорсў» камбудиҳои сохти шўравӣ танқид шудааст. Асари ба устод С. Айнӣ бахшидаи ў низ дар Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов хеле ҷолиб аст. Вожаи устод ҳамвазни вожаи русии «мастер», «наставник» — омўзгор, роҳнамо, тарбиятгар, ҳамрадифи вожаи фаронсавии «метр», итолиёии «маэстро» — устоди ҳунар аст. Баъзан ба ҳар кас бо ин сухан муроҷиат мекунанд ва қадрашро костаанд, аммо нисбат ба Нур Табаров дилпурона устод гуфтан мумкин аст.

Аз гуфтаҳои Нур ТАБАР: Мувофиқи табиати драма ва театрасари драмнавис дар театр коргардонӣ мешавад, зарур меояд, ки вобаста ба имконоти театр ва актёр дигаргуниҳо ворид шавад, шакли ниҳоии он сурат бигирад. Ва маълум аст, ки коргардонҳои асосии театр дар ин ҷода таҳсилкардаи марказҳои театрии Маскаву Ленинград ҳастанд ва аз қонунҳои театр бештар огоҳанд. Вале ҳамин кор ба тариқи устоду шогирд сурат мегирад ва режиссёрҳои мо то охир ҳамин ҳисро нигоҳ медоранд.

Дар маҷмўаи «Роҳҳои дуру наздик», «Ин баҳор чӣ меорад?» чанд лавҳа ва ҳикояҳои хурде ҳастанд, ки бароям ҳоло ҳам ба таври хоса садо медиҳанд, зеро қаҳрамонҳояшон аҳли деҳоте, ки дар он айёми тифлӣ, бачагиву ҷавониам гузашта буд, мебошанд. Ҳоло ҳам, ки ёдашон мекунам, дилам гум мезанад…

Асарҳои бунёдии режиссёри машҳури гурҷӣ Михаил Туманишвили «Роҳ- намои режиссёр», «Режиссёр аз театр меравад»-ро низ ба тоҷикӣ тарҷума намудам. Аз ин ду кори кардаам на фақат устодону шогирдони соҳаи театр, балки худам ҳам шодам.

Пас аз анҷоми хидмат дар сафиартиш, бо ҳидояти равоншод Отахон Латифӣ, мухбири махсуси рўзномаи «Комсомольская правда» дар Осиёи Миёна, маро бо ҳамон либоси лейтенанти ВДВ ба Маскав, ба редаксияи ин нашрияи ҷавонони умумииттифоқ хонданд. Чанде пас нахустин мақолаи маро бо номи «Ман афсар!» чоп карданд ва чун вакили худ ба Тоҷикистон фири- стоданд. Дертар бо пешниҳоди Ибодат Раҳимова — котиби идеологии он замон муҳаррири рўзномаи «Комсомолец Таджикистана» таъйин гардидам.

Солҳое, ки мо дар рўзномаи рақами яки ҷумҳурӣ кор мекардем, давраи пур аз ҷўшу хурўш буд, ки ном бурдани як сохтмони Неругоҳи барқи обии Норак басанда аст. Илова бар он, тамоми соҳаҳои агросаноатӣ барои мо муҳимта- рин буданд, зеро аксари хонандаҳои мо мардуми деҳот ба шумор мерафтанд, даҳҳо ҳазор обуначӣ доштем…

Ҳайрон нашавед, яке аз сарчашмаҳои ғаноманди мавзўъ — ҷаласаҳои Бюрои КМ ПК ва суҳбатҳои хосаи Котиби якуми онвақта Ҷаббор Расулов буд. Ма- салан, боре ў дар яке аз чунин суҳбатҳо чандин нафар деҳқонзодаҳои асилро номбар карда, махсус таъкид намуд: — «Ба деҳаи Унҷӣ, колхози Ўрунхоҷаев равед, он ҷо набераи оброни машҳур бухгалтер шуда, кор мекунад. Қиссаи марги бобояшро пурсед…»

Васоити ахбори умум — ҳокимияти чаҳорум як василаи нодири ба худ хос, аммо басо муассир дорад — сухан! Ва ин сухан бояд сухани рост (ҳақиқат) ва адолатпаноҳ бошад, дар акси ҳол боиси харобии маънавӣ ва моддии ҷомеа мегардад. Муҳимтарин ҷиҳати кори мо оҳанги созандаву бунёдкорӣ доштани сухани мост. Ҳақиқатнигорию адолатпарварӣ беҳтарин ҳадафҳои матбуот хоҳанд монд.

Муҳимаш, азизон, дил пир нашавад! Дилро эҳтиёт кардан лозим.

Мо ба такомули маънавии ҷомеа масъулем.

Гирдоваранда Ҷумъа ҚУДДУС

Дигар хабарҳо