НОСИР САФИЯ

 НОСИР САФИЯ

САФИЯИ НОСИР 11 феврали соли 1942 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Дар мактаби миёнаи №15 таҳсил ва Донишгоҳи давлатии ба номи Алишери Навоиро хатм кардааст. Соли 1962 Душанбе омада, дар маҷаллаи «Машъал» ба кор шурӯъ намудааст.

Ҳикояи аввалини ӯ «Мукофоти ишқи пок» соли 1962 дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» ва маҷмӯаи «Мужда» дарҷ гардидааст. Минбаъда ҳикояҳои ӯ дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва баёзу маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. То нафақа баромадан дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон»-у «Комсомоли Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Машъал», «Занони Тоҷикистон» (ҳозира «Фирӯза»), «Чашма» ва Кумитаи давлатии радиову телевизони ҷумҳурӣ кор кардааст.

Соли 1990 қиссаи «Мӯъҷизакорони кӯчак»-аш дар шакли китоби алоҳида ба дасти хонандагон расидааст. Маҷмӯаи ҳикояҳояш «Мукофоти ишқи пок» (1997), «Танӯри осмон» (2001), «Духтаре аз гӯшаи фаромӯшӣ» (2004) интишор ёфтаанд. Соли 2005 «Минбари Насим» ном китоби дигари ӯ ба дасти чоп расидааст, ки дар он аз «машғулияти фориғи кор»-и ҳамсараш – нависанда Насим Раҷаб бо зарофату самимият ҳикоят кардааст. Баъдан маҷмӯаи ҳикояҳояш «Сози муҳаббат» (2012), «Гаҳворабандон» (2013), «Зарофаяки нодон» (2013) рӯи чоп омадаанд.

Муаллифи романҳои «Садди Искандар», «Заркосаи шикаста», қиссаҳои «Зиндашӯю мурдашӯ» ва «Қосиди хиёнатгар» мебошад.

Чанде аз офаридаҳояш ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.

Худаш баъзе асарҳои адибони рус ва ҷумҳуриҳои дигари шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи нишони «Сухан».

Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

НОҲИД (Норинисо Фозилова) 18 августи соли 1966 дар шаҳри Панҷакент таваллуд ёфта, маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш фаро гирифтааст. Аз хурдсолӣ ба адабиёт ва шеъру шоирӣ рағбат дошта, таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома бахшидааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар соҳаҳои мухталиф кор кардааст.

Дар ҷодаи шоирӣ қадами устувор гузошта, пайваста аз устодони каломи бадеъ ва бузургони адабиёти форсии тоҷикӣ тарзи суханофаринӣ омӯхтааст ва аз шеъре ба шеъре, аз асаре то асари дигар обутоб ёфта, масоили рӯзгори ҳамгинон, орзую умеди модарон ва дарду ҳаваси ошиқонро малеҳу фасеҳ иброз намудааст.

Муаллифи маҷмуъаҳои ашъори «Нигоҳи аввал» (1994), «Нома» (2000), «Сатрҳои нафассухта» (2002) ва «Тасбеҳ» (2014) мебошад.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо