Номаёдҳои Гулназар
«ҲАМИН КОФИСТ»
Ба бинои куҳнаи Иттифоқи нависандагон, ки то ҳанӯз дар паси иморати Парлумони Тоҷикистон барқарор аст, наздик омадаму дар пеши дар устод Мирзо Турсунзода ва устод Мирсаид Миршакарро дидам. Он вақт дар идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» кор мекардам ва ҷойи кори мо дар Иттифоқи нависандагон воқеъ буд. Илоҷи қафо гаштан, ки набуд, «бахт аст таваккал» гуфтаму наздик омадам. Салом додам. Ҳарду устод даст дода, вохӯрдӣ карданд.
– Аҳвол чӣ хел?
Ин пурсиши устод Турсунзода Миршакарро магар барангехт, ки гуфтанд:
– Мулло Афғонистон рафтанӣ.
Он солҳо бисёр зиёиёни тоҷик, ки камобеш алифбои ниёгонро медонистанд, ба Афғонистон ба кор мерафтанд. Иттиҳоди Шӯравӣ барои ободу шукуфо сохтани кишвари ҳамсоя камари ҳиммат баста буд ва ба соҳаҳое, ки он ҷо мутахассисони Шӯравӣ фаъолият доштанд, тоҷикписаронро ба ҳайси тарҷумон сафарбар менамуд. Ҳар сол ҷавонони зиёде ба он сӯйи Ому мерафтанд, баъди фурсате бо мошину чизу чораи барои рӯзгорашон зарур бармегаштанд. Зиндагиашон хуб мешуд, тангдастӣ намекашиданд.
Маро ҳам чанд дафъа ба кор сафарбар карданӣ шуданд. Аввал нахостам, баъд, дидам, ки бачаҳоро бояд калон кард, барои хона чизу чора бояд харид ва агар мошин ҳам бошад, чӣ ҷойи гап?
Ҳуҷҷатҳоямро барои сафар омода мекардам. Аз ҷойи кор тавсифнома лозим буд ва ҳамин далел имкон дод, ки «сирри ман» фош гардад. Аз афташ, ин хабар ба гӯши Миршакар расида будааст, ки акнун ба Турсунзода мерасонданд.
Устод айнакашонро аз чашм гирифтанду саропоямро аз назар гузарониданд ва ногоҳ пурсиданд:
– Дар Афғонистон чӣ гум кардед? Касеро бинӣ, он тарафи дарё рафтанӣ. Ин ҷоро кӣ обод мекунад?
Сархаму мулзам мондам. Боз Миршакар ба имдод расиданд:
– Ҳеҷ гап не. Як-ду сол кор мекунаду алифбои ниёгонро нағз ёд гирифта меояд.
Устод дигар сухан нагуфтанд ва ман оҳиста аз паҳлуяшон гузашта, ба идора даромадам.
Ибтидои тобистони соли 1976, баъди як соли тарҷумонӣ, ба ман рухсатӣ доданд. Ростӣ, бисёр Душанбе, ёру дӯстон, маҳфилҳои шеъру сурудро ёд карда будам. Ман ҳамагӣ як рӯз фурсат доштам, баъд бояд бо аҳли оилаам ба соҳили Ому, ба Ҳайратон, ки дар муқобили Тирмиз ҷойгир аст, мерафтам ва бо киштие, ки дар як ҳафта ду бор миёни ду кишвар равуо дошт, савор мешудам.
Саросема ба дуконҳои мухталифи Мазори Шариф сар мехалондам, то барои дӯстону наздикон туҳфа харидорӣ кунам. Ногоҳ аз тарафи муқобил овози ҷонбахшои Аҳмад Зоҳир баланд шуд. Вай аз мағзи дилу ҷон, бо тамоми самимият месуруд:
Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман,
ҳамин кофист,
Фидои як каломат, як саломат ман,
ҳамин кофист.
Навиштам, пахш кардам муҳр, мондам даст бегуфтор
Ҳаётамро, мамотамро ба номат ман,
ҳамин кофист.
Дар ҷойи худ шах шудам. Охир, ин шеъри устод Турсунзода аст ва онро бузургтарин овозхони Шарқ месарояд! Каме ба худ омадам ва ба сӯйе тохтам, ки овози Аҳмад Зоҳир меомад. Суруд дар дукони «Китобфурӯшии Хуҷандиён» танинандоз буд. Саросема аз дар даромадам. Ду бародари китобфурӯш маро мешинохтанд ва баробари дидан: «Ватандор, биё!» мегуфтанд. Гузаштагони онҳо аз Хуҷанд будаанд ва солҳои инқилобу кулаккунӣ ба Афғонистон фирор овардаанд. Хуҷандиҳо дар Кобул ҳам дукони бузурги китобфурӯшӣ доштанд. Устод Раҳим Ҷалил дар китоби ёддоштҳои худ «Маъвои дил» дар бораи ин хонадон муфассал навиштаанд.
Бародарон гоҳо бо шӯхӣ аз ман мепурсиданд:
– Дар он тараф инқилоб шуду бобоёни мо ин тараф омаданд. Агар дар ин тараф ҳам инқилоб шавад, мо куҷо меравем?
Ростӣ, баъди ин қадар воқеаҳои хунин, ки ба сари Афғонистон омад, маълум нест, ки чӣ сарнавиште бо хуҷандиёни китобфурӯш рӯбарӯ шуд?
Саросема гуфтам:
– Медонед, Аҳмад Зоҳир шеъри устод Турсунзодаи моро месарояд?!
Яке аз онҳо гуфт:
– Оре, ин фитаи нави Аҳмад Зоҳир аст. Саҳар аз Кобул овардем. Ҳанӯз касе надорад. Ба мо гуфтанд, ки «Ҳамин кофист» шеъри шоири тоҷик аст.
Гуфтам:
– Ман ҳамаи фитаҳои Аҳмад Зоҳирро дорам. Аммо инаш ҳанӯз дастрас нест. Фардо ба Душанбе меравам. Бояд ин фитаро бо худ барам.
Китобфурӯши калонӣ гуфт:
– Имкон надорад. Мо фақат як нусха дорему бас. Афсӯс, ки дастгоҳи нусхабардориамон хароб аст, тармим мекунанд.
Ба илтиҷо даромадам.
– Турсунзода устоди мо ҳастанд. Ин беҳтарин дастовези ман мешавад. Он кас ҳанӯз ин сурудро нашунидаанд.
Китобфурӯши хурдӣ гуфт:
– Имкон надорад. Ҳамин ки дастгоҳамонро тармим карданд, даҳҳо нусха омода мекунем. Биё, чанд фита лозим бошад, бо худ бубар.
Бо овози хаста гуфтам:
– Фардо, сари субҳ, ба Душанбе меравам, агар ҳоло фитаро нагирам, дигар лозим нахоҳад буд.
Бародарон хомӯш монданд. Калонӣ гуфт:
– «Маъвои дил»-ро ёфта меорӣ?
Бо шодӣ гуфтам:
– Оре!
Гуфт:
– Мегӯянд, ки дар бораи хонаводаи мо чизҳое ҳаст. Бояд хонему донем.
Ман гуфтам, ки дар китобхонаи шахсиам чанд ҷилди ин китоб ҳаст. Ҳатман меорам.
Калонӣ ҷамъбаст кард:
– Бошад, супориш медиҳем, аз Кобул барои мо фавран меоранд. Ин фитаи ягонаро ба устодатон баред.
* * *
Он солҳо дар Душанбе магнитофонҳои фитадор кам андар кам буд. Ҳар шабу рӯз хонаи мо пур аз хешу табору ёру дӯстон буд. Охир, як сол дар ғарибӣ будем, ҳамдигарро ёд кардаем. Ва нуқли маҳфилу нишастҳои мо магнитофон буду сурудҳои ҷаззоби Аҳмад Зоҳир.
Бо устод Лоиқ ва Сорбон, ки суруди «Ҳамин кофист»-ро шунида буданд, маслиҳат кардем, ки рӯзи дигар ба аёдати устод меравем ва фитаро туҳфаашон мекунем. Он вақт устод дар бемористони ҳукуматӣ бистарӣ будаанд.
Саҳар ҳарчанд кофтам, фитаро наёфтам. Шаб чанд нафар ошноён ба дидорбинӣ омада буданд ва равшан аст, ки яке аз онҳо фитаро ба яғмо бурдааст. Саросема ба яке аз онҳо, ки ба ман маҳрамтар буд, занг задам ва аҳволро қисса кардам.
Гуфт:
– Меёбем. Тахмин медонам, ки ин кори кист.
Такси гирифтему ба ҷустуҷӯйи «яғмогар» рафтем. Хонаи иҷораи ӯ дар кӯҳдомани Душанбе ҷойгир будааст. Ба ҳавлӣ наздик шудан баробар ба гӯшамон овози ширини Аҳмад Зоҳир расид.
Дӯстам гуфт:
– Дидӣ, моли устод ба каси дигар насиб намекунад.
* * *
Мувофиқи ваъда фитаро гирифтем, бо маслиҳати устод Лоиқ як шиша коняки арманӣ ҳам гирифтем ва ба беморхона раҳ кашидем.
Дар боғи бемористон ҳамсари устод ва духтарашон Фирӯза Турсунзодаро дидем, ки дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба мо аз фалсафа дарс мегуфтанд ва имрӯз ҳам ҳамсоя ҳастем.
Онҳо моро аз ниятамон боздоштанд. Гуфтанд, ки вазъи сиҳатии устод хуб нест ва духтурҳо ба аёдаташон иҷоза надодаанд. Аз ҳамин рӯ, дар берун нишастаанд.
Дигар чора намонд. Бо қиссаи кӯтоҳ, ки фитаро чи гуна аз Мазори Шариф ба даст овардаам, туҳфаро ба онҳо додам. Гуфтам, ки агар устод суруди Аҳмад Зоҳирро шунаванд, ҷо ба ҷо сиҳат мешаванд.
Коняк насиби худамон будааст. Ба ошхонаи сари роҳ даромадем…
* * *
Устодро боз дар назди даромадгоҳи Иттифоқи нависандагон дидам. Шифо ёфта буданд. Чеҳраашон арғувонӣ буд.
Маро диданду бо табассум гуфтанд:
– Ҳа, афғонписар!
Ва бо ҳамон табассуми зебо афзуданд:
– Барои «Ҳамин кофист» ташаккур. Воқеан ба ман беҳтарин дастовезро овардӣ. Ҳар рӯз дар хонаи мо тӯй. Овози Аҳмад Зоҳир баланд садо медиҳад. Табъи ҳама болида.
Суҳбати як сол пешро ба ёд оварда, ба худ гуфтам:
– Дар Афғонистон ҳамин сурудро меҷустам. Дарёфтам!
ФАТТОҲИ ЛОТАСХИР
Фаттоҳро ногоҳ дар кӯчаҳои Душанбе дидан худ як ҷашн аст. Аммо дар Питсунда, дар соҳили Баҳри Сиёҳ, садҳо километр дур аз Ватан дидан чӣ кайфияте дорад!
Вай зуд-зуд нафас гирифта, саросема гуфт:
– Ба Худо, аз танҳоӣ дилам кафид. Ҳар рӯз ба Хонаи эҷодии адибон меомадам, донистан мехостам, ки оё шоир ё нависандае аз Тоҷикистон омадааст.
Дар лаби Баҳри Сиёҳ чанд хонаи эҷодӣ мавҷуд буд. Дар паҳлуи Хонаи эҷодии адибон бинои боҳашамати «Правда» қад афрохта буд, ки он ҷо асосан кормандони рӯзнома ва чопхонаи «Правда» истироҳат мекарданд. Тақрибан як километр онтарафтар Хонаи эҷодии оҳангсозони Шӯравӣ қарор дошт ва ҳамчунон ки маълум гардид, Фаттоҳ он ҷо истироҳат мекардааст.
Ман ҳам саросема гуфтам:
– Сайидалӣ низ ин ҷост.
Чанд рӯз ману Фаттоҳу Сайидалӣ бо ҳам хуб дам гирифтем.
Як пагоҳӣ ӯ ба назди мо омаду гуфт:
– Киштие истироҳаткунандагонро ба сайри баҳр мебарад. Биёед, равем.
Он рӯз табъи Фаттоҳ бисёр болида буд. Ҳаво нарм, насими форам мевазид ва мӯҳои мошубиринҷи ӯро бозӣ медоронд. Вай ба сурудхонӣ оғоз кард. Ин амал барои оҳангсозон як кори маъмулӣ бошад ҳам, ман шахсан овозхонии оҳангсозони тоҷикро надида будам.
Фаттоҳ форам мехонд ва бадеҳаи машҳури устод Айнӣро, ки аз ҷониби писару духтар иҷро мешуд, худаш танҳо месуруд:
Шоҳдухтар, шакардухтар,
Шоҳи духтарон,
Абрӯкат ба ман бинмо,
Шавам ба ту ғулом.
Абрӯкам чӣ мепурсӣ,
Ёри бадгумон,
Дар бозор ӯсма надидӣ?
Ин ҳам мисли ҳамон!
Ману Сайидалӣ ҳам аз рӯйи тавони худ ба ӯ ҳамовоз мешудем ва аз таваҷҷуҳи ҳамсафарони гуногунмиллати мо маълум буд, ки оҳанги зебои бадеҳа барои онҳо низ хушоянд аст.
Фаттоҳ гуфт:
– Оё медонед, ки оҳанги бадеҳа ҳам моли устод Айнист?
Ростӣ, медонистам, ки устод Лоҳутӣ ба таронаҳои худ оҳанг баста, замзама мекард. Аммо устод Айниро нашунида будам.
Фаттоҳ ҷайбҳои худро гаштаю баргашта кофта, ниҳоят як варақи фарсударо берун кашид. Гуфт: «Ман имрӯз хушбахтам». Варақро аз дасташ гирифтам. Он ҷо шеъри устод Лоиқ сабт буд. Хондам:
Дарё! Дарё!
Бе худ равонӣ, дарё,
Пирӣ чу дунё,
Чун ман ҷавонӣ, дарё!
Ҳар гаҳ нагунҷӣ дар соҳили худ,
Ман ҳам нагунҷам дар манзили худ.
Ҳар гаҳ бишӯрӣ, хоҳам бирезам
Андар дили ту шӯри дили худ.
Дарё! Дарё!
Гуфт: «Ҳамин шеърро чаҳор сол дар ҷайбам гирифта гаштам. Ҳеҷ оҳанг баста натавонистам. Мисраъҳо дарозу кӯтоҳ, оҳанг тағйир ёфта меистад. Ҳамин пагоҳӣ зарбашро ёфтам».
Ва садои Фаттоҳ баланд шуд:
Дарё, дарё,
Бе худ равонӣ, дарё!
Пирӣ чу дунё,
Чун ман ҷавонӣ, дарё!
Албатта, хонандагони гиромӣ дарёфтанд, ки сухан аз таронаи зебо ва машҳури «Дарё» меравад, ки онро овозхони нотакрор Хурмо Ширинова месуруд ва чӣ нотакрор месуруд!
Ҳамон вақт Фаттоҳ гуфт:
– Ин сурудро баъди такмил ба Хурмо медиҳам.
Вай пешакӣ медонист, ки таронаи навэҷодашро кӣ бояд хонад.
Ману Сайидалӣ Фаттоҳро самимона табрик кардем ва албатта, масъалаи «шустанаш»-ро низ фаромӯш накардем.
Аммо ин «маросим» бо айби ман баргузор нашуд. Вақте ки аз соҳил хеле дур рафтем, Фаттоҳ ногоҳ гуфт:
– Шоирони мо бисёр, аммо ҳафт нафари онҳо барои ояндагон хоҳанд монд.
Ману Сайидалӣ тақрибан баробар гуфтем:
– Бародари азизи шоиршиноси мо киҳоро дар назар доранд?
Бидуни андеша гуфт:
– Ғаффор, Муъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор, Гулрухсор, Сайидалӣ ва Гулназар.
Хандаам омад. Бо қаҳр гуфт:
– Чаро механдӣ?
– Хайрият, ки ману Сайидалӣ дар паҳлуят истодаем. Вагарна касони дигарро номбар мекардӣ.
Ранҷид, чеҳрааш алвонӣ шуд.
– Киҳо дар паҳлуи ман истодаанд? Ман шуморо намебинам ва бо шумо суҳбат надорам. Ман бо андешаҳои худ гуфтугӯ мекунам!
Ва то дами бозгашт дигар даҳон накушод. Мо ҳам ӯро ба ҳолаш гузоштем. Зеро медонистем, ки ҳеҷ гоҳ аз гапаш намегардад, панди Хоҷа Ҳофизро ҳеҷ гоҳ баҷо намеорад: «Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст: бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро». Вай ҳангоми баҳсу мунозира на мурувват дошт, на мадоро…