Нишони фарҳанги миллӣ
Тавзеҳоте, ки дар ҳошияи тарҳи қонуни вобаста ба либоси миллӣ ба хотири пешгирӣ аз бархӯрдҳои эҳтимолии ноозмуда ироа гардидааст, таъкид бар он дорад, ки манзур аз либоси миллӣ моҳиятан ҳамон либоси суннатии тоҷикон аст, ки дар тули ҳазорсолаҳо шакл гирифта, такмил ёфта, дар ҳамаи давраҳои рушду таҳаввули фарҳанги таърихи миллии мо чун як рукни муҳимми ҳувияти миллӣ ҳифз гардидааст. Ҳатто дар замони ҳафтод соле, ки тоҷикон дар ҳайати Иттиҳоди шуравӣ ва дар фазои идеологияи муштараки он миёни чандин миллати дигар ба сар мебурданд, ин либос оинаи тамомнамои фарҳанги онҳо будааст ва бо тарҳу унсурҳои миллӣ ва эътиқодии худ симои тоҷикҳоро мушаххас мекард. Натанҳо тоҷикҳо, балки ҳар миллати дигари шуравӣ ҳам бо либоси миллии худ, муаррифӣ мегардид, ки дар китобҳо ва албомҳои хосе низ акси ин либосҳо гирдоварӣ ва муаррифӣ гардидааст. Шиори идеологии “шаклан миллӣ ва мазмунан сотсиалистӣ” ҳам ба ҳифзи ин унсурҳои миллӣ мусоидат менамуд.
Табиист, ки бо касби истиқлоли миллӣ ва давлатӣ таваҷҷуҳ ба арзишҳо ва унсурҳои миллӣ, аз ҷумла либоси миллӣ, дар миёни ҳамаи миллатҳои собиқ Иттиҳоди шуравӣ афзоиш ёфт. Тоҷикон, ки дар ин замина фарҳанги хеле ғанӣ ва пурравнақе доштанд, аз ҷумла дар истеҳсоли матоъҳои пурарзиши дорои шуҳрати ҷаҳонӣ, табиист, ки саъйи бештаре кардаанд. Ҳатто баъзе аз ин матоъҳо ва либосҳоро вориди дафтари феҳристи Юнеско намуданд ва ба ин восита ташаххуси миллии ин меросро ба сатҳи ҷаҳонӣ расонданд.
Ин нукта муҳим аст, ки сарфи назар аз навъи либосу матоъ, дар либоси миллии суннатии тоҷикон тарҳ ва миқёси пӯшиши он аз замонҳои хеле қадим ба таврест, ки ба меъёр ва шартҳои эътиқодӣ посухгӯ будааст ва дар ҳамаи давраҳо, аз ҷумла даврони шуравӣ ҳамин тавр ҳам ҳифз шудааст.
Дар солҳои ахир дар масъалаи либос бо ангезаҳои зоҳиран эътиқодӣ тамоюлҳои дигаре пайдо гардиданд, ки ҷанбаи сирф тақлидӣ доштаанд. Ҳатто баъзан мушоҳида шудааст, ки навъе аз либосҳои қавмию қабилаии ғайритоҷикие, ки ба маҳзи шароити табиӣ ва иқлиму урфу одоти мардумии ақвоми дигар ба вуҷуд омадааст ва он мардум низ ин навъ либосро хоси қавми худ мешуморанд, ба гумони он ки гӯё унсури мазҳабӣ ва эътиқодӣ бошад, мавриди тақлид ва пайравии бархе аз тоҷикҳо қарор гирифтааст.
Хулоса, ҳамон гуна, ки дар тамоми бахшҳои фарҳанги миллии тоҷикӣ дар тули рушду таҳаввули ҳазоронсолаи ин фарҳанг ҳама унсурҳои модиву маънавии он бо меъёрҳо ва унсурҳои эътиқодию миллӣ созгору мувофиқ шудааст, ҳамин навъ либоси миллиро ҳифз кардан ва такмил бахшидан шоиста аст.
Барои аз миён бурдани нофаҳмиҳо, ки ба ғараз аз он асбоби муноқиша сохта мешавад, салоҳ аст, ки мутахассисон ба таври тавсия ва намуна акси комили чанд навъи шоистаи либоси миллии тоҷикиро, ки аз ҷумла посухгӯи талаботи эътиқодии тоҷикон аст, дар лавҳҳо (плакатҳо) манзур намоянд. Ҳамон гуна, ки ин кор барои либосҳои донишгоҳӣ ва мактабӣ дар солҳои пештар анҷом шуда буд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки бо вуҷуди неруи зеҳнӣ (интеллектуалӣ), эътиқодӣ ва иродаи неке, ки давлату миллати мо ба воситаи он низоъҳо ва ихтилофҳои муҳлики ҷаҳони муосирро пушти сар намудааст, ин баҳсҳои мавридиро низ бо дирояту фазилати сириштии худ ҳаллу фасл хоҳад намуд.
Рустам Ваҳҳобзода