НАҶМИД­ДИНОВ МУТЕУЛЛО

 НАҶМИД­ДИНОВ МУТЕУЛЛО

МУТЕУЛЛО НАҶМИД­ДИНОВ 12 сентябри соли 1927 дар деҳаи Варзики ноҳияи чусти вилояти Намангон ба дунё омада, барвақт аз навозиши падари мударрисаш маҳрум гардида, рӯзҳои сахтеро аз сар гузарондааст.

Солҳои Ҷанги Бузури Ватанӣ ба сари хонадонашон кулфатҳои дигаре бор гардиданд. Гушнагиву қаҳтӣ мардуми нодору ночорро тут барин мерезонд.

Дар ин даврони сангини қашшоқию гуруснагӣ Мутеулло ҳамроҳи бародараш Имомуддин аз Сурхӣ ном силсилакӯҳе, ки дар шарқи деҳа сар кашида буд, хок оварда, дар деги пуроб ҷӯшонда, намак ҳосил мекарданд. Намакро дар бозори гузар фурӯхта, ғизое мехариданд.

Баъди ғалаба бар фашизм пул нав шуда, ҳоли халқ андаке рӯй ба беҳбудӣ овардааст. Мутеулло, ки хонандаи пешқадами синфи нӯҳум буд, бо маслиҳату дастгирии директори мактаби миёнаи деҳа Мирхолдор Халилов ба деҳаи Оғосарой рафта, муаллими фанни ҷуғрофия шудааст. Баъди як соли ба таълиму тарбия машғул шудан, соли 1848 бо мақсади таҳсил ба Душанбе омадааст. Дар Душанбе ба орзуи деринааш, ки дидани нависандаи бузурги ҳамдиёраш Сотим Улуғзода буд, расидааст. Аз суҳбати адибони бузург Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Шарифҷон Ҳусейнзода ва диг. баҳраҳо бардошта, соли 1949 ба шуъбаи филологияи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурдааст. Имтиҳонҳоро бомуваффақият супурда, донишҷӯй шудааст.

Ҳамин тавр, Мутеулло Наҷмиддинов соли 1954 донишгоҳро ба итмом расонда, ба рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ба кор даромадааст. Дар саҳифаҳои рӯзнома аввалин очерку ҳикоя ва мақолаҳои публитсистии ӯ ба табъ расидан гирифтаанд. Он солҳо дар идораи рӯзнома беҳтарин адибону рӯзноманигори вақт – Аминҷон Шукӯҳӣ (муҳаррири рӯзнома), Абдумалик Баҳорӣ, Абдусалом Атобоев, Ғоиб Қаландаров, Шодон Ҳаниф, Ибод Файзуллоев, Мусалламхон Баҳриддинов ва дигарон гирд омада буданд.

Ду соли муҳарририи рӯзномаи «Комсомолии Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон») дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва истеъдоди нависандагии Мутеулло Наҷмиддинов заминаи мустаҳкам гузоштаанд. Додоҷон Раҷабиро аз Хуҷанд, Бобо Ҳакимро аз Исфара, Мазҳабшо Муҳаббатшоевро аз Бадахшон, Нур Табаровро аз Ваҳдат (Орҷоникидзеобод) ва дигар қаламкашони соҳибистеъдодро аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба кор ҷалб намудааст.

Пас аз ин, ду сол, дар Мактаби олии ҳизбии Маскав таҳсил карда, соли 1964 ба Душанбе баргашта, мудири шуъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Ирфон» таъин гардидааст. Солҳои дар нашриёт кор карданаш пурсамар буданд. Китобҳои ӯ «Одамони сарбаланд», «Дарё маҷрои нав меҷӯяд», «Суруди одамони наҷиб», «Меҳри замин», «Пайраҳаи шинос», «Одамон ва соҳилҳо», «Ширмоҳ» пайиҳам аз чоп баромадаанд. Махсусан, қиссаҳои «Дарё маҷрои нав меҷӯяд» ва «Ширмоҳ» аз ҷониби мунаққидону хонандагон баҳои баланд гирифтаанд ва дар тарҷумаи Лев Қандинов дар Душанбею Маскав ба забони русӣ чоп шудаанд. Инчунин, асарҳои нависанда ба забонҳои руминӣ, украинӣ, эстонӣ, қазоқиву қирғизӣ ба табъ расидаанд.

Чанде аз навиштаҳои К. Волф, С. Зарян, Ю. Ритхеу, Ш. Рашидов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар Саридораи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик мудири шуъба, чанд соли охир то ба нафақа баромадан, сармуҳаррири бахши драматургияи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ будааст.

Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин бо медали «Барои меҳнати шоён», Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон, Шӯрои Олии Ӯзбекистон, медали нуқраи НКХХ СССР мукофотонида шудааст.

Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон.

Аз соли 1968 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

2 апрели соли 2002 аз олам чашм пӯшид.

Дигар хабарҳо