Нақши худшиносӣ дар бақои давлатдории миллӣ

Донистани мероси ғании гузаштаи миллати тоҷик барои такомули эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори солими миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ дар роҳи расидан ба саодати умум яке аз рукнҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хидмат мекунад”.
Илм собит кардааст, ки ташаккули ҷомеаи инсонӣ бо шуури таърихӣ ва худогоҳии ӯ павйваста рушд ёфтааст. Батадриҷ инсон дарк намудааст, ки ӯ натанҳо имрӯз, балки гузашта ва оянда низ дорад. Бинобар ин донишмандон таърихро ҳофизаи ҷомеа, худогоҳӣ ва худшиносии ӯ донистаанд. Он ҳодисаҳое, ки аз байн рафтаанд, дар воқеи амр дар шуури инсон зинда ҳастанд. Донистани зиндагии гузашта барои эҷоди имрӯзи ҷамъият зарур мебошад. Фалсафаи иҷтимоии муосир ба масъалаҳои усулии ҷаҳонбинӣ ва методологии ҳаёт ва рушди ҷомеаи инсонӣ аҳаммияти махсус дода, қонуниятҳои инкишофи давлат ва давлатдориро низ ҷузъи фалсафа медонад. Ҳанӯз мутафаккири бузурги Фаронса Сен-Симон гуфта буд, ки вазифаи илм иборат аз он аст, ки низоми беҳтарини сохтори ҷамъиятиро дар замони муайян дарк намояд, то ки ба идоракунандагон ва зимомдорон барои фаҳмидани такмили ин низом мусоидат кунад.
Ин масъала барои халқҳое, ки таърихи ғанӣ ва сарвати бузурги фарҳангӣ доранд, хеле муҳим аст. Зеро аз муваффақиятҳо ва шикастҳои худ огоҳ будан ва дар сохтмони давлати миллии худ онро дар назар гирифтан ниҳоят зарур аст. Бо дарназардошти ин асли муҳим, баъд аз барқарор шудани сулҳу ризоияти миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳқиқи воқеаҳои ногувори солҳои 90-уми асри гузашта пардохта, яке аз сабабҳои рух додани он ҳодисаҳоро дар сатҳи пасти худшиносии миллӣ ва шуури таърихӣ муайян намуданд. Бинобар ин, аз як тараф ба таҳқиқи таърихи давлатдории тоҷикон аз даврони қадим то асри ХХ, аз тарафи дигар ба баргузориии чорабиниҳои амалӣ пардохтанд. Асарҳои «Аз Ориён то Сомониён», «Нигоҳе ба таърих ва фарҳанги ориёӣ», «Имоми Аъзам Абуҳанифа», мақолаҳо доир ба иддае аз бузургони миллат, ки дар «Чеҳраҳои мондагор» ҷамъ омадаанд, ба ҳамин манзур таълиф шудаанд. Баргузории ҷашнҳои шаҳрҳои қадимаи тоҷикон, шахсиятҳои намоёни миллати тоҷик, мақоми давлатӣ додан ба ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, Рӯзи модар ва таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар ниҳояти амр барои боло бурдани сатҳи шуури таърихӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ равона шудаанд.
Дар маркази сиёсати илмӣ ва фарҳангии Сарвари давлат қарор гирифтани худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ҳадафи ниҳоят муҳим ва зиндагисоз дорад. Зеро аз таҳдиди хатарҳои муосир ба давлатдории миллӣ маҳз дарки амиқи ваҳдати ҷомеа ва муттаҳидии миллӣ, инчунин огоҳии сиёсии амиқ метавонад наҷот диҳад. Ҳифзи насли ҷавон аз ақидаҳои тафриқаандоз ва тундрави сиёсию динӣ маҳз ба воситаи тарбияи онҳо дар рӯҳи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, бохабар будан аз таърихи ғании фарҳанги миллат ва донистани қадру арзиши сулҳу ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад. Ҷангҳои бардавоме, ки дар асрҳои ХIХ-ХХ ба вуқуъ пайваста буданд, баъзе донишмандонро ба хулоса овардаанд, ки ҷанг ба табиати инсон хос аст ва он ҳеч гоҳ аз байн нахоҳад рафт. Ҳатто баъзе олимони намоён ин ақидаро ҳамчун асоси назарияи худ дар бораи табиати ҷомеаи инсонӣ қарор додаанд. Чунончи, олими рус Е. Н. Трубетской (1863-1929) сулҳро як орзуи амалинашавандаи инсон дониста, маъюсона навиштааст: «Маълум мешавад, ки орзуи сулҳ, ҳатто дар доираи ҷомеаи инсонӣ, хаёли ботиле беш нест. Дар ҷаҳон сулҳ аслан вуҷуд надорад. Он чизе, ки мо сулҳ меномем, дар амал фақат муторикаи ҷанг аст, бадтар аз он, ҷанги пинҳонӣ буда, ҳолатест, ки ҳама чиз ба ҷанг, ҳамчун мақсади ғоявӣ ва хотимавӣ тобеъ мебошад».
Ин ақида маҳсули тарғиби бузургманишии баъзе неруҳои ғарбӣ ва шарқии забткорона буда, инсонҳоро борҳо ба фоҷеаҳо дучор намудааст. Бар хилофи ин гуна андешаҳои маъюскунанда иддае аз мутафаккирони тоҷику форс, масалан, устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Низомӣ, Умари Хайём, Саноии Ғазнавӣ, Аттор, Мавлонои Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон ба такомули маънавии инсон бовар доштанд, ақидаҳои ҷомеаи ормониро пешниҳод мекарданд. Яъне онҳо бовар доштанд, ки инсон аз роҳи тарбияи маънавӣ ва мағлуб кардани нафси саркаш ба мавҷуди сулҳпарвар ва худоҷӯ табдил хоҳад ёфт. Онҳо худшиносиро амри зарурӣ барои худошиносӣ медонистанд.
Дар марҳалаи кунунии ҳаёти ҷомеаи мо, ки оғози давлатсозии навини миллӣ дар шароити мураккаби ҷаҳонисозии муосир сурат мегирад, таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таблиғи мероси ғании илмӣ, фарҳангӣ, динӣ, адабӣ, таърихӣ аз он ҷиҳат низ дорои аҳаммияти бузург аст, ки дар сиёсатҳои давлатҳои неруманди ғарбӣ ва олимони ташаккулдиҳандаи сиёсати фарҳангию таърихии онҳо гоҳо ошкоро ва гоҳе зимнӣ изҳор мешавад, ки мардуми Ғарб дорои тафаккури назарӣ, созанда ва таҳлилӣ буда, мардуми Шарқ аз ҳаёти ақлонӣ дур мебошанд.
Ин ақида изҳори як фикри тасодуфӣ набуда, хатари бузурги сиёсӣ ва мафкурасоз мебошад. Масалан, андешаи яке аз олимони ҷонибдори ин ақида Густав Шпетро мехоҳам зикр кунам. Ӯ навиштааст: «Маҳз Шарқ ватани ҳикмат, ҳар гуна афсона, ривоятҳо ва устураҳо мебошад. Шарқ таҳти таъсири он аст, аз он ғизо мегирад, ба воситаи он худро изҳор мекунад. Вай тааммулу таҳлил (рефлексия)-ро намедонад, ҳаёти ақлонӣ ба ӯ чизе бегона аст, ӯ онро (фаъолияти ақлониро) аз кори вазнини ҷисмонӣ ба душворӣ фарқ мекунад. Вақте ки аз ӯ фишори ақлониро талаб намекунанд, истироҳат мекунад; танбалии ақлонӣ табиат ва фазилати ӯ мебошад».
Оё метавон бо ин ақида розӣ шуд? Ҳаргиз не! Чаро чунин фикрҳои таҳқиромез ба мардуми Шарқ, ки мо ҳам ҷузъи он ҳастем, нисбат дода мешаванд?! Дар мисоли бузургони халқҳои тоҷик-форс беасос будани ин ақидаро ба осонӣ метавон исбот кард. Муҳаммади Хоразмӣ, Абубакри Розӣ, Ибни Сино, Берунӣ, Насируддини Тӯсӣ, Аҳмади Дониш ҳама дорои тафаккури амиқи назарӣ ва дорои неруи ақлонии қавӣ будаанд. Осори онҳо ба ҷаҳони тамаддун маълум ва машҳур аст. Инкорсозони тафаккури эҷодгаронаи шарқиён ё аз афкори ғании мардуми мо чандон огоҳӣ надоранд ва ё таҳти таъсири сахти аврупосентризм қарор гирифтаанд, ки ин ақида ба мафкураи онҳо табдил ёфтааст.
Барои рад кардани чунин мафкура, пеш аз ҳама, худшиносии миллӣ, таърихӣ ва соҳибӣ карда тавонистани мероси бузурги маънавии халқи худ зарур аст. Асарҳои Пешвои миллат, суханрониҳои он кас дар ин мавзуъ ва диққати насли ҷавонро ба ин масъала ба воситаи рӯ овардан ба таърих, мероси илмию адабии гузаштаю муосир ба воситаи ташкили озмунҳои «Илм-фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-ватани азизи ман», «Беҳтарин донандаи «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров» ва ғайра ҷалб кардан аҳаммияти бузурги маърифатӣ, мақсади парвардани эҳсоси худшиносии миллӣ ва ташаккули ифтихори миллиро дорад. Ин иқдомҳо ибтикороти бузурги таърихии Пешвои миллат мебошанд, ки барои таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон равона гардидаанд. Мутаассифона, моҳияти давлатсозӣ доштани ин ибтикороти хеле дурандешонаи Пешвои миллатро на ҳамаи афроди ҷомеа амиқ дарк кардаанд. Баъзеҳо гоҳо онро як мусобиқаи одии шеърхонӣ ва ё китобхонӣ барои гирифтани ҷоизаҳо мефаҳманд, ки дарки саҳлангорона аст.
Худшиносӣ маънои амиқ ба моҳияти худ, ба кӣ будану чӣ будан ва чӣ мавқеъ доштани худ таваҷҷуҳ карданро дорад. Он аз тақозои шароити ҳаёти иҷтимоӣ ба вуҷуд омадааст, ки пеш аз ҳама, аз ҳар фард тавоноии муайян кардан ва баҳо додани рафтору сухан ва фикри худро аз мавқеи қоидаҳои муайяни ҷомеа тақозо менамояд. Донишмандоне, ки масъалаи мазкурро таҳқиқ кардаанд, бар ин назар ҳастанд, ки худшиносӣ ба рефлексияи (дарку таҳлили) инсон сахт вобаста аст. Қобилияти дарку таҳлил чунин маъно дорад, ки таваҷҷуҳи шахс ба худи ӯ, ба умқи ҷаҳони ботинии рӯҳии худаш нигаронида мешавад. Тааммул ба дарки моҳияти худии шахс иртибот дорад. Ӯ дониш ва амалҳои анҷомдодаи худро ҳамчун мавҷуди оқил дарк менамояд. Албатта, сатҳи худшиносии шахсон тафовут дорад. Баъзеҳо, ба сабабҳои гуногун, вобаста ба дараҷаи дониш ва қобилияти фаҳмиш дар сатҳи паст қарор доранд. Вале баъзеҳо дар бораи моҳияти ҳастии худ ва атрофиёну ҷомеа, масъалаҳои ҳаёти шахсӣ ва умумиинсонӣ андешаи амиқ доранд. Инсони худшинос ба афкору амалҳои худ аз назари танқидӣ бархӯрд менамояд, нақсҳои ботинӣ ва одатҳои манфии худро фаҳмиданӣ ва ислоҳ карданӣ мешавад.
Дар солҳои нооромии кишвар шахсоне буданд, ки дар давраи хеле душвори тақдири миллату давлат манфиатҳои динӣ ва мансабхоҳии худро аз манфиатҳои умумимиллӣ боло гузошта, ҷомеаро ба варта наздик карда буданд. Онҳое, ки манфиатҳои умумимиллӣ ва зарурати таърихиро хуб дарк карданд, дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд дар интихоби лидери умумимиллӣ масъулияти ҷиддӣ эҳсос намуданд ва шахсеро ба мақоми Раиси Шурои Олӣ интихоб карданд, ки бо эҳсоси масъулиятшиносии бузург ва худшиносии амиқи миллӣ тавонист барои ҳифзи давлат аз нобудӣ ва аз парокандагии миллат неруҳои тавонмандро раҳнамоӣ кунад. Арзи ҳастӣ намудани чунин шахси ҷавобгӯ ба зарурати таърихи миллати тоҷик боиси наҷоти давлат ва миллат аз хатарҳои бузург гардид. Бинобар ин, Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз ҷиҳати назарӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ Пешвои миллат ва эҳёгари давлат гардиданд ва худшиносии миллӣ ҷузъи муҳимми сиёсати давлатӣ қарор гирифт. Масъалаи муҳим ин аст, ки то чи андоза пайравони Пешвои миллат ба мактаби худшиносӣ ва давлатдории он кас масъулона муносибат карда, аз мактаби давлатсозияшон дарси мукаммали эҷодкорона хоҳанд гирифт.
Истиқлоли давлатии халқи тоҷик дар баробари истиқлоли давлатии ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шуравӣ гӯё осон ба даст омада бошад ҳам, оғози давлатсозии миллӣ баъзе аз норасоиҳои тафаккур ва хислати миллии моро ошкор намуд. Барои рафъи нақсҳои миллӣ, пеш аз ҳама, худшиносию ваҳдати ому том зарур аст, ки он раванди доимӣ мебошад. Яъне худшиносӣ ва эҳсоси ифтихори миллӣ таваҷҷуҳи ҳамешагиро тақозо дорад. Аз дарсҳои гузашта сабақи дуруст гирифтан ва воқеаҳои муҳимми таърихи миллати худро ҳамеша дар ёд доштан зарур аст. Мирзо Бедил, шоири мутафаккир ва файласуфи амиқназари тоҷик ба ҳофизаи таърихӣ ишора карда гуфта буд:
Айшу ғаме, ки навбари боғи таҷаддуд аст,
Чандин ҳазор мартаба аз ёд рафта буд.
Шоирони бузурги мо, ба мисли Саноӣ, Аттор, Низомӣ, Мавлоно ва дигарон гоҳо худшиносиро бо ишқ вобаста кардаанд. Албатта, консепсияи онҳо ирфонӣ бошад ҳам, дар меҳвари афкорашон инсон қарор дорад. Ишқ натанҳо ба Офаридгор, балки ба инсон низ вазифаи иҷтимоӣ маҳсуб мешавад, яъне кӯшиш барои озодии инсон ҷузъи муҳимми таълимоти онҳо мебошад. Андешаи худшиносии ирфонии бузургони мо ба мутафаккирон ва файласуфони Ғарб низ бетаъсир набудааст. Масалан, Франк С.Л. (1877-1950) дар бораи худшиносии шахс сухан ронда, гуфтааст: «Ишқ асоси тамоми ҳаёти инсон мебошад. Агар инсон дар ҷаҳон худро ҷузъи ҷудогашта аз ҳастӣ тасаввур кунад, дарк мекунад, ки бе ишқ ҳаёт нест… Бинобар ин ҳар қадар одам ба ботини худ фурӯтар равад, ба ҳамон андоза вусъат меёбад, робитаи табиӣ ва заруриро бо ҳамаи одамони дигар, бо тамоми ҳаёти олам дар маҷмуъ пайдо мекунад».
Масъалаи худшиносӣ дар осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми махсус дорад. Он натанҳо масъалаи дохилимиллии мо, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамчун дарки масъалаҳои умумиинсонӣ дониста шудааст, ки дур будан аз моҳияти худӣ инсониятро ба хатарҳои бузург рӯ ба рӯ кардааст. Лозим ба тазаккур аст, ки эҳсоси масъулияти худшиносии умумиинсонӣ дар баробари проблемаҳои ҷаҳонӣ миллати тоҷикро пешсафи мубориза барои ҳифзи манфиатҳои байналмилалӣ қарор додааст, ки аз тариқи пешниҳодҳои Сарвари давлати мо доир ба масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, амнияти озуқаворӣ ва ғайра аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.
Имрӯз дар баробари ҷиҳатҳои хуби ҷаҳонисозӣ равандҳои хатарзо низ бештар зуҳур кардаанд. Муборизаҳои зиддиинсонӣ барои ғасби захираҳои моддӣ ва сарватҳои табиии кишварҳои ҷаҳони сеюм, ба воситаи ҷангҳо, зӯровариҳо ва низоандозиҳо барои ноором кардани кишварҳо хатари глобалӣ буда, ҳифзи ҳар миллату давлат аз ин таҳдидҳо худшиносии амиқи миллӣ ва эҳсоси масъулияти фардии аҳли ҷомеаро тақозо мекунад. Донишмандон дар ин ақида ҳастанд, ки инсон бар асари нохудогоҳӣ табиатро ҳар чи бештар ба худ тобеъ карданӣ шуда, худро низ хароб мекунад. Роҳи наҷот аз хатарҳои глобалӣ дар худшиносии инсон ва дар эҳсоси масъулияти ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, фарҳанги зиндагӣ бояд ба талаботу қаноати оқилона асос ёбад.
– Фарҳанг ҳамон вақт зинда, неруманд ва таҳрикдиҳанда мегардад, – навиштааст яке аз файласуфони муосир, ки он бар табиати рӯҳбахшанда, на мустаъмира қарор гирифта бошад. Ватандӯст будан, ба қадри озодӣ расидан, ояндабин ва ояндасоз будан аз тариқи тарбияи худогоҳӣ ва худшиносӣ имконпазир мегардад.
Бинобар ин, худшиносӣ ва дарки масъулияти фардӣ барои ҳифзи оромию осудагии миллат ва давлат, ифтихор аз давлатдорию соҳибистиқлолӣ дар замони муосир масъалаи ҳаётӣ буда, саодати наслҳои имрӯзу оянда ба он сахт вобаста аст.
Кароматулло ОЛИМЗОДА,
академик