Нақд қолабшиканӣ мехоҳад

 Нақд қолабшиканӣ мехоҳад

Дар мизи гирде, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд ва ба нақди адабии имрӯзамон ихтисос дошт, адабшиносону ноқидонамон андешаҳои хубу судмандашонро баён карданд. Ба назар гирифтани ин мулоҳизаҳо ва ҷорӣ кардани онҳо дар амал, бешак, боиси рушди нақди адабӣ ва қувват гирифтани он хоҳад шуд. Бештари ин пажӯҳишгарони муҳтарамамон ба ин назар буданд, ки дар нақд бояд ҳатман меъёру милокҳои илмиву назарӣ, ки дар тӯли қарнҳо адабпажӯҳони худиву бегона муқаррар кардаанд, риоят шаванд. Ин, албатта, дуруст аст. Нақди ҷиддиву ҳақиқӣ бояд аз ин меъёрҳо моя бигирад.

Мо мехоҳем дар бораи навъи дигари нақд, ки адабшиносон онро «нақди завқӣ ва маърифатӣ» мегӯянд, андешаамонро баён кунем. Ба ин навъи нақд бештар шоирону нависандагон гароиш доранд ва ҳосили таҷрибаҳояшонро бе пойбандӣ ба қайдҳои қоидаву назария ба қалам медиҳанд. Албатта, баъзе нависандагони чунин нақд меъёрҳои собити илмиро комилан фурӯгор намекунанд, вале маҳаки асосӣ дар корашон завқу қареҳа ва таҷрибаи шахсии худашон аст. Шоири зиндаёд устод Гулназар дар китоби арзишманди «Растохези сухан» чанде аз мақолаҳои нақдияшро ҷой додааст, ки онҳоро бо дили пур мешавад намунаҳои дурахшони нақди завқӣ ва маърифатӣ донист. Ба вежа дар мақолаи «Вожаро бояд шуст» шоир бо такя ба таҷрибаи эҷодии хеш андешаҳояшро хеле муассир иброз намудааст. Дар навиштаҳои пешини устод Гулназар ҳам, аз ҷумла дар китоби «Лоиқе чун Лоиқе» ҷанбаи завқиву таҷрибии нақд хеле қавист. Дар ин ҷумла аз як мақолаи устод хеле гапҳо гуфта шудаанд: «Шеъри нозимон мисли таронаи овозхонест, ки аз гулӯ боло суруда мешавад».

Устод Абдулҳамид Самад низ дар китоби пурарзиши «Санги маҳак ва тарозуи адабиёт» мулоҳизаҳояшро дар бораи масъалаҳои гуногуни адабиёти муосир, хусусан наср, баён кардааст, ки ҳосили шинохту бардошт ва таҷрибаҳои шахсии худи адибанд.

Шоири шодравон Муҳаммадалии Аҷамӣ, ки мунтақиди маъруф низ буд, шеърро ба тарзи комилан дигаре нақд мекард ва нақдҳояш ба завқу биниши худаш такя доштанд. Бо нигаришу нигориши шоирона шеърро баррасӣ менамуд, рамзу рози вожаҳоро дар шеър кашф мекард ва бештар ба ҷанбаи ҷамолшиносӣ таваҷҷуҳ дошт. Афсӯс, ки ҷои ин гуна нақд ҳоло дар адабиётамон холист. Воқеае ба ёдамон расид, ки ба устод Аҷамӣ марбут аст ва то ҷое тафовути нақди завқиву илмиро дар ҳавзаи илмиву адабии худамон бармало мекунад. М. Аҷамӣ дар нақдаш вожаву ибораҳоро, чун дар шеър, бештар ба маънои маҷозияшон ба кор мебурд ва ин ба назари баъзе адабшиносон, ки ба корбасти мафҳуму истилоҳҳои дақиқи илмӣ одат кардаанд, аҷибу ғариб менамуд. Шоир дар мақолае ибораи «шеъри пӯё»-ро ба кор бурда буд ва як адабиётшиноси маъруфамон дар маҳфиле эрод гирифт, ки ин ибора маъние надорад, «шеъри пӯё» яъне чӣ? Магар шеър ҳаракат мекунад?

«Шеъри пӯё»-и устод Аҷамӣ, албатта, маънии фарох дорад, яъне шеъре, ки пуртаҳарруку зиндаву тапанда аст, беҷӯшу хурӯш нест. Азбаски сухани шоир аз қолабҳои маъмулии илмӣ берунтар рафта буд, ба назари он адабиётшинос «бемаъниву бемантиқ» намуд. Нақди завқиву шоирона имкон медиҳад, ки ҳамин гуна қолабҳо шикаста шаванд ва сухан аз доираи меъёрҳову қоидаҳо берунтар биравад. Хондани чунин нақдҳо, чун асари бадеӣ, ба мухотабон, ҳам ба аҳли адаб ва ҳам ба хонандагони одӣ лаззат мебахшад ва завқашонро ташаккул медиҳад.

Баъзе аз адибонамон дар вақти навиштани нақд равишҳои илмиро бо таҷрибаҳои шахсӣ ва завқу шинохти худ омезиш додаанд, ки шояд судмандтарин ва коромадтарин нақд ҳамин бошад. Нақдҳои устодон Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Низом Қосим ва Рустам Ваҳҳобзодаро метавон шомили ҳамин гурӯҳ донист, ба ин далел, ки дар корҳояшон ҳам аз қоидаҳои назарии нақд ва ҳам аз таҷрибаҳои шахсияшон суд меҷӯянд. Ҳамин гуна нақд бештар ба дарди адабиёт мехӯрад ва барои пешрафти адибони ҷавон мадад мекунад.

Устод Абдураҳмони Абдуманнон, ноқиди ҳирфаиямон ҳам дар баъзе корҳояш нақди адабиро огоҳона бо публитсистика, ба вежа бо чеҳранигорӣ (портрет) омезиш медиҳад ва ба ин васила онро ҷолибтару хонданитар мекунад. Яъне танҳо ба нақди сирф илмӣ иктифо нанамуда, аз имконоти анвои дигари эҷод истифода мекунад. Дар ин ҷо ҳам нақл ҳаст, ҳам зарофат ҳаст ва ҳам ҷузъиёти зоҳиран барои нақд бегонанамо.

Дар ин замина аз ҳамзабононамон ҳам метавон мисолҳо овард. Мунтақид ва шоир Ризо Бароҳанӣ дар баъзе бахшҳои китоби машҳури «Тило дар мис» аз қолабҳои илмиву академӣ фаротар гом ниҳода, аз шеваҳое кор мегирад, ки зоҳиран хоси нақди илмӣ нестанд. Ин хусусиятро метавонед дар мақолаи «Тасвиргаре бузург» (дар бораи Нодири Нодирпур) равшан мушоҳида кунед.

Сухани Нодири Нодирпур, ки гуфта буд: «Ман бо дасти ношуста шеър наменависам», машҳур аст. Нақл кардаанд, ки боре Фурӯғи Фаррухзод ба ин гапи Нодирпур ишора намуда, гуфтааст: «Эй оғо, боре бо дасти ношуста ҳам шеър бинавис!» Ин ҳарфи Фурӯғ як навъ нақди нозукест ва ба якнавохтии шеъри Нодирпур (аз диди Фурӯғ) ва ба худдориву эҳтиёткорияш дар навоварӣ ишора дорад. Воқеан, ин тирест, ки ба нишон расидааст.

Ҳатто яке аз бузургтарин адабшиносон ва шоирони Эрон устод Шафеии Кадканӣ дар нақдҳояш, албатта, дар баробари меъёрҳои илмӣ, ба шеваҳои ғаримаъмул ва наздик ба асари бадеӣ таваҷҷуҳ дорад, ки ба навиштаҳояш маззаи дигар бахшидааст. Ҳатто аз имконоти танзу ҳаҷв ҳам дар нақдҳояш истифода мекунад. Бубинед, чи гуна танзи нозук дар мавриди шеърҳои Суҳроби Сипеҳрӣ бо корбурди ибораҳои «фарзандони халафу нохалаф» пораи зерро аз қайди нақди китобиву илмӣ берунтар бурдааст. «Ҷеғи бунафш» ва «овози равшан» ин ҷо маънои киноӣ доранд ва ноқид қасди ба боди масхара кашидани баъзе шеърҳои шоирро дорад: «Шеърҳои Суҳроби Сипеҳрӣ, ба вежа аз «Садои пойи об» то «Мо ҳеҷ, мо нигоҳ», ки тавфиқ ва шуҳрати Сипеҳрӣ марҳуни онҳост, фарзандони халаф ва нохалафи «ҷеғи бунафш» ва «овози равшан»-анд».

Дар идома лаҳни ноқид боз ҳам тундтар мешавад ва ин тундӣ бо ибораҳои «балои ҷон» ва «мушт боз кардан» зоҳир мегардад: «Сипеҳрӣ тамоми умраш беш аз он ки сарфи шеър гуфтан шавад, сарфи кӯшиш дар роҳи расидан ба сабки шеърӣ шуд ва бо «Садои пойи об» ба сабки шеърии муваффақе расид ва ҳамон сабк дар «Мо ҳеҷ, мо нигоҳ» балои ҷони ӯ шуд ва мушташро дар баробари хонандаи дақиқ ва ҳушёр боз кард».

Манзури мо тарзи баён дар нақд ва гоҳ-гоҳ дурӣ ҷустан аз тарзу шеваҳои мубтазали «меъёрист». Ноқиди пухтакору варзида чунин равишҳои маъмулро канор гузошта, ба тарзи хоси худ шеърро нақд мекунад ва бисёр иттифоқ меафтад, ки ин тарзи хос бо равишу ҳинҷорҳои нақди илмӣ созгор нест, балки як навъ гурез аз тарзҳои корхӯрдаву дастфарсуди нақд аст.

Мо бар онем, ки натанҳо шеъру наср, балки нақди адабӣ ҳам ба қолабшиканиву ҳинҷоргурезӣ ниёз дорад. Танҳо бо нақди илмиву меъёриву назарӣ намешавад ба адабиёт таъсир гузошт.

Толиби ЛУҚМОН

Дигар хабарҳо