Нақди асилро чӣ гуна ривоҷ диҳем? Назари адабиётшиносони шинохта
Бо вуҷуди талошҳо ва баргузории маҷлисҳои махсуси вобаста ба нақди адабӣ, ҳанӯз ҳам дар ин шохаи муҳимми адабиётамон мушкилот ва норасоиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд. Камшумории мунаққидон, хусусан ноқидони ҷавон, чандон фаъол набудани пажӯҳишгаронамон дар нақду баррасии осори адибони имрӯз ва умуман, посухгӯ набудани танқиди адабиямон ба ниёзҳои адабиёт аз мушкилоте мебошанд, ки равшан мушоҳида мекунем. Пас, барои қувват гирифтани нақди адабӣ ва ба ин арса омадани ҷавонони фаъол чӣ бояд кард ва аз чӣ шеваҳое бояд кор гирифт? Дар посух ба ин саволҳо ду тан аз адабиётшиносон ва мунаққидони шинохтаамон андешаҳояшонро баён карданд:
Абдухолиқ Набавӣ:
— Масъалаи нақди адабӣ, ба фикри ин ҷониб, ба масоили бузурги иҷтимоӣ ва сиёсиву ахлоқии рӯзгори мо робитаи мустақим дорад. Зеро ҳунари нақд карда тавонистан ин ҳуна ри тамйиз додани нек аз бад ва сара аз сақат, ҳунари таҳлилу таҷзия кардан, қазовати одилонаву беғараз намудан ва ба натиҷаи воқеии моҳияти чизҳо расидан аст, ки ба раҳнамоиҳои солим ва воқеии раванди адабӣ имкон дода, самти рушд ва камолоти адабиётро муайян карда метавонад. Мунтақиди боҳунар, ҳушёру бедор ва қазоватгари берӯю риё будан, чашми моҳиятбин доштан, фикри солим ва инсофи тахассусиву инсониро пеш гирифтан баробари ин, ки аз фитрати ахлоқии ҳар кас ибтидо мегирад, ҳамчунин ба афкори иҷтимоӣ ва завқу савия ва фикру андешаи ҷомеа сахт вобаста мебошад.
Аслан нақди адабӣ ба масобаи адабиёт аст. Адабиётро виҷдони ҷомеа гуфтаанд ва нақдро виҷдони адабиёт. Аз ин ҷо наққодӣ масъулияти бузургест. Барои он ки нақди адабӣ вазифаи муқаддаси худро иҷро карда тавонад, ба фикри банда, чанд кореро амалӣ кардан лозим аст:
– Аввалан, бояд андешаи интиқодиро дар ҷомеа тарбия кард, то ки ба масоили зиндагӣ на тавсифӣ, балки таҳлилӣ назар андозанд;
– Донишҳои адабӣ дар мактабҳо бояд ба фикри қазоватгари хонанда имкон диҳанд;
– Дар факултаҳои суханшиносӣ бахшҳои нақди адабиро пурқувват бояд намуд. Дар канори донишҳои назариву таърихӣ, ба дарсҳои нақди амалӣ диққати бештар додан лозим аст. Бо донишҷӯён мақолаҳои интиқодиро мавриди баррасӣ қарор бояд дод. Онҳо бояд бо нашрияҳои адабӣ ҳамкории доимӣ дошта бошанд;
– Нақднависӣ кори ҳавасакӣ нест ва ҳар кас ноқид шуда наметавонад. Нақднависӣ ба ҷуз аз истеъдод, боз донишҳои фарохи илмӣ, адабӣ, назарӣ, забоншиносӣ, таърихӣ, равоншинохтӣ ва ҷомеашиносиро тақозо мекунад ва агар андешаву қазоватҳо дар ҳамин замина иброз шаванд, нақди асил ва дилҳоҳ ба миён хоҳад омад;
– Иттифоқи нависандагон бояд нақдро ташкил кунад, ба тарбияи нақднависон манфиатдор бошад ва бахшҳои машваратии он масъулияти бештаре эҳсос кунанд ва ноқидони соҳавиро атрофи худ ҷамъ оранд. Дар маҷлисҳои машваратии адибони ҷавон иштироки нақднависон зарур дониста шавад;
– Ноқидонро ба иштироки фаъолона дар баррасии ҷараёнҳои адабӣ ҷалб кардан лозим аст, зеро аз хасоиси муҳимми нақд фаъол будани фаврияти он мебошад;
– Ниҳоят, барои ба вуҷуд овардани шароит ва имконоти мусоиди маънавию моддӣ барои ноқидони касбӣ ҷиддӣ фикр намоем. Ноқидон бояд қадр карда шаванд ва бахши публитистикаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ «Нақд ва публитсистика» номида шавад.
Хулоса, имрӯз лозим аст, ки нақди илмии ҳирфаӣ ва боинсофона нависем, адибонро лозим аст, ки ба нақду интиқод таҳаммулпазир шаванд, ҳама баробар, адибу мунаққид дар бораи ҳолати кунунӣ ва сифати адабиёту фарҳангамон сухани ҳақро бигӯем, барои рушду камоли ояндаи он андешему кӯшиш ба харҷ диҳем, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, риояи инсофи инсонӣ, завқи солим ва қазовати асили ҳунариву илмӣ пешаи мо бошад.
Боймурод Шарифзода:
– Фаъол будани нақди адабӣ дар ҷомеаи кунунии мо амри зарурӣ ба шумор меравад. Дар замони Шуравӣ ҳамаи осори ҳунарӣ тибқи меъёрҳои методи ягонаи он рӯзгор, яъне реализми сотсиалистӣ санҷидаву баҳо дода мешуд. Ҳар кас аз пеши худ асареро мунташир карда наметавонист. Як асар то ин ки нашр шавад, зинаҳои зиёдеро тай мекард. Ҳамаи осори нависандагону шоирон қабл аз нашр мавриди муҳокима қарор мегирифтанд. Ҳусну қубҳашон муайян мешуд. Як шарти нақди адабӣ ҳам дар он рӯзгор ин буд, ки асари бадеӣ бояд дар гармогармияш мавриди нақд қарор бигирад. Зеро нақди адабӣ чун пуле байни асари адиб ва хонанда қарор мегирифт. На ҳар як хонандаи одӣ қудрати дарк кардани ҳусну қубҳи осори суханваронро дорад. Танҳо ноқиди касбии дорои завқи баланд ва мусаллаҳ бо назарияи нақд метавонад арзиши воқеии маҳсули зеҳни суханваронро мушаххас намояд. Имрӯз ҳар қаламбадаст имкон дорад маҳсули эҷодашро, хоҳ хуб аст, хоҳ бад, дар шакли китоб ба нашр расонад. Зиёданд нафароне, ки тайи даҳ соли охир панҷоҳ-шаст асар навиштаанд. Дар мавриди ин ки арзиши чунин осор дар кадом поя қарор дорад, нақди адабӣ хомӯш аст.
Барои пешгирии чунин падидаи номатлуб нақди фаъоли адабӣ лозим мешавад. Барои фаъол гаштани нақди адабӣ мунаққидони дорои табъи баланди адабӣ ва дониши назариявии комил заруранд. Ҳарчанд дар бахшҳои филологии мактабҳои олии кишварамон фанни таърихи нақди адабӣ таълим дода мешавад, аммо назарияи комиле, ки тамоми меъёрҳои шинохти каломи бадеъро фаро гирад, мавҷуд нест. Даҳ сол муқаддам бо амри вазири вақти маориф Нуриддин Саид ҳам дар Донишгоҳи миллӣ ва ҳам дар Донишгоҳи омӯзгорӣ ихтисоси нақди адабӣ таъсис дода шуд. Аммо ягон мунаққид омода нашуд ва ин ихтисосро ҳам бастанд, зеро онҳое, ки дар ин гурӯҳҳо таҳсил карданд, нафароне буданд, ки тасодуфан шомили мактаби олӣ гаштаанд. Лозим буд, ки дар ин гурӯҳҳо донишҷӯёни дорои завқ ва дониши филологӣ аз дигар тахассусҳо ҷамъ оварда шаванд, ки лоақал соле ду-се нафар мутахассис барои оянда омода гардад. Танҳо бо донистани назарияи нақди адабӣ кас ноқид намешавад.
Китоби пурарзиши А. Зарринкӯб “Нақди адабӣ” бори аввал соли 1959 нашр шуда буд. Дар пешгуфтори Зарринкӯб оид ба моҳияти нақд ва вазъи он дар рӯзгори он замони Эрон навишта буд: «Нақди адабӣ дар давраи мо заиф ва беморгуна аст. Оини рӯзноманависӣ ранге аз сабуксарӣ ва шитобзадагӣ бад-он бахшидааст. Ҳатто порае аз воқифони аҳли назар дар рӯзгори мо гумон доранд, ки дар наққодӣ он чи беш аз ҳар чиз мояи кори мунтақид аст, далерист ва он ҷо, ки аҳли назарро чунин гумон афтад, он газофагӯён ва лофзанон, ки густохӣ ва бешармиро мояи далерӣ мешуморанд, пайдост, ки аз ин пиндор чӣ моя баҳра хоҳанд бурд ва кадом далери густохе ҳаст, ки дар нафси худ он қувват набинад, ки бе ҳеҷ бим ва ҳаросе даъвои дониш ва мурувват бикунад». Баъдтар ӯ меафзояд, ки имрӯз дар ҳама кор «тахассус ва табаҳҳуреро лозим мешуморанд ва ҳеҷ коре нест, ки кас дар он бе ҳеҷ салоҳият ба даъвӣ бархезад… он ки сари пизишкӣ дорад, бе вуқуф даст ба дармон намезанад ва он кас, ки мехоҳад ба меъморӣ даст биёзад, қавоид ва румузи онро ба дурустӣ меомӯзад. Танҳо дар наққодӣ аст, ки қоидае ва усуле барои он намешиносанд ва гумон мебаранд, ки шарти тавфиқ дар он далерӣ ва густохист…»
Дар муқаддимаи ин китоб Зарринкӯб мулоҳизаҳои муфиде дар бораи моҳияти нақд ва вазифаҳои ноқид, илм ва ё санъат будани нақд, анвои нақд ва амсоли ин баён кардааст, ки дар ин мухтасар овардани он аз имкон берун аст.
Пас аз пош хӯрдани ҷомеаи шуравӣ дар як марҳалаи муайян нақди адабӣ дар Тоҷикистон ҳам хомӯш буд. Бо гузашти замон ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоию сиёсӣ имрӯз рӯзнома ва маҷаллаҳои зиёде нашр мегарданд. Хусусан, дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” дар баробари нашр шудани осори бадеӣ, инчунин мақолаҳои илмию оммавӣ дар бораи адабиёт ва тақризу китобиёт оид ба арзиши осори суханварон нашр мегарданд, ки албатта, аз мавҷудияти нақди адабӣ дар кишвари мо дарак медиҳанд. Аммо он нақде, ки ҷараёни адабии даврро фаро гирифта бошад, воқеияти арзиши осори суханваронро таҳқиқ карда, имрӯз дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Дар тақризу мақолаҳое, ки оид ба осори адибон нашр мешаванд, таваҷҷуҳ бештар ба ҷанбаи иҷтимоию ахлоқӣ ва, умуман, таҳлили ҷанбаи мундариҷавии онҳо равона мегардад. Ҷанбаи ҳунарии адабиёт комилан мавриди пажӯҳиш қарор намегирад.