НАСРУЛЛО ЮСУФ

 НАСРУЛЛО ЮСУФ

ЮСУФИ НАСРУЛЛО 10 декабри соли 1954 дар деҳаи Даштаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд ёфтааст. Соли 1971, пас аз хатми мактаби таҳсилоти умумии №15, вориди бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шудааст. Баъди хатми мактаби олӣ ба Ленинобод баргашта, соли 1976 дар заводи зарфҳои шишагии шаҳр кор кардааст. Соли 1977 ба Кумитаи телевизион ва радиошунавонии вилоят гузашта, аз устодони соҳа сабақ омӯхтааст. Алҳол мухбири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» дар вилояти Суғд аст.

Аввалин китоби ҳикояҳояш «Ожидание» соли 1996 интишор ёфтааст. Ҳамон сол Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил (Хуҷанд) китоби очерку ҳикояҳои ҳаҷвии ӯро бо номи «Соҳиби аспи падар» ба чоп расондааст.

Нахустин асари калонҳаҷми ӯ «Шона барои зулфи Мона Лиза» соли 1986 офарида шуда, онро омӯзгори Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С.М.Киров Александр Пронин ба русӣ тарҷума кардааст. Нашри роман ба иллати ҷанги шаҳрвандӣ ба таъхир афтода, дертар, соли 2010, онро адиб ва тарҷумони амрикоӣ Юрий Кушнер ба инглисӣ гардонда, нашриёти бонуфузи ИМА «Publish America» ба теъдоди 50 ҳазор нусха дар дастраси хонандагон қарор додааст. Соли 2010, ҳамчунин, китоби ҳикояҳои Юсуф Насрулло «The Waiting» аз тарафи нашриёти «Lulu»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба дасти чоп расид, ки бо тасвирҳои рассом Камол Тошматов (писари шоира Озод Аминзода) ороиш ёфтааст.

Анвар Тавобов чанде аз ҳикояҳои ӯро ба русӣ гардонида, бори аввал дар маҷаллаи «Помир» чоп кунондааст. 17 марти соли 1990 ҳафтавори «Тишрин»-и Ҷумҳурияи Сурияи Араб ҳикояҳои ӯро ба забони арабӣ чоп кардааст.

Соли 1992, нахустин бор дар Тоҷикистон, дар назди корхонаи «Санъо» (шаҳри Қайроққум) телевизиони ғайридавлатии «Темурмалик»-ро таъсис додааст. Муаллифи 20 асари мусаннад мебошад, ки баъзе аз онҳо дар ҳаммуаллифӣ бо нависанда Наҷмиддини Шоҳинбод офарида шудаанд.

Соли 1992 намоишномаи мазҳакавии ӯ «Ишқи ҷавони ҳинду» дар шаҳри Қайроққум ғолиби озмуни драманависони мамлакат шудааст. Баъди ду сол намоишномаи «Зинда бод Фаронса!»-и ӯ ғолиби озмуни навбатии драманависони Тоҷикистон гардидааст. Соли 1998 намоишномаи ҳаҷвии «Заволи империяи чорум» дар Шаҳринав ғолиби озмуни дигари драманависони мамлакат шудааст. Қиссаи «Вохӯрӣ бо худ» (2000), бо сарсухани Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод чоп шуда, писанди хонандагон гардидааст.

Юсуфи Насрулло бо ҳафтавори «The Bukharian Times» (Ню-Йорк) ҳамкории эҷодӣ дошта, дар он зуд-зуд аз тағйироти навини Тоҷикистон ва рӯйдодҳои фарҳангӣ мақолаву очеркҳо чоп мекунад.

Соли 2009 ба Туркия сафар карда, дар Чаталжа, дар ҳавлии нависандаи машҳур Азиз Несин зиста, доир ба ҳаёту фаъолияти ҳаҷвнигори бузург асаре бо номи «Азиз Несин ва ман»-ро навиштааст.

Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Дигар хабарҳо