НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ШЕРАЛӢ МЎСО 70-СОЛА ШУДАНД
Шумо дар фасли баҳор – 25 марти соли 1951 дар деҳаи Ганҷинаи ноҳияи Ваҳдат чашм ба олами равшан кушода, бо илҳом аз чашмаҳои хурўшони меҳан фаввораи сухан дар замиратон ҷўшон гашт. Шумо ба адабиёт аз роҳи хос – аз истеҳсолот ворид шуда, дар ин ҷода қалами нависандагӣ ва сабку салиқаи эҷодиро ҳамвора сайқал дода, бо табъу нашри силсилақиссаҳои мустанаду бадеӣ, мақолаҳои рўзмарраи публитсистӣ ва ҳикояву ҳаҷвиёти ҳадафрас худро ба алоқамандони сухани бадеъ муаррифӣ кардед. Шумо соли 1968 мактаби миёнаи №1 ноҳия ва соли 1973 бахши муҳандиси мошинсози Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимиро хатм карда, дар заводи “Тоҷикгидроагрегат” корҳои зиёде анҷом додед.
Масъулиятшиносӣ, фарҳанги волои корбарӣ бо ҷомеа, қобилияти ташкилотчигиатонро ба инобат гирифта, солҳои 1976-1980 шуморо ба вазифаҳои масъули ҷамъиятӣ дар созмони ҷавонон ва баъдан вакили шўрои депутатҳои шаҳри Душанбе ин тихоб намуданд. Шумо ҷавонони меҳандўстро ба сохтмонҳои муҳимтарини диёр – Неругоҳи барқи обии Норак ва Роғун, корхонаҷоти кимиёвии Ёвон ва арзизи тоҷик сафарбар намуда, бо ин коргоҳҳои азим аз наздик шинос гаштед. Сипас дар вазифаи муншии ҳизбии муассисаи машҳури истеҳсолии ҷумҳурӣ, баъдан раиси иттиҳодияи илмӣ- истеҳсолии «Восход», ҷонишини сардори раёсати техникии Госснаби ҷумҳурӣ, муовини сардори раёсати Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гаштани шумо нишони қобилияти баланди ташкилотчигиатон мебошад. Ва чун ҷавҳари сухангустарӣ дар сиришти шумо пирўз гашт, шуғли навиштанро бо корҳои истеҳсолию ҷамъиятӣ тавъам пеш бурда, ба майдони нависандагӣ омадед.
Дар китобҳои шумо “Асоси ғалабаҳои меҳнатӣ” (1983), «Шоҳроҳи зиндагӣ» (ба забони русӣ, 1985), “Боғи падар” (1986), «Интихоб» (1987), “Гароиши меҳнатии бригада» (ба забони русӣ, 1987), “Зи- наҳои коргарӣ” (ба забони русӣ, 1989), “Қадр ва ҷазо” (1990), “Нек ва бад” (1995), “Дурбин” (1998), “Сўг” (2000), “Осоиш” (2003), “Тулўъ дар ғуруб” (2008), “Ошёни уқобон” (2010), “Қомати сабзи имон” (2011), «Қиссаи баҳорӣ» (2011), “Телевизион ва радиои Тоҷикистон дар масири таърих” (2011), “Чеҳраи модар” (2012), “Мардистон” (2013), “Ситам” (2013), “Президенти мо” (2014), “Ота” (2014), “Саодати рў ба гардун” (2015), “Достони Роғун” (2015), “Ҷасорат” (2016), “Маҷмааи ифтихор” (2017), “Як қисса бо се забон” (2019), “Барфи сабз” (2020) ва ғайра арзишҳои маънавии инсон – виҷдону инсоф, адолат тасвир гашта, нуқсону мушкилоти баъзе шахсон, симоҳои хотирмон, сарнавишту талошҳои созандаи ҳамзамонони мо инъикос ёфтаанд.
Шумо соли 1994 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудед, аз соли 2007 то соли 2010 раисии бахши очерк ва публитсистика, аз соли 2001 то 2015 раисии комиссияи тафтишотии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда доштед. Очеркҳои “Кўҳнавард”, “Нону намак” ба ҷоизаи рўзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Духтари корхона” ба ҷоизаи рўзномаи “Ҷумҳурият”, “Маҳаки номус” ба ҷоизаи Бунёди адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва очерки “Нигине дар кўҳистон” ба ҷоизаи ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” сазовор гаштанд.
Асарҳои солҳои охир иншокардаи шумо — “Калиди бахт” аз ҳаёти одамони барўманди ҷумҳурӣ, “Достони ваҳдати миллат” дар хусуси ваҳдати миллӣ, “Наврўзи Роғун” оид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун, бо шеваи тасвир ва нигоришот мавқеи хос доранд. Беш аз 250 ҳикояи ҳаҷвии Шумо дар матбуоти даврӣ дарҷ гардида, чанде аз онҳо ба забонҳои русӣ ва ўзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Намунаи зиёди осори шумо ба забонҳои русӣ, ўзбекӣ, қазоқӣ, арманӣ ва дигар забонҳо интишор гаштаанд. Шумо низ дар тарҷумаи осори адибони халқҳои бародар саҳми босазо гузоштед.
Шумо, сарбози заҳматқарини адабиёт дар тўли панҷоҳ соли фаъолияти эҷодӣ баробари очерк ва публитсистика дар наср ва ҳаҷв низ асарҳои хонданиву марғуб иншо кардаед. Соли 2011 китоби Шумо “Ошёни уқобон” сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардид. Барои хизматҳои арзанда Шумо бо унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, ордени “Нишони фахрӣ”, нишони Итти- фоқи нависандагони ҷумҳурӣ «Сухан» ва ғайра мукофотонида шудед.
Соли 2020 бо унвони “Нависандаи халқии Тоҷикистон” мушарраф гардидани Шумо баҳои сазоворест ба фаъолияти пурсамари адабӣ, инъикоси муассири чеҳраҳои мондагори ҳамзамонон.
Шумо, Шералӣ Мўсо, Нависандаи халқии Тоҷикистонро ба шарафи 70-солагиатон табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, илҳоми саршор ва асарҳои нав таманно мекунем!
РАВШАНДИЛ
Номи Шералӣ Мўсо анқариб панҷоҳ сол пеш аввал зери хабарҳои хурд-хурд ва мақолаҳо аз заҳмату дастовардҳои коргарон ва кашфиётҳои муҳандисон дар матбуот пайдо шуд. Он айём муаллифони тоҷик, ки аз ҳаёти корхонаҳои саноатӣ ва коргарону муҳандисон хабару мақолаҳо нависанд, хеле камчин буданд. Ва рўзномаҳо, ба таъбири он замон, ба чунин «мухбирони коргару деҳқон» эҳтиёҷ ҳам доштанд. Дари рўзномаҳо ба рўяш ҳамеша кушода буд ва навиштаҳояш пайваста чоп мешуданд. Сипас ў дар курсиҳои роҳбарии кумитаи ҳизбию комсомолии пойтахт ва корхонаҳои саноатииазим ҳам нишаст, лекин иншои хабару мақола ва боз очерку ҳаҷвияро тарк накард. Ягон-ягон китобҳо низ ба нашр расонда, ба хонанда муаллифи шинохта шуд. Аммо чанде пеш, вақте ман дар радифи дигар ҳамқаламон дар вохўрии ў бо донишҷўёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ширкат варзидам, воқиф шудам, ки ў дастпарвар ё шогирди ҳамин муассисаи муътабари таълимӣ будааст, яъне аз рўйи касб муҳандиси мошинсоз. Зиёда аз ин, донистам, ки Шералӣ ба сабаби он ки омўзгорашон ба ҷурми аризанависи гузаро будан ва пайваста дар моҷарову мурофиаҳо ширкат варзидан, ба онҳо тақрибан аз фанни адабиёт дарс намегузаштааст. Вай аз роҳи меҳр ба адабиёт ба худомўзӣ, мутолиа, тан додан ба заҳмату ҷустуҷўи пайваста, омўзиши зиндагӣ ва хулқу атвори одамон ибтидо ба шуғли рўзноманигорӣ, сипас нависандагӣ шурўъ кардааст.
Аз ин нуқтаи назар ба фаъолияти эҷодӣ ва номгўи китобҳои Шералӣ Мўсо ошно бишавем, ҳамеша ўро дар паҳноизиндагӣ ва майдони жанри ҷанговар – очерку публитсистика офарандаи ҷиддиву фаъол меёбем. Эҷодиёти Шералӣ рангоранг аст. Инсони созандаро дар ҷабҳаҳои гуногуни бунёдкорӣ тараннум кардааст. «Ҷасорат» — и ў дар гармогармии кўшиши аз нав ноором кардани зиндагии осудаи мардум аз ҷониби тундравону ҷоҳталабони хомтамаъ эҷод шуд ва ин нишонаи шуҷоату мавқеи шаҳрванди- яшро ифода кардани муаллиф буд.
Ангоштаҳои зиёдаш аз сохтмонҳои азиму ҳаётан муҳими замони истиқлол аз заҳматписандияш башорат медиҳад. Ва ў барои талошу офаридаҳои пайвастааш сазовори унвону ҷоизаҳо гардидааст.
Дар омади гап аз рўйи мушоҳида ва таҷрибаи бисёрсола зикри як нуктаро бамаврид мешуморам. Майдони адабиёт аз бунёдаш васеъ будаасту дару дарвозаҳояш барои хоҳишмандони суханофар кушода. Ҳар кас бо офаридае дар ин майдон ҷо меёбад, ҷое сазовор, муваққатӣ, ликконак, ноустувор. Вале он кас дар ин майдон комгор мешавад, ки бо ҷустуҷў, бозёфт, ҷасорати адабӣ дар шебу фарози ҳаёт ба манфиати халқу ватан ҳампои зиндагӣ шудан падидаҳои хатарноку номатлубро нотарсона фошу саркўб месозад, таҳкими сулҳу субот, ҷоннисориҳои Сарвари давлатро дар ин ҷабҳа, зиндагиву бунёдкориҳои замонро дар роҳи пешрафти диёр, бо меҳру садоқат васф менамояд, бо тасвири хулқу атвори инсонҳои каҷрав ба қадри тавон дар тарбияи ахлоқии ҷомеа ҳисса мегузорад. Яъне ба ном эҷодкор ё адиб не, ҳамеша ҷўянда, омўзанда ва офаранда асту фарди фаъоли ҷамъият ба ҳар асари нав ҷояшро устувор мекунад.
Шералӣ Мўсо акнун муаллифи китобҳои зиёди очерку сафарнома, қиссаву ҳикояҳо 70-сола шуд. Дар зиндагӣ ҳаҷву зарофат ҳамеша ҳамсафари ўст. Ин фазилат ҳам хоси инсони равшандил аст. Ба ў тани сиҳату барор мехоҳам.
Абдулҳамид САМАД, Нависандаи халқии Тоҷикистон
…Ҷуръати муаллифро дар бобати реалистона тасвир намудани ҳаёти коргари имрўза метавон табрик кард.
Ато ҲАМДАМ, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ
Дўстию ёри ҷонӣ, Шералӣ
Ҷон ба ҷонӣ, ҷон ба ҷонӣ, Шералӣ.
Ҳақназар ҒОИБ, Шоири халқии Тоҷикистон
Қиссаҳои аҷиби хубу расо
Кӣ нависад чу Шералӣ Мўсо?!
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон
Шералӣ Мўсо ниҳони нек,
Дар замири ў ҷаҳони нек,
Зинда бош, эй дўсти хушгил,
То қиёмат бо равони нек!
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон
…Шералӣ воқеан адибест, ки шинохтани Инсонро дўст медорад ва дар ин гуна росто маърифат кардани ҳаводиси оламу одамро арҷ мегузорад ё меситояд ё на- кўҳиш мекунад. Инсон дар ҳама ҳолати буду бош – хоҳ имонҷў аст, хоҳ орзупарвар, хоҳ ҳақталош ё худ мунофиқу кажрафтор – меҳвари асосии биниш, муҳокима ва тасвиру таҳқиқи ў қарор дорад. Ў инсонро дар ҳар шароит баинсофу ҷуръатманд дидан мехоҳад. Ин нияту ҳадафи бисёр хуб аст. Матлабест, ки аз мағз – мағзи қалби ҳассосу фитрати зебои адиб тарашшуҳ мекунад.
Ҷонибек АКОБИРОВ, Нависандаи халқии Тоҷикистон
…Дар қиссаи Ш. Мўсозода “Қомати сабзи имон” низ ҳадафи мушаххас мебошад. Шахсони ҳалолу шарафманде мисли Бобои Расул бо ин ҳама беадолатию беинсофӣ муросо карда наметавонанд. Чунки онҳо умрашон, тамоми зиндагиашонро ба хотири пойдор намудани адлу инсоф дар ҷомеа қурбон намуданд. Аз ин ҷиҳат, чеҳраи бадеии Бобои Расул бисёр ҷолибу хотирмон мебошад. Бояд гуфт, ки ҳунару истеъдоди чеҳранигории муаллиф дар тасвири шахсиятҳои рўзгордидаю соҳибтаҷриба дар симои Бобои Расул равшан ба назар мерасад. Дар тасвири нависанда образи рамзии орден нақши созмондиҳандагиро дар сохтори қисса ифо менамояд ва онро метавон аз ҷумлаи бозёфтҳои эҷодии ў маҳсуб кард. “Қомати сабзи имон” аз нигоҳи мазмуну муҳтаво, сабки нигориш ва консепсияи эҷодии нависанда аз ҷумлаи қиссаҳои хубу хонданӣ ва хотирмони насри имрўза аст…
Шамсиддини СОЛЕҲ, доктори илми филологи