Мухтасари ҳисобот аз фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикис­тон дар соли 2024

Иттифоқи нависандагони Тоҷикис­тон дар соли 2024 фаъолияти хешро тибқи нақшаи кори Раёсат ба роҳ монда, пеш аз ҳама, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супориш, амр ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, тарғиби Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ташвиқи сиё­сати созанда ва бунёдкоронаи давлат, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқи шаҳрвандон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, ваҳдату дӯстӣ, пешгирӣ намудани ифротгароӣ, зиёда­равии динию мазҳабӣ, ғояҳои бегонаю бегонапарастӣ фаъолият кард. Дар ин доира адибон бо сокинони нуқтаҳои гуногуни кишвар, ҳамчунин афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва дидбон­гоҳҳои сарҳадӣ мулоқоту вохӯрӣ ва маҳфилҳои зиёде барпо намуда, дар васоити ахбори умум мақолаю мусоҳи­баҳо чоп карданд.

Адибон дар тарғиби Паёми Прези­дент ба Маҷлиси Олӣ саҳми назаррас гузоштанд. Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар бораи Паёми Президен­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат мақола ва ашъори Сироҷиддин Икромӣ – «Паёми бах­тофар», Ҳақназар Ғоиб – «Тоҷик ва сарнавишти таърихии он», Меҳран­гези Аслиддин – «Тоҷикистони сабзу хуррам», Сурайё Аҳмадзод – «Паёми раҳнамо ва умедбахш», Раҷабалӣ Аҳмад – «Шоҳроҳи саодат», Маҷид Салим – «Паёми ҳифзи табиат ва ёдгориҳои таърихӣ, Матлубаи Ёрмир­зо – «Таҳкимбахши рушди ҷомеа», Нозим Нурзода – «Паёми шодзистӣ ва баҳамоӣ», Муҳаммадюсуф Имомзода – «Умеду бовар ба аҳли зиё», Раънои Мубориз – «Паёме пур аз муҳаббату саховат», Муродалӣ Собир – «Каломи хирадбору ватандӯстона», Равшан Махсумзод – «Илмат ба амал чу ёр гардад», Сипеҳри Ҳасанзод – «Паёми пандомӯз», Низом Қосим – «Такя ба дирӯз, умед ба фардо», Ато Мирхоҷа – «Паёми сабз», Толиби Луқмон – «Паё­ми ангезабахш» ба табъ расиданд.

Ба муносибати 30-солагии Консти­тутсия дар тӯли сол матлабҳои зиёде нашр шуда, дар Рӯзи иди мазкур шу­мораи вижа ба нашр расид. Шеърҳои Низом Қосим, Ато Мирхоҷа, Абдуллоҳи Раҳнамо, мақолаҳои Равшан Махсум­зода – «Оинаи адолат», Абдунабӣ Сатторзода – «Конститутсия ва тағйиру иловаҳо ба он», Шералӣ Мӯсо – «Бахт­номаи миллат» ва ғайра намунае аз онҳо мебошанд.

Дар бораи худшиносии миллӣ ва мубориза алайҳи хурофот ва бегонапа­растӣ матлабҳои Низом Қосим – «Поён надорад разми мо», Кароматулло Олимзода – «Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?», Абдуллоҳи Раҳнамо – «Ифаротгароӣ муродифи ғуломист», «Суруди ифтихорофарин» (ба муносибати 30-солагии суруди миллӣ), «Мекашад хокаш» (дар бораи ватандӯстӣ), «Қадаме устувор дар роҳи ҳифзи давлати дунявӣ», Шодимуҳам­мад Сӯфизода – «Адабиёт – виҷдони бедори худшиносии миллӣ», С. Ятимов – «Нақши шахс дар таърих», Муҳрид­дин Низомӣ – «Ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ» (дар бораи Пешвои миллат) шеърҳои Ато Мирхоҷа, Озар, Беҳрӯзи Забеҳулло ва дигарон ба муносибати Рӯзи Президент ва ғайраҳо ба хонан­дагон пешкаш гардиданд.

Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин адибон матлабҳои зиёдеро ба нашр расонданд, ки ҳамовозиҳову андешаҳои Мисбоҳиддини Нарзиқул, Ато Мирхоҷа, Равшан Махсумзод, Рустам Ваҳҳобзода, Сироҷиддин Икромӣ, Толиби Луқмон, Ато Ҳамдам, Азизи Азиз, Абдуллоҳи Раҳнамо аз ҷумлаи онҳоянд.

Қобили арз аст, ки 9-уми март дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон бо масъулини мақомо­ти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот карданд.

Адабиётшиносон ва донишмандоне чун Мисбоҳиддини Нарзиқул дар мақо­лаи «Мулоқоти муҳимму ҳидоятҳои созанда» («Адабиёт ва санъат», №13, 4-уми апрел), Ҷамолиддин Саидзода – «Шодам, ки наям бандаи авҳому ху­рофот…» («Адабиёт ва санъат», №19, 16-уми май), Рустам Ҳайдаров – «Дӯст доштани Ватанро аз модар омӯхтем» (маҷаллаи «Садои Шарқ», — 2024. №3, Саҳ. 132-134), Нуралӣ Нурзод – «Ада­биёт ва арзишҳои адабӣ дар муқовимат бо ифротгаройӣ», (маҷаллаи «Илм ва амният»-и ДДХ ба номи Б. Ғафуров) роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни ин мулоқот фикру андешаҳои худро баён дошта, ба таври татбиқӣ аз осори пандуанда­рзии гузаштагони илму адабиёти тоҷик мисолҳо оварданд.

Ҳамчунон 19-уми апрел дар Итти­фоқи нависандагони Тоҷикистон дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намо­яндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин, дар мавзуи «Шеваҳои пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароии динӣ ва хурофотпарастӣ» мизи гирд доир шуд, ки дар он, дар қатори адибон адабиётшиносон, аз ҷумла Абдураҳмо­ни Абдуманнон роҷеъ ба ин масъала андешаҳои худро иброз дошт.

Моҳи ноябр маҷлиси Садорати ИН ба 90-солагии таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида шуд. Муовини аввали раиси ИН Ато Мирхоҷа дар мавзуи “Дастовардҳои Иттифоқи нависандагон ва адибони тоҷик” маърузаи муфассал ироа дошт. Аъзои Садорат доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ИН, ҳамчунин барои беҳтару самараноктар кардани кори он дар шароити нави таърихӣ маслиҳатҳои муфид баён намуданд.

Дар ин сол адабиётшинос Иосиф Брагинский (баъди вафот) барои саҳми бузургаш дар таҳқиқи адабиёти тоҷик, шоир Рустам Ваҳҳобзода барои маҷму­аи ашъори “Қаламрави меҳр”, Равшан Махсумзод барои маҷмуаи қисса ва ҳикояҳои “Кафшергар”, Абдураҳмони Абдуманнон барои маҷмуаи мақолаҳои адабиётшиносии “Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик” сазовори ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ гаштанд. Адибон Мирзо Шукурзода бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон, Давлат Сафар, Ҷумъа Қувват, Хайрид­дин Хайрандеш бо унвонҳои Шоири халқии Тоҷикистон сарафроз шуданд.

Моҳҳои январ-май дар ҳамдастӣ бо Раёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллӣ ба истиқболи 30-со­лагии таъсиси Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон озмуни шеъру ҳикоя таш­кил шуд, ки дар он иддае аз адибон фаъолона иштирок карда, Камол На­срулло, Абдуллоҳи Раҳнамо, Шаҳрия Адҳамзод, Муҳриддин Сабурӣ, Насим­бек Қурбонзода, Азизи Азиз, Салими Зарафшонфар, Равшан Махсумзод, Сироҷиддин Икромӣ, Ато Ҳамдам пирӯз гаштанд. Ба туфайли ин озмун дар бораи кору пайкори марзбонон қариб 30 асари тоза дар адабиётамон падид омад.

Ба муносибати 90-солагии Иттифоқи нависандагон китоби нави “Адибони Тоҷикистон” таҳия ва чоп гардид. Дар чопи он раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба Иттифоқ ёрии молиявӣ расонд.

Моҳи июл 30-солагии шуъбаи ба­дахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ВМКБ дар сатҳи ба­ланд таҷлил гардид. Ин ҷашн бо шир­кати адибон аз пойтахт, минтақаҳои гуногуни кишвар ва аҳли фарҳангу адаби вилоят ба тантана ва таҷал­лии дастовардҳои адабиёти мо дар партави Истиқлоли давлатӣ табдил ёфт. Адибон дар ҳузури раиси ВМКБ муҳтарам Алишер Мирзонаботов барои беҳбуд бахшидани кори шуъбаи бадах­шонии ИНТ ва истифодаи босамари не­руҳои адабӣ барои тарғиби ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат табодули афкор намуданд.

Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ба ҷузъи муҳимми ҳаёти адабии ҷумҳурӣ табдил ёфтаанд. Дар муддати сол қариб ҳамаи аъзои созмон дар тамоми марҳалаҳои онҳо фаъолона иштирок намуда, барои такмил доданашон ёрии амалии худро мерасонанд.

Бо қарори Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон моҳи ноябр Академияи миллӣ ва дар моҳи декабр Иттифоқи нави­сандагон маҳфилҳои бузургдошти ада­биётшиноси барҷаста, узви вобастаи АМИТ Соҳиб Табаровро ба муносибати 100-солагиашон баргузор карданд.

Бахши наср дар моҳи апрел Конфе­ренсияи илмӣ дар мавзуи “Одина”-и устод Садриддин Айнӣ – сароғози жан­ри қисса дар адабиёти муосири тоҷик”- ро ба муносибати 100-солагии нашри асари мазкур, дар моҳи май маҳфили ҳаҷву мутоибаро ба муносибати қабул шудани “Латифаҳои Хоҷа Насриддин” ба феҳристи осори фарҳанги ғайри­модии СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанги ЮНЕСКО, моҳи июн маҳфили илмӣ-адабӣ ба муноси­бати 50-солагии нашри романи Нави­сандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев “Палатаи кунҷакӣ”-ро доир намуд.

Бахши нақди адабӣ ва адабиёт­шиносӣ иқдоми таҷлили солҷашнҳои асарҳои мондагори адабиёти тоҷикро давом дода, дар моҳи апрел ба муно­сибати 100-солагии қиссаи «Одина»-и устод Айнӣ конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзуи “Одина сароғози жанри қисса дар адабиёти муосири тоҷик» ва дар моҳи октябр ҷашни 50-солагии нашри романи «Тахти вожгун»-и Ҷалол Икро­миро доир намуд.

Бахши кӯдакон ва наврасон дар моҳи январ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷума ва таҳрири 10 асари машҳури адабиёти ҷаҳон – Ҳанс Андерсен, Эр­нест Сетон, Чингиз Айтматов, Корней Чуковский, Лев Толстой, Валери Чин­чарадзе ва дигарон анҷом дода шуд. Дар ин кор адибон Низом Қосим, Ато Мирхоҷа, Равшан Махсумзод, Азизи Азиз, Сурайё Аҳмадзод, Муҳриддин Сабурӣ ва Баҳманёр Муродӣ ҷалб карда шуданд.

Бо тавсияи бахш “Хрестоматияи адабиёти бачаҳо” барои хонандагони синфҳои ибтидоии мактабҳои Тоҷи­кистон бо таҳрири нав дубора нашр шуд, ки барои таҳияи “Китоби хониш”-и синфҳои ибтидоӣ замина мегардад.

Бо хоҳиши Иттифоқи нависандаго­ни Ӯзбекистон барои тарҷумаю чопи асарҳои адибони ҷаҳон ба Тошканд ду тазкираи назму насри адабиёти бачаҳо дар 100 соли охир таҳия карда, фиристода шуд.

Маркази тарҷумаи Иттифоқи на­висандагони Тоҷикистон дар ним­солаи аввали соли ҷорӣ шумораи шашуми солномаи «Литературный Таджикистан»-ро омода ва чоп намуд. Дар ин солнома, ки аз ҳафт бахш, аз ҷумла «Переводы из наследия классиков», «Из наследия мастеров современности», «Проза», «Поэзия», «Литература для детей и юношества», «Из творчества русскоязычных литера­торов Таджикистана», «Критика и ли­тературоведение» иборат аст, асарҳои адибони гузашта ва муосири тоҷик ба забони русӣ тарҷума, нашр, дастраси адибон ва хонандагон гардонида шуд.

Дар соли ҷорӣ тарҷумонҳои забони англисӣ, арабӣ ва ӯзбекии Марказ асарҳои хурду бузурги адибони му­осири тоҷикро тарҷума намуда, дар нашрияҳои дохил ва хориҷи кишвар ба табъ расониданд. Аз ҷумла дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби тарҷумони Марказ Абдусалом Мамадназаров ду китоб, ки яке очеркҳои таърихии «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва дигаре «Ҷаллодони Бухоро» ва «Марги судхӯр»-и устод С. Айниро дар бар мегиранд, тарҷума ва чоп шуданд. Мавриди зикри хос аст, ки китоби аввал дар шаҳрҳои Ню-Йорк (ИМА) ва Лондони (Британия) ва дуюм бо дастгирии Донишгоҳи Осиёи Мар­казӣ дар нашриёти ватании «Эр-граф» рӯи чоп омаданд.

Ҳамчунин нашри китоби “Нубоҳ-ул-калб” (“Сагоҷак”)-и Ато Мирхоҷа дар тарҷумаи нависандаи машҳур Ғассон Ҳамдон дар Амороти Муттаҳидаи Араб яке аз дастовардҳои муҳимми адабиёти тоҷик дар соли 2024-ум ба шумор меояд. Тавассути ин китоб бори нахуст насри тоҷики даврони Истиқлол дар дунёи арабӣ муаррифӣ гардид.

Дар соли 2024 аз ҷониби Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллӣ 60 чорабинии гуногун баргузор шуда, дар онҳо 100 адиб ва мутахассисони соҳаҳои дигар иштирок намуданд.

“Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон: моҳият, аҳамият ва равишҳои таҳлилу таблиғи он” барои кормандони сохторҳои давлатии шаҳри Душанбе, шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолони шаҳри Бохтар, “Моҳият ва роҳҳои тақ­вияти эҳсоси ватандӯстӣ дар ҷомеа дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, “Инъ­икоси ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” дар Осорхонаи миллӣ, дар ҳамдастӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳу­рии Тоҷикистон баргузории мулоқоту вохӯриҳо дар миёни хизматчиёни ҳарбӣ ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусал­лаҳи Тоҷикистон, «Шеваҳои пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароии динӣ ва хурофотпарастӣ» дар Иттифоқи нависандагон, “Хатари ҷаҳлу хурофот ба амният ва арзишҳои миллӣ, бақои миллат ва ояндаи давлатдории миллӣ” дар Кумитаи дин, анъана, ҷашну маро­симҳо, вохӯриҳо ба муносибати Рӯзҳои Забони давлатӣ, Президент, Парчам, Конститутсия, Рӯдакӣ, Мавлоно ва ғайра аз ҷумлаи ин тадбирҳои муҳим ба шумор мераванд.

Дар соли ҳисоботӣ шуъбаи суғдии ИН фаъолияти густарда доштааст. Баргузории Конфронси байналми­лалӣ бахшида ба эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, гузоштани нимпайкара ба нависанда Ҳаким Ка­рим дар назди Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд, номгузории кӯча ба номи нависанда ва драматург Аъзам Сидқӣ ва ба номи вай гузоштани муассисаи таълимии беруназмактабӣ, номгузо­рии кӯчаи ба номи Ҳаким Абдулмаҷид дар маҳаллаи ҷамоати Унҷии ноҳияи Б. Ғафуров, номгузории мактаби миёна ба номи шоир Наимҷон Назирӣ дар шаҳри Истаравшан, иштироки адибон дар чорабиниҳои 33-солагии Истиқло­ли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, баргузории маҳфилҳои “Адибони ваҳдатсаро” дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бо иштироки адибон А. Раҳматзод, Д. Эгамзод, Оза­рахш, М. Бобоҷон, Ӯ. Усмон, М. Воҳид, Т. Тӯйчиев, Э. Соҳибназар, маҳфили адабӣ ва озмуни ҳарсолаи “Ҳеҷ моҳе мисли моҳи март нест” бахшида ба эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ, иштироки адибон дар чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Иҷло­сияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Мавлавӣ, Рӯзи Парчами миллӣ, Рӯзи Президент ва чорабиниҳои дигар аз ҳамин қабил мебошанд.

Шуъбаи хатлонии ИН дар минтақаи Кӯлоб соли ҳисоботиро бо анҷом дода­ни корҳои зерин ҷамъбаст намудааст:

Вобаста ба тарғиби Паёми Пре­зиденти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мин­тақа вохӯриҳо гузаронида шуданд, ки дар онҳо адибон Хосият Вализода, Алимуҳаммад Муродӣ, Файзи Ашӯр, Одина Раҳмон, Абдуқаҳҳор Мӯсо, Нуралӣ Яъқуб, Амир Сайиди Мункӣ ба ноҳияҳои минтақа вобаста карда шуда, дар байни мардум суҳбатҳо гузарониданд.

Дар тарғиби ғояҳои бузург ва сиё­сати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиссаи маҳфили «Ганҷи Кӯлоб» назаррас аст. Аъзои ин маҳфил дар мактабҳои шаҳру деҳот ва хоҷагии кооперативии Алии Ҳамадонӣ суҳбатҳои муфид оро­станд.

Дар Донишгоҳи Кӯлоб ва донишка­даю коллеҷҳо ва мактабҳои минтақа бо иштироки адибон доир ба ҳаёт ва фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон устод Бобоҷон Ғафуров ва китоби «Тоҷикон»-и ӯ (ба муносибати ба ҳар як оила тақсим карда, додани он) суҳбату вохӯриҳо баргузор карда шуданд

Ба истиқболи рӯзи Президент ва Парчами давлатӣ дар қасри фарҳанги Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, До­нишгоҳи технологӣ ва дигар ташкилоту муассиса, мактабҳои таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ вохӯриҳои хотирмон баргузор гардиданд, ки дар онҳо шоирон Сафа­ралӣ Бозорзода, Ҳақназар Ғоиб, Файзи Ашӯр, Сулаймон Султон ва Абдуқаҳҳор Мӯсо фаъолона иштирок карда, сухан гуфтанд.

Соли ҷорӣ 100-солагии олими барҷа­стаи соҳаи адабиётамон, аъзо-корре­спонденти Академияи миллии илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳиб Табаров пурмуҳтаво ва хотирмон баргузор гар­дид. Ба ин муносибат дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ нишастҳои ёдбуд барпо карда шуд. Махсусан чораби­ниҳо дар зодгоҳи олим – Муъминобод ба дараҷаи баланди ташкилӣ баргузор гардид. 30 ноябр бо иштироки аҳли илму адаби ҷумҳурӣ дар назди хонаму­зейи олим нимпайкараи ӯ кушода шуда, сипас дар қасри фарҳанги ноҳия танта­наи ёдбуди ӯ баргузор гардид ва дар он олимон, шахсиятҳои маълуму машҳури ҷумҳурӣ сухангуйӣ карда, руҳи Соҳиб Табаровро шод гардониданд.

Бахши хатлонии Иттифоқи нави­сандагон дар минтақаи Бохтар корҳои назаррасеро дар самти тарбияи ва­тандӯстии насли наврас, тарғиби илму маърифат ва таъмини иттилоот доир ба равандҳои фарогири ҷаҳони муо­сир ба анҷом расонид. Он мувофиқи нақшаи корӣ пайваста адибонро барои вохӯрӣ ба толибилмони муассисаҳои таълимоти миёнаи умумии шаҳру ноҳи­яҳо сафарбар менамояд. Дар ин бобат бо Раёсати маорифи вилояти Хатлон нақша-чорабинии муштарак таҳия ва тасдиқ гардидааст. Зимни мулоқот дар муассисаҳои таълимӣ адибон доир ба “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф, ҳамчунин дар атрофи мавзуъҳои ватандорӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол суҳбат карданд.

Фаъолияти шуъбаи бадахшонии ИН дар соли 2024 хуб сурат гирифтааст.

Моҳи феврал дар асоси фармони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуруҳҳои корӣ ташкил кар­да шуданд, ки мақсадашон вохӯрӣ ба мардуми вилоят ва фаҳмонда додани сиёсати дохилӣ ва берунаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Паёми Пешвои миллат буд.

Дар мувофиқа бо Раёсати ИНТ ба муносибаи 30-солагии шуъбаи бадах­шонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар моҳи июл чорабиниҳои адабӣ барпо шуданд.

Ба ҳайати адибон, ки аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳи­стони Бадахшон барои ширкат дар чо­рабиниҳо сафарбар шуданд, муовини аввали раиси ИН Ато Мирхоҷа, адибон Акбар Абдулло, Додохон Эгамзод, Чӯпон Бадали Ванҷӣ, Хайриддин Хай­рандеш, Робияи Холмирзо, Диловари Мирзо, Наҷмиддин Шоҳинбод, Нуралӣ Яъқуб шомил буданд. Бо дастгирии МҲД ВМКБ чорабинии мазкур дар сатҳи баланд баргузор шуд.

Адибон Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Хушомади Алидод, Шоҳтолиби Шоҳқо­сим, Ҷангибеки Улфатшоҳ, Гулнисои Ато, Бӯрибеки Худобахш дар омода сохтани қисмати адабии ташрифи Пешвои миллат саҳми шоистаи таҳсин гузоштанд.

Дар соли 2024 ҳар се нашрияи ИНТ – маҷаллаи миллии “Садои Шарқ” бо тиражи бештар аз 3300 нусха, ҳафта­номаи “Адабиёт ва санъат” бо теъдоди 8500 нусха, маҷаллаи “Памир” бо теъ­доди бештар аз 730 нусха сари вақт ба дасти хонандагон расиданд.

Ҳисоботи нашрияҳои мазкур дар маҷлисҳои баррасии муҳтавои онҳо, ки дар семоҳаи аввали соли 2025-ум ба нақша гирифта шудаанд, манзур мегардад.

Дигар хабарҳо