МИСБОҲИДДИНИ НАРЗИҚУЛ

МИСБОҲИДДИНИ НАРЗИҚУЛ 19-уми сентябри 1970 дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) дар оилаи рӯҳонӣ таваллуд шудааст.

Соли 1993 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо дипломи аъло хатм карда, худи ҳамон сол, бо тавсияи ҳайати комиссияи имтиҳоноти давлатӣ, ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи назди ДДТ дохил шудааст. Соли 1997 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Адабиётшиносии форсии тоҷикӣ дар асрҳои XIII-XIV» дифоъ кардааст. Тӯли солҳои 1998-2000 ба сифати бозомӯзи забон ва адабиёти форсӣ (тоҷикӣ) дар донишгоҳҳои Шаҳид Биҳиштӣ ва Тарбиятмударриси ҶИЭ ба таҳсил ва тадқиқ машғул буд. Дар ин мусофират кори тадқиқии хешро бо унвони «Баррасии равишҳои сабкшиносии шеъри форсӣ» ба анҷом расонида, ки дар маҷаллаи «Кайҳони фарҳангӣ» чоп шудааст.

Фаъолияти кориашро шурӯъ аз соли 1993 аввал ба сифати аспирант, баъд ассистент, дотсент (2005) ва профессор (2011) дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ҳамин Донишгоҳ то кунун идома дода истодааст. Аз сентябри 2007 то марти 2010 докторанти ДМТ буд. 11-уми феврали 2010 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Эъҷози хусравӣ»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ ва суннатҳои номанигорӣ дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ (асрҳои X-XIV)» дифоъ кард. Айни замон, аз августи соли 2013 то имрӯз, масъулияти декании факултети филологияи ДМТ-ро ба ӯҳда дорад.

Аз солҳои донишҷӯӣ ва ба таври фаъол аз соли 1993 ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва эҷодӣ машғул аст. Ба қалами ӯ 5 монография, 1 маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ-интиқодӣ, 2 китоби дарсӣ, 2 воситаи таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва беш аз 100 мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва оммавӣ тааллуқ дорад, ки дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон – дар Эрон, Покистон, Доғистон чоп шудаанд.

Дар рисолаю мақола ва тақризҳои ӯ умдатарин масъалаҳои ҳам адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ва ҳам адабиёти муосири тоҷикӣ пайваста мавриди таҳқиқ қарор мегиранд. Инчунин, мақолаҳои проблемӣ оид ба вазни арӯз, бадеиёт, татаббӯъ, шарҳнигорӣ, балоғату суханварӣ, нақди ҳунарӣ, масъалаҳои гуногуни эҷодиёти Рӯдакӣ, Хайём, Абӯсаид, Манучеҳрӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ ва дигарон бағоят ҷолиб аст. Дар ин мақолаҳо кӯшиш шудааст, ки оид ба масъалаҳои назарии адабиёт муносибати хешро муайян намояд ва сухани тозаи худро бигӯяд. Солҳои охир диққати ӯ ба адабиёти муосири тоҷикӣ, ба масъалаҳои назму насри он бештар мутаваҷҷеҳ шудааст, ки ба ин силсилаи нигоштаҳои ӯ оид ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ, Саттор Турсун, Аъзам Сидқӣ, Муҳибуллоҳи Қурбон, Исҳоқӣ, Ховари Абулҳай ва ашъори шоирони нисбатан ҷавон гувоҳ аст.

Андешаю мулоҳизаҳои муҳаққиқ оид ба бурду бохти романҳои солҳои охири дар мавзӯъҳои таърихӣ навиштаи нависандагони муосир бо унвони «Диди таърихии романнависони имрӯзи тоҷик» (Садои Шарқ, 2006. – №12) бағоят ҷиддӣ ва боҷасорат аст. Ҷутуҷӯҳои ӯ дар мавзӯи навҷӯӣ дар насри муосири тоҷик ҳам ҷолиби диққатанд. Дар ин замина ба коргоҳи эҷодии баъзе аз нависандагони имрӯзи тоҷик, махсусан романнависон, назар афкандааст.

Таълифоти асосиаш инҳоянд: «Нома ва номанигорӣ», «Калиди эъҷоз», «Авзони ашъори Рӯдакӣ», «Таърих ва назарияи номанигорӣ», «Эъҷози Хусравӣ» ва мақоми он дар таърихи афкори адабии форсии тоҷикӣ», «Ҷойгоҳи сухан», «Муқаддимаи шеършиносӣ» (вазни шеър), «Фурӯғи ҳастӣ» (зиндагинома, баррасӣ ва нақди ашъори Лоиқ), «Захмҳои боди фурӯдин» (бо ҳамқаламии И.Исмоилов, Р.Сафаров), «Адабиётшиносии форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои XIII-XIV», «Муҳаммад Рауфи Таваккулӣ. Чаҳор имоми аҳли суннат ва ҷамоат»

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999) ва бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст (2007).

Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 2013 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Дигар хабарҳо