МИРЗО НАСРИДДИН

 МИРЗО НАСРИДДИН

МИРЗО НАСРИДДИН (Мирзонасриддин Саидов) 10 марти соли 1948 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш,солҳои 1968-1970 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хизмат кардааст. Соли 1973 Техникуми политехникии Душанбе, соли 1979 шуъбаи шабонаи факултаи автомобил ва хоҷагии автомобилии Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҳамзамон, дар автобазаи №2 Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ ба ҳайси муҳандиси бехатарии роҳу сардори нуқтаи таъмир ва сардору сармуҳандиси автоколонаи №2931 адои вазифа кардааст.

Солҳои 1982-1991 дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сармеханик ва ҷонишини сарраёсати техникӣ, 1991-1993 сардори Иттиҳодияи «Тоҷикавторемонт», 1993-1996 сармеханики иттиҳодияи «Тоҷикзолото», 1996-2000 директори автобазаи Ширкати «Мадад», 2000-2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат будааст.

Мирзо Насриддин, бар иловаи муҳандисӣ, ба адабиёт меҳру муҳаббати тамом дорад ва бо сабку усули нотакроре хомафарсойӣ мекунад. Аввалин ҳикояи ӯ «Фурӯғ» соли 1991 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чоп шуда, соли 1994 журнали «Садои Шарқ» қиссаи «Хирмани сӯхта»-ашро ба чоп расондааст, ки аз ҳаёти ҷавонони солҳои 80-ум нақл мекунад. Соли 2003 журнали «Садои Шарқ» қиссаи «Шаби душвор»-ро чоп кардааст, ки ба тасвири оқибатҳои маъшуми ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудааст. Соли 2004 қиссаи мазкурро журнали «Помир» ба забони русӣ мунташир сохта, соли 2004 нашриёти «Деваштич» ба шакли мукаммал интишор додааст.

Соли 2008 нашриёти «Ирфон» қиссаи «Бозгашти Кунгур» ва чанд ҳикояи ӯро пешкаши хонандагон гардонидааст. Соли 2013 журнали «Садои Шарқ» мухтасари романи «Оташ дар хонаи қадим»-ашро ба дасти чоп расондааст.

Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2017) мебошад.

Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.   

Дигар хабарҳо