Минбари адибон бояд баланд бошад

 Минбари адибон бояд баланд бошад

Рӯзи 3-юми феврал дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ширкати адибону пажӯҳишгарон муҳтавои ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар соли 2024 ба баррасӣ гирифта шуд.

Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон ин маҳфилро ифтитоҳ карда, афзуд, ки дар соли гузашта роҳбарият ва ҳайати эҷодии нашрия иваз шуданд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин миён корҳои назаррас анҷом шуд ва дар баробари ин бахши ҳунар фаъол ва созгор ба унвони нашрия гардид.

Дар идома профессор Боймурод Шарифзода нақду тақризҳои нашршуда дар ҳафтаномаро ба арзёбӣ гирифт. Ба қавли вай, дар соли 2024 ин нашрия 134 адад нақд чоп кард, ки 35-тои он ҷашнӣ мебошад. Шарифзода таъкид кард, ки на ҳамаи нақдҳо ба талабот созгоранд.

Нависанда Шодӣ Раҷабзод дар суханронии худ ба матолиби насрии нашрия таваҷҷуҳ карда, бурд ва бохти онро гуфт. Ӯ ҳамчунин ба саҳифаи «Мушфиқӣ» ишора карда, афзуд, ки дар ин замина матолиби ҳаҷвии Абдурауф Муродӣ, Наҷмиддин Шоҳинбод, Гурез Сафар ва монанди инҳо хуб ҳастанд.

Муҳаққиқ Сангин Гулзод зимни ироаи маърузаи хеш бахши публисистикаи “Адабиёт ва санъат”-ро ба баррасӣ гирифта, матолиби дар ин бахш чопшударо хуб арзёбӣ кард. Аз диди Гулзод, муаллифони аксари мақолаҳо мавқеи хуби иҷтимоӣ доранд, бавежа ҷавонон дорои диди тоза ҳастанд.

Ба назари мунтақид Хуршед Эҳсон, дар соли гузашта дар саҳифаҳои нашрия аксаран шеърҳои ватандӯстона, иҷтимоӣ, ошиқона ва монанди ин чоп шудаанд, ки намунаҳои хуби ашъори шоирони тоҷиканд. Ин ноқид пешниҳод кард, ки барои чопи эҷоди адибони ҷавон майдони бештар дода шавад. Дар баробари ин дар ин маҳфил адибону пажӯҳишгарон Абдураҳмон Абдуманнон, Муҳаммад Ғоиб, Иброҳим Усмонов, Шаҳрия Аҳтамзод, Рустам Ваҳҳобзода, Ҳафиз Раҳмон ва Толиби Луқмон ибрози андеша карданд.

Тавре адабаиётшинос Абдураҳмон Абдуманнон гуфт, баъди нав шудани роҳбарият ва тағйири ҳайати кормандон дигаргунии сифатӣ дар нашрия ба назар мерасад. Пешниҳод мешавад, ки тақризу мақолаҳои интиқодӣ зиёдтар ба табъ расанд. Дар атрофи масъалаҳои мубрам мубоҳиса ташкил карда шавад.

– Муаллифон, пеш аз ҳама, бояд дар ин нишаст ҳузур дошта бошанд ва донанд, ки асарҳояшон чӣ аҳаммият доранд. Роҳе бояд ёфт, ки мардум бештар ба ҳафтавор ҷалб шаванд, обуна бисёртар гардад ва ҳафтанома ба фурӯш барояд. Матлаби нағз бояд бенавбат чоп шавад. Баҳсҳо ва озмунҳое ташкил кардан даркор аст, ки дар дигар нашрияҳо ба чашм нарасанд. Дар ин ҳол обуна ҳам зиёдтар мешавад. То имкон ҳаст, аз нашри маводи ҳаҷман калон даст кашем. Бояд ин ҳафтанома даст ба даст гардад, – иброз дошт Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб.

Сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустам Ваҳҳобзода гуфт:

«Дар баррасии фаъолияти ҳафтаномаву маҷалла бояд мавқеи нашрияро баррасӣ кунем, ки то чи андоза воқеияти адабии мавҷудро бозгӯ кардааст. Нашрия бозтобдиҳандаи маҳсули кори мост. Он чизе, ки мегӯем, дар саҳифаҳояш ҷо мешаванд.

Дар замони шӯравӣ кормандони нашрия ду баробар бештар буданд ва имкон доштанд, ки маводро ҷиддан таҳриру бозсозӣ кунанд».

Ба андешаи профессор Иброҳим Усмонов, дар соле, ки гузашт, ҳафтанома масъалаҳои имрӯзи моро бозтоб дода тавонист. Аз мақолаҳои калони назарӣ даст кашид. Мавзуаш васеъ шуд. Ҳар маводи ҳафтавор бояд бузургии адабиёту миллатамонро нишон дода тавонад. Дар ҳар шумора новобаста ба солҷашн аз адибони даврони шӯравиямон ёд кардан низ муҳим аст. Бе солҷашн дар бораи ҳамдигар нависем. Баҳси боадабонаи адабӣ вобаста ба замони имрӯза ба роҳ монда шавад.

– Минбаъд бояд ба навъҳои гуногуни нақд таваҷҷуҳ карда шавад. Фарз кардем, нақди эстетикӣ. Нақди мазмуну муҳтаво, иҷтимоиву ахлоқӣ аз замони шӯравӣ то имрӯз давом дорад. Бояд дар баробари насри реалистӣ, неоромантизм, символизм, модернизм, насри романтикӣ аз ҷониби адибон эҷод гарданд ва дар ҳафтанома ба табъ расанд, то ки мардум рангорангии гулистони адабиётро ҳис кунанд. Танҳо ба реализми шӯравӣ такя накунем. Дар саҳифаи назм навъҳои нави шеър – ҳойку, шеъри зулол, шеъри минётурӣ ва ғайра ҳам интишор ёбанд, – изҳор кард устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон.

Саранҷом муовини раиси ИНТ Ато Мирхоҷа аз маҳфил натиҷагирӣ карда, ба ширкаткунандагон изҳори сипос намуд. Номбурда таъкид кард, ки раёсати Иттифоқи нависандагон аз кори ҳайати эҷодии нашрия дар умум розӣ ҳастанд.

Дигар хабарҳо