• 20.01.2025

Меҳринисо: Шеър гуфтан барои шоир фарз аст

 Меҳринисо: Шеър гуфтан барои шоир фарз аст

Шоири шинохтаву маҳбуб Меҳринисо 75-сола шуд

ФАСЛИ ЯКУМ:
САРГАҲ
– Ҳоло машғули кадом корҳоед ва умуман вақтатонро чӣ гуна мегузаронед?

– Чанд вақти охир “Маснавии маънавӣ” ва “Шоҳнома”-ро мехонам. Инчунин шеър менависам ва китоби навамро барои чоп омода карда истодаам.

– Шумо 75-сола мешавед, агар ба роҳи дарози тайшуда назар кунед, чиро мебинед?

– Аз умри гузаронидаам розиам, аз ҳеҷ касу ҳеҷ чиз гила надорам. Ба қафо нигоҳ кунам, танҳо шукр мекунам. Шукри Ватани ободу озод ва оромиву суботи ҷомеа.

ФАСЛИ ДУЮМ:
ДӮСТДОРИ ҚАЛАМУ ТАҲСИЛДИДАИ ТАЪРИХ

– Бо қаламу коғаз кай ва чӣ гуна шинос шудед?

– Шиносоии ман бо қаламу коғаз ҳанӯз аз даврони кӯдакӣ буд. Дар ин шиносоӣ ва ба қавле, дӯстии абадӣ таъсири муҳит ва волидонам, махсусан падарам хеле зиёд аст. Он кас бисёр шеърдӯст буданд. Аз осори шоирони классикамон хеле зиёд қироат мекарданд ва ҳамчунин мақомхон буданд. Дар гӯшам доимо шеъру суруд садо медод, ҳамеша бо китобҳо рӯ ба рӯ мешудам ва ин ҳама ба ман талқин кард, ки сухандӯсту шеърдӯст бошам. Инчунин, дар мактаб низ муаллимаи фанни адабиётам сахтгир буданд ва бовар кунед, аз ёд кардани шеър бароям ҳамчун ид буд. Бисёр мехостам шеър аз ёд кунам ва дар ҳузури ҳамсинфон қироат намоям. Ҳамон замони мактабхонӣ каму беш шеърнависиро оғоз кардам. Ҳамин тавр, дӯстии ману қаламу коғаз оғоз шуд ва шукр, то имрӯз мустаҳкам аст.

– Модоме ки аз овони наврасӣ ба шеъру сухан пайвастед, пас чаро ба факултети таърих дохил шудед?

– Азбаски хоҳарбузургам дар факулети филология таҳсил мекарданд, ман ба факултети шарқшиносӣ дохил шудан мехостам, аммо чун он замон довталабони факултети мазкур ниҳоят зиёд буданд, ба факултети таърих дохил шудам, ки албатта, хоҳишмандон дар ин факултет ҳам кам набуданд. Яъне он замон хостам, дар як оила ду кас як соҳаро наомӯзад.

ФАСЛИ СЕЮМ:
РИСОЛАТИ ШЕЪРУ ШОИР

– Ҳамин эҳсоси зебои инсонӣ кай меҳмони шумо мешавад?

– Аввалҳо танҳо шабҳо менавиштам. Вақте ки аз тамоми корҳои хона фориғ мешудам, ба кори эҷодӣ худро машғул мекардам. Яъне шеърнависӣ барои ман ҳеҷ гоҳ дар ҷойи аввал набуд ва ҳеҷ вақт ба аҳли оила ё атрофиён нагуфтаам, ки барои шеърнависиам халал мерасонед ё ман бояд китобамро омода кунам ва вақтамро ба шумо дода наметавонам. Шеър гуфтан шуғли дӯстдоштаи ман аст, аммо оилаву кори расмиам, ки албатта, масъулияти бузургро бар дӯшам монда буданд, ҳамеша муҳимтар маҳсуб мешуданд.

– Шеър навиштан барои шумо чӣ маъно дорад? Оё сатрҳоятон эҳсоси даруниатон ҳастанд ё аз маҳсули эҷодатон чизи бештаре интизоред?

– Ман бо шеърҳоям қудрати дигаргун кардани дунёро надорам ва ба ин хотир, аз чопу нашри маҳсули эҷодам чизе интизор нестам. Шеърҳоям эҳсоси ҳамонлаҳзаинаи мананд, ки мехоҳам дӯстдорони каломи бадеъ низ аз ҳолати равонии ман бохабар бошанд. Ман кӯшиш мекунам ба хонандагонам фақат аз вожаҳои зебое чун ишқ, муҳаббат, ватан, модар, инсоният, одамгарӣ бигӯям ва мехоҳам, ки ҳамаи инсонҳо умрашонро, ки ҳадяи Худованд аст, хушу хурсандона гузаронанд. Аз афсӯсу шикваву ҳирс канораҷӯӣ кунанд.

– Эҷодкор шудан осон нест ва аз эҷод дур шудан ҳам кори мушкил аст. Оё ин пешаро беморӣ гуфтан мумкин аст?

– Дуруст аст, аммо эҷодкорӣ беморӣ не, гирифториест, ки агар одат кардӣ, аз ин кор дил канда наметавонӣ. Ман худамро бидуни навиштан тасаввур карда наметавонам. Аз ин гирифторӣ ҳеҷ гоҳ фикри халос шуданро накардаам, зеро инро ман дӯст медорам. Бубинед, гул наметавонад, ки нашкуфад, борон наметавонад, ки наборад, офтоб наметавонад, ки набарояд… Ҳар офаридаи Худованд бояд вазифаашро иҷро кунад ва вазифаи аслии эҷодкор навиштан аст, ки бояд нависад.

– Навиштан таскинёбист, оё мешавад ҳолате, ки пас аз навиштан ғаму андӯҳ кам нашавад?

– Шояд тамоми дардҳоро дар як шеър ғунҷонида нашавад, аммо шоир хеле сабук мешавад. Хоҳ, нохоҳ қисме аз гуфтаҳоро мегӯӣ ва ба қавле, вазифаатро анҷомёфта мешуморӣ.

– Ҳолате буд, ки ҳавсалаи ба кори эҷодӣ машғул шудан надошта бошед?

– Ин гуна ҳолатҳо дар ҳаёти ман буданд, аммо, хушбахтона, зуд мебароям, зеро дар эҷоду навиштан фикр мекунам, танаффуси зиёд дошта наметавонам. Бояд нависӣ, зеро ин масъулият аст.

– Муаллима, гуфтед, ки шеър эҳсоси дарунист ва ҳолати шоирро бозгӯ мекунад. Чанде пеш ба як байти шумо чашмам афтод, ки чунин аст:

Гӯянд қалам гуфт, ки ман шоҳи ҷаҳонам,
Ин шоҳи ҷаҳон ризқрасон мешуда бошад?

Оё қаламу шеър ҳоло ризқрасон нестанд?

– Воқеан ҳам қалам шоҳи ҷаҳон аст, аммо ҳоло ризқрасон нест. Бубинед, аз чопи китобҳо ҳаққи қалам нест қариб, аз телевизиону радиову матбуот чизе ба даст намеорӣ ва умуман шеър ҳоло ба шоир ҳеҷ суд оварда наметавонад, балки маошро аз ин кор танҳо дил мегирад. Воқеан шоир рӯзи дил дорад, на рӯзи маош.

ФАСЛИ ЧОРУМ:
ҲАМКОРӢ БО ОДИНА ҲОШИМ

– Доир ба ҳамкориатон бо шодравон Одина Ҳошим қиссаи ҷолибе шунидаем, метавонед онро ба хонандагони мо бигӯед?

– Ман ҳамчун шоир хеле хушбахтам, ки чакидаҳои хомаам қабули мардум гаштаанд ва ҳунармандоне чун Ҷӯрабек Муродов, Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Назриев, Парда Қосим, Сабоҳат Наҷмиддинова, Зулфиқори Азиз ва даҳҳои дигар ба шеърҳоям оҳанг бастаанд. Ду шеъри ман дар маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” (ҳоло “Фирӯза”) чоп шуд. Сипас ба шеъри “Сари баланди марди деҳ кулоҳро чӣ мекунад?” равоншод Одина Ҳошим оҳанг баста, сароиданд. Рӯзе занги телефон баланд шуд. Гӯширо бардоштам, ки аз он сӯй садои устод омад. Бисёр самимӣ ҳолпурсӣ карданд ва пурсиданд: «Ба як шеърат оҳанг баста, хондам. Оё аз тариқи телевизион баромадамро дидӣ?» Ман изҳори бехабарӣ кардам ва он кас гуфтанд, ки «надида бошӣ, гӯш кун, ҳозир месароям». Устод ба хондани суруд оғоз карданд. То нисфи суруд расиданд, ки мутаассифона, сими телефон канда шуд. Ман бисёр хиҷолат кашидам ва осемасар онро барқарор кардам. Пас аз лаҳзае дубора занг заданд. Ин дафъа сурудро то охир хонданд ва гуфтанд, ки ба дидорбинӣ меоянд. Ҳамин тавр, он кас бо чанде аз шогирдонашон меҳмони мо шуданд.

ФАСЛИ ПАНҶУМ:
ТУҲФА БА АҲМАД ЗОҲИР

– Муддате дар Афғонистон будед, чӣ сабаб шуд, ки он ҷо рафтед?

– Бале, бори якум аз соли 1973 то 1976 дар Афғонистон зиндагӣ кардем. Ҳамон сол қарор шуд, ки шавҳарам Шаҳбоз Кабиров ҳамчун тарҷумон ба Афғонистон бираванд ва маро ҳам ҳамроҳашон бурданд. Он ҷо шавҳарам кор мекарданд ва ман дар хона менишастам.

– Яке аз хотираҳои ҷолибатон аз замони зиндагиатон дар Афғонистон меҳмон шудани шодравон Аҳмад Зоҳир ба хонаатон буд. Доир ба чӣ гуна меҳмон шудани ӯ дар чанд мусоҳиба қисса кардаед ва такроран аз шумо намепурсем, аммо бароямон як нукта ҷолиб аст. Дар як мусоҳиба гуфтаед, ки Аҳмад Зоҳир аз шумо хостааст, аз Тоҷикистон барояш шампун баред. Оё барои ӯ шампун бурдед?

– Вохӯрӣ бо шодравон Аҳмад Зоҳир як рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнашавандаи ҳаёти ман буд. Ӯро як инсони озодаву донишманду соҳибхирад дарёфтам. Пеш аз он вохӯрӣ сурудҳои зиёди ӯро азёд медонистам. Дидору суҳбатамон хеле самимӣ буд ва соатҳои зиёд сурудхонӣ кардем. Ӯ суруд мехонду ман ҳамовоз мешудам ва вақте ки матнеро фаромӯш мекард, ба хотираш меовардам. Ҳамин тавр, чанд маротиба меҳмони хонаи мо шуд. Рӯзе пеш аз сафарамон ба Тоҷикистон аз ӯ пурсидам, ки бароят чӣ биёрам ва ӯ шампун дархост кард, ки албатта, бурдам.

– Чаро махсус шампун?

– Мӯйи сараш хеле зебо буд ва онро бисёр эҳтиёт мекард. Чун дар Афғонистон шампунҳои босифат камёфт буданд ва ӯ медонист, ки дар тарафҳои мо шампунҳои хуб бисёранд, чунин дархост кард.

ФАСЛИ ШАШУМ:
“ХУБОНИ ПОРСИГӮ”

– Шумо дар баробари дигар корҳоятон ташкилоти ҷамъиятие бо номи «Хубони порсигӯй» доред. Нахуст бигӯед, ки он чӣ гуна таъсис ёфт?

– Агар хато накунам, соли 1995 буд ва он замон дар Кумитаи кор бо занон фаъолият мекардам. Созмонҳои хориҷӣ барои баланд бардоштани саводнокии занон, сиёсати гендерӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ ба мо семинар гузаштанд ва моро мебоист ҳар чизе, ки омӯхтем, ба минтақаҳо рафта, ба занони деҳот омӯзонем. Ҳамин тавр, дар он солҳои нооромӣ ба ҳамаи минтақаҳои кишвар сафар карда, бо занону духтарон мулоқот намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидем. Ҳамон солҳо маҷаллаи “Сабо”-ро нашр кардем ва бепул ба занҳои деҳот тақсим намудем. Маҷаллаи мазкур фарогири мавзуъҳое буд, ки рӯҳияи духтарону бонувонро баланд мебардошт. Сипас ман соли 1996 Бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯй» таъсис додам, ки албатта, то қадри имкон ба аҳли қалам низ кумак кардем.

– Ҳоло ин созмон фаъол аст?

– Расман фаъолиятамонро қатъ накардаем, аммо дар ҳоли ҳозир ҳеҷ иқдомеро роҳандозӣ намекунем, зеро сарпараст надорем.

ФАСЛИ ҲАФТУМ:
АЗ ҲАР ЗОВИЯ

– Ба андешаи шумо, дар ҷомеа одамони хуб бисёранд ё одамони бад?

– Инсони бад нест, аммо баъзан ҳодисаҳову гардишҳои зиндагӣ одамҳоро каме дағал мекунанд. Падарам мегуфтанд, ки “агар инсоне дар назарат писанд нанамояд, интизор шав, вақте ки ӯ табассум кунад, мебинӣ, ки чи гуна зебову мақбул мешавад”.

– Худатонро шоири хушбахт меҳисобед?

– Бале, шоири хеле хушбахтам. Ҳунармандони асилу машҳур ба таронаҳоям оҳанг баста сурудаанд, ин худ нишони хуб пазируфтани мардум аст.

Мусоҳиб Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Дигар хабарҳо