Меъморе дар коргоҳи сухан
Ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон Сайидалӣ Маъмур
Устод Сайидалӣ Маъмур меъморе буд, дар коргоҳи сухан. Зеро ӯ ба василаи дарку фаросат ва табъи худодод суханро образноку муъҷаз ва пироҳани онро муҷаллову мунаққаш меофарад. Ба гумони ғолиб, ҳамин хислати шеъри шоир аст, ки ба ҷонҳои афсурда насими тоза дамондаву замирашро саршори ишқи зиндагиву нигоҳашро ба ояндаи нек моил мекунад. Инсофан бояд гуфт, ки устод Сайидалӣ Маъмур дар роҳи сухан, ба ибораи устод Гулназар, «обири тасодуфӣ» набуд ва бо дасту дили пок ва имони комил домани каломи бадеъро гирифта буд. Шоир худ ба хонандааш хитоб кардааст:
На барои меҳмонӣ омадам,
Ҷовидон бар ҷонфишонӣ омадам.
Маҳз ҳамин ҷоннисориҳои устод дар роҳи шеър буд, ки ташнагони каломи бадеъ аз ашъори ӯ ташнагӣ мешикананд ва аз панду андарзҳои ҳакимона барои зиндагиашон сабақ меомӯзанду пайваста китобҳои «Заврақи умед» (1967), «Савганд» (1972), «Ҳамсолон» (1974), «Рози дарё» (1977), «Меҳвар» (1980), «Толеъ» (1981), «Рӯҳи баланд» (1983), «Офтоби дил» (1986), «Решапайванд» (1989), «Солгиреҳ» (1994), «Гарди офтоб» (1994), «Шохаи шикаста» (1998), «Чашми ситора» (бо ҳуруфи форсӣ) (1990), «Овози мурғи шабовез» (2000), «Оташи меросӣ» (2002), «Назаргоҳи дил» (2003), «Чорзарб» (2003), «Офтобгардон» (2007), «Пойизи сабз» (2011), «Ситорашукуф» (2011), «Давлати дидор» (2014), «Гулшукуфти армонҳо» (2018) ва боз чанд асари дигари шоирро саҳифагардонӣ мекунанд.
Саттор Турсун роҷеъ ба шеъри шоир ибрози андеша карда, менависад: «Аксари шеърҳои Сайидалӣ Маъмур асоси воқеӣ доранд. Аммо ӯ воқеаро муҷаррад ва ҳаётро ба тариқи нусхабардорӣ тасвир намекунад; аз ин беморӣ то ҳадди имкон канора меҷӯяд. Чунки медонад – шеър бояд эъҷоз бошад. Шояд аз ҳамин сабаб, дар ашъораш мақсад, тахайюли шоирона ва ҷанбаи лирикӣ сол ба сол қувват мегиранд. Вай, масалан, дар шеъри «Худафрӯзӣ» сарнавишту саргузашти як деҳи хушномро ба ёд оварда, ҳодисоти таърихи куҳанро хаёлан таҳлил карда, бо сӯзи дил мегӯяд:
Агарчи суғд буданд аҳли деҳам,
Ба оташ доштанд ихлосу имон.
Саропо сӯхта дар оташи ғам,
Бирафтанд аз ҷаҳон бо оҳу афғон…
Агар шамъи ниёгон гашт хомӯш,
Фурӯзон аст шамъи ман шабона.
Барои шеъри нав бо қалби пурҷӯш
Худафрӯзӣ намоям ҷовидона…»
Лирикаи шоир бештар аз баёни ишқу исёнҳои қалби ошиқон, меҳри саршор ба Ватану ҳамватанон, зисту зиндагии халқ, ситоишу васфи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, баёни шебу фарози ҳаёт ва монанди инҳоро фаро гирифтааст. Ҳамин аст, ки фазилати маънавии қаҳрамонони лирикии ашъори Сайидалӣ Маъмур дар маҷмуи муносибатҳои ахлоқиву зебоипарастӣ зоҳир мегардад. Саодат ва хушбахтии ошиқ аз ду ҷиҳат: озодии халқу диёр ва ситоиши зебоию висол ва агар ин иттифоқ афтода бошад, пас ҳама гуна нобасомониҳои зиндагӣ, сахтиҳои рӯзгор арзише надоранд. Ин гуна бардоштро метавон аз шеъри «Баҳори ишқ», ки бо чунин мисраъҳо оғоз меёбад, дарёфт намуд:
Бо ту баҳори зиндагиям бехазон бишуд,
Нахли умеду орзуям гулфишон бишуд.
Дар зери абр буд ниҳон офтоби дил,
Бо меҳрат офтоби дилам зарфишон бишуд.
Устод Сайидалӣ Маъмур коргоҳи суханро на барои шуҳрату унвонгирӣ ва на барои дағдағаву карру фарри шоирӣ гарм медорад, балки ӯ пайваста заҳмат мекашад, ки мисраи тозае барои ҳамзамононаш эҳдо кунад. Аз ин ҷост, ки ӯ назди худ талаботи ҷиддӣ мегузорад ва ба фаъолияти эҷодии худ бо назари танқидӣ менигарад. Шоир ба бузургию волоии сухан беш ва пеш аз ҳама чиз арҷ мегузорад. Зеро ӯ хуб дарк мекунад, ки андешаи бикр ва гуфтани сухани тоза фақат барои касе даст медиҳад, ки аз асолату покии сухан воқиф асту аз мақомоти он огоҳии комил дорад, вагарна зӯри беҳуда дар ин ҷодаи пурхатару заҳматталаб камаршикан мегардад, ки ин маънӣ дар шеъри «Бори сухан» чунин ифода шудааст:
Сирру асрори сухан бошад зиёд,
Огаҳем андак зи асрори сухан.
Ҳар суханбофе сухандоне нашуд,
Ҳар суханбозе нашуд ёри сухан.
Шоире, ки мушикофӣ мекунад,
Дар ҳазар бошад зи такрори сухан.
Сӯзу созе гар надорад шоире,
Оқибат сӯзад худ аз нори сухан…
Ё дар шеъри «Суханбозон» шоир ба тоифаи сухангӯе, ки танҳо барои шуҳрат ва ифтихори чандлаҳзаина бо истифодаи каломи обшуста ва такрор гӯё «шеър» мегӯянд, хитоб менамояд:
Суханбозон! Суханро хор манмоед,
Ки рӯзе мекунад хори сухан бар қалбатон кора.
Агар хоре халад бар поятон,
Осон шавад берун.
Вале хори сухан қалби шуморо мекунад пора…
Суханбозон! Хабар доред –
Сухан бори гарон дорад,
Шумо баски сабукмағзу сабукборед,
Борашро набардоред.
Зеро
Зӯри беҳуда
Миёнро бишканад осон.
Устод Сайидалӣ Маъмур аз зумраи он қаламкашонест, ки дар масири фаъолияти эҷодӣ тавонистааст бо эҳсоси хоси ватанпарварӣ ба дили ҳассоси ҳаводорони бешумораш роҳ ёбад. Шеъри дилнишинаш аз нахустин падидаҳояш дар дили дӯстдорони адабиёт ҷой гирифт ва зиёда аз панҷоҳ сол боз хидматгузори хонандаи тоҷик мебошад. Шоир дар шеърҳои «Фарёди дил», «Муноҷот», «Ватангадо», «Санги таҳқир», «Душанбеи хунин», «Нидо», «Сарҳади Ватан», «Илтиҷо аз Офаридгор», «Изтироб», «Гумкардаҳо», «Зиндон», «Баҳори хунбез», «Тирамоҳи соли 1992» ва монанди инҳо ҳаводиси шуми гузаштаи миллату меҳани азизамонро ба риштаи назм кашидааст.
Устод Сайидалӣ Маъмур дӯстдори Ватан аст. Ватан барои ӯ манбаи илҳом, хушбахтии хонадон ва муҳимтар аз ҳама, номус аст. Шояд ҳамин худшиносию худогоҳии устод бошад, ки Ватанро шоирона ва ошиқона тараннум кардааст:
Як рӯз дарахти умри ман хушк шавад,
Мон, эй Ватанам, ту сабзу хуррам ба ҷаҳон.
Як рӯз агар ба решаам теша расад,
Тагрешаи ту наёбад осебу зиён.
Устод Сайидалӣ Маъмур дар роҳи наҷоти Ватан ҷон супурданро хушбахтӣ ва фоли нек медонист. Ӯ бо иродаи матину муҳаббати бузурги дар замираш парварида бо Ватан ифтихор дошту ҳамеша худро ҳомии марзу буми он медонист:
Имрӯз туро ман ба паноҳам гирам,
Гар хасм ба қасди бад ба сӯят нигарад.
Шоир бурду бохти зиндагиашро бо Ватан тавъам дониста, пайваста пайи амалӣ кардани орзуҳои хеш заҳмат мекашид, бо умеде, ки фардо дар гӯшаи ободи Ватан маскани ҷовидон ёбад:
Ҳоло, ки дарахти умри ман борвар аст,
Ман аз ту бидонам ҳама сарсабзии худ.
Фардо чу дарахти умри ман хушк шавад,
Афтода ба поят оварам сар ба суҷуд.
Дар ашъори устод Саидалӣ Маъмур мавзуи модар мақоми арзанда дорад. Шеърҳои «Нони модар», «Модар», «Арзи модар», «Ман дарахти ёдгори модарам», «Дилам бисёр мехоҳад…» ва монанди инҳо қисмату сарнавишти модари тоҷикро бо тамоми самимияту махсусияти миллӣ инъикос намудаанд, ки хонандаро ба гирдоби тахайюл кашида, барои арҷгузорӣ ба ин фариштаи Замин-модар ҳидоят менамоянд. Зеро ин шоири худогоҳу дилогоҳ барвақт аз гармии меҳру навозишҳои гарм ва дилсӯзию ғамхориҳои модар маҳрум гашта, азобу ранҷи ятимиро бо таҳаммул пушти сар кард. Шеъри «Сурати модар» гувоҳ аз рӯзгори бачагии шоир аст:
Авезон дида расмеро ба девор,
Бигуфто модари нав бемуросо:
«Дар ин девори вайрон сурати кист?»
Кашидам оҳу гуфтам: «Модари мо!»
Гирифта сурати ёдовариро,
Бидарронду бигуфто: «Модарат ман!»…
Ҷудо гаштем чун аз расми модар,
Фиғону нола аз дилҳо бадар шуд.
Ба марги ӯ агар нагриста будем,
Сари расми дарида шаб саҳар шуд.
Дар фарҷом навиштаи устод Гулназарро ҳусни мақтаъи нигоштаамон қарор медиҳем: ”Шеъри Саидалӣ сода буда, аз мураккаботу такаллуфот, ороиши бемавқеъ ва сохта озод аст. Самимият, равонӣ, табиӣ будани мисраъҳо муҷиби маҳбубияти эҷодиёти ӯст”.
Ҳамза БОҚИЕВ,
номзади илми филология