Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 30 декабри соли 2022

30 декабри соли 2022 ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир гардид.

Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим дар суханронии муқаддимавии худ адибонро ба муносибати Соли нави мелодӣ шодбош гуфта, ироаи Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фоли нек ва дастуру ҳидояти муҳим барои пешрафти ҳаёти кишвар арзбӣ кард. Адибони тоҷик аз он илҳому бардоштҳои нек ҳосил намуда, дар тарғиби нуктаҳои раҳнамунсозаш ширкат хоҳанд дошт.

Сипас аъзои Раёсат масъалаҳои:
— Ҳисобот оид ба фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар соли 2022;
— Тасдиқи Нақшаи кори Раёсати ИНТ барои соли 2023;
— Эълони пешниҳоди асарҳо аз ҷониби бахшҳо, шуъбаҳо ва нашрияҳои ИН барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ (дар         бахши наср) ва ба номи Мирзо Турсунзода (дар бахши назм) барои соли 2023;

— Тасдиқи директори Маркази тарғиби адабиёти назди ИНТ;

— Қабул ба узвиятро баррасӣ карданд.

Дар робита ба ҳар яки он бо назардошти андешаҳои аъзои Раёсат қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Нависандагон Холиқназари Ҷумъа, Муҳаббати Юсуф, Тахминаи Эмин, Шоҳмансури Шоҳмирзо ва шоир Искандари Раҳмон ба узвияти ИН пазируфта шуданд. Роҷеъ ба Нақшаи кори Раёсати ИНТ ва дигар масъалаҳо аъзои Раёсат Ато Мирхоҷа, Равшан Махсумзод, Абдураҳмон Абдуманнон, Камол Насрулло, Юнус Юсуфӣ, Рустам Ваҳҳобзода ибрози назар намуданд. Барои беҳбуд бахшидани фаъолияти нашрияҳои адабии ИНТ низ тавсияву супоришҳои зарурӣ ироа шуданд. Шоир ва муҳаққиқ Абдуллоҳи Раҳнамо директори Маркази тарғиби адабиёт тасдиқ гардид.

 

Дигар хабарҳо